Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

182018
Сегодня
118
На этой неделе
2583
В этом месяце
13999
Итого
182018
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Диққат озмун ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook @konibodom.tj ************* Хисоботи 6 моха

 

Ҳисобот

оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Конибодом дар соли 2015

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2015 фаъолияти худро баҳри ҳамаҷониба татбиқ намудани дастуру супоришҳои Шумо, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Паёматон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифагузориҳоятон, ки зимни сафарҳои кориатон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд баён гардидаанд, ҳамзамон, қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, баҳри амалӣ намудани «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Конибодом то соли 2015», «Стратегияи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр то соли 2020» ва таъмини иҷрои нақшаю вазифаҳои вогузоргардида равона карда, дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбӣ ба даст оварда шуданд, аз он ҷумла:

- ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ – 117 млн. 245,1 ҳазор сомонӣ;

 - ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ – 320 млн. 315 ҳазор сомонӣ;

- сармоягузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо – 12 млн. 927,2 ҳазор сомонӣ;

- ҳаҷми гардиши савдои чакана – 264 млн. 412,9 ҳазор сомонӣ;

- хизматрасонии пулакӣ – 180 млн. 123,6 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуданд.

 

 

 

1.     РАФТИ ИҶРОИ ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КОНСЕПСИЯ ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ

  Таҳти назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳолати 1 январи соли 2015 ҳамагӣ 165 адад қарорҳои назоратии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабулгардида ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қарор дошта, 12 адад ба соҳаи маориф, 31 адад ба соҳаи тандурустӣ ва 25 адад ба соҳаи кишоварзӣ мансуб мебошанд.

Инчунин, 104 адад нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд, ҷамъбасти иқтисодиву иҷтимоӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ, мулоқоту вохуриҳои Сарвари давлат бо кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон, варзишгарон, соҳибкорон, фаъолони ҷомеа ва донишҷӯён, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои ислоҳоти замин, рушди саноати сабук, мумфаршкунию таъмири роҳҳои автомобилгард, ободонии кӯчаҳо ва маҳалҳо мебошанд.

Рафти иҷрои санадҳои мазкур зери назорати доимии кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар масъулин қарор дошта, дар бораи рафти иҷрои онҳо ба ташкилотҳои болоӣ дар мӯҳлатҳои муқарраргардида маълумотномаҳо ва гузоришҳо пешниҳод карда мешаванд.

Аз ҷумла, оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 дар муддати сипаригардидаи ҳисоботӣ корҳои мушаххас анҷом дода шуданд. Қабл аз ҳама, бо ҷалби мутахассисони дахлдор тамоми ёдгориҳои таърихии ҳудуди шаҳр мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд. Муайян гардид, новобаста аз корҳои ба анҷом расонидашуда, аз ҷумла таҳияи феҳрасти ягонаи ёдгориҳои таърихии шаҳр, таҳти назорати доимӣ қарор доштани онҳо, батадриҷ бо таъмиру тармим фаро гирифта шудани онҳо ҳанӯз ҳам дар ин самт баъзе муаммо ва масоили ҳалношуда мавҷуданд. Аз ҷумла, ҳоло ҳам аксари ёдгориҳои таърихии шаҳр дорои иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи замин набуда, дар ин самт корбариҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи заминсозӣ идома доранд.

 

 

 

Дар Барнома омадааст, ки ёдгориҳои таърихию меъморӣ на танҳо аз буҷаи ҳукумат, вилоят ва шаҳр инчунин, аз ҷониби сарпарастон ва шахсони саховатманд низ таъмиру тармим карда мешаванд. Аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии «Тараққиёт» лоиҳаи «Барқароркунии осорхонаи Мирраҷаб - Додхо» ба Вазорати фарҳанг пешниҳод карда шуда, як қисми бинои осорхона ва шаш ҳуҷра аз нав таъмиру тармим ва муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Барои дар амал татбиқ намудани Барномаи дахлдори Вазорати фарҳанг нақша-чораҷӯӣ омода гардида, таъмиру тармими ду ёдгории таърихии шаҳр Мадрасаи Мирраҷаб-Додхо ва Мадрасаи Ойим дар марҳилаи дуюм гузаронида мешавад. Марҳилаи аввал аз соли 2012 то 2016, марҳилаи дуюм аз соли 2016 то 2020 гузаронида мешавад. Дар шаҳраки «Ҷавонон»-и маркази шаҳр маҷмааи «Майдони Қаҳрамонон» бунёд гардид,ки дар ин боғ нимпайкараҳои 26 нафар Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ гузошта мешаванд. Барои абадӣ гардонидани хотираи нахустқаҳрамони тоҷик Неъмат Қарабоев дар назди МТМУ № 16 пайкараи қаҳрамон дар рӯзҳои ҷашнгирии 70-солагии иди Ғалаба гузошта шуд. Мувофиқи нақшаи мавзӯъи-экспозитсионии намоишӣ шаш толори осорхона таъмир ва муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар ин ҳуҷраҳо пас аз таъмир ва муҷаҳҳаз зиёда аз 230 нигораҳо ҷойгир карда шуда, ба нигораҳо шиносномаҳои илмӣ навишта шуданд.

Ҳоло барои иҷрои боби 14-уми Барномаи мазкур пеш аз ҳама ба низом даровардани масъалаи ҳифз ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангӣ чораҳо андешида шуда истодааст, ки ин ба қайдгирӣ, шаҳодатномдиҳӣ, муайян намудани ҳудудҳои ҳифзшаванда, сертификаткунонӣ ворид намудан ба рӯйхати ягонаи ҷумҳуриявӣ мебошад. Бояд таъкид намуд, ки ҳоло мувофиқи Қарори раиси шаҳр аз 01.09.2015, таҳти №434 - 78 адад ёдгориҳои таърихии аҳамияти маҳаллӣ ва умумиҷумҳуриявидошта ба қайд гирифта шуда, вобаста ба он оид ба ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ ба ниҳодҳои дахлдор дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Бояд ёдовар шуд, соли равон ёдгориии меъмории Мадрасаи Оим ба рӯёихати ёдгориҳои ЮНЕСКО шомил гардида, минбаъд барои таъмиру тармими он чораҷӯиҳои мушаххас сурат хоҳанд гирифт. Инчунин, дар шаҳр Комиссияи ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он минбаъд барои иҷрои нақшаҳои барномавӣ мусоидат хоҳанд кард.

 

 

 

 

2.ФАЪОЛИЯТИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲР

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом дар соли 2015 чор иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳрро гузаронида, дар он масъалаҳои гуногуни мубрами рӯз, вобаста ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фаъолияти кори комиссияҳои доимӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, номгузории муассисаву ташкилотҳо, таълимгоҳҳо ва объектҳои ҷуғрофӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Санаи 12 марти соли ҷорӣ дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (даъвати V) масъалаҳои тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (даъвати V), тасдиқи дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (даъвати V), ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, интихоби ҳайъати он ва тасдиқи Низомномаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳрро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр санаи 1 июли соли ҷорӣ баргузор гардида, вакилон рафти иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2006, таҳти №514 «Дар бораи тасдиқи Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020»-ро дар шаҳри Конибодом, инчунин, масъалаҳои вобаста ба номгузории муассисаву ташкилотҳо, таълимгоҳҳо ва объектҳои физикию ҷуғрофӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, тасдиқ кардани ҳайати комиссияи номгузорӣ, дар таҳрири нав қабул намудани Қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳр «Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Конибодом»-ро муҳокима намуда, қарорҳои дахлдорро қабул намуданд.

Санаи 2 ноябри соли 2015 иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (даъвати панҷум) барпо гардида, дар он масъалаҳои дар бораи рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 306 аз 02.07.2008 сол «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» дар шаҳри Конибодом ва дигар масъалаҳои гуногуни вобаста ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

 

 

Аз ҷумла, доир ба масъалаи якуми рӯзнома «Дар бораи рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №306 аз 02.07.2008 сол ва Қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 январи соли 2009, таҳти №29 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» дар шаҳри Конибодом» аз ҷониби вакилон қайд карда шуд, ки барои таъмини амнияти озуқавории кишвар татбиқи чорабиниҳои мушаххас доир ба истифодаи оқилонаи обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии он, аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил, инчунин ҷорӣ намудани шаклҳои муосири ташкиливу ҳуқуқии хоҷагидорӣ зарур буда, соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз, Барномаи таҳиягардида ба барқароркунии иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои моҳипарварии мавҷуда, навкунии намудҳои хушзоти моҳиҳо, ба иқлим мутобиқкунии намудҳои қаблан нестшуда, ба монанди Бестер, Гулмоҳии рангоранг, Амури сиёҳ, Пешонағафси рангоранг, Лаққамоҳии каналӣ ва ғайраҳо, инчунин, ташкили хоҷагиҳои парвариши моҳии хушзот, тавлидгоҳҳои парваришӣ ва хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ новобаста аз шакли моликият равона карда шудааст ва дар таъмини иҷрои ин Барнома бояд чораҳои судманд андешида шаванд.

Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр(даъвати панҷум) санаи 28 декабри соли 2015 баргузор гардида, дар он вакилон масъалаҳои ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба натиҷаҳои фаъолияти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр дар давраи аз моҳи декабри соли 2014 то моҳи декабри соли 2015, дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Конибодом, оид ба тасдиқи буҷети шаҳр барои соли 2016 ва тасдиқи иҷрои буҷети маҳаллӣ дар соли 2014, оид ба тасдиқи лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020, дар бораи пешниҳоди комиссияи шаҳрӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба номгузории муассисаву ташкилотҳо, таълимгоҳҳо ва объектҳои физикию ҷуғрофӣ, дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳисоботи вакилро мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои Раиси шаҳрро тасдиқ намуданд.

 

 

 

Дар давраи ҳисоботӣ комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр фаъолияти худро баҳри пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр, баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии мардум равона намуда, дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо баҳри пешрафти ҷомеа фаъолона иштирок намуда истодаанд. Аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр вохӯриҳо ва қабули интихобкунандагон ташкил карда шуда, мунтазам аз ҷониби онҳо аёдати шахсони яккаву танҳо ва ба ёрӣ мӯҳтоҷ гузаронида шуда, ҳамзамон, вакилон дар ташкил ва гузаронидани тамоми чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ фаъолона иштирок намуданд.

 

 

3. ВАЗЪИ ИҶРОИ БУҶЕТ

Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо (бо назардошти андози иҷтимоӣ) тибқи маълумоти фаврӣ – 91,7 фоиз таъмин гардид. Ба ҷойи 78 млн. 283,6 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда 71 млн. 796 ҳазор сомонӣ маблаг ворид гардид, ки нисбати накша 6 млн. 487,6 ҳазор сомонӣ кам аст. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ 78,2 фоизро ташкил дода, ба ҷои 28 млн. 798 ҳазор сомонӣ, дар асл 22 млн. 510 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақша 6 млн. 288 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Иҷрои нақшаи андозҳо 99,6 фоизро ташкил дода, ба ҷои 49 млн. 486 ҳазор сомонӣ, дар асл 49 млн. 286 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақша 200 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Дар соли ҷорӣ иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба 100,0 фоиз таъмин гардид. Аз рӯйи нақша воридоти 46 млн. 349 ҳазор сомонии пешбинишуда, дар асл 46 млн. 364,2 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақша 15 ҳазору 231 сомонӣ зиёд мебошад.

Аз 11 намуди андозҳо иҷроиши нақшаи 9 намуди он таъмин гардида, нақшаи 2 намуди андозҳо иҷро нагардиданд (андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ – 98,9 фоиз, андоз аз арзиши иловашуда – 38,4 фоиз), ки дар натиҷа ба буҷети маҳаллӣ 5 млн. 609,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ бо тағйироту иловаҳояш дар ҳаҷми 49 млн. 298,4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он 51 млн. 747,2 ҳазор сомонӣ ё худ 105,0 фоизи нақшаро ташкил дод. Ба соҳаи иҷтимоӣ ба маблағи 48 млн. 673,9 ҳазор сомонӣ харҷ карда шуд, ки 94,1 фоизи хароҷоти умумиро ташкил медиҳад. Аз он, ба моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети маҳаллӣ ба маблағи 48 млн. 31 ҳазор сомонӣ равона карда шуд, ки 92,8 фоизи қисми хароҷоти умумиро ташкил медиҳад.

4. ВАЗЪИ ХУСУСИГАРДОНӢ ВА ТАТБИҚИ

ЛОИҲАҲОИ ИНВЕСТИТСИОНӢ

Шумораи соҳибкорони шаҳр ҷамъ 8376 нафарро ташкил намуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1447 нафар зиёд мебошад. Бо баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ шумораи соҳибкороне, ки дар асоси шаҳодатномаи соҳибкорӣ фаъолият доранд, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1471 нафар афзудаанд.

 

Номгӯй

Шумора, адад

Ба санаи 1 декабри соли 2015

Ба санаи 1 декабри соли 2014

1

Соҳибкорони инфиродӣ ҳамагӣ

8376

6929

2

Бо патент

1946

1970

3

Бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ

6430

4959

4

Аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ

5664

4306

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи соҳибкорони шаҳр ба буҷети маҳаллӣ ҳамагӣ 14191,8 ҳазор сомонӣ андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ворид шудааст, ки аз он маблағи андозҳо ва пардохтҳои аз тарафи соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда 10213,3 ҳазор сомониро ташкил намуд.

Дар давоми соли 2015 аз тарафи соҳибкорон бахшида ба Иду аёмҳо 16 адад иншоотҳои гуногун ба маблағи 4058,7 ҳазор сомонӣ, хонаи истиқоматии миёнаошёна, бинои маъмурӣ, маркази муоинаи назорати техникӣ ва таъмири мошинҳо, маркази савдо ва нуқтаи фурӯши сузишворӣ, сохта ба истифода дода шуданд. Баҳри дастгирии соҳибкорон ҷиҳати сохтмони иншоотҳои таъиноташон гуногун дар давоми соли 2015, 59 адад қарори Раиси шаҳр оид ба сохтмон ба имзо расид, ки аз он 4 адад барои азнавсозӣ ва дигаргунсозӣ, 95 адад оид ба вобаста намудани қитъаи замин мебошад.

Санаи 17 феврали соли ҷорӣ вохӯрии Раиси шаҳри Конибодом бо соҳибкорон баргузор гардида, дар он зиёда аз 200 нафар соҳибкорон иштирок намуданд. Инчунин, ба ҷамъомад роҳбарони мақомотҳои андоз, маркази ташхиси минтақавӣ ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр даъват карда шуда, дар чорабинии мазкур масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҳудуди шаҳр 7 адад бонкҳо ва 1 ташкилоти қарздиҳии хурд фаъолият доранд. Ба санаи 28 декабри соли 2015 аз тарафи онҳо баҳри дастгирии соҳибкорӣ ба маблағи 72074,4 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст, нисбати соли гузашта 27139,2 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Дар бурриши қарзгирандагон 16237,1 ҳазор сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва 55837,3 ҳазор сомонӣ ба дигар соҳаҳои соҳибкорӣ равона карда шудааст.

 

Номгӯи банкҳо

Маблағи қарзи додашуда (ҳ.с.)

Аз он ба соҳаи кишоварзӣ (ҳ.с.)

2015

2014

2015

2014

1

Соҳибкорбонк

221,5

1243

-

-

2

Эсхатабонк

26458,3

36404,4

4006,9

3015,3

3

Ориёнбонк

350,0

1987,1

-

-

4

Амонатбонк

1449,8

2880,8

450,0

565,9

5

Агроинвестбонк

5573,3

15106,3

2617,5

2846,7

6

Шуғли аҳолӣ

250,0

273,0

-

-

7

Имон

35926,9

37996,2

9112,7

8338,7

8

Тоҷиксодиротбонк

1844,6

3322,8

50,0

-

 

Ҷамъ

72074,4

99213,6

16237,1

14766,6

 

 

Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо дастгирии соҳибкорон дар рӯзҳои таҷлили Иду Аёмҳо ба 10055 нафар оилаҳои камбизоат маводҳои хӯрока ба маблағи 561081 сомонӣ кӯмакҳои моддию пулӣ расонида шуда ба хизматчиёни қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот мавҷуд буда дастурхони идона ороста шуд. Аз тарафи соҳибкорон дар мактаб-парастишгоҳи шифоии №40 дар арафаи Иду Аёмҳо ба маблағи 51938 сомонӣ дастурхони идона ба 143 нафар ороста шуда, дар ҳудуди шаҳр ба 37 нафар кӯдакон хатнасур карда шуд.

Дар ҳудуди шаҳру деҳот лоиҳаҳои зерин амалӣ шуда истодаанд;

1. Лоиҳаи идоракунии захираҳои оби водии Фарғона

Маркази татбиқи лоиҳаи идоракунии захираҳои оби водии Фарғона бо маблағи инвеститсионӣ дар тӯли солҳои 2010-2013 ва нимсолаи якуми соли 2014 якчанд объектҳои хоҷагии обро аз таъмир бароварда аз нав барқарор карданд, марҳилаи дуюми лоиҳа ба итмом расид.

 

Дар навбати маблағгузорӣ то охири соли ҷорӣ чунин иҷроиши корҳо дар назар аст: иваз намудани қубурҳои обпартоии пойгоҳҳои обкашӣ, барқароркунии заҳбуру каналҳо.

2. Лоиҳаи азнавбарқароркунии системаҳои оби нӯшокӣ ва канализатсия барои солҳои 2011-2015, Маблағи лоиҳа 4392,0 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ шудааст, ки аз ин 2060,0 ҳазор доллари ИМА қарзи дарозмуддати Бонки Аврупои ва боқимонда 2332,5 ҳазор доллари ИМА гранти котиботи Швейтсария мебошад. Маблағгузории лоиҳаи мазкур аз тарафи Бонки Аврупо сурат мегирад.

Баҳри иҷроиши лоиҳаи мазкур меморандум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупо баста шудааст.

То давраи ҳисоботи ба маблағи 140 ҳазор доллари ИМА нақлиёти техники-коммуналӣ харидори карда шудааст. Аз моҳи июни соли 2014 корҳо оғоз гардида барои азнавбарқароркунии системаҳои оби нӯшокӣ ва канализатсия ба маблағи 650 ҳазор доллари ИМА маблағ сарф шуда дар соли 2015 барқароркунии ҳавзи 1000м3, харидорӣ ва васл намудании насосҳо дар ҳудуди корхона ба иҷро расонида шуд.

3. Лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ.

Баҳри амалӣ гардонидани барномаи тандурустии ҷамоавӣ аз санаи 3 январи соли 2011 аз тарафи ташкилоти байналхалқии ЮСАИД «Тандурустии босифат» дар мавзӯъи «Тибби оилавӣ» дар соли 2015, 10 нафар духтурон бо стипендия ва бо сумкаҳои духтури тиббӣ оилавӣ аз тарафи ташкилот таъмин карда шуданд.

4. Лоиҳаи ба қайдгирӣ ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ. Маблағгузории лоиҳаи мазкур аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ сурат мегирад. Дар доираи лоиҳаи мазкур соли 2015 Маркази кадастри замини минтақаи Хуҷанд барои 191 адад хоҷагиҳои навтаъсис парванда омода намуда, ба 191 нафар сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрас карда шудааст. Барои азнав ташкил намудани хоҷагиҳои инфиродии шаҳри Конибодом дар давраи ҳисоботӣ 29900 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Лоиҳа аз санаи 31 март ба итмом расид.

5. Лоиҳаи Минтақавии таъминоти оби нушоки ва санитария дар деҳот. Маблағгузор - Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкори иҷрокунандаи лоиҳа - котиботи Байналхалқии Захираҳои об дар Тоҷикистон. Таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолии деҳот. Маблағи барнома 4 млн. 100 ҳазор доллари ИМА. Аз мавсими кор 3 млн 797 ҳазору 801 доллари ИМА азхуд намудааст.

Лоиҳа дар охири соли 2014 ба итмом расид.

