Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

091726
Сегодня
16
На этой неделе
576
В этом месяце
4040
Итого
91726
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* ДИҚҚАТ ОЗМУН

Ҳисобот

оид ба фаъолияти хоҷагии халқи шаҳри Конибодом дар соли 2014

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро  дар соли 2014,  соли таърихии 20 – солагии  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита,  ҷиҳати амалӣ намудани Паёми Шумо, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дастуру супоришҳоятон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва вилояти Сущд, қарору фармоишоти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Конибодом то соли 2015», «Стратегияи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр то соли 2020»  ва барномаҳои гуногуни давлатӣ равона намуда, барои таъмини иҷрои нақшаву вазифаҳои вогузоргардида имкониятҳо самаранок истифода бурда шуданд.

Дар ин давра:

- ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ – 322 млн. 986 ҳазор сомонӣ ё 111,1 фоиз;

- ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ – 114 млн. 35 ҳазор сомонӣ ё 100,7 фоиз;

- сармоягузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо – 27 млн. 605 ҳазор сомонӣ ё 143,7 фоиз;

- ҳаҷми гардиши чакана – 257 млн. 463,9 ҳазор сомонӣ ё 100,4 фоиз;

- хизматрасонии пулакӣ – 166 млн. 141,2 ҳазор сомонӣ ё 101,9 фоиз бо нархҳои муқоисавӣ нисбати соли 2013 ба иҷро расонида шуданд.

 

Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо (бо назардошти андози иҷтимоӣ) – 85,8 фоиз таъмин гардид. Ба ҷойи 74 млн. 944  ҳазору 392 сомонии дар нақша пешбинишуда 64 млн. 269 ҳазору 378 сомонӣ маблащ ворид гардид, ки нисбати нақша 10 млн. 675 ҳазору 14 сомонӣ кам аст. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ 87,4 фоизро ташкил дода, ба ҷойи 26 млн. 782 ҳазору 396 сомонӣ, дар асл 23 млн. 399 ҳазору 737 сомонӣ маблащ ворид гардид, ки нисбати нақша 3 млн. 382 ҳазору 659 сомонӣ кам мебошад.

 

Иҷрои нақшаи андозҳо 84,9 фоизро ташкил дода, ба ҷойи 48 млн. 161 ҳазору 996 сомонӣ, дар асл 40 млн. 869 ҳазору 641 сомонӣ маблащ ворид гардид, ки нисбати нақша 7 млн. 292 ҳазору 355 сомонӣ кам мебошад. 

 

Ба ҳолати 1 декабри соли 2014 қарзи андозҳо ва пардохтҳо ҳамагӣ 4 млн. 177 ҳазору  620 сомониро ташкил намуд, ки нисбати 1 январи соли 2014 - 415 ҳазору 886  сомонӣ зиёд мебошад.

 

Қарзи андозҳо 2 млн. 954 ҳазору 296 сомониро ташкил дод, ки нисбати аввали сол 338 ҳазору 711 сомонӣ зиёд гаштааст.

 

Қарзи андози иҷтимоӣ 1 млн. 223 ҳазору 324 сомонӣ ташкил намуд, ки нисбати аввали сол ба маблащи 20 ҳазору 179 сомонӣ зиёд гаштааст.

 

Дар соли сипаришуда иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба 84,8 фоиз таъмин гардид. Аз рӯйи нақша воридоти 45 млн. 80  ҳазор  сомонии пешбинишуда, дар асл 38 млн. 208 ҳазору сомонӣ маблащ ворид гардид, ки нисбати нақша 6 млн. 872 ҳазор  сомонӣ кам мебошад. Аз 11 намуди андозҳо иҷроиши нақшаи 5 намуди он таъмин гардида, нақшаи 6 намуди андозҳо иҷро нагардиданд (андози даромад – 92,5 фоиз, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт - 91,7 фоиз, низоми соддакардашуда - 65,0 фоиз, андози молу мулк 97,0 фоиз, боҷи давлатӣ 95,9 фоиз ва даромадҳои маҳаллӣ - 32 фоиз), ки дар натиҷа ба буҷети давлатӣ 8 млн. 176 ҳазору 503 сомони маблащ ворид нагардид.

