Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

120385
Сегодня
104
На этой неделе
1153
В этом месяце
8451
Итого
120385
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

Ҳисобот

оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Конибодом дар давоми 11 моҳи соли 2016

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2016 фаъолияти худро баҳри ҳамаҷониба татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифагузориҳое, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом баён гардидаанд, ҳамзамон, баҳри татбиқи ҳамаҷонибаи қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020» ва «Стратегияи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр то соли 2020» равона намуда, дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбиро ноил гардид, аз ҷумла:

- ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ – 109 млн. 889,4 ҳазор сомонӣ;

- ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ – 316 млн. 147,2 ҳазор сомонӣ;

- сармоягузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо – 21 млн. 166,2 ҳазор сомонӣ;

- ҳаҷми гардиши савдои чакана – 310 млн. 55,6 ҳазор сомонӣ;

- хизматрасонии пулакӣ – 170 млн. 779,3 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуданд.

 

Рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  

              Консепсия ва барномаҳои давлатӣ

Таҳти назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳолати 1 декабри соли 2016 ҳамагӣ 116 адад қарорҳои назоратии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабулгардида ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қарор дорад.

Инчунин, 110 адад нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба сафарüои кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ, мулоқоту вохӯриҳои Пешвои миллат бо сокинон, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои ислоҳоти замин, рушди саноати сабук, мумфаршкунию таъмири роҳҳои автомобилгард, ободонии кӯчаҳо, маҳалҳо ва дигар масъалаҳо зери назорати доимӣ гирифта шудаанд.

         Фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳр

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр чор маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳрро гузаронида, дар он рафти иҷрои Барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Дар бораи тадбирҳои татбиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017”, «Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», номгузории муассисаву ташкилотҳо, таълимгоҳҳо ва объектҳои ҷуғрофӣ, ҳисоботҳои комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва вакилони алоҳида, тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушду пешрафти ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

                           Вазъи иҷрои буҷет

Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2016 – 49614,5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра 44102,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд, ки 88,9 фоизи нақшаро ташкил намуда, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр ба андозаи 88,8 фоиз иҷро шудааст.

           Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳалии шаҳр ба маблағи 49605,7 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, ба маблағи 43729,4 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, баробари 88,2 фоизи нақша мебошад.

                                          Соҳибкорӣ

Шумораи соҳибкорони шаҳр ба санаи 1 декабр соли 2016 ҷамъ 9202 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо бо патент 2006 нафар, бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ 7196 нафар фаъолият мебаранд. Бояд қайд намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи соҳибкорон 939 нафар зиёд шудааст. 

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи соҳибкорони шаҳр ба буҷети маҳаллӣ ҳамагӣ 15274,0 ҳазор сомонӣ андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ворид шудааст, ки аз он маблағи андозҳо ва пардохтҳои аз тарафи соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда  13800,4 ҳазор сомониро ташкил намуд.

Бояд қайд намуд, ки маблағгузорӣ аз тарафи соҳибкорон барои корҳои сохтмонӣ, азнавбарқароркунии иншоотҳо ва корҳои ободонӣ ба маблағи 11 млн. 70 ҳазору 237 сомонӣ ба сомон расонида  шудааст.

 

                  Татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ

Дар ҳудуди шаҳр 1 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи  4392,0 ҳазор доллари ИМА мавриди татбиқ қарор дорад.

                                    Вазъи соҳаи сохтмон

Дар ёздаҳ моҳи соли 2016 аз тарафи ташкилоту муассисаҳои сохтмонӣ ба маблағи 7 млн.469 ҳазор сомонӣ корҳои пудратц иҷро карда шуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 141 фоизро ташкил намуд.

Истифодабарии маблағгузории асосӣ аз ҳамаи намуди сарчашмаҳо мувофиқи шаҳр 21 млн. 166 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 баробар зиёд мебошад.

 

         Соҳаи кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҳолати мелиоративии заминҳо

Дар шаҳр 8040 адад хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ фаъолият менамоянд.

Соли равон 66 гектар боғу токзори нав ва дар майдони 25 гектар боғҳои куҳна барқарор карда шуда, дар 7818 га кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст.

Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар ин давра 1 млн. 127 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 763,84 км заҳбурҳо тоза ва 129 адад чоҳҳои амудии мелиоративӣ барқарор карда шуда, ҳолати мелиоративии заминҳо дар майдони 650 гектар беҳтар карда шуд.

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзии шаҳр 10085 тонна ғалладонагиҳо, 4500 тонна картошка, 22197,9 тонна сабзавот, 12637 тонна полезиҳо, 16177 тонна мева ва 1188 тонна ангур   истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 истеҳсоли картошка-96 тонна, мева-15738 тонна ва ангур 7 тонна зиёд шудааст.