 

6. Лоиҳаи «Барномаи рушди ҷамоатҳои деҳот»                                   

Дар доираи Барномаи Рушди Иқтисодию иҷтимои Деҳот (БРИД) 4 ҷамоати деҳоти шаҳр дарбар гирифта шудааст ва Барномаи рушди иқтисодии ин ҷамоатҳои деҳот тартиб дода шуда, 10 лоиҳа бо ҳамкори байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Барномаи рушди созмони Миллали Мутаҳид ба маблағи умумии 2 млн 680 ҳазор сомонӣ дар ҳудуди шаҳру деҳот амали гардиданд.

Дар давоми соли 2015 дар ҳудуди шаҳр лоиҳаи барқароркунии шӯъбаи тавллудкунонии беморхонаи марказии шаҳр бо дастгирии Сафоратхонаи Ҷопон ба маблағи 534 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид. Ғайр аз он лоиҳаи БҶИИМК (Хазинаи Оғохон) дар кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳру деҳот 6 лоиҳа ба маблағи 159 ҳазор сомонӣ дарбар гирифта ва амали шудааст.

Бо Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №42-ф аз 12.05.14с Боғчаи бачагонаи Заводи вагонтаъмиркунии Маҳрами Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» воқеъ дар деҳаи Маҳрами ш. Конибодом, бидуни ҳуқуқи бегона кардани моликият аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналии шаҳр гузаронида шуда, қарори Раиси шаҳр оид ба қабули боғачаи мазкур ба тавозуни моликияти коммунали имзо гардид.

Дар давраи ҳисоботи аз тарафи Бахши сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ 3 озмун оид ба иҷора додани объектҳои коммунали гузаронида шуда, 1 адад шартнома бекор карда шуда ва 22 адад фаъолият бурда истодааст, ки шумораи умумии шартномаҳо ба 22 адад расидааст. Маблағи солонаи иҷора 51310 сомониро ташкил дода дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби шартнома ба буҷети маҳаллӣ 39929 сомонӣ ворид гаштааст. Аз ҷониби Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар давраи ҳисоботи 4 комиссия оид ба хусусигардонии манзил гузаронида шуда, бо қарори худ 27 ҳуҷраи истиқоматӣ бо масоҳати умумӣ 1247,8м2 хусусӣ гардонида шуда, 5437,6 сомонӣ барои ба масоҳати изофаи ҳуҷраҳо маблағ ба буҷети дахлдор ворид гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Бирҷаи молу мулки вилояти Суғд 3 музояда оиди ба фурӯш баровардани 4 адад амволи коммуналии шаҳри Конибодом гузаронида шуд, ки дар натиҷа 251808 сомонӣ ба буҷети маҳалли маблағ ворид гардид.

 

 

 

 

 

 

5.ВАЗЪИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ, ИСТИФОДАБАРИИ

ЗАМИН ВА ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО

Маҷмӯъи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 320 млн. 315 ҳазор сомониро ташкил дод, ки иҷроиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар 96,7 фоиз иҷро гардид. Аз ҷумла иҷроиши маҷмӯи маҳсулоти растанипарварӣ 87,2 фоиз ва чорводорӣ 116,3 фоизро ташкил намуд.

Таъмин нагаштани суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ин пеш аз ҳама таъсири офати табии санаҳои 28-31-уми марти соли 2015 (сардии обу ҳаво то -8С0) мебошад, ки зарари он фақат ба соҳаи растанипарварӣ зиёда аз 60 млн. 600 ҳазор сомониро ташкил намуд. Барои қисман рӯйпӯш намудани зарари расонида шуда, аз ҷониби мутасаддиёни соҳа чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Дар соҳаи чорводорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калони шохдор зиёд гардида, наслгирӣ аз моли калони шохдор 43 сар, аз чорвои майда 147 сар нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд насл гирифта шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 2792,9 сентнер, шир 21116,1 сентнер ва тухм 3 млн. 881,7 ҳазор донаро ташкил дода, афзоиш назар ба ҳамин давраи соли гузашта гӯшт ба 43,9 сентнер, шир ба 1151,8 сентнер ва тухм ба 986,4 ҳазор дона мебошад.

Ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ мувофиқи мувозинаи замини шаҳри Конибодом масоҳати умумии заминҳо 82894 гектарро ташкил менамояд,

аз он ҷумла:    9841 гектар      - замини корам

                   10329 гектар    - дарахтони бисёрсола

                   6434 гектар      - чарогоҳҳо

                   ҳамагӣ заминҳои кишоварзӣ: 26604 гектар,

инчунин:

                   3857 гектар      - замини наздиҳавлигӣ

                   1153 гектар      -замини хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ

                   1050 гектар      - ҷангалу бешазор

                   26082 гектар    - заминҳои зери об

                   1216 гектар      - заминҳои зери роҳ

                   1637 гектар      - замини зери иморату иншоот

          ва 21295 гектар       - дигар заминҳоро ташкил медиҳад.

 

 

 

Соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр тибқи дурнамои пешбинишуда бояд, ки дар масоҳати 8221 гектар кишти баҳорӣ гузаронанд,аз он ҷумла:

 дар 6000 гектар      - пахта

                   40 гектар          - картошка

                   380 гектар        - зироатҳои полезӣ

                   180 гектар        - сабзавот

                  245 гектар        - ғаллаи баҳорӣ

          ва 1376 гектар         - зироатҳои хӯроки чорво,

ҳамчунин, дар асл дар масоҳати 5024,8 гектар пахта, 32,86 гектар картошка, 769,3 гектар полезиҳо, 180,33 гектар сабзавот, 869,13 гектар ғаллаи баҳорӣ ва 1763,58 гектар зироатҳои хӯроки чорво ташкил намуда дар маҷмӯъ 8641 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамои пешбинишуда 420 гектар зиёд буда, иҷроиши дурнамои кишти баҳорӣ ба 105,2 фоиз таъмин карда шуд.

Инчунин барои самаранок истифода бурдани замин 900 гектар кишти такрорӣ ба нақша гирифта шуда, дар асл дар майдони 1204,73 гектар аз он ҷумла: 219,54 гектар ғалладонагиҳо, 2 гектар ҷуворимакка барои дон, 78,37 гектар сабзавот, 63,07 гектар полезиҳо ва 841,75 гектар хӯроки чорво кишт гузаронида шудаст, ки ин нисбати дурнамои пешбинишуда 304,73 гектар зиёд мебошад, ки ин 133,9 %-и иҷроиши дурнамои пешбинишударо ташкил менамояд.

Баҳри беҳтар намудани вазъи ҳолати мелиоративии заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ тибқи нақша чорабиниҳо дар соли 2015 - 464 гектар заминҳои ҳолати мелиоративиашон бад барои беҳтар намудан ба нақша гирифта шуда буд. Дар асл бошад, ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ зиёда 464 гектар ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар гардида, дар ин самт 345500 сомонӣ, аз он ҷумла; 140 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва 200 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ва аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ 5,5 ҳазор сомонӣ азхуд карда шудаанд. Инчунин, Канали калони Фарғона ба масофаи 26594 метр бо масрафи 146441 сомонӣ, заҳбӯрҳо ба масофаи 5469 метр бо масрафи 49499 сомонӣ тоза карда шуда, инчунин ба маблағи 57 ҳазор сомонӣ пойгоҳҳои мелиоративӣ ва 8 адад пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи 371321 сомонӣ аз таъмир бароварда шудаанд. Новобаста ба амалӣ намудани чунин чорабиниҳо, муаммоҳо дар ин самт вуҷуд доранд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар мувозинаи хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр ҳамагӣ 20116 гектар (9933 гектар замини корам ва 10183 гектар дарахтони бисёрсола) замини обёришаванда мавҷуд буда, аз он зиёда аз 3000 гектараш дар ҳолати бади мелиоративӣ қарор дорад.

Дар шаҳр масоҳати умумии заҳбурҳо 763,84 км ташкил менамояд, ки аз он 76,84 км - заҳбурҳои байнихоҷагӣ; 354 км - дохили хоҷагӣ ва 393 км пӯшида буда, инчунин 129 адад чоҳҳои амудӣ барои беҳтар гардидани ҳолати мелиоративии 16093 гектар замини хоҷагиҳо хизмат мерасонанд.Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр ба масоҳати 4100 гектар заминҳои корам бо сатҳи садамавии обанбори Қайроқум баробар гардида, инчунин, дар мавзеи «Ҳошим-кӯл»-и ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов сатҳи зиёда аз 170 гектар замин аз сатҳи садамавӣ то 6 метр паст мебошад.

Солҳои охир, бинобар ниҳоят кам будан ва дар бисёр ҳолатҳо умуман набудани оби полезӣ дар Канали Калони Фарғона, хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр аз рӯи ноилоҷӣ аз моҳи феврал то охири моҳи июн бо истифода аз пойгоҳҳои обкашӣ бо сарбанд намудани заҳбурҳо заминҳоро обёрӣ менамоянд, ки ин боиси баланд шудани сатҳи оби зеризаминӣ ва баланд гардидани шӯрнокии замин гардида истодааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2016 идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии Конибодом ба хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр ба миқдори 127 млн. 434 ҳазор метри мукааб хизмати обрасонӣ намудааст, ки ин нисбати соли гузашта 22 млн. 34 ҳазор мукааб метр зиёд мебошад. Арзиши оби додашуда 2 млн. 256 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки аз он 1 млн. 720 ҳазор сомонӣ маблағи хизмати обрасони пардохт гардидааст, ки ин 81 фоизи арзиши оби додашударо ташкил менамояд.

Оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми шаҳр дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 декабри соли 2013, таҳти №287 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд», Қарори Раиси шаҳр аз 10 декабри соли 2013, таҳти №635 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии шаҳри Конибодом» ба тасвиб расонида шудааст, ки баҳри татбиқи онҳо чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Тибқи Қарори зикргардида ҳайати гурӯҳи кории шаҳрии азнавташкилдиҳии таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷомеавии калонҳаҷми кишоварзӣ аз 45 нафар (панҷ гурӯҳ) аз ҳисоби роҳбарон ва мутахассисони Раёсати кишоварзӣ, кумитаи заминсозӣ, ҷамоатҳои деҳот ва идораю ташкилотҳои дахлдор таъсис дода шудааст.

 

 

 

Ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ аз 7 адад хоҷагиҳои деҳқонии таҳти таҷдид ва азнавташкилдиҳи қарор дода шуда, 7 адад хоҷагиҳо ба кумитаи заминсозии шаҳр ҳуҷҷатҳои заруриро омода ва пешниҳод намуданд, ки ҳаммаи онҳо таҳти таҷдид ва азнавташкилдиҳӣ қарор дода шуда ба ҷои онҳо 238 адад хоҷагиҳои деҳқонии нав таъсис дода шуданд. Миқдори умумии аризаҳои воридгардида бошад, 245 ададро ташкил намуда, аз онҳо 245 нафарашон бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардида, теъдоди саҳмдорон 846 нафарро ташкил намуд.

Тибқи супориши протоколии машваратии кории назди Раиси вилоят аз 19 декабри соли 2014 раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуда буданд, ки дар ҳар як ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳотҳо то охири моҳи июни соли 2015 як адади нуқтаҳои комплексии хизматрасонии зообайториро (бордоркунии сунъии чорво, дорухона ва клиникаи байторӣ) ташкил намоянд ва бо ин мақсад аз ҳудуди маҳаллаҳо то 0,05 гектар қитъаҳои замини ғайрикишоварзиро ҷудо намуда ҳамаи мутахассисони зооинҷинери ва байтории ҳудуди ҷамоатҳоро ба ин кор ҷалб намоянд.

Дар айни ҳол нуқтаҳои бордоркунии сунъи ба 6 – адад, дорухонаҳо 2 - адад ва клиникаҳо ба 3 - адад расонида шуда, барои боз 6 - адад нуқтаҳои бордоркунии сунъи ва 5 адад клиникаҳои байтори ба фаъолият шурӯъ намудан чораву тадбирҳо андешида шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ баҳри иҷрои Барномаҳои соҳаи кишоварзӣ як қатор корҳои зарурӣ ва чораҷӯиҳо ба иҷро расонида шуданд. Аз ҷумла, дар натиҷаи амалӣ гардонидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009, таҳти №683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда шуданд. Дар муддати татбиқи ин Барнома зиёда аз 2067 ҳазор гектар майдони боғ бунёд ва 1189,7 гектар боғҳои кӯҳна барқарор ва таъмир карда шуданд, ки онҳо аз таъинотҳои пешбинишуда мутаносибан 67 ва 69,7 гектарӣ зиёд мебошад, ки ин боиси зиёд гардидани истеҳсоли мевагиҳо хоҳад гардид. Инчунин, соли ҷорӣ низ ба ҷои 50 гектар дурнамои бунёди боғи нави пешбинишуда ҳамагӣ 240 гектар бунёди боғи нав ба иҷро расонида шуд.

 

 

 

 

 

Оид ба татбиқи «Барномаи рушди соҳаи чорводорӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» дар вилояти Суғд» қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи талаботҳои соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар шаҳр, фермаи ширӣ-молии ҶДММ «Чорводори Э.Бойматова» ҳамчун хоҷагии зотпарварӣ тасдиқ гардидааст, ки дар он ба ҳолати 1 январи 2016 чорвои калони шохдори зотӣ сиёҳаъло 240 сар, аз он ҷумла модагов 103 сар, ҷавонаҳо 50 сар парвариш ёфта истодаанд.

Наслгири аз моли калони шохдори зотии сиёҳаъло дар давраи ҳисоботӣ 83 сарро ташкил намуд. Шумораи гӯсолаҳои зотии аз 2-сола боло ҳамагӣ 50 сарро ташкил менамояд, ки аз онҳо 29 сараш бордоршуда мебошанд. Мутобиқи талаботи Барномаи мазкур дар соли 2015 бояд, ки 8 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ташкил карда шаванд, ки дар асл 6 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво то ин давра ташкил карда шуда, дар онҳо 272 сар модагов бо тариқи сунъӣ бордор карда шуданд.

Дар асоси талаботи «Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2009-2015» то соли 2015 бояд, ки саршумори умумии парранда ба 26 ҳазору 990 сар расонида шуда, ҳамзамон, истеҳсоли тухм ба 400 ҳазор дона расонида мешуд. Дар асл бошад ба 1 январи соли 2015 саршумори умумии парранда 47771 сар, ё ин ки нисбати талаботи пешбинишуда 22219 сар зиёд карда шуда, истеҳсоли тухм ба 1 милиону 390 ҳазору 700 дона расонида шуд, ки аз дурнамои солонаи пешбини шуда 990 ҳазору 700 дона зиёд мебошад.

Баҳри иҷроиши «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» дар вилояти Суғд» тибқи нақша чорабиниҳои қабул гардида як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Алҳол, мутобиқи талаботи қарори зикр гардида ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва саҳҳомии моҳипарварӣ дар шаҳр дар назар дошта шудааст, ки ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 3 адад хоҷагиҳои моҳипаварии молӣ ташкил карда шудааст, аз ҷумла:

кооперативи истеҳсолии «Моҳии заррин» - бо 2 адад ҳавзи моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 1,2 гектар воқеъ дар деҳаи Ниёзбек-и ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарипов;

ҷамъияти саҳҳаомии шакли кушодаи «Сайхуни Бодом» - бо 3 адад ҳавзи моҳипаварӣ бо масоҳати умумии 3 гектар дар ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов;

 

 

хоҷагии моликияташ хусусӣ, воқеъ дар деҳаи Айни-и ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов дорои ду ҳавз бо масоҳати умумии 0,3 гектар фаъолият доранд, ки дар онҳо мутаносибан 5 ҳазор, 120 ҳазор ва 200 ҳазор сар моҳиҳои зоти навъҳои «Зағорамоҳӣ», «Амури сафед», «Пешонафароҳ» ва «Капури рангоранг (Карп)» парвариш ёфта истодаанд.

Мувофиқи дурнамо, баҳри татбиқи «Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016» дар вилояти Суғд» дар соли 2015 дар хоҷагиҳои шаҳр парвариши 40 сар асп пешбинӣ шудааст. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ саршумори умумии аспҳо дар хоҷагиҳои шаҳр то ба имруз 40 сарро ташкил менамояд ва дар оянда баҳри рушди соҳаи асппарварӣ баргузор намудани музоядаҳо ба нақша гирифта шудааст. Новобаста аз он, ки оид ба иҷро намудани талаботҳои «Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истофода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» дар вилояти Суғд чорабиниҳои зарурӣ дида шуданд, мутаассифона, бо сабаби норасоии оби полезӣ парвариши ҳосили дилхохи алафҳои табии дар майдони 206 га ба нақша гирифташуда ғайриимкон гашт.

Чарогоҳҳои шаҳр, дар тарафи ҷануби шаҳр, болои Канали калони Фарғона аз болои ҳудуди шаҳракҳои 17 ва 20 то ҳудуди хоҷагии деҳқонии «Миркалонсаркор»-и Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи А.Қодиров тӯл кашидааст, ки масоҳати умумиаш 6 ҳазору 811 га - ро ташкил менамояд, ки аз он 5 ҳазору 232 га ба Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ вобаста карда шудааст, боқимонда 1 ҳазору 583 га дар заминҳои захираи давлатӣ мебошад.

Оид ба татбиқи «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014»» дар вилояти Суғд бояд қайд кард, ки дар шаҳр ду хоҷагӣ- Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи ба номи Э. Бойматова ва хоҷагии деҳқонии ба номи Д. Иссоев – и Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Патар» ба шабакаи тухмипарварии элитаи пахта тасдиқ карда шудаанд, ки онҳо талаботҳои хоҷагиҳои кишоварзии шаҳрро бо тухмиҳои хушсифати пахтаи навъҳои «Л-10», «Ориёӣ», «Ирам» ва «Хуҷанд – 67», ки минтақабоб шудаанд, бо пуррагӣ таъмин намуда истодаанд.

 

 

 

 

 

 

Мутобиқи талаботи Барнома дуруст ба роҳ мондани тухмипарварии ибтидоии навъҳои зироатҳои кишоварзӣ низ ба ҳосилнокии онҳо мусоидат менамоянд, ки бинобарон дар Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи ба номи Э. Бойматова хоҷагии яккачини (элитная) тухмипарварӣ ташкил карда шудааст, ки дар он озмоишгоҳ бо ҳамаи лавозимотҳои зарурӣ ҷиҳозонида шуда бо мутахассисони ботаҷриба таъмин мебошад. Дар ин хоҷагӣ тухмӣ ба оилаҳо ҷудо (элита, суперэлита) ва тазаккур (репродуксия) карда шуда ба хоҷагиҳо мувофиқи дархостҳояшон дастрас карда мешавад.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ ин истеҳсоли пахта мебошад. Баҳри иҷроиши самтҳои Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2010-2014» як қатор корҳои зарурӣ ба анҷом расонида шуда бошанд ҳам, мутаасифона дар соли ҷорӣ хоҷагиҳои пахтакор ба ҷои 6000 гектар дурнамои пешбинишудаи кишти пахта ҳамагӣ дар майдони 5024,8 гектар кишт гузарониданд, ки нисбати дурнамои пешбинишуда 975,2 гектар кам мебошад. Сабаби кам киштани пахта ин пеш аз ҳама ду се соли охир паст рафтани нархи он мебошад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 10368 тонна пахта ҷамъовари карда шудааст.

Тибқи талаботи Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2016» дар вилояти Суғд дар соли 2015 оилаҳои занбӯри асал бояд ки ба 2 ҳазору 700 адад расонида мешуд. Дар асл бошад ба ҳолати 1 январи соли 2015 оилаҳои занбӯри асал ба 2850 адад расонида шудааст, ки аз талаботҳои Барнома 150 адад зиёд мебошад. Инчунин, истеҳсоли асал бояд ба 45,5 тонна расонида мешуд. Дар асл бошад, ҳамагӣ 21,6 тонна асал истеҳсол карда шуд.

Баҳри пешгирии касалиҳои занбӯри асал ва омода намудани стандартҳо барои маҳсулоти занбӯри асал аз ҷониби Раёсати назорати давлатии байтории шаҳр як қатор корҳо ба роҳ монда шуда истодаанд. Барои коркарди асал ва маҳсулоти он аз ҳисоби Ассотсиатсияи занбӯрпарварони шаҳр сехи коркард ташкил карда шуда бошад ҳам, иқтидори он ба талаботи занбӯрпарварон ҷавобгӯ намебошад ва барои зиёд намудани иқтидори сехи номбурда соли ҷорӣ чорабиниҳо ба назар гирифта шудаанд.

