Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

120384
Сегодня
103
На этой неделе
1152
В этом месяце
8450
Итого
120384
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

                                    Фарҳанг – ҳастии миллат

 

Соҳаи фарҳанги шаҳр чун ҷузъи сохтории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сиёсати фарҳангии кишварро дар ҳудуди шаҳри Конибодом амалӣ намуда, фаъолияти гуногунҷабҳа дорад. Дар тобеияти бахши фарҳанги шаҳр 15 клубу хонаҳои фарҳанг, 29 китобхона, мактаби санъати бачагона ба номи Дилором Баҳромова, осорхонаи таърихию кишваршиносӣ, театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т.Фозилова, боғи фарҳанг ва истироҳатӣ ва Филармонияи халқӣ, ки дорои як қатор ансамблҳо, аз қабили ансамбли «Шашмақом», «Доира ва карнайнавозон», «Неъматовҳо», ансамбли рақсии «Гулдаста», «Хоҳаракон» ва ҳофизону санъаткорон мебошад, иборат буда, айни ҳол 256 нафар кормандон фаъолият доранд.

Рисолати соҳа асосан, аз тарбияи маънавию фарҳангии сокинон, хизматрасонии фарҳангӣ ба мардум, тарбияи соҳибистеъдодҳои наврас ва ҷавон, муаррифии фарҳанги бою ғании шаҳр ва таъмини фароғату истироҳати шаҳрвандон иборат буда, тавассути муассисаҳои зертобеи худ ин рисолатҳоро амалӣ менамояд.

                                              Китобхона

 

Хазинаи  китобии  29  китобхонаҳо 151 ҳазору 239 ададро ташкил дода, гардиши умумии китоб ба ҳисоби миёна о,70 -  0,75 фоизро дар бар мегирад. Дар китобхонаҳо бар иловаи таъмини сокинон ва хонандагон бо китобҳои гуногун гузаронидани маҳфилҳои гуногуни шеъру сухан ва  чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ тадриҷан доир мегарданд.  Фаъолияти маҳфили «Суханварон», ки зиёда аз 20 нафар аъзо дошта, дар назди китобхонаи марказӣ амал менамояд, басо самарабахш ба роҳ монда шуда, аъзоёни маҳфил дар чорабиниҳои сатҳи гуногун ширкат намуда истодаанд.

Кормандони китобхона дар гузаронидани озмуну чорабиниҳо ҷавонони бомаърифат ва хонандагони фаъоли худро ҷалб карда, ба ин васила ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, бахусус, ҷавонон чораҳои судманд андешида мешавад. Ҳамасола гузаронида шудани озмуни «Китобдорони беҳтарини сол» баҳри сайқал ёфтани таҷрибаи китобдорон мусоидат менамояд.   Аз ҷумла, соли 2016   китобдори китобхона – филиали №12 Ҳоҷибоева Нилуфар дар миқёси вилоят соҳиби «Шоҳҷоиза»-и озмун ва дар давраи ниҳоии озмун дар миқёси ҷумҳурӣ ба гирифтани Дипломи дараҷаи 2 сазовор гардид. Инчунин, дар озмуни шаҳрии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» ҷои аввал насиби хонандаи МТМУ №32  Мамадов Фаридун гардида, барои иштирок дар давраи ниҳоӣ роҳхат гирифт ва дар сатҳи вилоят ба гирифтани ҷойи 2-юм мушарраф гардид. Шарипова Фарангис – китобдори китобхонаи марказӣ дар озмуни вилоятии «Китобдори беҳтарин» ширкат варзида, сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.

                           

                                                   Клубҳо

 

Дар шаҳр 15 адад клубу хонаҳои фарҳанг фаъолият менамоянд, ки дар тобеияти бахши фарҳанги шаҳр мебошанд. Саҳми кормандони клубу хонаҳои фарҳанг дар таъминоти техникӣ ва доир намудани чорабиниҳои гуногуни умумишаҳрӣ, таҷлили ҷашнҳо ва санаҳои таърихӣ дар маҳалҳо калон аст.

Мувофиқи клубҳо дар маҷмуъ   76  адад маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла, навозандагӣ, сарояндагӣ, рақс, рассомӣ, варзиш, маҳфили шеърдӯстону гулпарварон ва ғайраҳо бо фарогирии наздик 1000 нафар наврасону ҷавонон фаъолият менамоянд. Дар назди хонаи фарҳанги №2, ки сарвараш ҳунарманд Бахтиёр Муъминов мебошад, зиёда аз 40 нафар таблаку доиранавозон шомил буда, дар чорабиниҳои сатҳи гуногун фаъолона ширкат меварзанд.

 

Мактаби санъати бачагона

ба номи Д.Баҳромова

 

Дар мактаби санъати бачагонаи шаҳр ба номи Д.Баҳромова  8 шӯъба, аз ҷумлаи навозандагӣ, сарояндагӣ, рассомӣ, дӯзандагӣ, рақу актёрӣ   бо  фарогирии то 350 нафар наврасону ҷавонони соҳибистеъдод амал менамояд.

Ширкати дастпарварони мактаб дар чорабиниҳои шаҳрӣ қобили таваҷҷуҳ буда, барномаҳои ҷолиб пешниҳод мегардад.

Тайи ду соли охир намоиш ва фурӯши асарҳои рассомони наврасу ҷавони шаҳр ба ҳукми анъана даромада, баҳри тарғиби ин шуғли манфиатбахш дар шаҳр корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. 28 адад маҳсули дасти рассомони навраси мактаби санъати бачагонаи шаҳр аз ҷониби Раиси шаҳр харидорӣ карда шуда, ба беморхонаи марказии шаҳр тақдим карда шуд. Бояд ёдовар шуд, ки дастпарвари мактаби санъати бачагонаи шаҳр Бунёд Абдуллоев  дар намоиши ҳунарнамоии рассомии вилоятӣ хуб ширкат намуда, тибқи дастури Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истироҳат ба осоишгоҳи ҷавонон ба шаҳри Турсунзода даъват карда шуд. Боиси хушнудист, ки мактаби санъати бачагонаи шаҳрамон аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ «Муассисаи таълимии беҳтарин» ҳисобида шуд. Баҳри расидан ба ин дастовардҳо саҳми роҳбари мактаб Норбоев М., омӯзгорон, Содиқов А., Бердиева М., Махкамов С.  хеле калон аст.

Бояд ёдовар шуд, ки айни ҳол 25 нафар дастпарварони Мактаби санъати бачагонаи шаҳр дар муассисаҳои миёнаю олии касбии кишвар ва хориҷи он таҳсил намуда истодаанд.

 

             Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т.Фозилова

 

Аҳли эҷоди театри драмаи мусиқии ба номи Т.Фозиловаи шаҳр низ тайи солҳои ахир фаъолияти пурсамар дошта, ба сокинон намоишномаҳои гуногуни баландмазмунро пешкаш  менамояд.

Аҳли ҳунари театр бо намоишномаи «Суди девонагон» дар Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ дар кишвари Чин, даҳаи аввали моҳи октябр дар Фестивали театрҳои касбии Осиёи Миёна дар шаҳри Лондон, моҳи феврали соли 2017 асари мазкур барои иштирок дар Фестивали театрӣ ба шаҳри Деҳлии кишвари Ҳиндустон ва 4 шаҳри дигари ин кишвар ширкат варзида, бо муваффақиятҳо баргаштанд.

 

                             Ансамбли Шашмақом

Ҳини  сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Э.Раҳмон  санаи  24 марти соли 2016 аз ҷониби аҳли санъати шаҳр  барномаи консертӣ ба тариқи зинда ба меҳмонони олиқадр пешниҳод карда шуд, ки дар он ҳайати  навозандагони  ансамбл ва мақомхонони наврас таҳти роҳбарии Ш.Эргашев хеле бо маҳорат ҳанарнамоӣ намуданд.

Як навгонии дигаре, ки бо ташаббуси Раиси шаҳрамон мӯҳтарам Ғ.Боҳирӣ роҳандозӣ гардид, баргузории Шоми фарҳангӣ таҳти унвони «Шаҳдрез» аст, ки дар он ҳайати  эҷодии ансамбл, ки зиёда аз 17 нафар навозандагону сарояндагон фаъолият доранд,  маҳфилорои доимӣ мебошанд.