Хоҷагиҳои шаҳр дар майдони 4809 га кишти пумбадона гузаронида 8541 тонна пахта истеҳсол намуданд, ки 82,5 фоизро ташкил дода, нисбати соли 2015 1808 тонна кам мебошад.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 316 млн. 147 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбати соли 91 млн.851,7 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш  141 фоизро ташкил медиҳад. 

Иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва ба иҷро расонида шудааст

Дар асоси нақшаи амал оид ба таъсиси  коргоҳҳои нави саноатӣ, дар соли ҷорӣ 6 коргоҳҳои саноатӣ бо 170 ҷойи корӣ ба истифода дода шуданд.

Дар арафаи ҷашни Иди байналхалқии «Наврӯз» бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди нафти ҶДММ «Нафтрасон» бо иқтидори 70 ҳазор тонна коркарди нафт дар як сол бо  таъсиси 80 ҷойи кори доимӣ ва коргоҳи банду басти меваи хушки ҶДММ «Меваи Канд» бо иқтидори 1200 тонна коркарди меваи хушк дар як сол бо таъсиси 20 ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, инчунин дар давраи ҳисоботӣ коргоҳҳои истеҳсоли гаҷ ва гипсокартон бо таъсиси 60 ҷойи корӣ ба фаъолият шуруъ намуданд.

Ғайр аз он, чунин коргоҳҳо ва сехҳои истеҳсолӣ ба монанди коргоҳи истеҳсоли қуму шағал бо иқтидори солонаи 40 ҳ.м3, сехи истеҳсоли оҳак бо иқтидори солонаи 150 тонна, сехи дӯзандагӣ ба истифода дода шуданд.

               Вазъи соҳаи энергетика ва саноат

Дар соҳаи саноат ба маблағи 109,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, нисбати соли гузашта 5,9 млн. сомонӣ зиёд ва суръати афзоиши истеҳсолот 105,7 фоизро ташкил намудааст.

Дар ин давра ба аҳолӣ ба маблағи 9054,5 ҳазор сомонӣ қувваи барқ истеҳсол гардида, пардохти он 7845,6 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки 86,7 фоизи барқи истифодашударо дарбар мегирад.

Аз сабаби бемаъсулиятии соҳибмулкон коргоҳҳои саноатии ҶС «Конибодом» ва ҶС «Ресмон» дар давраи ҳисоботӣ тамоман фаъолият накарданд.

               Вазъи соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия

Муассисаҳои нақлиётии шаҳр ба миқдори 140,8 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ кашонидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015 51,1 ҳазор тонна зиёд ва суръати афзоиши он 157 фоиз мебошад.

Дар ҳудуди шаҳр 222,3 км роҳҳо таъмиру тармим гардида, 102,3 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Дар шаҳр шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва шабакаи «Интернет» зиёд гардида, дар ҳудуди шаҳр 10184 нуқтаҳои телефонӣ дар истифода мебошанд.

Сифати хизматрасонии нақлиётҳои мусофирбар беҳбудиҳо мехоҳад.

                       Вазъи ҳолатҳои фавқулодда

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 24 адад сӯхтор ба қайд гирифта шуда, ғарқшудагон 9 нафарро ташкил карда, 8 адад садамаи нақлиётӣ руҳ додааст.

Дар якҷоягӣ бо идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр, ҷиҳати бартараф намудани зараре, ки аз сабаби боришоти пай дар пай ва омадани сел соли 2015 аз дарёи Исфара ба канали обгузари калони Фарғона такшинҳои зиёде ворид шудааст, корҳои зиёд ба иҷро расонида шуда, аз рӯи нақшаи чорабиниҳои идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр тоза кардани 15 ҳазор метри мукааб ба нақша гирифта шуда, то ин муддат дар асл 36 ҳазор метри мукааб тоза карда шудааст.

Дар асоси фармони сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд таҳти №34 аз 1 августи соли 2016 “Оиди тайёр ва гузаронидани машқҳои фармондеҳи-ситодии мудофиаи граҷданӣ дар шаҳри Конибодом” санаҳои 11-13 августи соли 2016 гузаронида шуда, дар он зиёда аз 150 нафар ҳайати шахсӣ ва 10 адад техникаҳои муҳандисӣ ҷалб карда шудааст.

                Вазъи соҳаи илм, маориф ва фарҳанг

Дар соли таҳсили 2016-2017 дар шаҳр ҳамагӣ 56 мактаб, аз он ҷумла, 49 адад мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 адад мактаби миёнаи асосӣ, 1 мактаб-парваришгоҳи шифоӣ, 2 мактаби хусусӣ, литсей ва гимназия, як маркази таҳсилоти иловагӣ, як маркази рушди истеъдодҳо ва як маркази касбинтихобкунии байнимактабӣ бо фарогирии 32 ҳазору 755 нафар хонанда, (аз онҳо 16 ҳазору 421 нафар духтарон) фарогир гаштаанд.

Муассисаҳои таълимии шаҳр бо 1045 адад компютер, 181 адад принтер таъмин буда, 52 муассиса ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд. Дар 21 адад муассисаҳои томактабӣ 138 нафар мураббияҳо ба тарбияи  3931 нафар кӯдакон машғул мебошанд. Дар шаҳр 51 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т.Фозилова, 15 клубу хонаҳои фарҳанг, 29 китобхона, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, мактаби санъати бачагона, филармонияи халқӣ, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва 2 ансамбли ҳунарӣ хизмат мерасонанд.

Дар соҳа камбудиҳо, аз ҷумла норасоии асбобҳои мусиқӣ, таҷҳизоти техникӣ, китобҳои тозанашр ва техникаҳои компютерӣ мавҷуданд.

                Вазъи соҳаи тандурустӣ, кор бо занон ва оила

Дар шаҳр барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ  ба аҳолӣ 6 беморхона, аз ҷумла, беморхонаи марказӣ, беморхонаи бачагона, 4 беморхонаи минтақавӣ, маркази равоншиносӣ, маркази пӯсту таносул, маркази мубориза бар зидди бемории сил, 2 маркази саломатии шаҳрӣ, 16 маркази саломатии деҳавӣ, 18 хонаҳои саломатӣ, инчунин, маркази эмтаъминкунӣ, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, маркази солимии репродуктивӣ, МТТХЗС ва қароргоҳи ёрии таъҷилӣ амал намуда, дар онҳо 279 нафар табибон ва 1471 нафар кормандони миёнаи тиб  фаъолият менамоянд.

Дар ин давра вазъи эпидемиологӣ нисбати бемориҳои сироятӣ беҳтар шуда, илтиҳоби шадиди рӯда 130 адад, лейшманиёз 8 адад ва сил 13 адад нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам гардидааст.

Дар баробари ин бемориҳои зардпарвин ба 49 адад ва тепкӣ ба 136 адад зиёд шудааст.

Шумораи умумии занон дар шаҳр 100800 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 165 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 2 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 7 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом, 36 нафар вакилони маҷлиси ҷамоатҳои деҳот, 30 нафар хизматчиёни давлатӣ ва 450 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Камбудиҳо:

Дар давраи ҳисоботи 29 ҳодисаи  худкушӣ  ва сӯиқасд ба ҷон ба қайд гирифта шуд. Ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ба 2 ҳодиса кам буда, аз теъдоди умумӣ 10 нафарро занон ташкил менамоянд. Ҳамзамон, 1370 оила барпо шуда, ҷудошавии оилаҳо 364 ададро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта ба 28 адад зиёд аст. Аз ин лиҳоз корбарӣ бо оилаҳои носолим беҳбудиро тақозо дорад.

            Вазъи соҳаи варзиш, ҷавонон ва туризм

Шумораи ҷавонон дар шаҳр 68310 нафарро ташкил намуда, 33600 нафар духтарон мебошанд. Бо мақсади ҳамаҷониба ба роҳ мондани тарбияи сиёсию маънавии ҷавонон, тарғиби ахлоқи накӯ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, хосатан, ҷараёнҳои динии ифротию экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои динии ғайриқонунӣ ва амсоли онҳо дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳоду сохторҳои марбута гузаронидани вохӯриву мулоқотҳо мунтазам ба роҳ монда шудаанд.

Дар ин муддат варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ба 27 адад медали тилло, 16 адад нуқра ва 36 адад биринҷӣ сазовор гардиданд.

Ду адад варзишгоҳҳои шаҳр айни ҳол таъмирталаб буда, ҳамчунин камбудиҳо дар самти роҳандозии соҳаи туризм мавҷуданд.

   Вазъи соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дар ин давра дар шаҳр 786 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, 92 нафар бекорон ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 2085 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ба 61 нафар ба маблағи 215 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.

Музди миёнаи кормандони шаҳр 643,4 сомониро ташкил намуда, нисбати соли гузашта 19,1 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 103 фоизро ташкил менамояд. 

Дар шаҳр 17678 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда, нафақапулиҳо ба пуррагӣ пардохт гардидаанд.

