Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

100014
Сегодня
44
На этой неделе
516
В этом месяце
4754
Итого
100014
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

Самтҳои асосии фаъолияти бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр

Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр назорати давлатиро дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера, захираҳои об, замин, сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ, олами наботот ва ҳайвонот, муомила бо партовҳо, эстетикаи давлатии экологӣ ва ташвиқоту тарғибот дар асоси Қонуньои ҶТ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки аз Конститутсияи ҶТ сарчашма мегирад, ба роҳ мондааст.

Гузашта аз ин, оид ба татбиқи сиёсати экологии кишвар мувофиқи барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла, Барномаи «Рушди маърифати экологии ҶТ барои давраи то соли 2020», Барномаи давлатии «Оби тозаи нӯшокӣ» пайваста кор мебарад.

Ҳамчунин доир ба ҳалли муаммоҳои глобалии экологӣ, аз қабили:

- баланд шудани сатҳи оби зеризаминӣ;

- зиёд гаштани партовҳои бесоҳиб, ки манбаи асосии бемориҳои сироятӣ маҳсуб меёбанд;

- сифати пасти оби нӯшокӣ;

- фаъол набудани иншооти обпартовтозакунии шаҳр

- зиёдшавии шумораи сагҳои дайду,

ки дар шаҳри мо низ мавҷуданд, корбарӣ менамоянд.

Барои ҳалли ин муаммоҳо мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зист рейдҳо гузаронида, барои бартараф намудани онҳо чораҷӯӣ мекунанд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти бахш ин бурдани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ буда, мутахассисони бахш байни аҳолӣ ва хонандагону донишҷӯён семинару мулоқотҳо ва озмунҳои мухталиф доир намуда, ба ғолибони озмунҳо туҳфаву ифтихорномаҳо супорида мешаванд.

Дар самти муомилот бо партовҳо соли сипаригашта 72 иншоот аз санҷиш гузаронида шуда, 72 адад санад, 58 адад санади маъмурӣ бо нишондоди 30 ҳазору 40 сомонӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 29 ҳазору 20 сомонӣ ситонида шудааст.

Ҳамчунин аз ҷониби аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ба миқдори 19355 адад лампаҳои каммасрафи корношоям ба идораи КВД«ХМК»-и шаҳр супорида шуда, дар ин самт мунтазам бо аҳолӣ вохӯриҳо доир карда мешаванд.

Барои тамос бо мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ба суроғаи шаҳри Конибодом, кӯчаи Камоли Хуҷандӣ 5 А, ба телефонҳои 3-22-36 муроҷиат намуда метавонед.