 

Сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи андозҳои мазкур ин пеш аз ҳама таъмин нагардидани нақшаи истеҳсоли пахта (84,6 фоиз) ва аз ин ҳисоб кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар коргоҳҳои миёнаву калон дар ҳаҷми 9,9 млн сомонӣ мебошад.

 

Нақшаи  қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар соли сипаришуда бо тащйироту иловаҳояш дар ҳаҷми 46 млн. 532 ҳазору 700 сомонӣ тасдиқ шуда, дар асл иҷроиши он дар ин марҳила 42 млн. 640 ҳазору 958 сомонӣ ё худ 91,6 фоизи  нақшаро ташкил медиҳад.

 

Дар  соли сипаришуда ба соҳаи иҷтимоӣ ба маблащи 39 млн. 745 ҳазору 620 сомонӣ харҷ карда шуд, ки ин 93,2 фоизи хароҷоти умумиро ташкил медиҳад.

 

Ба моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети маҳаллӣ дар ин марҳила ба маблащи 38 млн. 938 ҳазору 918 сомонӣ равона карда шуд, ки 91,3 фоизи қисми хароҷоти умумиро ташкил медиҳад.

 

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи руйхати коркунон 19547 нафар нисбати соли гузашта 531 нафар кам ва шумораи кормандони дар шущлбуда 11291 нафар мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 959 нафар кам мебошад.

 

Музди миёнаи як корманд дар ин давра 531,19 сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли гузашта 18,5 фоиз зиёд буда, ба ҳолати 01.12.2014 қарзи музди меҳнат 252 ҳазору 761 сомониро ташкил медиҳад.

 

Соли 2014 таъсиси 4939 адад ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шуда, дар давраи ҳисоботӣ  аз ҳисоби ҳамаи намуди сарчашмаҳо 4945 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 81,8 фоизро ташкил медиҳад.

 

Соли сипаригардида ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 114 млн. 35 ҳазор сомониро ташкил дод, ки иҷроиш нисбат ба соли 2013 – 100,7 фоизро ташкил намуда, ба маблащи 835,8  ҳазор сомонӣ  зиёд мебошад.

 

Дар баробари он, камшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ дар корхонаҳои миёнаву калон, аз ҷумла дар ҷамъиятҳои саҳҳомии «Бодом» - 535,6 ҳазор сомонӣ, ҷ\с «Конибодом» - 135,2 ҳазор сомонӣ, ба номи Э.Бойматова бо дарназардошти ҶДММ «Текс трейд» - 717 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Шоҳон» - 9 млн. 338,6 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Ориё - коттон» - 597 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Билол - груп» - 4 млн. 394 ҳазор сомонӣ ва кооперативи истеҳсолии «Ясминаи Канд» - 181,2 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шуд.

 

ҶДММ «Шоҳон» ва «Билол - груп» дар ин давра умуман фаъолият накарданд.

 

Сабабҳои асосии кам гардидани истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатии шаҳр ин пеш аз ҳама нарасидани ашёи хом ва маблащҳои гардишӣ ба шумор мераванд.

 

Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумотҳои фаврӣ ба хоҷагии халқи шаҳр ба маблащи умумии 15 млн. 106 ҳазор сомонӣ қувваи барқ дастрас карда шуда, аз ин 13 млн. 849 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст, ки 91,7 фоизро ташкил медиҳад. Ба аҳолии шаҳр дар ҳаҷми 7 млн. 896 ҳазор сомонӣ қувваи барқ дода шуда, маблащи пардохти истифодаи қувваи барқ 7 млн. 546 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он ба 95,6 фоиз баробар аст.  

 

Бо мақсади таъмини саривақтии иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, таҳти №286 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» ва Қарори Раиси вилояти Сущд аз 23.05.14, таҳти № 231 корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.

 

Аз ҷумла, дар соҳаи кишоварзӣ ба ҷойи 8700 тонна хошоки дурушт 9896 тонна, 1560 тонна хошоки ширадор ва 850 тонна емворӣ захира карда шуд.

 

Муассисаҳои соҳаи маориф бо 584 тонна ангишт - 117% ва 420 м3 ҳезум – 100% таъмин карда шуда, 520 м2 ойинаҳо шишабандӣ карда шуданд.

