Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4271411
Сегодня
93
На этой неделе
537
В этом месяце
537
Итого
4271411
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

18.05.2015

Маҳфили “Ганҷи сухан” дар Конибодом

127-умин маҳфили илмӣ-адабии адибону суханварони вилояти Суғд “Ганҷи сухан” дар шаҳрамон баргузор гардид. Дар маҳфил аҳли адабу сухан, дӯстдорони адабиёт ва навыаламони шаҳр иштирок карда, аз сӯҳбати адибону суханварони маҳфили мазкур баҳраманд гардиданд.

Маҳфилоро, дотсенти Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд  Саидумрон Саидов, Раиси шӯрои уламои дини вилояти Суғд ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, номзади илмҳои суханшиносӣ Мавҷуда Ӯрунова, дотсенти ДДХ Шарифҷон Тоҷибоев ва дигарон оид ба мавзӯъҳои мухталифи илмиву адабӣ,  рукнҳои муҳими оилаву оиладорӣ, перомуни мӯҳтавои китобҳои тозанашри аъзоёни маҳфили “Ганҷи сухан” ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин навқаламони шаҳрамон, ҷавонони эҷодкору соҳибсухан пораҳо аз  эҷодиёташонро пешкаши ҳозирин гардонида, аз устодон маслиҳатҳо гирифтанд.

Дар анҷоми маҳфил тӯҳфаҳои Раиси вилояти Суғд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва суханварони шаҳрамон тақдим гардида, дар навбати худ  сипоснома ва тӯҳфаи  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба меҳмонон супорида шуд.  Маҳфил бо суруду оҳангҳои ҳунармандони боистеъдоди шаҳрамон хотирмон ва дар фазои сухану маънии воло сурат гирифт.  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей