Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

100014
Сегодня
44
На этой неделе
516
В этом месяце
4754
Итого
100014
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

     

Маълумот

оид ба татбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437 ва аз 1 октябри соли 2016, №416

дар шаҳри Конибодом

 

Дар асоси муқаррароти Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Стратегияи паст кардани камбизоатӣ механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат бар ивази механизми қаблӣ – ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табии ва кӯмакпулӣ барои мактаббачаҳои оилаҳои камбизоат, ки фарзандонашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар синфи 1-9 таҳсил менамоянд, тибқи қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437  «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавиии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» дар шаҳри Конибодом аз 1 июли соли 2014 ҷорӣ карда шуда, аз моҳи ноябри ҳамин сол ба амал татбиқ карда шуд. Ҳамзамон, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, №416 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2016, №437» механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар шаҳри Конибодом идома дода шуд.

Дар раванди амалсозии механизми нави таъин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ бо истифода аз усули «арзёбии ғайрмустақими эҳтиёҷмандӣ» дар шаҳр, ҳамчун таҷрибавӣ собит сохт, ки он аз чунин бартариятҳо бархурдор аст:

     1. Сатҳи камбизоатии оила бо истифода аз усули «арзёбиии    ғайримустақими эҳтиёҷмандӣ» дар асоси ба индикаторҳои молумулкӣ, демографӣ ва хароҷотнокии оила ва дигар омилҳои камбизоатӣ (маъюбӣ, бесаробонӣ, теъдоди  фарзандони ноболиғи оила ва ғайра) баҳогузорӣ карда мешавад.

     2. Тибқи  қоидаҳои нав қариб ҳамаи ташвишҳои  шаҳрвандон барои     ҷамъоварии маълумоти гуногун барҳам дода шуда, кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ танҳо бо пешниҳоди ариза, маълумотнома дар бораи хайати оила ва маълумотнома оид ба даромад ва молу амволи аъзоёни оила  таъин карда мешавад.

       3. Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар натиҷаи коркарди маълумот тавассути      барномаи электронии «Системаи иттилооти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ» бо истифодаи системаи баҳодиҳии холҳо таъин карда мешавад, ки ин омил шаффофият ва дахлнопазирии қабули қарорро комилан таъмин менамояд.

      4. Андозаи кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳои камбизоат барои як оила дар як сол 400 (чорсад) сомонӣ муқарраргардида, ҳар як семоҳа дар ҳаҷми 100 (сад) сомонӣ пардохт карда мешавад, нисбат ба механизми қаблӣ (куҳна) ба зиёда 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст, ки он ба некӯаҳволии моддии оила ва камбизоат тақвият мебахшад.

5. Оилаҳои камбизоат онҳое ҳисобида мешаванд, ки дар муносибатҳои хешутаборӣ қарор дошта, якҷоя зиндагӣ мекунанд, рӯзгори муштаракро пеш бурда, моликияти умумиро истифода мебаранд ва барои мустақилона аз шароити душвори зиндагӣ баромадан имконият надоранд.

Бояд қайд кард, ки усули арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандц ҳамчун усули муайянкунандаи арзёбии сатҳи зиндагии оила маҳсуб ёфта, дар асоси нишондиҳандаҳои (индикаторҳои) тағйирёбанда, ки барои ҳисоби формулаи арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандии оила истифода бурда мешавад ва сатҳи камбизоатии оиларо барои таъин намудани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ муайян  месозад.

Инчунин, бояд зикр намуд, ки дар оғози амалишавӣ механизми нав аз камбудиҳо низ холӣ набуд, ки инҳо мебошад:

           -тартиби пур кардани варақаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ва раисони      кумитаҳои  маҳалла риоя карда  нашудааст, яъне ҳамаи ҳошияҳои ариза ва  маълумотнома дар бораи ҳайати оила  дуруст пур карда шудаанд;

          -маълумотҳо дар бораи даромад ва амволи ҳамаи аъзои оилае, ки аз ҷониби шаҳрванд пешниҳод шудаанд, аз ҷониби раисони кумитаҳои маҳалла тафтиш накарда, қабул намудаанд ва барои  дурустии он имзо   гузоштанд.

Ҳамин гуна хатоҳо дар нодуруст пур кардани ном, насаб ё рақами шиноснома боиси аз ҷониби шуъбаи «Амонатбонк» напардохтани кӯмакпулии таъингардида мебошад, ки баъд аз пур кардани қисми мазкур он бояд бодиққат тафтиш карда шавад.

Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои дар боло зикргардида аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ дар вохӯриҳо байни аҳолии шаҳр дар ин самт гузаронида шуда истодааст ва инчунин, 2 маротиба семинар - машварат бо иштироки ҳамаи раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр ва дар ҷамоатҳои деҳот бо кормандони масъулини вобасташуда, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ҷамоат гузаронида шуд.

Ҳамзамон, ба ҳолати 1.02.2017с. шумораи оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, ки тибқи «Системаи иттилотии унвонии иҷтимоии Тоҷикистон (АСИСТ)»-и нав аз кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ бархӯрдор мебошанд, мувофиқи шаҳр 1720 нафарро ташкил медиҳад.

                           

 

Маълумоти Ҳифзи иҷтимоӣ 2016

 

Бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, №168 «Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд аз 31 марти соли 2014, №140 «Дар бораи тасдиқ намудани сохтори дастгоҳи Раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят» ва тибқи Низомнома фаъолияти худро ба роҳ монда, дар соли сипаришуда  мувофиқи нақша корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, таҳти №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» ҷиҳати самаранок дар амал тадбиқ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Конибодом қарори Раиси шаҳр аз 5 сентябри соли 2014, таҳти №458 ба имзо расид, ки тибқи он барои ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Ҳоло, аз ҷониби масъулини бахш қабули парвандаҳо оид ба таъмин ва гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба роҳ монда, 6106 адад парванда ва аризаҳои шаҳрвандон қабул гардида, аз он 6106 парвандаи шаҳрвандон барои муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи некӯаҳволии оила ба махзани ягонаи низоми иттилоотии барномаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ворид намудаанд. Ба ҳолати 1 январи соли чорӣ ба 4620 нафар оилаҳо ва шаҳрвандони кабизоат кӯмаки унвонии иҷтимоӣ таъин гардиданд, ки ба маблағи 1млн 700 сомонӣ маблағгузорӣ шуда, бо воситаи оҷонсҳои шӯъбаи №30 БДА «Амонатбонк» кӯмаки унвонии иҷтимоӣ пардохт шуда истодааст.

Бо мақсади амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2011,таҳти №682 «Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 24 июни соли 2014, таҳти №283, қарори Раиси шаҳр аз 14 августи соли 2014, таҳти №413 «Дар бораи таъсис додани Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон»  ба тасвиб расида, ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардида, дар он Низомнома ва ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон тасдиқ карда шудааст.

Баҳри иҷрои Нақшаи чорабинии Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоят аз ҷониби бахши Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақша-чорабинии шаҳр оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон тартиб дода шуда, корҳои судманд ба анҷом расонида шуд.                                                                

Аз ҷониби масъулини соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо якҷоягии шӯъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр маълумоти мукаммал оид ба маъюбон аз рӯйи гурӯҳи маъюбӣ омода карда шуд.

Ҳамзамон, барои фароҳам овардани шароит ба шахсони нобино ва имконияташон маҳдуд аз ҷониби сармеъмори шаҳр ва шахсони масъули соҳаи сохтмон ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ, мактабу боғча, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва роҳҳо ба инобат гирифта шуда, барои бартараф намудани монеъагиҳои вуҷуд дошта тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Ҳамчунин, дар ин давраи ҳисоботӣ 615 нафар нафақахӯрони вафот карданд, аз он тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, №293 «Дар барои тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат» ба 186 нафарашон ҳамчун оилаи камбизоат дар асоси маълумотномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳар як оилаи вафоткарда 800 сомонӣ ҷубронпулӣ барои дафн пардохта шуд, ки ин маблағ 148 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳудуди шаҳр 81 нафар нафақахӯрон кӯчида рафтанд, ки парвандаҳои нафақавии онҳо аз ҳисоби раёсат бароварда шуданд. Бо сабаби фавтидан ва аз ҳудуди шаҳр кӯчида рафтани нафақахӯрон 399 ҳазору 278 сомонию 01 дирам ба суратҳисоби Агентии давлатии нафақаи фонди вилоятӣ баргардонида шуд.                                                                  

Дар шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона 19 воҳиди корӣ мавҷуд буда, аз онҳо 16 нафар кормандони иҷтимоӣ мебошанд, ки ба 86 нафар пиронсолон ва маъюбони яккаву танҳо аз рӯи 24 намуди хизматрасонӣ бо таври ройгон хизмат расонида истоданд. Аз онҳо 49 нафарашон дар ҳудуди шаҳр, 37 нафаррашон дар ҳудуди ҷамоат зиндагӣ менамоянд, ки аз ин шумора 49 нафар занон ва 37 нафар мардҳо мебошанд. Аз 86 нафар эҳтиёчмандон: маъюби гурӯҳи якӯм - 14 нафар, маъюби гурӯҳи дуюм - 16 нафар, гурӯҳи сеюм - 3 нафар, собиқадорони ақибгоҳ - 1 нафар, оилаи бесаробон – 2 нафар мебошанд.

Дар назди шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоии буду боши рӯзона» барои 25 нафар маъюбон ва пиронсолони яккаву танҳо ташкил карда шудааст, ки ҳар рӯз онҳо бо як маҳал хӯроки гарм таъмин гардида, барои онҳо шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Соли ҷори аз тарафи мақомоти давлатии шахр ба маркази мазкур ба маблаги 10 ҳазору 430 сомонӣ маводҳои ҳӯрока дастрас гардид. Дар ин муассисаи иҷтимоӣ иду маросимҳо бо иштироки бошандагон ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр ва дар ду ҷамаотҳои деҳот - Патар ва ба номи Р.Ҳамробоев лоиҳаи «Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа» дар шаҳри Конибодом аз ҷониби ташкилоти байналхалқии «Каритас-Олмон» бо воситаи ташкилоти ҷамъиятии «Пайванди шаҳрвандӣ» ба амал татбиқ шуда истодааст, ки мақсади ин лоиҳа – беҳтар кардани сатҳи зиндагонии шахсони имконияташон маҳдуд мебошад. Дар чорчӯбаи ин лоиҳа корҳои зерин ба анҷом расонида шудааст:

 - 18 нафар кормандони тавонбахшӣ аз омӯзишҳо гузаронида шудаанд.  Ҳоло, онҳо то имрӯз бо 210 нафар кӯдакони имконияташ маҳдуди синну солашон гуногун бо равияҳои тавонбахшии кӯдакони сини барвақти, касбомӯзӣ ва таълими фарогир фаъолияти худро давом дода истодаанд.

Инчунин, дар моҳи октябри соли равон чор нафар кормандони тавонбахши ба омӯзиши кор бо шахсони гунг ва ношунаво ба шаҳри Душанбе равона карда шуданд.

Дар шаҳру ҷамоатҳои деҳот 19 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таълими фарогир (инклюзивӣ) ба муассисаҳои  таълимӣ ҷалб карда шуда, аз онҳо ба 11 нафар кӯдакон касбҳои гуногун омӯзонида шуд.

Ба шахсони имконияташ маҳдуд аз рӯйи лоиҳа бо таври ройгон 11 адад аробачаи маъюбӣ, 11 адад уголок, 6 дона ходунок ва 2 курсичаи махсус таъмин карда шуд.

Ҳамзамон, дар бинои Маркази саломатии №1-и шаҳр ҳуҷраи қабули мутахассисон таъмир ва таҷҳизонида шуда, 4 мутахассисони барнома мизоҷонро қабул намуда истодаанд.

Бо мақсади амалӣ гардонидани иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, таҳти №АП-159 ва амри Раиси вилояти Суғд аз 7 майи соли 2014, таҳти №65 барои ташкил намудани аёдат ва расонидани кӯмакҳои моддӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои сарпараст ва соҳибкорони саховатманд вобаста шуда ба хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон, собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрон, оилаҳои бесарпараст, табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта, барои хизматчиёни ҳарбии дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот буда тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Дар давраи соли 2015 кӯмакҳои расонидашуда мувофиқи шаҳру деҳот дар маҷмуъ 12086 нафар эҳтиёҷмандро ташкил намуда, ба онҳо ба маблағи умумӣ 796907 сомонӣ кӯмакҳои моддию пулӣ расонида шуд, ки аз он ҷумла:

-ба мактаб парастишгоҳи №40 барои ташкил намудани дастурхони идона 8 маротиба, маводи хӯроки ва молҳои хоҷагӣ лозимӣ ба маблағи 60539 сомонӣ;

-барои хизматчиёни қисми низомӣ ва дидбонгоҳҳои шаҳр 12 маротиба дастурхони идона дар иду айёмҳо, маводи хӯрока ва молҳои хоҷагии лозима ба маблағи 72245 сомонӣ;

-барои қисми низомии ш.Исфара маводи хӯрока ба маблағи 12600 дастрас гардид.

Инчунин, дар давраи ҳисоботи аз тарафи бахш ба 86 нафар шахсони эҳтиёҷманд ассо ва ассобағал бо таври ройгон дастрас шуда, 18 нафар маъюбон бо аробачаи маъюбӣ таъмин гаштанд.     

Ҳамзамон, дар ин давра 56 адад ариза, 198 адад муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон оид ба расонидани кӯмакҳои моддӣ, 385 адад муроҷиати шаҳрвандон оид ба   гирифтани кӯмакпулӣ барои хароҷоти дафн ба аъзои оилаи камбизоат ва 24 адад мактубҳои ташкилоти муассисаҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардида, мусбӣ ҳаллу фасл карда шуд.