 

Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бошад, 175 тонна ангишт – 109 фоиз ва 60 м3 ҳезум ба 100 фоиз захира карда шуд.

 

Дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 50 нуқтаи фурӯши ангишт ва 33 нуқтаи фурӯши гази моеъ ташкил карда шудааст.  

 

Инчунин, 10 адад нуқтаҳои сайёри фурӯши ангишт ва 8 адад нуқтаҳои сайёри фурӯши гази моеъ амал мекунанд.

 

Дар соли 2014 аз тарафи ташкилоту муассисаҳои сохтмонии шаҳр ба маблащи 2 млн. 611,7 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуданд, ки нисбати шартномаҳои басташуда 101,9 фоизро ташкил медиҳад.

 

Истифодабарии маблащгузории асосӣ ба иншооти истеҳсолӣ 20 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба соли 2013 – 142 фоиз   зиёд аст.

 

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ дар соли ҳисоботӣ 9 миллиону 82,6 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ба 90,6 фоиз баробар аст.

 

Тайи соли 2014 ба истиқболи 20 – солагии Сарқонуни кишвар 28 иншооти ҷашнии таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. 

 

Дар ин муддат 18,3 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбати соли 2013 – 128,3 фоизро ташкил намуд.

 

Дар доираи «Соли роҳҳои обод», соли равон асфалтпӯш ва таъмир намудани 256,4 километр роҳҳои байнихоҷагиҳо ва маҳаллӣ ба нақша гирифта шуда, то ин дам 264,8 км роҳҳо ба маблащи 2 млн. 218 ҳазор сомонӣ асфалтпӯш ва таъмир карда шуданд, ки ин 103,2 фоизро ташкил медиҳад.

 

Дар давраи ҳисоботӣ, дар соҳаи кишоварзӣ аз рӯйи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблащи 322 млн. 986 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки афзоиш нисбат ба соли 2013 -  111,1 фоизро ташкил намуд.

 

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолшуда дар соҳаи растанипарварӣ 214 млн. 915 ҳазор сомонӣ ба 107,1 фоиз ва чорводорӣ 108 млн. 71 ҳазор сомонӣ ё 120,1 фоизро ташкил намуд.  

 

Аз 12 номгӯӣ маҳсулоти асосии кишоварзӣ афзоиши ҳаҷми аслии истеҳсоли ҳамаи намуди он нисбат ба соли 2013 таъмин гардид.

 

Истеҳсоли меваҷот ба 10 ҳазору 714,5 тонна расонида шуд, ки нисбати соли 2013 ба 1 ҳазору 540,5 тонна зиёд буда, афзоиш 116,8 фоизро ташкил намуд.

 

Истеҳсоли сабзавот 3 ҳазору 849,7 тоннаро ташкил дода, нисбати соли 2013 ба 69,3 тонна зиёд гардида, 101,8 фоизро ташкил медиҳад. 

 

Нақшаи истеҳсоли щалла мувофиқи хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр ба 3 ҳазору 108,6 тонна таъмин гардид, ки нисбати соли 2013 ба 610,1 тонна зиёд ва ё афзоиш 124,4 фоизро ташкил дод.

 

Соли 2014 дар майдони 1232 гектар кишти такрорӣ  гузаронида шуд, ки он нисбати дурнамо 322 га зиёд мебошад.       

 

Кишти тирамоҳӣ бошад, 1000 гектар ба нақша гирифта шуда, дар амал 837,1 гектар кишт карда шуд, ки он 83,7 фоизро ташкил дод.

 

Саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 3243 сар расонида шуд, ки нисбати дурнамо 43 сар зиёд мебошад. Саршумори моли майда 5 ҳазору 70 сар ё ба 320 сар ва саршумори парранда бошад, ба 28 ҳазору 169 сар ё ба 8869 ҳазор сар зиёд гардид.

 

Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт нисбати соли 2013 ба 104,1 сентнер, шир 732,5 литр ва тухм 205 ҳазору 300 дона зиёд буда, афзоиш мутаносибан ба 114,5 фоиз, 106,4 фоиз ва 152 фоиз баробар гардид.

 

Соли сипаригардида 126,5 тонна пилла ҷамъоварӣ гардида, иҷроиши дурнамо ба 101,2 фоиз таъмин карда шуд.