Аз ҷониби масъулини соҳаи кишоварзӣ баҳри татбиқи Барномаи «Мубориза бар зидди малах» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 дар вилояти Суғд» корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.

 

Мутобиқи талаботи ин Барнома оид ба бурдани назорати доимӣ ба пайдошавӣ ва паҳншавии малах дар шаҳр аз ҳисоби мутахассисони Раёсати кишоварзӣ ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» ва муҳофизати растании шаҳр гурӯҳи назоратчиён таъсис дода шуда, ҳамзамон чунин гурӯҳҳои назорати дар Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ низ ташкил карда шудаанд. Инчунин, тибқи талаботи Барномаи мазкур, барои андешидани тадбирҳои саривақтӣ аз ҳисоби мутахассисон ва раисони хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр ситоди шаҳрӣ ва дар Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ситодҳои хоҷагиҳо ташкил карда шудаанд.

Андешидани ин тадбирҳо буд, ки аз ҷониби мутахассисон дар майдони 9900 гектар мушоҳидаҳо гузаронида шуда, дар натиҷа дар 1м2 аз 3 то 5 тухмхонаҳои малах дарёфт карда шуданд, ки ин нишондод аз меъёр зид будни тухумгузори маллах гувоҳи медиҳад. Ҳамзамон, аз майдони 9900 гектар мушоҳидаҳои гузаронидашуда, дар 3050 гектар паҳнашави маллах дар ҳудуди ҷамоатҳои ба номи А. Лоҳути, Э. Шарипов, Р. Ҳамробоев муайян карда шуда бо заҳр химикатҳои «ДЕСЕС», «КАРАТЕ», «ФАСТАК» ва «НУРЕЛ.Д» пурра коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.

Дар ин давра, аз 2 адад дорупошакҳои тракторӣ, 9 адад дорупошакҳои мотори ва 93 дорупошакҳои дастӣ ва зиёда аз 30 нафар қувваи корӣ самаранок истифода бурда шуд. Оид ба татбиқи «Барномаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои боғу токзор»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 дар вилояти Суғд» қайд кардан бамаврид аст, ки баҳри назорати доимӣ аз паҳншавии ҳашароти зараррасон ва касалиҳои боғу токзорҳо ва ташкили муборизаи кимиёвӣ – биологӣ ситоди шаҳрӣ таъсис дода шуда, инчунин дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Патар» гурӯҳи муҳофизатӣ дар ҷангалзорҳо аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо ташкил карда шудааст.

Мутобиқи талаботи Барнома дар ҳудуди ҷамоати ба номи Р. Ҳамробоев гурӯҳи хизматрасонии механикикунонидаи хоҷагиҳо оид ба мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои боғу токзорҳо ташкил карда шудааст, ки он бо техникаҳои зарурӣ ба монанди: ОВТ-1,6; ОВХ-28; ОШУ-50 таъмин карда шуда, дар он мутахассисони ботаҷриба фаъолият менамоянд. Гурӯҳҳои номбурда дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти «Пӯлотон», ба номи Ғ. Ортиқов ва «Патар» низ ташкил карда шудаанд. Инчунин тибқи талаботи Барнома дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов, Ҳамробоев ва «Патар» мағозаҳои махсуси фурӯши заҳрхимикатҳо ва техникаҳои кишоварзӣ ташкил карда шудааст.

Барои бурдани муборизаи биологӣ бар зидди ҳашароти боғу токзорҳо ва зироатҳои кишоварзӣ дар ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи ба номи Э.Бойматова, хоҷагиҳои деҳқонии «Ирам» ва иттиҳодияи «Кимиё»-и шаҳр истеҳсоли материалҳои биологӣ ба роҳ монда шуд. Дар соли 2015 ба майдони 1522 гектар бар зидди ҳашароти «Пармача» ва «Кирми почакғавсак», дар майдони 1261 гектар бар зидди «Шира», дар майдони 149 гектар бар зидди «Тортонаккана» коркарди биологию кимиёвӣ гузаронида шуд.

Андешидан ва иҷро гардидани ин татбирҳо буд, ки то ин муддат ҳамаи намуд зироатҳо ва боғу токзорҳо аз ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо эмин нигоҳ дошта шуданд. Мутобиқи нақшаи чорабинии амалӣ намудани «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар вилояти Суғд» тибқи Дурнамо дар соли 2015 бояд ки 40 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шуда 17 гектар тутмайдон бунёд мегардид. Дар асл 42 ҳазору бех ниҳолҳои тут шинонида шуданд, ки аз он 14 ҳазору 400 бех ниҳоли қаторӣ буда, 25 ҳазору 600 бех бунёди тутмайдонҳоро ташкил намуд, ки аз Дурнамои пешбинишуда мутаносибан 2 ҳазору 500 бех ва 2 гектар зиёд мебошад.

Инчунин, барқарор намудани тутзорҳои аз ҳосил монда дар соли 2015, 17 гектар ба нақша гирифта шуда буд ва он ба пуррагӣ иҷро гардид.Ҳамзамон, корҳо дар самти мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон «Оташаки тут» бошад парвариш ва нигоҳубинӣ тутмайдонҳо тибқи талаботҳои агротехника ба роҳ монда шуда, коркарди байни қатор ва яхобмонӣ дар масоҳати 500 гектар тутмайдонҳо гузаронида шуда, дар сарчашмаи пайдоиши «Оташаки тут» коркарди кимиёвӣ бо заҳрдоруи «Тиодон» гузаронида шуд.

Оид ба зиёд намудани истеҳсоли пилла ва баланд бардоштани сифати он, ҳавасмандгардонии кирмакпарварон ва ташкил намудани пешпардохти маблағи пилла ба ҳар як қуттии кирмак тақсимшаванда 50 сомонӣ пешпардохт карда шуд. Дар натиҷа иҷроиши Дурнамои солонаи истеҳсоли пилла 97,77 тоннаро ташкил намуд, ки нисбати Дурнамо 1,7 тонна зиёд мебошад. Пеш аз оғози ҷамъоварии пилла 2 нуқтаи пиллақабулкунӣ (Конибодом, Қарачиқум) бо тамоми лавозимотҳои зарурӣ таъмин гардида аз таъмири хушсифат бороварда шуданд ва барои коркарди пилла (хушконидан ва маҳвонидан) агрегатҳои пиллахушккунии тамғаи «СК-150» ва «КСК-4,5» самаранок истифода бурда шуданд.

Дар давраи парвариши кирмак усулҳои навъи он ба монанди «тарзи гурӯҳи» (фраксионӣ) дар хоҷагиҳои пешқадами ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Пӯлотон, ба номи Ғ. Ортиқов, Р. Ҳамробоев ва Э. Шарипов истифода бурда шуд, ки натиҷаҳои хуб дод.

Ин усули парвариш соли ҷорӣ дар дигар хоҷагиҳои кирмакпарварии шаҳр истифода бурда мешавад. Баҳри рушди соҳаи кирмакпарварӣ, минбаъд дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ сохтани кирмакхонаҳои ғунҷоишашон аз 3 то 5 қуттӣ ба назар гирифта шудааст.

Оид ба татбиқи «Барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2016» кишти картошка дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр соли 2015 бояд, ки ба дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 40 гектар кишт карда мешуд. Дар асл ба ҳолати 1 январи соли ҷори 32,8 гектар картошка кишт карда шуд.

Барои амали намудани талаботи Барнома оид ба зиёд намудани майдонҳои кишти картошкаи барвақтӣ, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба рушди соҳаи картошкапарварӣ дар шаҳр, барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ташкили таҷрибаомӯзии кормандону мутахассисони соҳавӣ оид ба технологияи навъи парвариши картошка дар солҳои минбаъда ба назар гирифта шудааст. Баҳри амалӣ намудани «Барномаи дар бораи нақшаи ноҳиябандии зотҳои чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асал дар вилояти Суғд» якчанд корҳои зарурӣ ба анҷом расонида шуданд.

Фермаи ширӣ-молии ҶДММ «Чорводор»-и ба номи Э.Бойматова тибқи талаботҳои зотпарварӣ ҳамчун хоҷагии зотпарварии шаҳр тасдиқ гардида, дар он ба ҳолати 1 январи соли 2016 чорвои калони шохдори зотӣ сиёҳало 245 сар, аз он ҷумла модагов 103 сар, ҷавонаҳо 50 сар парвариш ёфта истодаанд. Дар фермаи мазкур нуқтаи бордоркунии сунъӣ, барои парвариши чорвои хушзот «Элевер» ташкил карда шуда, онҳо бо мутахассисони ботаҷриба таъмин карда шудаанд. Инчунин тибқи талаботҳои зотпарварӣ дар фермаи номбурда аз ҷониби мутахассисон, экспертизаи маводҳои зотпарварӣ ва бақайдгирии давлатии онҳо ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, ҳифзи зотҳои чорво таввасути афзоишдиҳии ҳамзот таъмин гардида ба ҳисобгирии нишондиҳандаҳои соҳаи зотпарварӣ ба монанди маҳсулнокӣ, равғаннокии шир ва вазнафзункунии чорвои зотӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардида ҳар моҳ гузаронида мешавад.

Дар самти чорвои майдаи шохдор бошад тибқи нақшаи ноҳиябандии зотҳои чорвои майда Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, №130 барои омӯзиш ва паҳн намудани зотӣ «Ҳисорӣ»-и гусфанд тавсия дода шудааст ва онҳо бо зотҳои ҷойдори дурагакунонида шуда ба иқлими маҳаллӣ мутобиқ шуда истодаанд.

 

 

Дар соҳаи паррандапарварӣ бошад, дар бахши истеҳсоли тухми парранда, истифодаи зотҳои олмонии «Ломан» тавсия дода шудааст, ки дар айни замон дар фермаҳои паррандапарварии шаҳр, ки миқдори саршумори умумии онҳо зиёда аз 47 ҳазору 771 сар мебошанд, парвариш ёфта истодаанд.

Дар соҳаи моҳипарварӣ бошад дар ҳавзҳои моҳипарварии хоҷагиҳо зағорамоҳиҳо парвариш карда шуда истодаанд. Инчунин дар Ассотсиатсияҳои занбӯрпарварии шаҳр зоти «Корпати»-и Федератсияи Руссия паҳн карда шудааст.

Бо дарназардошти тайи ду – се соли охир бо сабаби ба Канали Калони Фарғона аз Ҷумҳурии +збекистон кам гардидани оби полезӣ ва ҷой доштани ҳолатҳои қатъ гардидани таъминоти об дар он дар мавсими кишт ва вегетатсияи зироатҳо хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр ба талафотҳои калон дучор гардида, иҷроиши барномаҳои соҳавиро зери суол гузоштааст. Илова бар он, бо кам гардидани ҳамҷми маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ рушди соҳаи саноатӣ, ки аз ин соҳа вобаста мебошад, низ таъмин нагардида истодааст. Аз ин лиҳоз, дархост ба амал оварда мешавад, ки бо мақсади ҳалли муаммои пешомада барои сохтмони пойгоҳи обкашӣ аз дарёи Сир ба Канали Калони Фарғона андешидани чораву тадбирҳои саривақтӣ ва ногузир зарурият дорад.

Бояд тазаккур дод, ки аз 9 ҳазору 841 гектар заминҳои корам майдони зиёда аз 3 ҳазор гектар он дар ҳолати бади мелиоративӣ қарор дорад. Ҳамасола, аз буҷети маҳаллӣ миқдори муайяни маблағ ҷудо шуда истода бошад ҳам, он нокифоя мебошад ва айни замон масъалаи ҷудо намудани маблағҳои мутамарказонидашудаи ташкилотҳои болоӣ ба миён омадааст.

 

 

6. ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ҶАРАЁНИ САФАРҲОИ КОРӢ НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ТАҲИЯ ВА БА ИҶРО РАСОНИДА ШУДААСТ

Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафарҳои кориашон ба вилояти Суғд ва дар мулоқот бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Хуҷанд, Қайроқум, Б.Ѓафуров, Ҷ.Расулов, Конибодом баён шудаанд, яке аз самтҳои асосии фаъолият ба шумор рафта, баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии шаҳрвандон равона гардидаанд ва баҳри иҷрои вазифагузориҳо чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард, аз ҷумла дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои ба нақша гирифташуда, ҳамчунин нигоҳубини роҳу пулҳо ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо тадбирҳои доимӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Чунончӣ, оид ба мумфарш ва таъмири роҳҳои автомобилгард ва кӯчаҳои ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот Барномаи шаҳрии «Соли 2015 – идомаи соли роҳҳои обод» таҳия карда шуда, тибқи маълумотҳо дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 560 км роҳҳои таъиноташ гуногун мавҷуд аст ва 392 км-и он таъмирталаб буда, дар соли 2014 - 256 км ва дар соли 2015 - 223,6 км роҳҳо барои аз таъмири ҷорӣ баровардан ба нақша гирифта шудааст.

Мувофиқи маълумоти фаврӣ оид ба иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2015 - идомаи соли роҳҳои обод» дар давраи ҳисоботӣ нақшаи таъмиру тармими роҳҳо ба 112,0 фоиз, пурра мумфарш намудан ба 425,0 фоиз, таъмири ҷорӣ бо асфалт ба 105,8 фоиз, шағалпӯшкунӣ ба 118,4 фоиз ва маблағи сарфшуда ба 106,1 фоиз иҷро гардид. Бо мақсади вусъат бахшидан ба амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.10.2011, №457 дар бораи «Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», қарори Раиси вилоят аз 20.02.2011, №988 ва қарори Раиси шаҳр аз 13.01.2012, №19 «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ба тасвиб расида, алҳол масъалаи мазкур ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, баҳри зина ба зина амалишавии қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳоло ба муассисаҳои томактабии шаҳр 19,1 фоизи кӯдакони синни томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Талаботи аҳолӣ барои ҷойгир намудани фарзандонашон ба кӯдакистонҳо рӯз ва рӯз афзуда, айни ҳол аз ҷониби Раёсати маорифи шаҳр зиёда аз 200 адад аризаи волидайн оид ба ҷойгир намудани кӯдак ба муассисаҳои томактабӣ ба қайд гирифта шудааст. Бо назардошти талаботи мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кӯдакистони аз фаъолият бозмонда дар деҳаи Маҳрам баъди тармими куллӣ барқарор карда шуда, айни замон дар чор гурӯҳ 120 нафар кӯдакон бо тарбия фаро гирифта шуда, 18 нафар шаҳрвандон бо кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

 

 

 

Ҳамзамон, дар деҳаи Санҷидзор, ки сокинонаш асосан қирғизтабор мебошанд, боғчаи бачагон бо ташкили се гурӯҳ ва фарогирии 75 нафар кӯдакон, дар ҷамоати деҳоти Патар бо фарогирии 40 нафар кӯдакон ва дар ҳудуди шаҳр боғчаи хусусии бачагон бо ташкили се гурӯҳ ва фарогирии 60 нафар кӯдакон ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар муассисаҳои томактабӣ бо мақсади фароҳамсозии шароити хуб ба тарбиятгирандагон 207 дона кати хоб ба маблағи 31000 сомонӣ, мизу курсичаҳо ба маблағи 10840 сомонӣ, ҷевони либос ба маблағи 7600 сомонӣ ва дигар лавозимот харидорӣ карда шуданд.

Дар назди 22 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 681 нафар кӯдакони синни томактабӣ Маркази инкишофи кӯдак иборат аз 31 гурӯҳи таълимӣ ташкил карда шуд, ки ба онҳо 35 нафар мураббияҳо ба кори таълиму тарбия ҷалб карда шуданд. Инчунин, масъалаи ташкил намудани шаклҳои нави боғчаҳои бачагонаи оилавӣ ва хусусӣ мавриди баррасию хулосабардорӣ гирифта шуда, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.

Дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ 18 адад муассисаҳои томактабӣ бо теъдоди 3188 нафар тарбиятгирандагон ва 123 нафар мураббияҳо фаъолият кард. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ, баҳри ба амал татбиқ намудани иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсия ва барномаҳои давлатии вобаста ба рушди тарбияи томактабӣ дар шаҳр тамоми имкониятҳои худро равона месозад.

Илова бар ин, дар назди масъулон як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, захираи маводи хӯрока аз тарафи аҳолӣ барои ду сол, сарфаҷӯёна истифода бурдани қувваи барқ, ташкили корхонаҳои хурд ва ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ гузошта шудаанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, тамоми имкониятҳои мавҷударо равона намуда истодааст.

 

 

 

 

 

 

 

7. ВАЗЪИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ВА САНОАТ

Дар соли 2015 аз миқдори умумии 49 адад корхонаҳои калону миёна ва корхонаҳои хурд, 39-адади онҳо дар якҷоягӣ бо соҳибкорони инфиродӣ ба истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ машғул шуданд. Дар ин давра ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ 117 млн. 245 ҳазору 100 сомониро ташкил кард, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 105,83 фоизро ташкил дода, ба маблағи 6 млн. 461 ҳазору 200 сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз 49 корхонаҳои саноатӣ, 24-адади онҳо суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатиро таъмин намуданд. Корхонаҳои калону миёна ва хурди шаҳр дар соли 2015 ба маблағи 64 млн. 812 ҳазору 600 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбати соли гузашта ба миқдори 1 млн. 495 ҳазору 800 сомонӣ зиёд мебошад. Соҳибкорони инфиродӣ ҳам, нисбати ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши истеҳсолотро ба 108,5 фоиз иҷро намуданд.

Дар соли 2015 10 – адад коргоҳҳо ва сехҳои истеҳсолӣ ба монанди коргоҳи коркарди пахтаи ҶДММ «Доган», сехҳои дӯзандагии «Гулдаст-2015» ва «Малика», навбати якуми сехи коркарди шир, 3 сехи истеҳсоли хишти сементӣ, сехи истеҳсоли дару тирезаи пластикӣ, сехи пахташонакунӣ ва сехи истеҳсоли маҳсулотҳои нонии «Мавлон Канд» ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа 168 шаҳрвандон бо ҷои корӣ таъмин гардиданд.

Имрӯзҳо корҳои сохтмониву васлкунии хатҳои технологии ҶДММ «Нафтрасон» ба итмом расида, корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва озмоишӣ рафта истодааст. Дар ҳолати ба истифода додани коргоҳи мазкур то 70 ҳазор тонна нафт дар як сол коркард карда шуда, 80 нафар шаҳрвандон бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Дар соли ҷорӣ мувофиқи маълумотҳои фаврӣ ба хоҷагии халқи шаҳр ба маблағи умумии 17 млн. 569 ҳазору 106 сомонӣ қувваи барқ дастрас гардида, аз ин 15 млн. 807 ҳазору 600 сомонӣ пардохт гардида, сатҳи пардохти барқи истифодашуда 90,0 фоизро ташкил кард.

Ба аҳолии шаҳр ба андозаи 10 млн. 434 ҳазору 163 сомонӣ қувваи барқ дода шуда, ба маблағи 8 млн. 981 ҳазору 888 сомонӣ маблағ пардохт карда шудааст, ки ин 86,0 фоизро ташкил медиҳад.

Қарзи умумии истифодашудаи қувваи барқ ба санаи 01 декабри соли 2015 - 12 млн. 192 ҳазору 36 сомонӣ, аз ҷумла, 1 млн. 417 ҳазору 415 сомонӣ қарзи соли ҷориро ташкил медиҳад.

 

Аз қарзи умумӣ 8 млн. 773 ҳазору 524 сомонӣ қарзи аҳолӣ, 1 млн. 27 ҳазору 438 сомонӣ қарзи идораи обёрӣ ва беҳдошти замини шаҳр, 1 млн. 302 ҳазору 608 сомонӣ корхонаҳои ғайрисаноатӣ ва 535 ҳазору 311 сомонӣ қарзи Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад. Дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор оид ба кам кардани қарзи истифодаи қувваи барқ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

                                                                                                

 

8.ВАЗЪИ СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Дар соли 2015 бо қарори Раиси шаҳр ба 363 нафар шахсони мӯҳтоҷу ниёзманд бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои заҳираи шаҳр таъмин карда шудаанд.