Санаи 27-28 марти соли равон дастпарварони Студияи мақомхонони навраси шаҳр – Фирдавсҷон ва Миҷгона Иброҳимова бо роҳбарии устоди мақом Шӯҳратҷон Эргашев дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ дар ш.Турсунзода ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳамчунин, шогирдони ҳамин мактаб Муҳиба Шокирова ва Фирдавс Неъматов  дар озмуни мазкур ширкат намуда,  сазовори ҷойҳои 2 ва 3-юм гардиданд. Имрӯзҳо дар студияи навраси мақоми назди бахши фарҳанг 12 нафар шогирдон сабақ меомӯзанд.

 

                                             Чорабиниҳо

 

Аҳли фарҳангу ҳунари шаҳр бахшида ба тамоми иду санаҳои идонаи кишвар барномаҳои алоҳидаи консертӣ таҳия намуда, бо фарогирии мавзӯву мӯҳтавои рангин пешкаши ҳамдиёрон мегардонанд Илова бар ин, санъаткорон, яъне, ҳам ҳофизон ва ҳам гурӯҳи карнайнавозон дар гузаронидани  тӯйҳои хатнасуру хайриявии  оилаҳои камбизоат ройгон хизмат мерасонанд.                

Баҳри гиромидошти фарҳанги ғании ниёгон, дарёфти истеъдодҳои нав, дар рӯҳияи фарҳангдӯстиву фарҳангпарварӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон дар бахши фарҳанг пайваста маҳфилҳои фарҳангӣ ва кастинг-озмунҳо гузаронида шуда, соҳибистеъдодҳои нав ба саҳнаи ҳунар оварда мешаванд. Аз ин қабил озмунҳо, аз ҷумла, озмуни  доирадастон бо номи «Садои доира» ва кастинг-озмуни истеъдодҳо «Парвози ҳунар» боис гардиданд, ки боз теъдоди зиёди истеъдодҳо дарёфт карда шуданд. Хуш аст, ки лаёқату маҳорати баланди ҳунарии ин наврасони соҳибзавқи шаҳрамон мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, аз ҷониби роҳбари давлат санъаткорони наврас Миҷгона Иброҳимова, Муҳаммадҷон ва Муҳиба Шокировҳо барои таҳсил ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва мактаби махсуси ҷумҳуриявии мусиқии ба номи М.Атоев тавсия дода шуданд. Ҳоло ин санъатварони наврас дар пойтахти кишвар таҳсил намуда истодаанд.

Аз ҷониби роҳбарияти бахши фарҳанг ҷиҳати такмил додани донишу малакаи касбии кормандон ва санъаткорон пайваста тадбирҳо андешида шуда, ҳамасола ҳунармандони ҷавон  ба коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз, ба факултаи санъати ДДХ, ба Донишгоҳи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода фиристода мешаванд.

Санаи 21-уми марти соли равон аз ҷониби фарҳангиёни шаҳр барномаи ҷолиби наврӯзӣ бахшида ба ин иди маҳбуби миллӣ пешкаши шаҳрвандон гардонида шуд, ки дар ин чорабинӣ ҳудуди 700 нафар ҷалб карда шуданд.

Аз оғози соли 2017 дар назди бахш гуруҳи навозандагони созҳои халқӣ- эстрадӣ ташкил карда шудааст, ки дар он 12 нафар навозандагон фаъолият доранд. Ансамбли мазкур ба хотири зиндахонии суруду таронаҳо таъсис ёфта, дар назар аст, охири моҳи апрел ва нимаи аввали моҳи майи соли равон консерти аввалини худро бо иштироки ҳофизони бомаҳорати шаҳр пешкаш намоянд.

Аз ибтидои моҳи марти соли 2017 бахши фарҳанги шаҳр фаъолияти худро дар бинои собиқ ҷамъияти саҳҳомии «Бодом»- қасри «Мошинсозон», ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуд, ба роҳ мондааст.