 

Кишоварзони шаҳр соли гузашта дар майдони 6 ҳазору 73га пумбадона кишт намуда, ӯҳдадор шуданд, ки 14 ҳазору 100 тонна пахта истеҳсол намоянд. Соли сипаригардида 11 ҳазору 941 тонна пахта истеҳсол карда шуд, ки ин 84,7 фоизи нақшаи солонаро ташкил намуд. 

 

Баҳри таъмини саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» чораҳои таъхирнопазир андешида шуда, аз 139 адад хоҷагиҳои деҳқонии таҳти таҷдид ва азнавташкилдиҳӣ қарордодашуда 132 хоҷагӣ таҷдид гардида, дар заминаи он 2934 адад хоҷагиҳои деҳқонии инфиродиву оилавӣ таъсис дода шуда, 2555 адад сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дастрас карда шуданд ва ҳамзамон, 1092 аризаҳо оид ба ташкили хоҷагиҳои инфиродӣ мавриди баррасӣ қарор доранд. Теъдоди саҳмдорони хоҷагиҳои навтаъсисёфта 5 ҳазору 233 нафарро ташкил намуд.

 

Дар соли сипаригардидаи 2014 дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба масъалаҳои таъмини фаъолияти босамари соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус дода шуд.  

 

Соли таҳсили 2014 - 2015 дар мактабҳои шаҳр 31 ҳазору 744 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, хонандагони аз дарс берунмонда ба қайд гирифта нашуданд.  

 

Алҳол, 2310 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбия машщул буда, аз онҳо омӯзгорони дорои маълумоти олӣ ҳамагӣ 57 фоизро ташкил медиҳанд, ки мутаассифона ин нишондиҳанда нисбати соли гузашта коҳиш ёфта, нисбати сатҳи вилоятӣ ба 17 фоиз кам мебошад. Дар соли гузашта 262 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 78 нафар мутахассисони ҷавон ба кор қабул карда шуда, 208 нафар омӯзгорон дар шӯъбаҳои щоибонаи мактабҳои олии кишвар таҳсил намуда истодаанд. Дар соли 2014 ҳамагӣ 124 нафар омӯзгор бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла муҳоҷират (60%) тарки мактаб намуданд.

 

Ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шаҳр 856 нафар ё 35,6 фоизи хатмкунандагон ҳуҷҷат супорида, ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷа 599 ё 26,2 фоиз ба мактабҳои олӣ шомил гардиданд. 

 

Дар соли таҳсили гузашта синфи нӯҳро 3347 нафар хатм намуда, 2482 нафар ё 74,2 фоиз ба зинаи сеюми таҳсилот фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон, 481 нафар ё 19,4 фоиз, хатмкунандагони синфи нӯҳ ба коллеҷу литсейҳо ва курсҳои гуногуни таълимӣ фаро гирифта шуда, дар маҷмӯъ фарогирӣ ба таҳсил 88,5 фоизро ташкил дод.

 

Дар соли 2014 ҳамагӣ 19 муассисаҳои томактабӣ фаъолият намуданд, ки дар онҳо 3030 нафар кӯдакон бо таълиму тарбия фаро гирифта шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 200 нафар зиёд буда, фарогирии кӯдакони синни томактабӣ дар шаҳр 14,4 фоизро ташкил намуд. Дар ощози соли нави таҳсили 2014-2015 кӯдакистони аз фаъолият бозмонда дар деҳаи Маҳрам бо ҷалби 120 нафар ва дар деҳаи Санҷидзори ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ кӯдакистони нав бо фарогирии 68 нафар кӯдакон ба фаъолият ощоз намуданд.

 

Мутаассифона, дар давраи ҳисоботӣ 8 нафар хонандагон аз мактабҳои №2,32,14,30,31,26 ва 53 ҷиноятҳои гуногун содир намуда, 4 нафар хонандагон аз мактабҳои №37, 25, 5 ва 19 даст ба худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон заданд. Доир ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим тарбияи фарзанд» 68 протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблащи 2640 сомонӣ ҷарима рӯёнида шуданд.