Дар соли ҷорӣ аз тарафи ташкилоту муассисаҳои сохтмонӣ ба маблағи 7087204 сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,7 маротиба барзиёд иҷро гардид. Дар давраи ҳисоботӣ танҳо аз ҷониби муассисаҳои сохтмонии ДСМ-42 141,3 фоиз ҶДММ ба номи «Т.Шукуров» 13,3 фоиз, ҶДММ «Сари Мазор» 164,3 фоиз КСМ -31 88,2 фоиз нақшаи корҳои пудратиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта иҷро кардаанд. Истифодабарии маблағгузории асосӣ аз ҳамаи намуди сарчашмаҳо мувофиқи шаҳр 12 млн. 927 ҳазору 208 сомониро ташкил дод, ки ин 46,2 фоизи нисбати ба ҳамин давраи соли 2014-ро ташкил дода, аз он ҷумла корҳои сохтмону васлкунӣ 12 млн. 452 ҳазору 984 сомонӣ ё ин ки 118,2 фоизро нисбати хамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, ба кор андохтани фондҳои асосӣ ва иншоотҳо дар давраи ҳисоботӣ 7 млн. 362 ҳазору 988 сомониро ташкил дод, ки ин ба ҳамин давраи соли гузашта 81,1 % ташкил намуд. Ба истифода додани манзилҳои истиқоматии шахсӣ дар шаҳр 13321 метри мураббаро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 100,2 фоиз баробар аст. Дар соли 2015 сохта ба истифода додани 27 иншооти таъиноташон гуногун, ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ 17 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз он 12 иншооти хизматрасони, 2 хонаи истиқоматии миёнаошёна мебошад.

Баҳри амалӣ намудани Барномаи “Соли 2015- соли идомаи роҳҳои обод” нақша-чорабинӣ тартиб дода шуда, ба санаи 1 январи соли 2016 корҳои таъмиру тармим 112,2 фоиз ба иҷро расонида шуда, дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 7,2 км роҳҳо пурра мумфарш, 160,8 км роҳҳо таъмири ҷорӣ ва 82,9 км роҳҳо шағалпуш карда шуданд.

 

9.ВАЗЪИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯ

Дар соли 2015- 5 корхона: ҶДММ «Сафар-Канд», ҶДММ «Салом», ҶДММ «Автомотогазосервис», ҶДММ «Мадад - Трейдинг», ҶСК «Соҳиб - Транс» ба мусофирбарӣ ва боркашонӣ фаъолияти худро равона намуданд. Дар ин давра аз тарафи муассисаҳои нақлиётӣ кашонидани мусофирон 12 млн. 610 ҳазору 840 нафарро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 103,8 фоизро ташкил дод.

Гардиши мусофирон 149 млн.131 ҳазор 100 мусофир- километрро ташкил дод, ки ин, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,6 фоиз ё ин ки, 9 млн. 309 ҳазору 200 мусофир – километр зиёд мебошад. Даромади тарифии филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» - 782 ҳазору 616 сомониро ташкил дод, ки ин 86,5 фоизи соли 2014-ро дар бар гирифта, ба маблағи 122 ҳазору 385 сомонӣ кам мебошад. Ба аҳолӣ ба маблағи 649 ҳазору 729 сомонӣ хизмати пулакӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 82,9 фоиз ё ба маблағи 133 ҳазору 620 сомонӣ кам мебошад.

Сабаби асосии кам шудани даромад ва хизматрасонии пулакӣ,аз сабаби фарсудашавии ноқилҳои хатти телефонҳо ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудани шаҳрвандон мебошад, ки нуқтаҳои телефонии онҳо ба ҳолати консерватсия гузаронида шудааст. Дар давраи ҳисоботи дар шабакаи телефонии шаҳрӣ 51 км хатҳои ҳавоӣ ва симҳо аз таъмир бароварда шуда, дар масофаи 39 км таъмири ҷории ноқилҳо гузаронида шуда, ҳамзамон, дар соли ҷорӣ ба 142 адад муштарӣ нуқтаи телефон насб карда шуд.

 

 

10. ВАЗЪИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании шаҳр, дар соли 2015 фаъолияти хизматии худро мутобиқи фармону супоришҳои Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақша-чорабиниҳои асосии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд, Нақшаи чорабиниҳои асосии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании шаҳр, оид ба масъалаҳои мудофиаи граҷданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2015, ки аз ҷониби Сардори мудофиаи граҷданӣ – Раиси шаҳр тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда, баҳри иҷрои чорабиниҳои банақшагирифташуда, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда чорабиниҳои зеринро ба анҷом расониданд.

Дар соли 2015 дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 64 адад ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудаанд, аз ҷумла, 4 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ дошта, 39 адад сӯхтор, 6 нафар ғарқшудагон ва 16 адад садамаи нақлиёти ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо зарари молӣ расонида шуда, бар асари онҳо 16 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расидаанд.

Маблағи зарар дар соли 2015 аз ҳодисаҳои фавқулоддаи ба аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ расонидашуда дар асоси ҳуҷҷатҳои воридшуда ва ҳисоботҳои пешакӣ, 60 млн. 835,9 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 19 селроҳа, садди обанбори Қайроқум ба масоҳати 70-80 км ва Канали калони Фарғона ҷойгир мебошанд. Дар ин муддат аз тарафи идораи давлатии беҳдошти обёрикунии замин корҳои заминканӣ ба сомон расонида шуда, аз ҷумла: тоза намудани заҳбурҳо дар ҳаҷми 6726 ҳазор м3 ба маблағи 27 ҳазору 222 сомонӣ, тоза намудани каналҳои обёрӣ дар ҳаҷми 50740 ҳазор м3 ба маблағи 198 ҳазору 061 сомонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳаҷми 1568 ҳазор м3 ба маблағи 6 ҳазору 700 сомонӣ ба сомон расонида шуд.

Мувофиқи нақшаи миёнамӯҳлати таъмири иншоотҳои муҳофизатӣ барои ёздаҳ моҳи соли 2015, таъмири 1 адад иншооти муҳофизатӣ ба нақша гирифта шуда, он қисман таъмир карда шудааст. Дар соҳаи мудофиаи граҷданӣ бо мақсади баланд бардоштани омодагии мақомотҳои идоракунанда қувва ва воситаҳои мудофиаи граҷдании шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот моҳи феврал тамринҳои ситодии мудофиаи граҷданӣ дар мавзӯи «Амали шахсони мансабдори МГ-и шаҳр хангоми рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти техногенӣ дошта», бо хадамотҳои мудофиаи граҷдании шаҳр гузаронида шуд. Дар ин муддат аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқӣ ёрии башардӯстона ба Ситоди шаҳрӣ ворид нагардидааст.

Баҳри иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2015, таҳти №261 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 майи соли 2015, таҳти №267 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» тибқи нақшаи чораҷӯиҳо дар асоси қарори Раиси шаҳр аз 02 июни соли 2015, таҳти №241 ҳайати ситоди шаҳрӣ, эҳтиёҷоти муассисаҳои тиббӣ ва маорифи шаҳр ба ангиштсанг ва ҳезум, хӯроки чорво ва нақшаи омодагии корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 тасдиқ карда шудааст.

Дар ҷаласаи ситоди шаҳрӣ 6 маротиба масъалаҳои тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли равон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар он тайёрии муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷамоатҳои деҳот, рафти корҳои таъмиру тармими роҳҳои мошингард, корҳои барқарор ва ба истифода додани ҳамаи иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии шаҳр ва пардохти саривақтии истифодаи қувваи барқ шунида шуда, аз рӯи он қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар соҳаи маорифи шаҳр 55 мактаб, 14 адад кӯдакистон, 1 адад маркази корҳои тарбиявии наврасону кӯдакон ва 1 адад маркази касбомӯзии талабагон, ҷамъ 71 адад муассисаҳо амал менамоянд. Барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии шаҳр 854 тонна ангишт ва 450 м3 ҳезум ба нақша гирифта шуда, 859 тонна ангишт ва 450 м3 ҳезум захира карда шудааст, ки ин мутаносибан 100,6 ва 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Ғайр аз ин, аз 600 м2- и ба нақша гирифташуда 600 м2 тирезаҳо шишабандӣ карда шудааст, ки ин 100 фоизи иҷроишро ташкил медиҳад. Бояд зикр кард, ки муассисаҳои тобеи Раёсати маорифи шаҳр дорои 888 адад печҳои бухорӣ ва 263 адад гармкунакҳои барқӣ буда, барои 23 адад генератори мавҷудбуда сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Манбаи гармкунии биноҳо дар Беморхонаи марказӣ, беморхонаи №3, беморхонаи бачагонаи шаҳр, Маркази саломатии ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев, Маркази саломатии №2 мутамарказонида шуда, биноҳои беморхонаҳои №1, 2, 4, марказҳои равоншиносӣ, пӯсту таносул, сил, 18 хонаҳои саломатӣ, 15 марказҳои саломатии деҳот ва Маркази саломатии №1 ба таври алоҳидагӣ гарм карда мешаванд.   

Барои эҳтиёҷоти муассисаҳои тандурустии шаҳр мувофиқи нақша 200 тонна ангишт ва 60 м3 ҳезум захира карда шуданаш лозим буд, ки дар асл 200 тонна ангишт, 60 м3 ҳезум захира шуда, ин мутаносибан 100 фоизро ташкил медиҳад. Дар Беморхонаи марказӣ дегхонаи бо гази табиӣ фаъолияткунанда барои истифодабарӣ аз ангишт иваз карда шуда, дар шӯъбаи таваллудкунонӣ ҳамаи системаи гармкунӣ аз ҳисоби маблағҳои сафоратхонаи Ҷопон иваз карда шуданд. Аз тарафи Шабакаҳои барқии шаҳр таъмири трансформаторҳо 110 адад, таъмири асосии трансформатори Т-1 ЗИ «Хлопзаводская»-110/35/6кВ, таъмири бомҳои трансформаторҳо 2 адад ва дигар корҳо ба сомон расонида шудаанд.

 

 

 

Тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр якчанд рейдҳо гузаронида шуда, вайрон кардани қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ аз тарафи корхонаву ташкилотҳо ошкор ва ба маблағи 57595 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуда, аз тарафи аҳолӣ бошад қоидаҳои истифодабарии қувваи барқро 401 муштарӣ вайрон намуда, нисбати онҳо санадҳо тартиб ва ба маблағи 81317 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.

Дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 37 нуқтаҳои фурӯши ангишт ташкил карда шудааст, ки аз он 12 адад ба ҷамъияти матлуботи шаҳр мансуб мебошад. Барои таъмини аҳолӣ бо гази моеъ дар ҳудуди шаҳру деҳот 36 нуқтаи фурӯши гази моеъ ташкил карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 адад зиёд мебошад. Инчунин, 16 адад нақлиётҳои сайёри фурӯши ангишт ва 6 адад нуқтаҳои фурӯши гази моеъ аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот ва шаҳр низ амал мекунанд. Дар корхонаи фаръии давлатии «Обу канализатсия»- и шаҳр 6 адад насоси чоҳӣ ва 3 адад муҳаррики барқ пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуданд. Дар пойгоҳи насосии «Контрезервуар» таъмири ҳавзи обтаъминкунии 1000м3, насби 4 адад насоси нави обкашӣ, сохтмони қубури обгузари маҳаллаи «Ҷавонон» ба охир расонида шуданд.

 

 

11.ВАЗЪИ СОҲАИ ИЛМ, МАОРИФ, ФАРҲАНГ

Масъалаҳои соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, таъминоти кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии муассисаҳо ва сохтмону таъмири биноҳои таълимӣ пайваста зери назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, дар тӯди ёздаҳ моҳи соли равон дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Нақшаи буҷети соҳаи маориф дар соли 2015 - 30 млн. 812,2 ҳазор сомониро ташкил дода, дар ин давра ба ин соҳа 30 млн. 992,1 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд, ки 100,6 %-ро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 56 мактаб, аз он ҷумла, 49 адад мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 адад мактаби миёнаи асосӣ, 1 мактаб-парваришгоҳи шифоӣ, 2 мактаби хусусӣ, литсей ва гимназия, як маркази таҳсилоти иловагӣ ва як маркази касбинтихобкунии байнимактабӣ бо фарогирии 31 ҳазору 999 нафар хонанда, инчунин, 18 муассисаҳои томактабӣ бо фарогирии 3 ҳазору 188 нафар кӯдакон фаъолият намуданд.

 

 

Дар самти татбиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011 – 2016» дар давраи ҳисоботӣ чораҳои натиҷабахш андешида шуданд. Дар ин муддат 225 нафар омӯзгорон, ба кор қабул карда шуда, ҳамзамон 254 нафар омӯзгорон бо сабабҳои гуногун, аз он ҷумла, муҳоҷирати меҳнатӣ (61), вазъи оилавӣ (15), ивази ҷойи зист (10), ба дигар соҳа (14), бо хоҳиши худ (3), синну соли нафақа (92), вазъи саломатӣ (10) ва фавт (6) фаъолияти худро дар муассисаҳои таълимӣ қатъ намуданд.

Айни ҳол, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр 23509 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 1992 нафар занон ба кори таълиму тарбия машғул буда, аз ин миқдор 1350 нафар дорои маълумоти олӣ мебошанд. Дар муассисаҳои томактабӣ 147 нафар ва дар Маркази таҳсилоти иловагӣ 23 нафар мураббияҳо ва роҳбарони маҳфилҳо фаъолият мекунанд. Алҳол 320 нафар омӯзгорон барои такмили маълумоти касбиашон дар шӯъбаҳои ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил намуда истодаанд. Дар муассисаҳои таълимӣ 56 нафар муаллимони ғайриихтисос фаъолият намуда истодаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати соли таҳсили гузашта ба 29 адад кам мебошад.

Айни замон, зиёда аз 3 ҳазор нафар хатмкунандагони мактабҳои шаҳр дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил намуда истодаанд, ки 427 нафари онҳо дар факултаҳои омӯзгорӣ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд ва минбаъд дар ҳалли масъалаҳои кадрии соҳаи маорифи шаҳр заминаи боэътимод хоҳанд гузошт. Барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ ба Маркази миллии тестӣ 1137 нафар хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти умумии шаҳр ҳуҷҷат супорида, аз онҳо 730 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуданд, ки 305 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин 80 нафар хатмкунандагон ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил шуда, дар маҷмӯъ шумораи умумии дохилшудагон ба 33,7 фоиз баробар аст. Қайд кардан зарур аст, ки аз 53 нафар мутахассисони ҷавон дар соли таҳсили 2015-2016 ҳамагӣ 54 нафар ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз намуданд, ки аз онҳо 17 нафар дорои маълумоти олӣ ва 37 нафар бо маълумоти миёнаи педагогӣ мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ барои омӯзгорони фаннӣ дар назди раёсати маорифи шаҳр курсҳои омӯзишӣ ба тариқи ройгон ташкил карда шуда, 517 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисоси шаҳриву вилоятӣ гузаронида шуда, 35 нафар директорони мактабҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи грантии Фонди глобалӣ дар соҳаи маориф аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд.

 

Баҳри таъмини Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2007, таҳти №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорон ҷавон», бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ дар муддати солҳои 2011-2015 ба 46 нафар омӯзгорон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода шудааст, ки аксарияти онҳо омӯзгорони ҷавон мебошанд, аз он ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ аризаи 6 нафар омӯзгор барои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба қайд гирифта шуда, ду нафар омӯзгорон дар ин муддат соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд. Ҳамзамон, 13 нафар омӯзгорон дар осоишгоҳи «Зумрад» саломатии худро барқарор карда, ба 55 нафар омӯзгорон аз муассисаҳои таълимӣ роҳхат ба осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Гули бодом», «Ирам», «Зумрад» ба маблағи 50 ҳазору 328 сомонӣ дода шуда, ба 6 нафар эҳтиёҷмандон ба маблағи 800 сомонӣ кӯмакҳои яквақта дода шуданд. Инчунин, дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ аёдати зиёда аз 2978 нафар собиқадорони меҳнат, собиқ омӯзгорон ва оилаҳои ниёзманд ба амал оварда шуда, ба онҳо ба маблағи 25 ҳазору 599 сомонӣ маводҳои озуқа дастрас карда шуданд.

Мутобиқи таҳлилу омӯзишҳое, ки аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф гузаронида шуданд, сатҳи дониши хонандагон дар мактабҳои шаҳр 79,1 %, сифатнокӣ 38,6 %-ро ташкил дода, баҳои миёна ба 3,1 хол баробар аст. Дар раванди таътил дар муассисаҳои таълимӣ мунтазам чорабиниҳои гуногун, аз қабили озмуну конфронсҳо, маҳфилҳову дарсҳои иловагӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуда, саёҳатҳои гурӯҳи хонандагон ба мавзеъҳои таърихии шаҳру вилоят ташкил карда шуданд.

Хонандагони мактабҳои шаҳр дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои таълимӣ 3 ҷойи якум ва медали тилло, 4 ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанҳои таълимӣ 6 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюмро сазовор гардиданд. Дастаи «Нозирони навраси роҳ»-и шаҳр, ки аз хонандагони мтму №1 иборат аст, дар озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори ҷойи якум гаштанд. Боиси қайд аст, ки ду нафар хонандагони шаҳр дар олимпиадаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз фанни математика бомуваффақият иштирок карданд. Дар олимпиадаи вилоятӣ байни хонандагони синфҳои 10 шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳр соҳиби 10 ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд, ки аз он 6 ҷойи аввал, 1 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм мебошад ва се нафар барои иштироки фаъолона бо ифтихорномаҳо қадрёбӣ карда шуданд.

 

 

 

Хонандаи мтму №26 Музаффарзода Ганҷина дар озмуни вилоятии иншои беҳтарин дар мавзӯи «Биё, Наврӯзи фаррухпай бар мулки дилорои мо» сазовори ҷойи якум ва тӯҳфаи хотиравӣ ва инчунин, моҳи май дар озмуни ҷумҳуриявии Академияи хурди фанҳо иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал ва соҳиби диплом гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ дастаи шаҳрии ҳарбӣ - ватандўстии «Ватанпарвар» дар мусобиқа - озмуни вилоятӣ ҷойи дуюмро ишғол кард. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давраи таътили зимистона дар муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои «Рӯзгордорӣ», «Сӯзанидӯзӣ», «Қолинбофӣ» амал намуд. Дар давраи таътил дар маркази таҳсилоти иловагӣ 22 маҳфил амал кард, ки дар он 696 нафар хонандагон фаро гирифта шуда, бо мақсади омӯзонидани касби дӯзандагӣ ва ронандагӣ дар Маркази касбомӯзии №1 барои 50 нафар хонандагон маҳфили ройгон ташкил карда шуд.

Дар давраи таътили тобистона дар урдугоҳи «Парасту» 160 нафар кўдакон, ки аз онҳо 10 нафар кўдакони ятим мебошанд, ҳамзамон, дар фароғатгоҳи «Ирам» 60 нафар наврасон истироҳат намуданд. Инчунин, дар назди 20 муассисаҳои таълими майдончаҳои наздимактабӣ бо фарогирии 530 нафар кўдакон фаъолият намуда, дар урдугоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и минтақаи Деҳмои ноҳияи Ҷаббор Расулов 17 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрамон фароғат намуданд.

Дар ин муддат, дар баробари дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҷараёни корҳои таълимӣ ба тарбияи маънавии хонандагон таваҷҷӯҳи хоса дода шуданд. Ташкил ва гузаронидани як қатор озмунҳо, аз қабили озмунҳои Китобхони беҳтарин, «Ҳофизхонӣ», «Рӯдакихонӣ», «Тӯғралхонӣ», «Рассомони ҷавон», «Хушнависон», «Ровиёни ҷавон», «Дастони моҳир», «Гулпарвар», «Нозирони навраси роҳ», як қатор озмунҳои варзишӣ ва бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмунҳо, аз қабили «Бозиҳои миллӣ», «Паррандаи хушхон», «Гулҳои ороишӣ» ва «Бодбаракпарронӣ» дар ташаккули шахсияти хонандагон ва камолоти маънавии онҳо аҳамияти хоса дошта бо сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд.

Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, таҳти №416 «Дар бораи Барномаи компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2011 – 2015» бо истифода аз имкониятҳо чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар ин муддат ба муассисаҳои таълимӣ аз сарчашмаҳои гуногун 19 адад принтер, як адад генератор, як адад проектори электронӣ ва 21 адад компютер ворид шудааст.

Аз аввали қабули Барнома ҷамъи компютерҳо ба 1023 адад ва шумораи принтерҳо ба 175 адад расидааст, миқдори синфхонаи компютерӣ 81 адад аст, ки аз онҳо 53 синфхона бо барқи озод ва 23 синфхона бо генераторҳои барқдиҳӣ таъмин мебошанд.

Дар маҷмӯъ, Барномаи компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2011 – 2015» дар муассисаҳои таълимии шаҳр 115,0 фоиз иҷро гардид. Компютерҳои 51 мактабҳои шаҳр ба шабакаи Интернет пайваст буда, дар ин муддат компютерҳои боз 6 мактаб бо ёрии модем ба шабакаи Интернет васл карда шуданд. Дар маҷмӯъ, дар мактабҳои шаҳр ба 13,0 нафар хонанда як компютер рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 20 адад муассисаҳои томактабӣ бо теъдоди 3188 нафар тарбиятгирандагон фаъолият намуда, ба онҳо 131 нафар мураббияҳо таълиму тарбия дода, дар маҷмӯъ, 3928 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба кӯдакистонҳои тобеи раёсат, кӯдакистонҳои хусусӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак ҷалб карда шуданд. Дар арафаи ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ кӯдакистони хусусии «Хушрӯз» бо фарогирии 40 нафар кӯдакон ба фаъолият шурӯъ намуда, инчунин дар заминаи кӯдакистони Ҷ/С «Ҳабиб» кӯдакистони хусусии «Офтобак» бо фарогирии 20 нафар кӯдак ба фаъолият оғоз кард. Дар 22 муассисаҳои таълимӣ 31 гурӯҳи инкишофи кӯдакони синни томактабӣ фаъолият карда, фарогирии кӯдакони синни мактабӣ дар муассисаҳои томактабӣ 19,5 фоизро ташкил намуд.

Дар шаҳр мактаб-парастишгоҳи №40 амал мекунад, ки дар он ҳамагӣ 97 (59 нафар писарон ва 38 нафар духтарон) нафар хонандагон бо тавсияҳои муассисаҳои тандурустӣ ба таълиму тарбия ва муолиҷа фаро гирифта шуда, тарбиятгирандагони мактаб – парастишгоҳи мазкур ҳамарӯза таҳти ғамхорӣ қарор доранд. Дар арафаи Иди баӣналмилалии Наврӯз аз ҷониби сарпарасти мактаби мазкур ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд» ба маблағи умумии 6200 сомонӣ лавозимотҳои рӯзгор, инчунин варзишӣ тӯҳфа гардида, боми бинои муассиса ба ҳаҷми 900 метри мураббаъ тунукапӯш карда шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкаловск дар арафаи идҳо дастурхони идона ба маблағи 7200 сомонӣ ороста шуда, 5 тонна ангишт тақдим карда шуд. Чунин ғамхориҳо дар арафаи ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли нави милодӣ низ нисбати тарбиятгирандагони ин муассиса ба маблағи умумии 17 ҳазор сомонӣ сурат гирифт.

Бояд илова кард, ки аз ҷониби саховатмандони ҷамоати деҳоти ба номи А. Лоҳутӣ низ ба парастишгоҳ мунтазам ёриву кӯмак расонида шуда, боми бинои мактаб ба ҳаҷми 600 метри мураббаъ аз ҷониби онҳо тунукапӯш гардида, дар давраи таътили тобистона бинои таълимгоҳ аз таъмири хушсифат бароварда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба муассисаҳои таълимӣ ҳамагӣ 20 номгӯи китобҳо ба миқдори 24 ҳазору 478 дона, китобҳои дарсӣ ба маблағи 322 ҳазору 235 сомонӣ ва 13 номгӯй ба миқдори 6 ҳазору 51 адад китобҳои бадеӣ ба маблағи 51 ҳазору 617 сомонӣ ворид гардида, барои истифода ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудааст. Таъминот бо китобҳои иҷоравии дарсӣ дар муассисаҳои таълимии раёсати маориф 65%-ро ташкил медиҳад.

Аз он ҷумла, дар мактабҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ - 93,5%, дар мактабҳои таълимашон бо забони ӯзбекӣ 44%, мактабҳои таълимашон бо забони русӣ 54% ва мактабҳои таълимашон бо забони қирғизӣ 70%-ро ташкил медиҳад. Бояд зикр намуд, ки дар мактабҳои шаҳр норасоии китобҳои дарсӣ аз фанҳои забони англисӣ, русӣ, химия, биология, физика, омодагии дифоъ, инчунин, дар мактабҳои ӯзбекзабон ва русзабон норасоии китобҳои дарсӣ чун муаммо боқӣ мемонад. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чораву тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар ин самт корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷоннок карда шуданд. Сарфи назар аз чораҳои андешидашуда дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ноболиғон ҳамагӣ 12 адад ҷиноят содир шудааст, ки 4 адади онро хонандагони мактабҳо содир кардаанд. Дар доираи амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2012 таҳти №228 «Оид ба консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатии «Пайванди шаҳрвандӣ» ду гурӯҳи таълимӣ ташкил карда шуда, дар гурӯҳҳои мазкур ва бо таълими хонагӣ 84 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд фаро гирифта шудаанд. Айни замон дар 17 муассисаҳои таълимӣ воҳиди кории мутахассис – равоншинос ҷорӣ карда шудааст.

 

 

 

 

 

 

Аз 69 адад муассисаҳои таълимии соҳа 10 мактаб: №6, 7, 12, 14, 15,17,18, 21, 34, 38 ба таъмири куллӣ ниёз дошта, бо мақсади омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 нақшаи ангишт ба 909 тонна, ҳезум 450 м3 ва шишабандӣ 600 м2 муайян гардида, то ин дам нақшаи таъминоти ҳезум ва шишабандӣ 100 % ва нақшаи иҷрои таъминоти ангишт 106 фоизро ташкил медиҳад.

Алҳол, дар мактабҳои миёнаи махсуси шаҳр 3459 нафар донишҷӯён бо таълим ва касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, аз ҷумла, дар коллеҷи омӯзгорӣ 1215 нафар (ғоибона 691 нафар) коллеҷи технологӣ 609 нафар (ғоибона 251 нафар) коллеҷи тиббӣ 851 нафар, литсейҳои касбии саноати кишоварзӣ 532 нафар ва дӯзандагии шаҳр 260 нафар (ғоибона 45) таҳсил менамоянд. Таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ дар коллеҷҳо ва литсейҳои касбӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Дар мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақшаи соли 2014-2015 150 нафар мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуда, нақша ба 100% иҷро гардид ва барои соли таҳсили 2015-2016 то ин дам 60 нафар (40%) мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда шуданд.

Ба соҳаи фарҳанг дар давраи ҳисоботӣ 1 млн. 568 ҳазору 322 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, иҷроиш дар ин давра 1 млн. 754 ҳазору 971 сомониро ташкил дод, ки он ба 111,9 фоизи нақша баробар аст. Айни ҳол, дар шаҳр 51 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т.Фозилова, мактаби санъати бачагона, боғи фарҳанг ва истироҳат, осорхона, 29 китобхонаву 15 клубҳо фаъолият доранд. Дар ин муддат, дар клубу хонаҳои фарҳангӣ 1533 адад чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо зиёда аз 64 ҳазору 500 нафар шаҳрвандон ширкат варзиданд.

Дар шаҳр 29 китобхона, аз ҷумла, 8 китобхона-филиалҳои шаҳрӣ, 2 китобхонаи бачагона ва 19 китобхона-филиалҳо дар деҳот ба сокинон хизмат мерасонанд. Дар назди ҳамаи клубу хонаҳои фарҳанг маҳфилҳои худфаъолияти бадеӣ амал мекунад, ки дар маҷмӯъ ба онҳо 710 нафар хонандагон ҷалб карда шудаанд. Шумораи хонандагон ба 10212 нафар расида, шумораи китобдиҳӣ 97416 ададро ташкил дод. Дар китобхонаҳо 1065 маротиба чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар хонандагон иштирок намуданд.

 

 

 

Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Соли 2015-Соли рушди фарҳанг», баланд бардоштани фаъолияти китобхонаҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, зиёд намудани сафи хонандагон, баланд бардоштани савияи дониши касбии китобдорон аттестатсияи кормандони системаи китобхонаҳои марказонидашуда ва озмуни шаҳрии «Китобдори беҳтарини сол» гузаронида шуд, ки ҳадафи он баланд бардоштани фаъолияти китобхонаҳои шаҳру деҳот мебошад.

Бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти клубу хонаҳои фарҳанг ва китобхонаҳо аз ҷониби масъулони соҳа як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, чорабиниҳои гуногун, маҳфилу барномаҳои адабӣ – фарҳангӣ ва хусусан, ҷалби бештари сокинон ба китобхонаҳо боиси тазаккур аст.

Иштироки фаъолонаи шӯъбаи бачагонаи китобхонаи марказии ба номи А.Ҷомӣ дар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» бо Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрёбӣ гардид. Бо дастгирии аҳли фарҳанги шаҳр санаи 7-8-уми март барномаи консертӣ таҳти унвони «Тадбири дуо» ва бахшида ба соли оила ва рушди фарҳанг барномаи консертӣ таҳти унвони «Ҳаёт рангин аст» намоиш дода шуд, ки дар он тамошобинони сершумор ширкат варзиданд.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади тарбияи ахлоқии наврасон ҳунармандони театри давлатии драмавии мусиқии ба номи Т.Фозилова намоишномаи солинавии «Хонуми боистеъдод»-ро ба саҳна гузошта, барои хонандагони мактабҳои шаҳр пешкаш намуданд. Ҳамчунин, намоишномаи «Модар ман зан мегирам» аз ҷониби ҳайати эҷодии театр пешкаши тамошобинон карда шуд. Аҳли театр дар ҳамкорӣ бо коргардони номии туркман Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ бо дастгирии дафтари Швейтсария намоишномаи «Ваҳваҳабонувон»-ро ба саҳна гузошта, дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби ҷоизаи хосаи озмун «Беҳтарин ансамбли ҳунарпешагон» гардид.

Дар ин давра, аз ҷониби намояндагони дафтари Швейтсария ба маблағи 21 ҳазор доллари амрико таҷҳизотҳои техникии замонавии тақвияти овоз тақдим карда шуд. Дар баробари ин аҳли фарҳанги шаҳр дар ин муддат ба як қатор дастовардҳо аз ҷумла, дар озмунҳои вилоятии «Китобхони беҳтарин» сазовори ҷойи дуюм ва «Рӯдакихони беҳтарин» ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолиби озмуни шаҳрӣ Муҳиддинова Кимиё дар озмуни вилоятии «Китобдори беҳтарини сол» фаъолона ширкат намуда, ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Дар арафа ва рӯзҳои ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бахши фарҳанг намоиш ва фурӯши асарҳои рассомони шаҳр ташкил ва гузаронида шуд, ки дар самти тарбияи эстетикии сокинон нақши муассир гузошт.

Бояд қайд кард, ки кормандон ва аҳли ҳунари фарҳанги шаҳр барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои умумишаҳрӣ, аз ҷумла, Рӯзи модар, Рӯзи матбуоти тоҷик, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, 70-солагии Иди Ғалаба, баргузории Рӯзи ҷавонони ҷумҳурӣ, кушодашавии маҷмааи «Майдони қаҳрамонон», озмуни «Суруд ва таронаҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ», ҷашни Ваҳдати миллӣ, 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли нави милодӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи шаҳрию вилоятӣ саҳми бевосита гузоштанд.

Корҳои ободонӣ ва тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои фарҳангии шаҳру деҳот дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонида шудааст. Новобаста аз чораву тадбирҳои андешидашуда дар соҳа баъзе муаммоҳои ҳалталаб, аз қабили дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои театри шаҳрӣ, хонаи фарҳанги №8-и ҷамоати деҳоти Патар, ҳамчунин, норасоии китобҳои тозанашр дар китобхонаҳо ва асбобҳои мусиқӣ дар клубу хонаҳои фарҳанг ҷой доранд.

 

 

12. ВАЗЪИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ, КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА

Дар шаҳри Конибодом 200400 нафар аҳолӣ буда, аз онҳо шумораи занҳои синни зоиш 51883 нафар, кӯдакони синни то 18 сола 64654 нафар, кӯдакони синни то 1 сола 4739 нафар мебошанд. Барои хизматрасонӣ ба аҳолӣ 6 беморхона, аз ҷумла, Беморхонаи марказӣ, беморхонаи бачагона, 4 беморхонаи минтақавӣ, маркази раавоншиносӣ, маркази пӯсту таносул, маркази мубориза бар зидди бемории сил фаъолият мекунад. Ҳамчунин, 2 маркази саломатии шаҳрӣ, 16 маркази саломатии деҳавӣ, 18 хонаҳои саломатӣ ва инчунин, маркази эмтаъминкунӣ, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, маркази солимии репродуктивӣ, МТТХЗС, қароргоҳи ёрии тези тиббӣ ва Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ фаъолият мекунад.

 

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муассисаҳои тандурустии шаҳр дар самти ҳифзи сиҳатии мардум баҳри амалӣ намудани барномаҳои «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» ва барномаҳои давлатии соҳавӣ корҳои муайян ба иҷро расонида шуданд.

Ба соҳаи тандурустӣ 13 млн. 335 ҳазору 509 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, иҷроиш дар ин давра 15 млн. 312 ҳазору 346 сомониро ташкил дод, ки ин ба 114,8 фоизи нақша баробар аст. Алҳол, дар муассисаҳои тандурустии шаҳр 2181 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз онҳо 285 нафар духтурон ва 1394 нафар кормандони миёнаи тиб, 502 нафар кормандони хурду хоҷагӣ буда, таъминнокӣ бо духтурон 14,4 ва кормандони миёнаи тиб 70,5 андар 10000 аҳолиро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ 364 нафар аз он ҷумла, ба хадамоти госпиталӣ 201 нафар, корманди миёнаи тиб 113 ва корманди хурд 86 нафар, ба КАТС 163 нафар, аз онҳо кормандони миёна 105 нафар 30 нафар корманди хурд ба кор қабул шуданд.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳаҳои танг омӯзиш дар бахшҳои гуногуни Донишгоҳи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон васеъ истифода мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ 19 нафар духтурон аз такмили ихтисоси давравӣ ва 59 нафар кормандони миёнаи тиб курси бозомӯзиро дар бахши тибби оилавӣ ва 27 нафар кормандони миёнаи тиб курси давравии такмили ихтисосро дар заминаи беморхонаи шаҳрӣ гузаштанд. Имрӯзҳо соҳа ба мутахассисони бемориҳои осебшиносӣ, сил, саратоншиносӣ, табиби амрози занона, асабшиноси бачагона, духтурони рентгенолог, сироятшинос, духтур-реонематолог, ғадудшинос, духтури навзодон ва эпидемиолог эҳтиёҷ дорад.

Чорабиниҳои пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил дар асоси Барномаи миллӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2009, таҳти №694, тасдиқ шудааст ва стратегияи ДОТС амалӣ карда мешавад. Дар ин давра шумораи беморони ба қайд гирифта 91(93) нафар мебошад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 2 адад кам гардидааст. Бояд қайд намуд, ки аз беморони дарёфтшуда 36 нафари онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ гирифтори чунин беморӣ шудаанд. Дар ин муддат, гарчанде беморшавии аввалия дар шаҳр кам гардида бошад ҳам, мутаассифона, беморон бо асоратҳои вазнин, яъне бо вайроншавии бофтаҳои шуш 47 (53) ба қайд гирифта шуданд.

Дар асоси барномаи ДОТС ҳамагӣ 100 (99) нафар беморон, аз ҷумла, 17 (26) нафар бемории шакли сили мутобиқгашта ба қайд гирифта шудааст, ки алҳол муолиҷа гирифта истодаанд. Ҳамчунин, доир ба рафти иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2012, таҳти №130 дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2017» дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд. Алҳол, дар зери назорати диспансерӣ ҳамагӣ 828 нафар чунин беморон қарор дошта, аз онҳо 807 нафар калонсолон, 6 нафар наврасон ва 13 нафарро кӯдакон ташкил мекунанд ва аз ин ҳисоб беморони инсулинвобаста 72 нафар мебошанд.

Ҳамаи беморони диабети қанди ба инсулинвобаста ва муваққатан мӯҳтоҷ то моҳи сентябри соли равон ба пуррагӣ бо инсулин ройгон таъмин карда шуда, алҳол доруворӣ танҳо барои наврасону кӯдакон ройгон мебошад. Оид ба маблағгузорӣ намудани барномаҳои соҳавӣ чораву тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ҳаҷми маблағгузорӣ ба барномаҳои давлатӣ тадриҷан зиёд мегарданд.

Баҳри дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон 4500 сомонӣ маблағ барои хун ва қисматҳои он, таъминоти иштирокдорону маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони аз ҷиҳати имтиёз бо онҳо баробар бо доруворӣ ба маблағи 6000 сомонӣ ва барои дандонҳои сунъӣ 4751 сомонӣ маблағ масраф карда шудааст. Баҳри таъмини кӯдакони имтиёзноки синнашон то 3 сола ва маъюбони модарзод бо доруворӣ, дар ин давра 12000 сомонӣ маблағ масраф карда шуда, бо мақсади гузаронидани ташхиси занҳои нахустҳомила барои ташрифи якум 9000 сомонӣ маблағ ҷудо гардидаст.

Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла, ЮНИСЕФ ва ХОУП ҳамаҷониба ба роҳ монда шуда, дар ин давра, аз ҷониби лоиҳаи «ХОУП» ба тариқи ройгон дорувориҳо ва ваксинаҳо, маводи зидди ҳамл, ҳабҳои оҳандор ва тест – хат барои дарёфти сафеда дар пешоб дастрас карда шуд. Дар муассисаҳои тиббии шаҳр 877 кати беморӣ амал кард, ки таъминнокӣ 45,2-ро ташкил намуда, иҷроиши нақшаи кат 89,6 фоизро дарбар гирифт. Дар ин давра бемориҳои сироятӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам гардид. Аз ҷумла, бемории домана, бемории сӯхтанӣ, бемории хорӣ ва бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст. Бемории зардпарвинҳо 336 ҳодиса (449) ба 113 ҳодиса кам, бемории исҳоли амрози рӯда 887 (874) ба 13 ҳодиса зиёд ба қайд гирифта шудааст.

 

 

Дар давраи ҳисоботӣ 424 (600) ҳодисаи газидани ҳайвонот ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 176 ҳодиса кам аст ва бояд зикр кард, ки дар ин муддат 669 адад сагҳои дайду ва 5 адад шағол нобуд карда шуданд. Фавти кӯдакони синни то 14 сола 98(114) нафар ба 16 ҳодиса кам ва фавти кӯдакони синни то 1- сола 67 (90) нафар ё худ 14,1 (18,8) промиллеро ташкил медиҳад, ки он нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ба 23 ҳодиса кам аст.

Дар натиҷаи татбиқи саривақтии «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2015», ки ҳадафи он паст намудани сатҳи беморӣ ва фавти кӯдакон аст, дар давраи ҳисоботӣ бемориҳои фалаҷи кӯдакон, гулафшон, гулизиндонак ва сурхча ба қайд гирифта нашудаанд.