Дар ин давра аз  ҳудуди шаҳр 14667 нафар шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки аз ин 3898 нафар занҳо мебошанд.

Маълумот дар бораи дастгирии маъюбон, оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни ҶБВ ва нафарони дар ақибгоҳ ба онҳо баробаркардашуда, нафақахӯрон

Бояд зикр намуд, ки ҳифзи иҷтимоӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорист ва дар арафаи ҷашнҳои миллию давлатӣ ва анъанавию суннатӣ аёдат намудани оилаҳои камбизоат, шахсони яккаву танҳо, оилаҳои шаҳидони ҷанг, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, фидокорони меҳнати ақибгоҳ, иштирокчиёни садамаи Чернобил ва ашхоси мансуб ба гурӯҳи осебпазири ҷомеа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва шахсони соҳибкору саховатпеша ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар маҷмуъ, кӯмакҳои расонидашуда 6777 нафар шахсони мӯҳтоҷ ва оилаҳои эҳтиёҷмандро дарбар гирифта, маблағи умумии он 503980 сомониро ташкил медиҳад.

Аз он ҷумла, ба муассисаи таълимии парастишгоҳи №40-и шаҳр аз ҷониби муассисаҳои сарпарастони вобасташуда ҳамагӣ ба маблағи 99133 сомонӣ кӯмакҳои моддию пулӣ расонида шудааст.

Ҳамзамон, дар Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба 85 нафар пиронсолон ва маъюбони яккаву танҳо, инчунин ба 8 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таври ройгон хизмати иҷтимоӣ расонида мешавад.

Дар назди Маркази хизматрасонии иҷтимоии «Будубоши рӯзона» барои 26 нафар маъюбон ва пиронсолони яккаву танҳо ташкил карда шудааст, ки ҳар рӯз онҳо як маротиба бо хӯроки гарм таъмин гардида, барои онҳо шароити хуб фароҳам оварда шудааст. 

Ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва тибқи «Қоидаҳои бо воситаҳои техникӣ тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон» барои таъмини эҳтиёҷмандон ва маъюбон бо таҷҳизотҳои тавонбахшӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, ба 35 нафар шахсони эҳтиёҷманд асо ва асобағал бо таври ройгон дастрас шуда, 11 нафар маъюбон бо аробачаи маъюбӣ таъмин гаштанд.

                             Муҳоҷирати меҳнатӣ

Дар ин давра аз  ҳудуди шаҳр 14667 нафар шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки аз ин 3898 нафар занҳо мебошанд.

               Вазъи тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр 332 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 15 адад кам мебошад. Ошкоршавии ҷиноятҳои содиршуда 93,4 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра, 3 ҷинояти мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба üамин давраи соли гузашта ба 1 адад зиёд мебошад.

           Вазъи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2016, таҳти №751 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони соли таваллудашон 1989–- 1998 ба хизмати ҳарбӣ» қарори Раиси шаҳр аз 23 сентябри  соли 2016, таҳти №554 ба тасвиб расонида шуд.

Тибқи он  маъракаи даъвати тирамоҳӣ  ба хизмати ҳарбӣ  дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот дар сатҳи зарурӣ ташкил карда шуда, нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат  100 фоиз пеш аз муҳлат ба иҷро расонида шуд.

Ҳолати воқеии пахши барномаҳои телевизион

Дар шаҳр пахши барномаҳои телевизионии  шабакаи якум – 100%, “Сафина” 100%,  «Ҷаҳоннамо» - 100%, «Баҳористон» - 100% ва телевизиони вилояти Суғд ба 98,56 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин шабакаҳои телевизионии маҳаллии “ТВ-5” ва “Анис” пахш гардида истодаанд.

Бояд зикр кард, ки дар самти пахши барномаҳои телевизиони рақамӣ камбудиҳо вуҷуд доранд.

            Баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», дастурамали коргузорӣ бо муроҷиати шаҳрвандон ва қабули шаҳрвандон диққати махсус зоҳир намуда, онро яке аз самтҳои асосӣ дар фаъолияти худ мешуморад.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2016 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1301 адад мактубҳо аз ташкилоту муаасисаҳо ворид шудааст.

Инчунин, дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2016 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 4213 адад арзу шикоятҳо ворид гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1448 адад кам буда, 74,42%-ро ташкил медиҳад.

      Аз кишварҳои хориҷӣ бозпас овардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таълим мегиранд

40 нафар сокинони шаҳр дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи  кишвар таълим мегирифтанд, ки аз ин  21 нафар то дастур ва 19 нафар баъд аз интишори дастури Сарвари кишвар ба Ватан баргардонида шуда, 6 нафар дар хориҷа қарор доранд.

Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо »

Дар шаҳр як комиссияи доимии шаҳрӣ, 6 комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва 231 комиссияҳои ҷамъиятӣ ба талаботи қонунгузорӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият мебаранд.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр 2641 маъракаҳо баргузор гардиданд,ки аз он 707 адад хатнасур, 1146 адад тӯйи домодию арӯсӣ, 512 адад маросими чил ва 277 адад маросими сол ташкил намуда, хароҷоти умумии маъракаҳо 12854669 сомониро дарбар гирифтааст.

Дар доираи ин маъракаҳо 12 адад хатнасури хайриявӣ, ки дар он 41 нафар тариқи хайриявӣ хатна карда шуданд ва ҳамзамон 959 адад ақди никоҳ ба қайд гирифта шуданд. Забҳи чорвои майда 576 сарро ташкил дода сол аз сол бо хароҷоти ками хонаводагӣ гузаронидани маъракаҳо таъмин карда шуда истодааст.

Дар ҳудуди шаҳр 39 адад масҷидҳо фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 8 масҷиди ҷомеъ, 30 масҷидҳои панҷвақта, инчунин 1 адад калисои масеҳиёни «Сонмин Сунбогим» мебошанд. 

 

Камбудиҳо: Ҳанӯз ҳам дар мадрасаҳои хориҷи кишвар боқӣ мондани 6 нафар донишҷӯён, ки аз ҳисоби муҳоҷирони дар Федератсияи Руссия мебошанд. Дар сатҳи паст қарор доштани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо.Фаъолияти сусти ходимони дин дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Омодагӣ ва таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                       Бо мақсади таҷлили ҳамаҷонибаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси шаҳр  «Дар бораи таҷлили 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расонида шуда, нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати кумитаи тадорукоти ҷашн тасдиқ карда шуда, мутобиқи қарори мазкур ва нақшаи чорабиниҳо дар ин муддат як қатор корҳои назаррас ба иҷро расонида шуданд.

Дар ин раванд, ба корҳои ободонӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуда, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни таърихӣ дар ҳудуди шаҳру деҳот дар партави эълон гардидани 500 рӯзи меҳнати зарбдор корҳои  ободониву бунёдкорона баргузор гардиданд. Дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, коргоҳҳо, таълимгоҳҳо, ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллӣ ҷамъомадҳо дар мавзӯи дастовардҳои 25-соли Истиқлолияти давлатӣ, маҳфилу конфронсҳо ва мулоқотҳои судманд бо иштироки шахсиятҳои барӯманди даврони соҳибистиқлолӣ барпо шуданд.

Баҳри иҷроиши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016 таҳти №АП-681 «Дар бораи гузаронидани мусобиқа бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, маҳал, хона ва оилаҳои намунавӣ» тамоми чораҳо андешида шуда, дар ин замина қарори раиси шаҳр ба тасвиб расонида шуда, мусобиқа дар сатҳи зарурӣ ташкил карда шуд. .    

Инчунин, зиёда аз 5 км роҳҳо пурра мумфарш карда шуда,  54,1 км роҳҳо шағалпӯш ва дар 165,2 км роҳҳо таъмири ҷорӣ бо асфалт ба итмом расонида шуданд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷмааи “Майдони қаҳрамонон” бунёд карда шуд, ки дар он 6 нимпайкараҳои Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва меҳнат гузошта шуда, барои гузоштани 24 чунин нимпайкараҳои дигар корҳо идома дода шуда, муҷассамаи сарбозоне, ки дар ҷанги Афғонистон ҳалок гаштаанд, мавриди таҷдиду навсозӣ қарор дода шуд.  

Дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва Ҷамоатҳои деҳот бахшида ба ин санаи таърихӣ чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ-фарҳангӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд.

Санаи 7-уми сентябр ба ифтихори таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавии фаъолони шаҳр ва санаи 8 сентябр роҳпаймоии меҳнаткашон бо шукуҳи хоса ва хотирмон, дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ташкил ва гузаронида шуданд, ки далели ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, эҳсоси масъулият, дарки худшиносии миллӣ, тайёрии куллии тамоми сокинони шаҳр  мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кулли масъулини соҳаҳои хоҷагии халқ ва фаъолон минбаъд ҳам, баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Шумо, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, ҷиҳати ҷамъбасти сарбаландона ва натиҷабахши  фаъолият дар соли равон ва дар рӯҳияи баланди ифтихор аз ватану ватандорӣ ва созандагию бунёдкориҳо  талош хоҳанд варзид.

 

 

                       Раиси шаҳр                                 Ғ. Боҳирӣ