 

Моҳи апрели соли гузашта бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Сущд бинои нави таълимии замонавӣ барои 240 хонанда дар мактаби садамавии №43 – и ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони биноҳои таълимӣ дар мактабҳои садамавии №6 ва 47 ба тариқи ҳашар идома дорад.   

 

Дар соҳа як қатор муаммоҳо, аз он ҷумла, ощози сохтмони мактаби №48, ки дар бинои иҷоравӣ фаъолият дорад, ба итмом расонидани сохтмони нотамоми мактабҳои №1, 19, 46, таъмири боми мактаб – интернати санатории №40, тибқи талабот ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ ҷой доранд.

 

Дар соли таҳсили 2013 - 2014 дар коллеҷу литсейҳои касбӣ 868 нафар мутахассисони соҳибкасб тайёр карда шуданд, ки нисбати соли гузашта 42 нафар зиёд мебошанд. Дар Маркази таълими калонсолони шаҳр 2180 нафар аз рӯйи 16 намуд касбҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат ба курсҳои кӯтоҳмуддат фаро гирифта шудаанд. Аз ҷониби Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 150 нафар мутахассисони гуногун, ҳамзамон барои хоҷагии халқ 626 нафар ронандагони дараҷаҳои гуногун тайёр карда шуданд.

 

Дар тӯли соли 2014 як қатор муассисаҳои тиббии шаҳр, аз қабили Маркази саломатии №2, намуди берунии бинои Беморхонаи марказӣ, шӯъбаҳои амрози дарунӣ, идроршиносӣ, эҳё, таҳлилгоҳи беморхонаи марказӣ, Беморхонаи минтақавии №1 ва 2, Хонаи саломатии деҳаи Бекобод ва Маркази саломатии деҳаи Шаҳидқараянтоқ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо ин мақсад аз сарчашмаҳои гуногун 140 ҳазор сомонӣ маблащ масраф карда шуданд. Инчунин, дар муассисаҳои гуногуни тиббӣ зиёда аз 243 адад дару панҷараҳои пластикӣ насб карда шуданд. Моҳи декари соли сипаригардида дар бинои таваллудхонаи беморхонаи марказӣ корҳои таъмири асосӣ бо дастгирии сафоратхонаи Ҷопон ощоз гардид.

 

Дар баробари он, барои баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба муассисаҳои тандурустии шаҳр дар маҷмӯъ барои харидории таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири тиббӣ, дорувориҳо ва маблащгузории барномаҳои давлатӣ 380 ҳазор сомонӣ маблащ масраф гардид. Аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ ба Маркази саломатии №1 дастгоҳи рентгении рақамӣ ба маблащи 65 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ карда шуд.

 

Баҳри иҷрои қарорҳои Раиси вилояти Сущд аз 08.01.2014, таҳти №14 «Оид ба таъминоти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони аз ҷиҳати имтиёз бо онҳо баробар бо дорувориҳо» 9086 сомонӣ, «Оид ба ҷудо намудани маблащ барои хуни донорӣ» 6000 сомонӣ, «Дар бораи кӯдакони то 3 – сола ва маъюбони модарзод» 9000 сомонӣ ва «Оиди расонидани кӯмаки антенателӣ» 12000 сомонӣ, дар маҷмӯъ 36086 сомонӣ маблащ масраф гардид.

 

Соли 2014 бақайдгирии бемории зардпарвин 431 ҳодисаро ташкил намуда, ба 15 ҳодиса зиёд гардид. Бемории исҳоли шадиди рўда ба 48 ҳодиса, шадиди роҳи нафас ба 2092, лешманиёз ба 17 ҳолат, ҳодисаҳои газидани ҳайвонот ба 116 ҳодиса кам гардиданд.

 

Дар соли 2014 як ҳодисаи фавти модар ба қайд гирифта шуд. Фавти кўдакони синни то 1 сола 90 нафарро ташкил дода, нисбат ба соли 2013 ба 3 ҳодиса кам гардид.  

 

Дар соли 2014 дар шаҳр 51 муассисаи фарҳангӣ, аз он ҷумла, 29 китобхона, 15 клуб, театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т.Фозилова, мактаби санъати бачагона, осорхона ва бощи фарҳангу истироҳат, инчунин, як қатор ансамблҳо – «Мақомсароён», «Тарона ва рақс», «Хоҳаракон» ва дар назди театр маҳфили «Актёрони ҷавон» амал намуданд.