Аз санаи 1- уми январи соли 2013 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №600 шӯъбаҳои амрози занона, амрози чашм, асабшиносӣ, гӯшу гулӯву бинӣ, ва шӯъбаи ҷарроҳии калонсолон, утоқҳои ёрирасони БМН, маркази бемориҳои пӯсту таносул, инчунин утоқҳои ёрирасони КАТС фаъолияти хешро тариқи хизматрасонии пулакӣ ба роҳ монданд. Нархномаҳо барои намуд ва ҳаҷми хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ба таври пардохт ва ҳампардохт суръат мегиранд. Маблағҳои ба таври пардохт ва ҳампардохт дар ин давра ҳамагӣ 2710000 сомонӣ ворид гаштанд, аз ҷумла ба сохтори госпиталӣ- 2086321 сомонӣ, (иҷроиш 100,3%) ва КАТС- 607004 сомонӣ (иҷроиш дар ин давра 96,3%). Ҳамзамон, корҳои ободонӣ аз қабили шинонидани дарахтони сояафкан, корҳои таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ ва омодагӣ ба фасли сармо муташаккилона гузаронида шуданд.

Аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар 897 иншоотҳои таҳти назоратбуда, 992 адад тафтишҳои гуногун гузаронида шуда, дар натиҷа шахсони масъул ба маблағи 34 ҳазору 040 сомонӣ ҷаримабандӣ гардида, фаъолияти 39 иншоот муваққатан баста шудааст. Аз тарафи шӯъбаи безараргардонии худмаблағгузорӣ баҳри паст гардидани бемориҳои сироятӣ ва пешгирии онҳо корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ оид ба безараргардонии иншоотҳо ва корҳои тамъизӣ 230 шартнома ба маблағи 96,4 ҳазор сомонӣ баста шуда, корҳои ба анҷом расонидашуда 84 ҳазор сомониро ташкил дод, ки иҷроиши он 87,1 фоиз мебошад.

 

 

 

Баҳри дар амал татбиқ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016», «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020», «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012 - 2015», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар Қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Аз шумораи умумии аҳолии шаҳр, ки 200 ҳазору 700 нафар мебошад, 103,7 ҳазор нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 62 ҳазору 49 нафарашон занони қобили меҳнат буда, шумораи умумии занони роҳбарикунанда 163 нафаранд, ки дар давоми панҷ соли охир ба 38 нафар зиёд гардидааст. Шумораи заноне, ки дар соҳаи маориф (якҷоя бо коллеҷу литсейҳо) фаъолият доранд, 4504 нафар, соҳаи тандурустӣ – 1820 нафар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – 26 нафар, соҳаи фарҳанг – 144 нафар, соҳаи сохтмон ва меъморӣ 12 нафар, саноат – 52 нафар, коммуналӣ – 16 нафар ва дар соҳаи кишоварзӣ 4681 нафарашонро занон ташкил дода, имрӯзҳо кулли бонувони заҳматпешаи мо сарбаландона аз иҷрои вазифаву масъулияти ба дӯши худ гирифтаашон баромада истодаанд.

Дар соли 2015 якҷоя бо раёсати шуғли аҳолии шаҳр бо мақсади таъмин намудани шаҳрвандони бекор, аз ҷумла занону духтарон бо ҷойҳои кории холӣ 14 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот гузаронида шуданд, ки дар натиҷаи ин чораҷӯиҳо 420 нафар занону духтарони бекор бо ҷойҳои кории доимӣ, 18 нафар тавассути квота бо кор таъмин шуданд, 264 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд, 45 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар карда шуда, ба 6 нафар кӯмакпулӣ дода шуд.

Дар ин муддат бо мақсади татбиқи талаботҳо оид ба эълон гардидани соли 2015 - Соли оила, ҷиҳати омодагиҳо баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи модар ва ҷашни байналмиллалии Наврӯз гузаронида шуда, ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он, муайян намудани сабабҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилот ва ҷоннок намудани фаъолияти Шӯроҳои занон ва духтарон мулоқоту вохӯриҳо, маҳфилу мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ гузаронида шуданд.

Бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон, тибқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии «Тайёр намудани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» дар ҳудуди кумитаҳои маҳалла ва ҳамаи 6 ҷамоати деҳот касбу ҳунарҳои занони маҳаллӣ аз нав эҳё гардида, занони ҳунарманд касбу ҳунарҳои қолинбофӣ, тӯппидӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомадӯзӣ, гаҳворасозӣ ва дигар ҳунарҳои ҳудро сайқал дода истодаанд.

Маркази таълимии адрасбофӣ ва йӯрмадӯзии ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ сохта ба истифода дода шуда, дар он таҷҳизотҳои адрасбофӣ дастрас ва насб карда шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ дар байни ҷавонон ва занон якҷоя бо Маркази таълими калонсолон курси «Оиладорӣ» ташкил карда шуда, то ин дам 135 нафар духтарон ва ҷавонзанон аз рӯи нақша мавзӯъҳои тарзи нигоҳдории одоби оиладорӣ, роҳҳои манфиатбахши ҳалли муаммоҳои оилавӣ, муносибат бо шавҳар ва ғайраҳоро омӯхтанд.

Дар доираи чорабиниҳои ҷашни Рӯзи Модар бо иштироки занони барӯманди собиқадор дар муассисаҳои таълимӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва литсейҳои касбии шаҳр мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати шинохти мавқеъ ва эҳтироми модарон дар ҷомеаи муосир баргузор гардиданд. Бахшида ба Рӯзи оила дар якҷоягӣ бо кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ маҳфили хотирмон таҳти унвони “Меҳвари муҳаббат” бо иштироки оилаҳои беҳтарину намунавии шаҳр баргузор гардид, ки дар он ҳамзамон бо мақсади тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ озмуни шаҳрии “Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ” сурат гирифт, ки дар давраи ҳисоботӣ озмуни вилоятии он баргузор тарроҳ Акбарова Мукаррам “Шоҳҷоиза” ва мукофоти пулиро сазовор гардид. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби комиссияи ноболиғони шаҳр мулоқоту вохӯриҳо доир карда шуданд, ки дар ин чорабиниҳо фаъолзанони шаҳр низ ширкат варзида, дар бораи қонун маълумоти бештаре дастрас намуданд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 таҳти №375 «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади ҷалби занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

 

То имрӯз 20 нафар қолинбофон соҳиби сертификати маркази таълимию истеҳсолии «Шероз»-и шаҳри Хуҷанд гардида, бо мақсади васеъ ба роҳ мондани ин ҳунар дар маркази таълими калонсолон курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шуда, омӯзгорони соҳибтахассус ба шогирдон ҳунари қолинбофии дастии тарзи эронию афғониро омӯзонида истодаанд. Бояд ёдрас намуд, ки курси аввалини омӯзиши ҳунари қолинбофӣ дар хонаи Худоёрова Гулан воқеъ дар деҳаи Санҷидзори ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ бо дастгирии маркази таълими калонсолон ба роҳ монда шуда, 22 нафар шогирдон соҳиби сертификат гардида, айни замон дар ҷои зисти худ бо ҳунари қолинбофӣ машғуланд.

Ҳамзамон, дар литсейи саноати дӯзандагии шаҳр низ маркази омӯзишии ҳунари қолинбофӣ дар синфхонаи махсуси таълимӣ бо тамоми таҷҳизотҳояш ба роҳ монда шуда, омӯзгорони соҳибтахассус нозукиҳои ин ҳунарро ба шогирдон омӯзонида истодаанд. Дар ин радиф бояд тазаккур дод, ки дар аксарияти муассисаҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр низ маҳфилҳои гуногуни омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ аз қабили зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, пазандагӣ ва рӯзгордорӣ амал намуда истодаанд.

Дар филиали Маркази таълими калонсолони шаҳр бо ихтисосҳои дӯзанда 15 нафар, қолинбоф 40 нафар, оришгар 20 нафар, муҳосиб 37 нафар, оператори компютерӣ 36 нафар, ошпаз-қаннод 17 нафар ва адрасбофӣ 110 нафар хатм намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар замина ва баҳри таъмини Нақшаи чорабинии муштараки мақомоту муассисаҳои давлатии вилоят оид ба пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон барои солҳои 2013 – 2015, ки аз 01.03.2013 сол тасдиқ гардидааст, нақшаи чорабинии муштараки мақомоти маҳаллии шаҳр аз 02.04.2013 сол таҳия ва тасдиқ карда шуда, аз рӯйи он дар самтҳои дахлдор чораҷӯиҳо вобаста ба масъалаи пешгирии ҳодисаҳои даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ ва сӯйиқасд ба он ҳамаҷониба роҳандозӣ гардиданд.

Гузаронидани чорабиниҳои ташвиқотиву тарғиботӣ баҳри пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб, аз қабили ҳодисаҳои ба худкушӣ даст задани шаҳрвандон, аз ҷумла, занону духтарон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки ҳар як ҳодисаи даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ ва сӯйиқасд ба он аз ҷониби масъулини дахлдор мавриди таҳлили амиқ ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода мешавад.

 

Новобаста аз чораву тадбирҳои андешидашуда дар ин муддат дар шаҳр ҳамагӣ 30 ҳолати даст ба худкушӣ ва сӯйиқасд задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд, ки аз онҳо 10 нафар занон мебошанд.Сабабҳои асосии ин ҳодисаҳо, тавре ки таҳлилу омӯзишҳо собит менамоянд, ин пеш аз ҳама гирифторӣ ба бемории руҳӣ, майзадагӣ, ҷанҷоли оилавӣ ба шумор меравад.

Бо мақсади тақвият бахшидани корбарӣ ва ноил шудан ба натиҷаҳои воқеӣ дар самти пешгирии ҳодисаҳои даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ ва сӯйиқасд дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллӣ ташкил карда шуда, мунтазам фаъолият менамоянд.

Мақсади асосии таъсиси гурӯҳҳои корӣ ин омӯзиши вазъи оилаҳо, махсусан оилаҳои дар бӯҳрон қарордошта ва расонидани ёрии амалӣ ба онҳо мебошад. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ супорида шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо масъулини маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо, нозирони минтақавии ШВКД дар натиҷаи омӯзишу таҳлилҳои амиқ оилаҳои осебпазирро, аз ҷумла оилаҳои ҷанҷолӣ, майзада, мушкилоти молиявӣ дошта, оилаи камбизоат, ё хеле вазъи иҷтимоии ногувор дошта, беморони рӯҳӣ доштаро муайян намуда, ба тариқи унвонӣ бо оила ва ё шахсӣ мушаххас корбарӣ ба роҳ монда мешавад. Дар марҳалаи аввали кор муайян намудани объектҳои фаъолият ва таҳияи рӯйхати он ба нақша гирифта шуда, минбаъд бо тавсия ва дастури масъулини дахлдор тибқи хусусияти муаммо ва мушкилот корбарӣ ба роҳ монда мешавад.

Яке аз масъалаҳои ташвишовар, ин бақайдгирии зиёди ҷудошавии оилаҳо ба шумор меравад. Дар ин муддат, мувофиқи шаҳр 363 (405) ҳодисаи ҷудошавӣ ба қайд гирифта шуд, ки он нисбати соли гузашта ба 41 адад кам мебошад. Аз ҳисоби умумии теъдоди ҷудошудагон 273 адад бо қарори суд сурат гирифта, 86 адад тибқи хоҳиши тарафайн ба амал омадаанд. Бо мақсади пешгирии ин падидаи номатлуб ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, хусусан дар байни ҷавонон, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли оила дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷалби шахсони рӯзгордидаву пуртаҷриба Маркази машваратии “Пайроҳаи хушбахтӣ” таъсис дода шуда, дар ин муддат ба Марказ 53 оилаҳои дар остонаи ҷудошавӣ қарор дошта муроҷиат намуда, аз онҳо 23 оила барқарор карда шуд ва ба 17 оила мӯҳлатҳои оштишавӣ дода шуд.

 

Мутасаддиёни соҳа, махсусан, шӯъбаи кор бо зан ва оила, шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҷамоатҳои деҳот, раёсати маорифи шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдор дар якҷоягӣ дар маҳалҳо ва муассисаҳои таълимӣ як силсила вохӯриву мулоқотҳо доир намуда, дар тарбияи ахлоқии шаҳрвандон, даст кашидан аз никоҳи барвақтӣ, оиди муомилаи волидайн бо фарзандон, ташреҳу фаҳмондадиҳии қонунҳои амалкунанда ва дигар омилҳое, ки боиси ҷадошавии оилаҳо мегарданд, баргузор намуда, корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Заноне, ки дар ин давра даст ба ҷиноят задаанд, 12 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбати соли гузашта ба 6 адад кам аст.

Дар давраи ҳисоботӣ оид ба пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ба роҳ мондани муносибатҳои эҳтиромона байни аъзоёни ҷомеа, оила, волидайн ва фарзандон дар воситаҳои ахбори омма маводҳои ҷолиб интишор гардиданд.

Боиси зикр аст, ки дар партави эълон гардидани Соли оила то ин муддат силсилаи чорабиниҳои маърифатӣ дар сатҳи баланди ташкилию маънавӣ баргузор гардиданд.

 

 

13. ВАЗЪИ СОҲАИ ВАРЗИШ, ҶАВОНОН ВА ТУРИЗМ

Баҳри дар амал татбиқ намудани барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла, Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013 – 2016, Барномаи маҷмӯии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011 - 2015, Барномаи рушди футболи Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016 қарорҳои дахлдор ба тасвиб расонида шуда, тибқи нақшаи чораҷӯиҳо дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд.

Бо мақсади ҳамаҷониба ба роҳ мондани тарбияи сиёсию маънавии ҷавонон, тарғиби ахлоқи накӯ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, хосатан, ҷараёнҳои динии ифротию экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои динии ғайриқонунӣ ва амсоли онҳо дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳоду сохторҳои марбута вохӯриву мулоқотҳо ба роҳ монда шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯёни литсею коллеҷҳои шаҳр аз рӯйи зиёда аз даҳ намуди варзиш мусобиқаҳо баргузор карда шуда, ғолибони ин намудҳои варзиш ба мусобиқаҳои вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

 

 

Бо мақсади ҷоннок намудани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстонаи ҷавонон дар ин муддат як қатор чорабиниҳои махсус, бо иштироки фаъолони шаҳр, аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокдорони ҷанги Афғонистон ва барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ дар маҳалҳо бо даъватшавандагон, бо мақсади ҷалби ихтиёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ як қатор мулоқоту вохӯриҳои судманд баргузор карда шуда, чорабинии «Рӯзҳои дарҳои кушод» бевосита, дар қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳр ҷойгирбуда гузаронида шуд.

Дар шаҳр ду варзишгоҳ бо теъдоди 5000 ҷойи нишаст, 109 майдончаҳои варзишӣ, 46 толорҳои варзишӣ ва як мактаби варзишии бачагону наврасони шаҳр амал менамояд.

Дар ин муддат бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҳамкории Раёсати маориф, коллеҷу литсейҳои касбӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр мусобиқаҳои варзишӣ (спартакиада) аз рӯи намуди варзиши бокс, футбол, баскетбол, волейбол, шоҳмот, гӯштини тарзи озод, самбо ва карате байни ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ташкил ва гузаронида шуд.

Дар арафаи Иди Наврӯзи байналмилалӣ чемпионати кушод оид ба шоҳмот ташкил карда шуда, дар он варзишгарон аз шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Ашт фаъолона ширкат варзиданд. Санаи 23 марти соли ҷорӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ» мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиноси карда шуданд. Дар моҳҳои октябр ва ноябри соли равон аз рӯи намудҳои тенниси рӯи миз ва шоҳмот барои гирифтани Ҷоми Раиси шаҳр мусобиқаи шаҳрӣ баргузор карда шуд.

Дар моҳи ноябри соли равон ду қарори Раиси шаҳр «Дар бораи таъсис додани Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳр» ва «Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол» дар шаҳри Конибодом ба тасвиб расонида шуда, алҳол дар ин самт корҳои ташкилӣ идома дорад. Барои ҷалби васеи сокинон, алалхусус, ҷавонону наврасон ба варзиш дар ин давра ба таври умумӣ 42 маротиба мусобиқаҳои варзишии умумишаҳрӣ аз рӯи 9 намуди варзиш баргузор гардид, ки варзишгарони шаҳр дар онҳо фаъолона ширкат намуданд. Дар тӯли ёздаҳ моҳи соли равон варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 43 медали тилло, 49 медали нуқра ва 51 медали биринҷӣ гардиданд, ки нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта назаррасанд.

 

 

14. ВАЗЪИ СОҲАИ МЕҲНАТ, ШУҒЛ ВА ҲИФЗИ

ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ. МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ.

Дар давраи ҳисоботи шумораи руйхатии коркунон 15973 нафарро ташкил дода нисбати соли гузашта 3553 нафар кам ва шумораи кормандони дар шуғл буда 9154 нафар мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1291 нафар кам мебошад. Музди миёнаи як корманд дар ин давра 621,62 сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли гузашта 8,3 фоиз зиёд мебошад. Ба ҳолати 1.12.2014 қарзи музди меҳнат 84,0 хазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар соли 2015 таъсиси 4687 адад ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шуда, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ҳамаи намуди сарчашмаҳо 4692 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 94,9 фоизро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ 1834 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки аз он 1390 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуданд. Дар ҳамин давра 699 нафар бо ҷои кори таъмин гардиданд. Ба 71 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 264,5 ҳазор сомони қарзҳои имтиёзнок дода шуд, ки дар натиҷа онҳо имконияти бо соҳибкорӣ машғул шуданро пайдо намуда соҳиби ҷои кори шуданд. Мувофиқи моддаи 8 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ҷиҳати дастгирии иҷтимоӣ шаҳрвандони бекор, ба 254 нафари дар қайд буда, кӯмакпулӣ таъин карда шуд.

Дар асоси шартнома бо филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар давраи ҳисоботи ба 2149 нафар шаҳрвандони бекор ба касбомӯзи роҳхат дода шуда, дар ин давра 14 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Дар айни ҳол 32461 нафар шаҳрвандони Конибодом дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, аз он 21106 нафар мард ва 11355 нафар зан.

Шумораи умумии ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳое, ки дар қайд меистанд 1551 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 591 адад корхонаю муассисаҳо ва 960 нафар соҳибкорони инфироди мебошад. Дар ҳамин давра 791 нафар бо шаҳодатномаи РИС таъмин карда шуданд, ки дар натиҷа мувофиқи шаҳр 22036нафар бо шаҳодатномаи РИС таъмин карда гардиданд. Дар қайди Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр 17264 нафар нафақахӯрон мавҷуд буда, талаботи нафақапулӣ моҳҳои январ-декабр 44 млн. 258 ҳазору 474 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми миёнаи нафақа дар ин давраи ҳисоботӣ 210 сомону 10 дирамро ташкил намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 1478 нафар оид ба таъин намудани нафақа муроҷиат намуданд, ки ба ҳамаи онҳо нафақаи нав таъин гардид.

Дар ин давра 682 нафар нафақахӯрон вафот карданд ва ба 216 нафари онҳо, ҳамчун оилаҳои камбизоат 172 ҳазору 800 сомонӣ ҷубронпулӣ барои дафн пардохта шуд.

 

 

15. МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН, ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ, ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ ВА НАФАРОНИ ДАР АҚИБГОҲ БА ОНҲО БАРОБАРКАРДАШУДА, НАФАҚАХУРОН

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, таҳти №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» ҷиҳати самаранок дар амал тадбиқ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Конибодом қарори Раиси шаҳр аз 5 сентябри соли 2014, таҳти №458 ба имзо расид, ки тибқи он барои ба роҳ мондани корҳои таблиғоти ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат гурӯҳи кори таъсис дода шуд.

Инчунин, кормандони масъули дастгоҳи Раиси шаҳр мутасаддӣ оид ба татбиқи низоми нави кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллии шаҳр ва Муассисаи манзилию коммуналии шаҳр вобаста карда шуда, аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ барои ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ташриф оварданд.

Аз ҷониби гурӯҳи корӣ семинар – машварат вобаста ба татбиқ ва ҷорӣ намудани низоми нави таъин ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат бо иштироки мутасаддиёни ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаҳои маҳаллӣ, Муассисаи манзилию коммуналии шаҳр ва мақомотҳои дахлдори вобасташуда, гузаронида шуд.

Аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи некуаҳволии оила ба маҳзани ягонаи маълумоти низоми иттилоотии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ як компютер(нотбук) ва 8 адад принтер дастрас карда шуд.

