Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

110104
Сегодня
105
На этой неделе
105
В этом месяце
7935
Итого
110104
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Диққат, Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ

Тарҷумаи ҳоли

роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Конибодом

 

Ҷалилов Абдувоҳид Каримович 2-юми марти соли 1978 дар деҳаи Қарақчиқум, ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Конибодом дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Соли 1985 ба мактаби миёнаи №29 ба номи С.Айнии ноҳияи Конибодом ба синфи 1-ум рафта, мактаби миёнаро соли 1995 хатм намудааст. Соли 1995 бо мақсади маълумоти олӣ гирифтан ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба факултаи «Ҳуқуқшиносӣ» дохил гашта, донишгоҳи мазкурро соли 2001 бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиро аз соли 2002 бо Фармони Раиси суди шаҳри Конибодом аз 14.06.2002 сол ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ оғоз кардааст. Бо Фармони Раиси шӯрои адлияи ҶумҳурииТоҷикистон 17.09.2002с., таҳти №96 ба вазифаи иҷрочии калони суди шаҳри Конибодом таъин гардидааст. Сипас бо пешниҳоди Раиси шаҳри Конибодом 31.01.2009 сол ба мансаби Раиси ҷамоати деҳоти А.Лоҳутии шаҳри Конибодом таъин гардидааст. Фаъолияти кории худро дар ҷамоати деҳот давом дода, санаи 30.07.2011 бо Фармони сардори хадамоти муҳоҷирати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси гузаргоҳи «Патар»-и шаҳри Конибодом таъин гардид. Сипас 02.02.2014с. аз мансаби ишғолнамуда бо хоҳиши худ аз вазифа озод гаштааст. Бо Амри Раиси шаҳри Конибодом муваққатан  мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Раиси шаҳр таъин шудааст.

Аз 16.11.2015 сол роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр таъин гардидааст.

Аъзои фаъоли ҲХДТ мебошад.

Оиладор, соҳиби 4 нафар фарзанд.