 

Дар клубу хонаҳои фарҳанг дар соли сипаригардида 645 адад чорабиниҳои оммавӣ – фарҳангӣ баргузор гардида, дар он 59 ҳазору 800 нафар шаҳрвандон ширкат намуданд. Хазинаи умумии китобхонаҳо 152 ҳазору 219 нусха буда, шумораи хонандагон 10 ҳазору 892 нафар ва теъдоди китобдиҳӣ ба 105 ҳазору 323 адад расонида шуд.

 

Дар осорхонаи таърихию кишваршиносии «Мир – Раҷаб - Додхоҳ» соли ҷорӣ давраи аввали корҳои таъмиру тармими асосӣ бо дастгирии сафоратхонаи ИМА ба анҷом расонида шуда, барои щанӣ гардонидани теъдоди нигораҳо чораҳои мушаххас андешида шуда, алҳол, шумораи онҳо ба 6540 адад расонида шуд.

 

Аз ҷониби театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т.Фозиловаи шаҳр намоишномаи «Модар, ман зан мегирам» таҳия гардида, алҳол, барои тамошобинони наврас ва хурдсол намоишномаи «Хонуми боистеъдод» омода карда шудааст. Дар мактаби санъати бачагонаи шаҳр ба номи Д.Баҳромова 332 нафар ба маҳфилҳои гуногун ҷалб карда шуда, ба онҳо ҳунарҳои гуногун омӯзонида мешаванд.

 

Аҳли фарҳанг ва ҳунари шаҳр дар соли таърихии 20 – солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҷлили пуршукӯҳи ҷашни Рӯзи модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи ҷавонони кишвар, Ваҳдати миллӣ, Рӯзи китоб, 23 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами миллӣ ва дигар ҷашну санаҳои таърихӣ барномаҳои ҷолиби консертию фарҳангӣ пешниҳод намуданд.

 

Дар соҳа баъзе мушкилоту муаммоҳо, аз қабили таъмирталаб будани аксари муассисаҳои фарҳангӣ, бунёди бинои нави театр, таҳкими пояҳои моддию техникии муассисаҳо, дастрас намудани мизу курсиҳо ва асбобҳои мусиқӣ, таҷҳизонидани муассисаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ҷой дошта, андешидани тадбирҳои мушаххасро тақозо дорад.

 

Баҳри амалӣ намудани  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006,  таҳти №496 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016», аз 29 майи соли 2010, №269 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020», аз 1 марти соли 2012, таҳти № 92 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шущли онҳо барои солҳои 2012 - 2015», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», ҷиҳати густариши фаъолияти бонувон, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи занон ва тақвияти мақому маърифати онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

 

Бо мақсади таблиғи иштироки фаъолонаи духтарон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идора намудани давлат, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷиҳати зиёд намудани шумораи занону духтарони соҳибихтисос, интихоб ва ҷобаҷогузории онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда бо ҷалби донишҷӯдухтарон дар назди бахш Шӯрои донишҷӯдухтарон таҳти унвони «Ояндаи ман дар дасти ман аст» таъсис дода шуд. Дар соли 2014 дар маҷмӯъ 84 мулоқоту вохӯрӣ ва семинар – машаратҳо бо иштироки занону духтарон дар мавзӯъҳои гуногуни рӯз –  “Зан мазҳари покизагист”, “ Пешгирии хушунат дар оила”, “Меҳру муҳаббат омили асосии хушбахтии оила”, “ Никоҳи бармаҳал ва оқибатҳои он” ва щайраҳо баргузор гардид

 

Қобили қайд аст, ки баҳри рушди соҳибкории занону духтарон бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №185, аз 4 апрели соли 2011 «Дар бораи таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар соли 2014 - 2 нафар бонувони шаҳр сазовори гранти президентӣ  гардиданд. Дар озмуни ҷумҳуриявии Бонуи соҳибкори сол Ҷоизаи “Фараҳ - 2014” низ  2 нафар соҳибкорзанон    фаъолона ширкат намуда, ба давраи нимниҳоӣ роҳ ёфтанд.