 

 

 

Ҳоло, қабули парвандаҳо оид ба таъмин ва гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, 6106 адад парванда ва аризаҳои шаҳрвандон қабул гардида, аз он 6106 парвандаии шаҳрвандон барои муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи некуаҳволии оила ба махзани ягонаи низоми иттилоотии барномаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ворид намудаанд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2016 ба 4620 нафар оилаҳо ва шаҳрвандони кабизоат кӯмаки унвонии иҷтимоӣ таъин гардиданд, ки ба маблағи 1 млн. 700 сомонӣ маблағгузорӣ шуда, кӯмаки унвонии иҷтимоӣ пардохт шуда истодааст.

Бо мақсади амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2011, таҳти №682 «Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардида, дар он Низомнома ва ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон тасдиқ карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботи шумораи умумии нафақахӯрон 17264 нафарро ташкил намуда, талаботи солонаи нафақаи онҳо 44 млн. 258 ҳазору 474,2 сомонӣ буда, ҳаҷми миёнаи нафақа дар ин муддат 210 сомониро ташкил намуд. Дар ин давра ба Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр 1478 нафар оиди таъин намудани нафақа муроҷиат намуданд, ки ба онҳо нафақаи нав таъин гардид. Ҳамчунин, дар ин давраи ҳисоботӣ 682 нафар нафақахӯрони вафот карданд, аз он тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, №293 «Дар барои Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат» ба 216 нафарашон ҳамчун оилаи камбизоат дар асоси маълумотномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳар як оилаи вафоткарда 800 сомонӣ ҷубронпулӣ барои дафн пардохта шуд, ки ин маблағ 172 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии андози иҷтимоии 1 фоиза ки нақшаи воридоти андози иҷтимоӣ барои соли 2015 ба маблағи 876,8 ҳазор сомонӣ муайян шуда буд, 820,3 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин 93,6 фоизи нақшаро ташкил дод.

Баҳри дастгирии пиронсолон шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона амал менамояд, ки кормандони он ба 86 нафар пиронсолон ва маъюбони яккаву танҳо аз рӯи 24 намуди хизматрасонӣ бо таври ройгон хизмат расонида истоданд. Дар назди шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоии буду боши рӯзона» барои 25 нафар маъюбон ва пиронсолони яккаву танҳо ташкил карда шудааст, ки ҳар рӯз онҳо бо як маҳал хӯроки гарм таъмин гардида, барои онҳо шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр ва дар ду ҷамоатҳои деҳот - Патар ва ба номи Р.Ҳамробоев лоиҳаи «Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа» аз ҷониби ташкилоти байналхалқии «Каритас-Олмон» бо воситаи ташкилоти ҷамъиятии «Пайванди шаҳрвандӣ» ба амал татбиқ шуда истодааст, ки мақсади ин лоиҳа – беҳтар кардани сатҳи зиндагонии шахсони имконияташон маҳдуд мебошад. Дар чорчӯбаи ин лоиҳа 18 нафар кормандони тавонбахшӣ аз омӯзишҳо гузаронида шуда, онҳо бо 210 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуди синну солашон гуногун бо равияҳои тавонбахшии кӯдакони синни барвақтӣ касбомӯзӣ ва таълимӣфарогир фаъолияти худро давом дода истодаанд. Ҳамзамон, дар шаҳру 19 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таълими фарогир (инклюзивӣ) ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда шуда, ба 11 нафари онҳо касбҳои гуногун омӯзонида шуданд. Ба шахсони имконияташон маҳдуд аз рӯйи лоиҳа ба таври ройгон 11 адад аробачаи маъюбӣ ва 19 адад таҷҳизоти барои роҳгардии маъюбон зарур дастрас карда шуда, ҳамзамон, дар бинои Маркази саломатии №1 ҳуҷраи қабули мутахассисон таъмир ва таҷҳизонида шуда, 4 мутахассисони барнома мизоҷонро қабул намуда истодаанд.

Бо мақсади амалӣ гардонидани иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, таҳти №АП-159 ва амри Раиси вилояти Суғд аз 7 майи соли 2014, таҳти №65 барои ташкил намудани аёдат ва расонидани кӯмакҳои моддӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои сарпараст ва соҳибкорони саховатманд вобаста шуда ба хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон, собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрон, оилаҳои бесарпараст, табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта, барои хизматчиёни ҳарбии дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот буда тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Мутобиқи нақшаи чорачӯиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба 22-юмин солгарди таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ ва собиқадорони артиш ёриву кӯмакҳои амалӣ расонида шудаанд. Ҳамчунин ба сарбозону афсарони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр дастархони идона ороста шуда, барои низомиён бо иштироки ҳунармандони шӯъбаи фарҳанги шаҳр барномаҳои идонаи бадеию консертӣ баргузор карда шуд. Ҳамзамон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва комиссариати ҳарбӣ ба 17 оилаҳое, ки фарзандонашон имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона адои хизмат мекунанд, кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми 200 сомонӣ ҷамъ ба маблағи 3400 сомонӣ тақдим карда шуд.

Бахшида ба ин сана рӯзи 23 феврал бо иштироки васеи фаъолон, собиқадорони ҷангу меҳнат, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ, ҷанговарони байналмилал ва иштирокчиёни рафъи садамаи «Чернобил» ҷамъомади тантанавӣ ва консерти идона барпо гардид. Бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занон ва духтарон, қадршиносӣ ва саҳми арзандаи онҳо дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини фаъолнокии минбаъдаи онҳо, таҳкими нақш ва мақоми Модар дар ҷомеа чораву тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.Ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида дар арафа ва рӯзҳои ҷашн аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва шахсони соҳибкору саховатпеша 68 нафар занони собиқадор, модарони дар сохти конститутсионӣ фарзандгумкарда ва яккаву танҳо аёдат карда шуда, ба онҳо ба маблағи 4080 сомонӣ кӯмакҳои пулию моддӣ расонида шуданд.

Боиси сарфарозист, ки дар арафаи Рӯзи Модар ҷиҳати амалӣ намудани даъвату ҳидоятҳои Президенти кишвар оид ба арҷгузорӣ намудан ва эҳтирому қадршиносӣ аз меҳнату заҳматҳои шоистаи фарзандони барӯманди халқ занони фаъоли шаҳр бо тӯҳфаи Президенти кишвар дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ёрии моддӣ, инчунин ба 5 нафар бонувони фаъоли шаҳр тӯҳфаи Раиси вилоят ба ҳар як нафар дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ба маблағи умумӣ 5000 сомонӣ дастрас гардиданд.

Ба муносибати таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Модар санаи 7 март чорабинии хотирмони фарҳангӣ бо иштироки 150 нафар занони барӯманди диёр ва бонувони фаъоли соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, дар ҷараёни тантанаи идона як қатор занони фаъоли шаҳр ва ғолибони озмунҳо барои фаъолияти босамар, хизматҳои шоиста ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланди касбӣ бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва тӯҳфаҳои пулию молӣ сарфароз гардонида шуданд. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз, аз тарафи ташкилотҳои сарпарасти мактаб-парастишгоҳи шифоии №40, яъне ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд» ба 89 нафар хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-парастишгоҳи шифоии №40 дастурхони идона ба маблағи 3000 сомонӣ ва инчунин, ба 10 нафар кормандони муассиса ба миқдори 150 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 1500 сомонӣ кӯмакпулии яквақтина расонида шуд.

 

 

Аз ҷониби Донишкадаи кӯҳии металургияи Тоҷикистон дар шаҳри Чкаловск маводҳои хӯрока ба монанди: орд, равғани растанӣ ва гӯшт ба маблағи 1190 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд. Инчунин, дар арафаи таҷлили ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз ба 6 нафар собиқадорони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр тӯҳфаи идонаи Президенти кишвар дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ба ҳар як нафар супорида шуда, ҳамин гуна тӯҳфаи пулӣ аз номи Раиси вилоят ба 6 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони барӯманди шаҳр дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар як нафар супорида шуд.

Ҳамзамон, бо ташаббуси соҳибкорон Акбаров Ғ., Шокиров А. ва Дӯстматов А. дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз ба 28 нафар фарзандони оилаҳои камбизоати ниёзманд тӯйи хатнасур ва тӯйи арӯсию домодии ду ҷуфт оилаи навбунёд ташкил карда шуда, ба онҳо тӯҳфаҳои тӯёна ба маблағи 15950 сомонӣ тақдим карда шуда, инчунин, ба 10 нафар маъюбони мӯҳтоҷ ба маблағи 1750 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Аз тарафи иттиҳодияҳои динии шаҳр бошад, ба 88 нафар оилаҳои камбизоат, кӯдакони ятим, пирони барҷомонда маводҳои хӯрока ба маблағи 19490 сомонӣ кӯмаки моддӣ расониданд.

Аз ҷониби муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ ба 344 нафар оилаҳои камбизоат, ятимон, маъюбон, собиқадорони соҳа, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маводҳои хӯрока ба маблағи 8372 сомонӣ ёрии моддии яквақта расонида шуд. Аз ҷониби муассисаҳои соҳаи иқтисодиёт, савдо ва иҷтимоиёт бошад, 285 нафар маъюбон, пирони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат ба маводи хӯрока ба маблағи 10135 сомонӣ ва ба 10 нафар эҳтёҷмандон кӯмакпули дар ҳаҷми 600 сомонӣ ёрии яквақта расонида шуд. Инчунин, аз тарафи корхонаҳои соҳаи саноат, нақлиёт ва алоқа 187 нафар ниёзмандон ба маблағи 6000 сомонӣ, аз тарафи ташкилотҳои сохтмонӣ 20 нафар оилаҳои камбизоат ва собиқадорони соҳа ба маблағи 1360 сомонӣ ва аз тарафи хоҷагиҳои соҳаи кишоварзӣ ба 21 нафар собиқдорони соҳа ба маблағи 3400 сомонӣ маводҳои хӯрока ва кӯмакҳои пулӣ расонида шуд.

Аз ҷониби ҳамаи 6 ҷамоатҳои деҳот ба 528 нафар ниёзмандон ба маблағи умумии 24836 сомонӣ маводӣ хӯрокворӣ ҳамчун ёрии моддии яквақта дастрас карда шуда, аз тарафи Шӯроҳои кумитаи махаллаҳои худуди шаҳр ва дастгирии сарпарастон ба 95 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимон, оилаҳои камбизоат, маъюбон, шахсони бемор ва шахсони яккаву танҳо маводҳои хӯрока ба маблағи 7015 сомонӣ ҳамчун кӯмаки моддӣ тақдим карда шуд.

Инчунин, барои хизматчиёни қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот мавҷудбуда дастурхони идона ба маблағи 3970 сомонӣ ороста, барномаҳои идонаи консертӣ намоиш дода шуд. Мувофиқи шаҳр дар арафаи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз аз тарафи идора ва корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои сарпарастони вобаста шуда ва соҳибкорони саховатпеша 1727 нафар эҳтиёҷмандон бо маводҳои хӯрока, тӯҳфаҳои пулию идона ва маводҳои лозима ба маблағи умумии 117568 сомонӣ таъмин карда шуданд.

Баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили ҷашни 70 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» нақша-чорабиниҳо омода карда шуда, чорабиниҳои гуногун баргузор карда шуданд. Дар ин доира ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тӯҳфаҳои пулии Сарвари давлат дар ҳаҷми ба ҳар нафар 1500 сомонӣ, ҳадяи идонаи Раиси вилояти 1000 сомонӣ ва ҳамин гуна тӯҳфаи пулии Раиси шаҳр дар ҳаҷми 500 сомонӣ супорида шуда ба маъюби гурӯҳи 2-юм Бобоҷонов Шокирҷон аробачаи маъюбӣ тӯҳфа карда шуд. Чунин ҳадяҳои пулӣ ба 21 нафар собиқадорони ақибгоҳ низ аз ҷониби Раиси вилоят дар ҳаҷми ба ҳар нафар 800 сомонӣ ва Раиси шаҳр дар ҳаҷми 400 сомонӣ тақдим гардида, дар хонадони онҳо аёдату дидорбиниҳо гузаронида шуданд.

Мувофиқи шаҳр дар арафаи ҷашни Иди Ғалаба аз тарафи идора ва корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои сарпарастони вобаста шуда ва соҳибкорони саховатпеша 927 нафар эҳтиёҷмандон, аз он ҷумла 9 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 21 нафар собиқадорони ақибгоҳ бо маводҳои хӯрока, тӯҳфаҳои пулию идона ва маводҳои лозима ба маблағи умумии 39480 сомонӣ таъмин карда шуданд.

Санаи 1 июни соли 2015 чорабинии идонаи фарҳангӣ таҳти унвони «Кӯдакон сарвати бебаҳои миллатанд» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар маркази боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр дар саҳти баланд доир карда шуд. Ҳамзамон, дар ин рӯз сабқати телевизионӣ таҳти унвони «Парастуи орзу» баргузор гардид, ки дар он раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, коргоҳҳо, раисони Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ, кумитаҳои маҳаллӣ, ходимони дин, фаъолон ва соҳибкорон ширкат варзида, баҳри ғанӣ гардонидани хазинаи кӯдакони шаҳр саҳм гузошта, ҷамъи маблағи умумии сабқати телевизионии хайриявӣ 31703 сомониро ташкил намуд.

 

Аз ҷониби муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ ба 90 нафар оилаҳои камбизоат, ятимон, маъюбон, собиқадорони соҳа, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маводҳои хӯрока ба маблағи 3350 сомонӣ ёрии моддии яквақта расонида шуд. Аз ҷониби муассисаҳои соҳаи иқтисодиёт, савдо ва иҷтимоиёт бошад, зиёда аз 25 нафар маъюбон, пирони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат ба маводи хӯрока ба маблағи 2480 сомонӣ ёрии модии яквақта расонида шуд.

Ҳамзамон, аз тарафи корхонаҳои соҳаи саноат, нақлиёт ва алоқа 41 нафар ниёзмандон ба маблағи 2050 сомонӣ, аз тарафи ташкилотҳои сохтмонӣ 6 нафар оилаҳои камбизоат ва собиқадорони соҳа ба маблағи 300 сомонӣ ва аз тарафи хоҷагиҳои соҳаи кишоварзӣ ба 6 нафар собиқдорони соҳа ба маблағи 360 сомонӣ, аз тарафи соҳибкорон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба 15 нафар ниёзмандон ба маблағи 1450 сомонӣ бо маводҳои хӯрока кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Аз ҷониби ҳамаи 6 ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи махаллаҳои худуди шаҳр бо дастгирии сарпарастон ба 242 нафар ниёзмандон ба маблағи 10487 сомонӣ маводӣ хӯрокворӣ ҳамчун ёрии моддии яквақта дастрас карда шуд.

Ҳамзамон, барои хизматчиёни қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот мавҷудбуда дастурхони идона ороста, барномаҳои идонаи консертӣ намоиш дода шуд. Инчунин, бахшида ба 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ 17 нафар оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони сохторҳои қудратӣ, ки баҳри барқароркунии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, ҳалок гаштанд аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот ба маблағи 1660 сомонӣ аёдат ва кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 25 нафар шахсони маъюб, яккаву танҳо ва бесаробон ба маблағи 4630 сомонӣ маводи хӯрокворӣ, аз қабили орд, гӯшт, равғани растанӣ, шакар, биринч ва маҳсулоти макаронӣ ҳамчун ёрии яквақта расонида шудааст. Дар арафа ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз тарафи идора ва корхонаву ташкилотҳо, сарпарастон ҷамъ 667 нафар эҳтиёҷмандон аёдат карда шуда, ба маблағи умумӣ 28559 сомонӣ бо маводҳои хӯрока кӯмакҳои моддӣ расонида шуданд.

 

 

 

 

 

Баҳри ҳифзи иҷтимоии маъюбон «Рӯзи маъюбон» бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, соҳибкорону саховатмандон маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои аз 2 нафар зиёд маъюбдошта ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аёдат карда шуда, кӯмакҳои моддӣ расонида шуданд. Боиси қаӣд аст,ки аз номи Раиси вилояти Суғд ба 20 нафар шахсони яккаву танҳо ва маъюбон бо андозаи 100 сомонӣ, дар маҷмӯъ 2000 ва ба «Маркази будубоши рӯзона» 3000 сомонӣ маблағ дасрас гардид. Ҳамзамон барои 50 нафар маъюбон дастурхони идона ташкил карда шуда, аз тарафи ташкилоти хурди қарздиҳии «Имон интернешнл» ба онҳо тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуда, барномаи консертӣ намоиш дода шуд.

Инчунин, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 3 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аробачаи маъюбӣ ва ба 64 нафар шахсони эҳтиёҷманд асою асобағал бо таври ройгон тақдим карда шуд. Бояд зикр кард, ки аз тарафи ташкилоту идораҳо, коргоҳҳои сарпараст ва муассисаҳои вобаста шуда дар арафаи иди Рамазон ба мактаб- парастишгоҳи шифоии №40-и шаҳри Конибодом, ки шумораи тарбиягирандагон – 91 нафарро ташкил медиҳад, бо маводҳои хӯрока ва маҳсулоти сохтмонии лозимӣ барои таъмири мактаб, дар маҷмӯъ ба маблағи 1850 сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуд. Инчунин, ба хонаи пиронсолони «Будубоши рӯзона», ки 25 нафар пиронсолони яккаву танҳо ва маъюбонро дарбар мегирад, бо маводҳои хӯрока ба маблағи 980 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шудааст.

Аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр бо дастгирии соҳибкорон, вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони саховатманд ба 849 нафар собиқадорон ва маъюбони ҷангу меҳнат, шахсони барӯманд, оилаҳои бесарпараст, табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта ба маблағи 38 ҳазору 978 сомонӣ маводи хӯрока, кӯмакпулиҳои яквақта дастрас карда шудаанд. Аз ҷумла, аз тарафи соҳибкор Юнусов Ҷӯрахон аз ҷамоати деҳоти Пӯлотон ба як нафар маъюби гурӯҳи якӯм аробачаи маъюбӣ тақдим карда шуд. Инчунин, аз тарафи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла, ташкилотҳои саноатӣ, сохтмонӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, кишоварзӣ ва соҳибкорон, ташкилоту муассисаҳои шаҳр 458 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд аёдат карда шуда, ба онҳо ба маблағи 31 ҳазору 458 сомонӣ кӯмак ба тариқи хӯрокворӣ ва кӯмакпулиҳои яквақта дастрас карда шуд.

 

Ҳамзамон, аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ ба 168 нафар оилаҳои мӯҳтоҷ ба маблағи 14 ҳазору 170 сомонӣ бо маводҳои хӯрока ва пул кӯмаки моддӣ расонида шуда, аз ҷониби масҷидҳои шаҳр ба 415 оилаҳои камбизоат 1660 дона лампаҳои каммасраф аз ҳисоби маблағҳои фитри рӯза харидорӣ ва дастрас карда шудаанд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 31 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони ба ёрӣ эҳтиёҷманд маводи хӯрока аз қабили орд, равғани растанӣ, биринҷ, шакар ва маҳсулоти макаронӣ ба маблағи умумии 4 ҳазору 865 сомонӣ дастрас карда шуд.

Дар маҷмӯъ, дар арафа ва рӯзи Иди Рамазон аз тарафи идора ва корхонаву ташкилотҳо, сарпарастон ба 1623 нафар мӯҳтоҷон бо маводҳои хӯрока ва кӯмакпулии яквақта, ба маблағи умумии 92301 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуда, инчунин, барои афсарон ва сарбозони ҳамаи қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот мавҷуд буда, дастурхони идона ба маблағи 3490 сомонӣ ороста, барномаҳои идонаи консертӣ намоиш дода шудаанд. Бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ташкилоту идораҳо, коргоҳҳои сарпараст ва муассисаҳои вобасташуда ба мактаб-парастишгоҳи шифоии №40-и шаҳр, бо маводҳои хӯрока лавозимоти хониш ва оростаи дастурхони идона, дар маҷмӯъ, ба маблағи 3720 сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуд.

Инчунин, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ин ид ба 6 нафар шахсони барӯманди шаҳри Конибодом, ки дар рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, қадршиносӣ карда шуда, кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ба ҳар як нафар супорида шуд.

