Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

110104
Сегодня
105
На этой неделе
105
В этом месяце
7935
Итого
110104
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Диққат, Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ

Дар ҳудуди шаҳру деҳот лоиҳаҳои зерин амалӣ шуда истодаанд:

 

Лоиҳаи аз навбарқароркунии системаҳои оби нӯшокӣ ва канализатсия барои солҳои 2011-2015, Маблащи лоиҳа 4392,0 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ шудааст, ки аз ин 2060,0 ҳазор доллари ИМА қарзи дарозмуддати Бонки Аврупоӣ ва боқимонда 2332,5 ҳазор доллари ИМА гранти котиботи Швейтсария мебошад. Маблащгузории лоиҳаи мазкур аз тарафи Бонки Аврупо сурат мегирад.

Баҳри иҷроиши лоиҳаи мазкур меморандум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупо баста шудааст.

То давраи ҳисоботи ба маблащи 140 ҳазор доллари ИМА нақлиёти техникӣ-коммуналӣ харидорӣ карда шудааст. Аз моҳи июни соли 2014 корҳо ощоз гардида барои азнавбарқароркунии системаҳои оби нӯшокӣ ва канализатсия ба маблағи 650 ҳазордоллари ИМА маблащ сарф шуда дар ҳафт моҳи соли 2015 барқароркунии ҳавзи 1000м3, харидорӣ ва васл намудани насосҳо дар ҳудуди корхона ба иҷро расонида шуд.

 

Лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ.

 

Баҳри амалӣ гардонидани барномаи тандурустии ҷамоавӣ аз санаи 3 январи соли 2011 аз тарафи ташкилоти байналхалқии ЮСАИД «Тандурустии босифат» дар мавзӯи «Тибби оилавӣ» дар ёздаҳ моҳи соли 2015, 10 нафар духтурон (3 нафар аз ш.Конибодомва 7 нафар аз ш. Исфара) бо стипендия ба маблағи 200 сомонӣ дар 1 моҳ ба курси бозомӯзӣ ҷалб карда шуданд ва онҳо бо сумкаҳои духтури тиббии оилавӣ аз тарафи ташкилот таъмин карда шуданд. Барои тайёр кардани курсӣ бозомӯзии ҳамшираҳои тибби оилавӣ ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиб дода истодаанд.