 

Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, таҳти №375 “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва  дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади ҷалби занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ чораву тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд, аз ҷумла, 9 нафар занон соҳиби касби қолинбофӣ гардида, дар Маркази таълимии “Шероз” 4 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ машщуланд. Дар Маркази таълими калонсолон гурӯҳи  таълимию истеҳсолии  қолинбофӣ ба фаъолият ощоз намуда,  дар он 20 нафар ба касомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Дар назди литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳр курси омӯзиши қолинбофӣ таъсис дода шуда, дар он 25 нафар духтарони маҳаллӣ бо касбомӯзӣ машщуланд.

 

Бо мақсади баланд бардоштани дониши ҳуқуқии занону духтарон ва расонидани маслиҳату машваратҳои зарурӣ ба занони дар бӯҳрони оилавию иҷтимоӣ қарордошта дар назди бахши кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои щайридавлатӣ Маркази машваратӣ, иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ  таъсис дода шудааст, ки дар соли сипаригардида аз ҷониби Маркази номбурда 186 нафар корафтодагон, аз ҷумла 150 нафар занон асосан оид ба масъалаҳои ҷанҷолҳои оилавӣ ва  расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ муроҷиат намуданд, ки ба онҳо саривақт ва ройгон ёрии зарурӣ расонида шуданд.

 

Дар  давраи ҳисоботӣ 19 ҳодисаи  худкушӣ ва сӯйиқасд ба он ба қайд гирифта шуд, ки нисбати соли 2013 ба 1 ҳодиса зиёд мебошад. Инчунин, ҷудошавии оилаҳо 446 ҳодиса ба қайд гирифта шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба  111  ҳодиса  зиёд  мебошад. Дар ин давра аз ҷониби занон 10 ҷиноят ба қайд гирифта шуд.

 

Баҳри иҷрои «Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012 – 2016», «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013 – 2015», «Барномаи рушди туризм барои солҳои 2012 – 2016», «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2012 – 2016», «Барномаи таъмиру тармими майдончаҳои варзишӣ барои солҳои 2012 – 2015» чораву тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

 

Бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намудани ҷавонону наврасон тадриҷан силсилаи чорабиниҳои оммавию сиёсӣ ва фарҳангию маърифатӣ, аз қабили «Мо насли ояндасози миллат», «Ҷавонон – нерӯи пешбарандаи ҷамъият», «Хизмат ба Ватан шарафи бузург аст», «Ҷавонон – зидди нашъамандӣ», «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон» гузаронида шуда,  оид ба дигар масоили мубрами рӯз, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа, алалхусус дар байни ҷавонон, мубориза алайҳи экстремизму ифротгароӣ ва равияю мазҳабҳои бегона мулоқоту вохӯриҳо доир карда шуданд.

 

Баҳри амалӣ намудани барнома ва нақшаи чорабиниҳои соҳаи варзиш аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва манбаъҳои гуногун 60 ҳазору 350 сомонӣ маблащ масраф гардид.

 

Варзишгарони шаҳр дар соли 2014  дар мусобиқаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ду нафар соҳиби унвони Устоди варзиши Ҷумҳрии Тоҷикистон, 6 нафар номзад ба устодӣ, инчунин, дар ин муддат аз ҷониби варзишгарони шаҳр 49 медалҳои тилло, 41 медалҳои нуқра ва 50 медалҳои биринҷӣ, ҷамъ 140 медалҳо ба даст оварда шуданд, ки теъдодашон нисбати соли 2013 ба 44 адад зиёд мебошанд.

 

Дар  мавсими тирамоҳонаи давъат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар натиҷаи ҳамкорӣ ва фаъолияти пурсмари комиссияи давъатӣ, ҷамоатҳои деҳот, комиссариати ҳарии шаҳр ва дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан, Шӯъбаи корҳои дахилии шаҳр 184 нафар даъатшавандагон санаи 10 ноябр пеш аз мӯҳлат гуселонида шуданд, ки он ба 101,6 фоизи нақша баробар аст.

 

Дар соли 2014 ҳамагӣ 3220 адад тӯю маъракаҳо  баргузор гардиданд, ки маблащи умумии онҳо 15 миллиону 950 ҳазор сомониро ташкил дода, ба ҳар як тӯю маърака ба ҳисоби миёна 4953 (3621) сомонӣ  маблащ масраф гардид. Дар давраи ҳисоботӣ  баҳри пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ 390 рейдҳои назоратӣ гузаронида шуда, 14 ҳолати қонуншиканӣ ошкор карда шуданд.

 

Сарфи назар аз чораҳои андешидашуда ҳанӯз ҳам ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар самти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ҷой доранд. Қонунвайронкуниҳо бештар дар баргузории тӯйи хатнасур, домодбаророн, арӯсбинон ва баъзе майдамаъракаҳо ба назар мерасанд.

 

Алҳол, дар шаҳр 9 масҷиди ҷомеъ ва 37 масҷиди панвақта фаъолият намуда, фаъолияти 6 масҷидҳои панҷвақта бо дарназардошти риоя нагардидани қоидаҳои техникаи бехатарӣ, вазъи санитарию эпидемиологӣ ва ҳолатҳои бехатарии оташнишонӣ муваққатан боздошта шудаанд.

 

Маъракаи обуна яке аз самтҳои  муҳими корҳои идеологӣ ва роҳу воситаҳои асосии татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишвар ба шумор рафта, дар ташаккули мафкураи солими ҷомеа нақши бориз ва назаррас дорад. Гарчанде ки оид ба ҳамаҷониба ва саривақт  ба роҳ мондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳанӯз аз 3 сентябри соли равон, таҳти №382 Қарори Раиси вилояти Сущд ва Раиси шаҳр аз 12 сентябр, таҳти №460 ба тасвиб расонида шуда бошад ҳам,  нақшаи пешбинишуда мувофиқи шаҳр ба санаи 25.12.2014 ҳамагӣ 71,5 фоизро ташкил медиҳад.

 

Дар  соли 2014 миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда  253 ададро ташкил намуд, ки  он нисбат ба соли 2013 ба 41 адад ё ба 21,6 фоиз зиёд аст. Ҷинояти вазнин 98 ҳодиса ба қайд гирифта шуда, дар ин давра 9 ҷинояти мубодилаи щайриқонунии маводи мухаддир ошкор карда шуд. Ҷиноятсодиркунӣ дар байни ноболиғон 14 ададро ташкил дод, ки он нисбат ба  соли 2013 дар як сатҳ қарор дорад. Кушодашавии ҷинояткорӣ дар ҳамаи самтҳои хизматӣ 95,9 фоизро ташкил дод.

 

Дар давраи ҳисоботӣ  дар доираи иҷрои  дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба расонидани ёриву кӯмакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба 11 ҳазору 188 нафар маъюбону барҷомондагон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои шаҳидон, ятимону бепарасторон ва мӯҳтоҷону ниёзмандон ба маблащи умумии 508 ҳазору 743 сомонӣ кӯмакҳои моддию молияӣ расонида шуда, мунтазам барои афсарон ва сарбозони қисмҳои низомӣ дастурхони идона ва барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда шуданд.

 

Дар давоми соли 2014 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1404 адад мактубҳо аз ташкилоту муаасисаҳо ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 150 адад кам мебошад.

 

Инчунин, дар ин давра  ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 4581 адад арзу шикоятҳо ворид гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 317 адад зиёд буда, 107,4 фоизро ташкил медиҳад. Арзу шикоятҳо ва муроҷиатҳоро асосан  масъалаҳои ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, қабули иншооти сохтмонаш ба итмом расида, гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, сафари ҳаҷ ва щайраҳо ташкил медиҳад.

 

Бояд қайд кард, ки мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида  ҳар ҳафта рӯзи шанбе қабули муроҷиати шаҳрвандон аз рӯйи принсипи «Равзанаи ягона» аз ҷониби сохторҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор мегардад ва аз рӯйи таҳлилҳо тӯли  соли 2014  аз тарафи   сохторҳои даъватшуда 997 нафар шаҳрвандон қабул карда шуда, дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ҷавобҳои мушаххас дода шудааст.

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр минбаъд низ,  баҳри таъмини иҷрои  дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида  имкониятҳои мавҷударо ҳамаҷониба  равона хоҳад сохт.