Ҳамчунин, тӯҳфаи пулӣ аз номи Раиси вилоят низ ба 7 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони барӯманди шаҳр дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар яки онҳо супорида шуд. Аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр бо дастгирии соҳибкорон, вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони саховатманд ба 263 нафар собиқадорон ва маъюбони ҷангу меҳнат, шахсони барӯманд, оилаҳои бесарпараст, оилаҳои иштирокдорони сохти конститутсионӣ табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта ба маблағи 13 ҳазору 434 сомонӣ маводҳои хӯрока ва кӯмакпулиҳои яквақта дастрас карда шуда, аз ҷониби ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ ба як нафар маъюб, иштирокчии сохти конситутсионӣ аробачаи маъюбӣ тақдим карда шуд.

 

Инчунин, аз тарафи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва соҳибкорони шаҳр 597 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд аёдат карда шуда, ба онҳо ба маблағи 34 ҳазору 182 сомонӣ кӯмак дар намуди хӯрокворӣ ва кӯмакпулиҳои яквақта дастрас карда шуд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 35 нафар кӯдакони ятим ва нимятим аз оилаҳои ниёзманд сару либоси мактабӣ ба маблағи 4 ҳазору 600 сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Дар маҷмӯъ, дар Иди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз тарафи идораю муассисаҳо ва корхонаву ташкилотҳо, сарпарастон ба 998 нафар мӯҳтоҷон бо маводи хӯрока ва кӯмакпулии яквақта ба маблағи умумии 65436 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шудааст. Инчунин, барои афсарон ва сарбозони ҳамаи қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот буда ва тибқи ҷадвали тақсимот ба қисми низомии дар шаҳри Исфара ҷойгиршуда барои оростани дастурхони идона ба маблағи 6800 сомонӣ маводи хӯрока дастрас гардида, барномаҳои идонаи консертӣ намоиш дода шудаанд.

Бахшида ба Иди Қурбон аз тарафи ташкилоту идораҳо, коргоҳҳои сарпараст ва муассисаҳои вобасташуда дар мактаб-парастишгоҳи шифоии №40-и шаҳр бо маводи хӯрока ба маблағи 6825 сомонӣ, ангишт 5 тонна ба маблағи 3000 сомонӣ ва оростани дастурхони идона ба маблағи 4000 сомонӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 13825 сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуд. Аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр бо дастгирии соҳибкорон, вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони саховатманд ба 673 нафар собиқадорон ва маъюбони ҷангу меҳнат, шахсони барҷомонда, оилаҳои бесарпараст, ятимон ва нимятимон, оилаҳои яккаву танҳо, табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта ба маблағи 34 ҳазору 984 сомонӣ маводҳои хӯрока ва кӯмакпулиҳои яквақта дастрас карда шуданд.

Инчунин, аз тарафи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва соҳибкорони шаҳр 724 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд аёдат карда шуда, ба онҳо ба маблағи 38 ҳазору 823 сомонӣ кӯмак бо намуди хӯрокворӣ ва кӯмакпулиҳои яквақта дастрас карда шуд. 

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ ба 35 нафар оилаҳои зиёда аз ду маъюбдошта, кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд маводҳои хӯрока ба маблағи 3 ҳазору 450 сомонӣ аёдат карда шуда, ба ду нафар шахси маъюб аробачаи маъюбӣ супорида шуд.

 

Дар маҷмӯъ, дар арафа ва рӯзи Иди Қурбон мувофиқи шаҳр аз тарафи идораю муассисаҳо ва корхонаву ташкилотҳо, сарпарастон ба 1522 нафар мӯҳтоҷон бо маводҳои хӯрока ва кӯмакпулии яквақта ба маблағи умумии 91 ҳазору 082 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуда, барои афсарон ва сарбозони ҳамаи қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот буда барои оростани дастурхони идона ба маблағи 3800 сомонӣ маводҳои хӯрока дастрас гардида, барномаҳои идонаи консертӣ намоиш дода шудаанд. Санаи 1 октябр бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокиммияти давлатии шаҳр ва ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои сарпараст Рӯзи байналхалқии кӯҳансолон таҷлил гардида, аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо, идораю муассисаҳо, хоҷагиҳо ва соҳибкорони сарпарасти шаҳр ба ин муносибат аёдати 238 нафар собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву танҳо ва барҷомондаро ба роҳ монда, ба онҳо ба маблағи 7680 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуданд.

Бахшида ба таҷлили Рӯзи нобиноён як қатор тадбирҳои судманд андешида шуда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои сарпараст ин ид санаи 15 октябри соли 2015 бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Ба муносибати Рӯзи нобиноён ба 250 нафар нобиноён дастурхони идона ба маблағи 4100 (чор ҳазору сад) сомонӣ ороста шуда, барои болида гардонидани табъи нобиноён аз тарафи шӯъбаи фарҳанг барномаи консертӣ намоиш дода шуд. Ҳамзамон, тибқи қарори мазкури Раиси вилоят ба муносибати таҷлили ин ид ба 20 нафар маъюбони гурӯҳи I аз рӯи нобиноӣ дар ҳаҷми 200 (дусад) сомонӣ ба ҳар як нафар, ба маблағи умумии 24000 сомонӣ кӯмакпулии яквақтина ҷудо гардида, дастрас карда шуда, 30 нафар нобониёни барҷомондаи бемор аёдат карда шуда, ба 11 нафар нафақагирони шаҳр ба ивази роҳхати истифоданашудаи хизмати санаторию курортӣ кӯмакпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ ба маблағи 8800 сомонӣ дастрас карда шуд.

Тибқи ҷадвали баргузории чорабинӣ бахшида ба муносибати 21-умин солгарди Рӯзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаб-парастишгоҳи №40 санаи 4.11.2015 бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи вилояти Суғд ва шаҳр чорабинии идона баргузор гардида, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба маблағи 1200 сомонӣ дастурхони идона ороста шуда, аз тарафи ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд» ба маблағи 3000 сомонӣ бо маводи хӯрока кӯмак расонида шуд.

 

 

Инчунин, дар арафаи ин ид аз тарафи ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои сарпараст, соҳибкорон ва ба собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат, оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта, шахсони яккаву танҳо ба маблағи 16 ҳазору 473 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Ҳамзамон, тӯйи хатнасури 8 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо саҳмгузории соҳибкорон бо харҷи маблағи 6 ҳазору 969 сомонӣ баргузор гардид. Барои афсарон ва сарбозони қисми низомии 04080 барои оростани дастурхони идона ба маблағи 3002 сомонӣ маводҳои хӯрока дастрас гардида, барномаҳои идонаи консертӣ намоиш дода шудаанд.

Дар арафа ва Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли нави милодӣ 531 оилаи ниёзманд аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмаки моддии расонидашуда ҳамагӣ 30644 сомониро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, соли 2015 ба 87 нафар шахсони эҳтиёҷманд асо ва асобағал ба таври ройгон дастрас шуда, 18 нафар маъюбон бо аробачаи маъюбӣ таъмин гаштанд.

Дар давраи ҳисоботӣ кӯмакҳои расонидашуда мувофиқи шаҳру деҳот дар маҷмӯъ 11424 нафар эҳтиёҷмандонро ташкил намуда, ба онҳо ба маблағи умумии 646423 сомонӣ кӯмакҳои моддию пулӣ расонида шуд.

 

 

16. ВАЗЪИ ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ

Дар соли 2015 миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда дар ҳамаи самтҳои хизматӣ 346 ададро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 36,7 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 6 ҳолати одамкушии барқасдона ва сўиқасд ба одамкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 адад зиёд буда, кушодашавии ин намуди ҷиноят 100 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра, 2 ҷинояти мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ҳафт адад кам буда, дар маҷмӯъ, ба миқдори 10,27 кг маводҳои мухаддир мусодира карда шуданд.

Ҳамчунин, дар ин муддат 13 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 адад кам мебошад. Аз ҷониби сохторҳои дахлдор, ноболиғони ҷиноят содирнамуда таҳти назорати қатъӣ гирифта шуда, ба онҳо аз ҳисоби шахсони ботаҷриба мураббиёни ҷамъиятӣ вобаста карда шуданд ва дар ин самт корҳои зарурӣ ҷоннок карда мешаванд.

 

 

17. ВАЗЪИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2015, таҳти №567 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мўҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони соли таваллудашон 1988– 1997 ба хизмати ҳарбӣ», Қарори Раиси вилояти Суғд аз 21 сентябри соли 2015, таҳти № 443 ва Қарори Раиси шаҳр аз 25.09.2015 таҳти №461 ба тасвиб расонида шуда, дар ин муддат як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Дар натиҷаи дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани мавсими тирамоҳии давъати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз ҳудуди шаҳр ба ҷойи 220 нафар 225 нафар наваскарон муташаккилона гусел карда шуда, умуман, дар қисмҳои низомии Артиши миллии кишвар ба имрӯз зиёда аз як ҳазор ҷавонписарон сарбаландона адои хизмат намуда истодаанд.

 

 

18. ҲОЛАТИ ВОҚЕИИ ПАХШИ БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНҲОИ МАҲАЛЛӢ

Дар давраи ҳисоботӣ доир ба масъалаҳои гуногун ва паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр тавассути нашрияҳо ҳафт маводи танқидӣ ҷиҳати ба рӯзномахонӣ ҷалб намудани сокинони деҳот, дастрасии рӯзномаҳои даврӣ ба шаҳри Конибодом, тақсимоти ноадолатонаи нерӯи барқ, ҷинояткории занон, оид ба дурнамои Конибодом, зиёд будани партов дар кӯчаҳои марказӣ ба табъ расидаанд, ки ба ҳамаи онҳо мувофиқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.02.2009, таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлилӣ ва танқидии ВАО» ҷавоб ва вокунишҳо пешниҳод карда шуданд.

Моҳи январ ва июли соли 2015 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он бобати таъмири роҳҳо, ободии шаҳр, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», вазъи обуна ба рӯзномаи шаҳрии «Садои Конибодом», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ҷудошавии оилаҳо ва ғайраҳо саволҳо аз рӯзноманигорон иброз гардида, ба онҳо посухҳо дода шуд.

 

 

 

 

 

Дар ин муддат 15 маротиба барномаҳои «Мусоҳибаи муҳим» ва «Гуфтугӯи мустақими телевизионӣ» дар мавзӯъҳои таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, хизматрасонии пулакии тиббӣ, таъсиси Маркази миллии тестӣ, рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», вазъи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии худкушӣ ва ҳодисаҳои номатлуб, оид ба пешгирии заҳролудшавӣ ва бемории ботулизм ва перомуни пешгирии бемории сил ва зарари расонидашуда ҳангоми сардиҳои ғайричашмдошти охири моҳи март ва оғози моҳи апрел ва ғайраҳо бо мутахассисони соҳа сӯҳбатҳо гузаронида шуданд.

Дар давраи сипаригардида аз ҷониби гурӯҳи корӣ оид ба пешгирӣ намудани паҳни маводҳои иттилоотии ғайриқонунӣ 39 маротиба санҷишҳо ба амал оварда шуда, дар натиҷаи он 3079 адад маводҳои аудиовизуалии сифатан паст ва ғайриқонунӣ мусодира ва нобуд карда шуд. Оид ба фарогирии фазои шаҳри Конибодом бо барномаҳои телевизионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардан зарур аст, ки ҳудуди шаҳрро ҳамаи 4 шабакаҳои ҷумҳуриявӣ – ТВС «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Шабакаи - 1», «Баҳористон» ва телевизиони вилояти Суғд ба 100 фоиз фарогир аст. Ҳамзамон, 3 барномаи радиои Тоҷикистон, радиои «Фарҳанг», ФМ-1, ФМ-3 пурра пахш карда мешаванд.

Дар шаҳр ширкатҳои телевизионии «Аниси Конибодом» ва «ТВ-5» фаъолият менамоянд, ки фарогирии онҳо мутаносибан 80 фоизро ташкил медиҳад. Барои ба роҳ мондани фаъолияти радиои маҳаллӣ дар шабакаи ФМ аз ҷониҳи соҳибкорони маҳаллӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Инчунин, барои дастрасии бештари сокинон ба радиои ҷумҳуриявӣ дар марказҳо, мавзеъҳои серодам ва ҷамоатҳои деҳот 39 адад баландгӯякҳо насб карда шудаанд, ки тавассути онҳо низ ахбори ҷумҳуриявӣ ба сокинон шунавонида мешаванд.

 

 

19.БАРРАСИИ АРЗУ ШИКОЯТҲОИ ШАҲРВАНДОН

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», дастурамали коргузорӣ бо муроҷиати шаҳрвандон ва қабули шаҳрвандон диққати махсус зоҳир намуда, онро яке аз самтҳои асосӣ дар фаъолияти худ мешуморад.

Дар соли 2015 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1209 адад мактубҳо аз ташкилоту муассисаҳо ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 195 адад кам буда, 86,11 фоизро дар бар мегирад.

Инчунин, дар давоми соли 2015 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 6669 адад арзу шикоятҳо ворид гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2088 адад зиёд буда, 145,58%-ро ташкил медиҳад. Ҳамаи арзу шикоятҳо ва мактубу дархостҳои воридшуда ба қайд гирифта шуда, мувофиқи пешниҳоди Раиси шаҳр барои ҳаллу фасл ва баррасӣ аз рӯи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон ва дастурамали коргузорӣ» ба мудирони шӯъбаҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо фиристода шуда, рафти иҷрои он зери назорат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ зери назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, дар мавриди ҷудо шудани фонди замин барои манзил талаботи шаҳрвандон дар асоси навбат қонеъ гардонида шуда истодааст.

 

 

20.РАФТИ АМАЛИШАВИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Дар давраи ҳисоботӣ 2659 адад тӯю маросимҳо баргузор гардида, маблағи харҷгардида 12 млн. 186 ҳазору 570 сомониро ташкил дод, ки ба ҳар як тӯю маросим ба таври алоҳида 4 ҳазору 583 сомонӣ харҷ гардид. Дар ин муддат аз тарафи ҳайати комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 327 маротиба санҷишҳои назоратӣ ва дар баргузории тӯю маросимҳо 32 адад эҳтимолияти қонуншиканӣ пешгирӣ карда шуда, то ин дам 14 ҳодисаи қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар арафаи идҳои Наврӯз, Рӯзи кӯдакон ва 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Сарқонуни ҷумҳурӣ ва Идҳои Рамазон ва Қурбон, аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ба маблағи 42 ҳазору 705 сомонӣ ба кӯдакони ятиму камбизоат ва ҳамчунин барои осебдидагони вилояти Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Тоҷикобод ба ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шуд.

 

 

Бо мақсади дастгирии оилаҳои камбизоат дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ тӯйи дастҷамъонаи хайриявии хатнасури 28 нафар кӯдакон ва арӯсу домодии ду ҷуфт ҷавонон ва дар Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯйи хатнасурӣ 8 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат бо кӯмаки соҳибкорону саховатмандон гузаронида шуд.

 

 

21.ОМОДАГӢ БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 25–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави шиори “500 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ”, тибқи нақшаи чорабиниҳои махсус дар ҳудуди шаҳру деҳот як қатор корҳои мушаххас ба сомон расонида мешаванд.

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин санаи таърихи 9 маротиба шанбегиҳои умумихалқӣ доир гардиданд, ки асосан ба бунёди боғҳо, шинонидани дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ, сояафкан, ташкили гулзорҳо ва гулгаштҳо, оро додани кўчаҳои маҳаллаҳо, ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон ва идораву ташкилотҳо бо гулҳои гуногун, таъмиру тармими биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ, тоза намудани ҷўйборҳо, баровардани партовҳо равона карда шуда шудаанд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷмааи “Майдони Қаҳрамонон” бунёд карда шуд, ки дар он 6 нимпайкараҳои Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қаҳрамонони меҳнат гузошта шуда, ҳамзамон муҷассамаи сарбозоне, ки дар ҷанги Афғонистон ҳалок гаштаанд, мавриди таҷдиду навсозӣ қарор дода шуд.

Тамоми масоҳати «Майдони қаҳрамонон» ба гулзорҳо табдил дода шуда, ҳамаруза садҳо шаҳрвандон дар ин мавзеъ истироҳат менамоянд. Мавриди истифода қарор додани марҳилаи дуюми сохтмони ин иншооти таърихӣ бо гузоштани ҳайкали Исмоили Сомонӣ, бунёди фаввораҳо ва мавзеҳои истироҳатӣ дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин муддат дар маҳаллаҳо 9 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун, аз ҷумла, 2 хонаи бисёрошёнаи 3 ва 5 қабата, ҳаммом, ошхона, дорухона, нонвойхона, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ба истифода дода шуданд, ки ҳамаи онҳо барои боз ҳам тақвият бахшидани хизматрасониҳо ба аҳолӣ ва ҳамчунин, баҳри омода намудани шаҳр ба ҷашни дар пешистода равона карда шудаанд.

Дар партави эълони «Соли 2015 - идомаи соли роҳҳои обод» таҷдиди қисми кӯчаҳои ба номи Маданият ва О.Маннонов бо масоҳати умумии 1,2 км ба охир расонида шуда, мумфарш карда шуданд. Қисми кӯчаи марказии шаҳр ба номи Ленин ва дар ҷамоати деҳоти Ортиқов роҳи автомобилгарди хатсайри Маркази шаҳр - Истгоҳи роҳи оҳан аз таъмир бароварда шуда, дар ҷамоати деҳоти Патар 1,3 км роҳ пурра мумфарш карда шуд.

Ҳамчунин, бахшида ба ҷашн таҷдид ва навсозии 2 кӯчаҳои марказии шаҳр оғоз гардида, дар самти ободонии роҳҳо боз таъмири ҷории як қатор кӯчаҳои дигар низ дар назар аст. Бинои нави замонавӣ барои кормандони шӯъбаи шаҳрии САҲШ, нотариус ва иҷрочиёни суд дар арафаи Рӯзи кормандони адлияи ҷумҳурӣ дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, бинои матбааи шаҳрӣ аз нав таҷдид карда шуда, дар натиҷа имконият пайдо шуд, ки ба мизоҷон ҳуҷраҳои кории нав барои фаъолият пешниҳод карда шавад. Барои истироҳати бофароғати шаҳрвандон дар ҳудуди маркази шаҳр 10 мавзеъҳои тобистонаи истироҳативу маишӣ ташкил карда шуда, таҷдиди боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр оғоз гардид. Дар ҷамоати деҳоти Пӯлодон баъди гузаронидани таъмири ҷорӣ ва корҳои ободонӣ маркази истироҳати кӯдакон бо фарогирии 160 нафар фаъолият намуда, чунин марказ дар фароғатгоҳ-осоишгоҳи «Ирам» низ ташкил карда шуд.

Дар ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ дар доираи ободонии бозори деҳа сохтмони 10 бинои хизматрасонӣ-маишӣ босуръат идома дошта, сехи адрасбофӣ ва атлас ба истифода дода шуд. Дар маркази шаҳр, аз ҷониби соҳибкор Ҷӯраев Рустам толори варзишии ҳозиразамон сохта ба истифода дода шуда, сохтмони дигари чунин иншоот босуръат идома дорад.

Ҳамзамон, баҳри истиқболи сазовори ҷашни мазкур ба истифода дода шудани як қатор иншоотҳо, аз ҷумла, коргоҳи коркарди нафт, ки имрӯзҳо корҳои сохтмониву васлкунии хатҳои технологии он ба итмом расида, корҳои озмоишӣ идома дорад. Баъди пурра ба истифода додани коргоҳи мазкур то 70 ҳазор тонна нафт дар як сол коркард карда шуда, 80 нафар шаҳрвандон бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Инчунин, корҳои омодагӣ оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ҷиҳати бунёди шаҳраки аҳолинишин дар мавзеи “Пойменная” барои ду ҳазор нафар шаҳрвандон оғоз гардида, барои ташкили боғи дарахтони мевадор бо усули обмонии қатрагӣ корҳо оғоз гардиданд.

 

 

 

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони марказӣ ҷарроҳӣ, таҷдиди варзишгоҳи марказӣ ва як қатор иншоотҳои дигари самташон гуногун, дар маҷмӯъ 28 адад ба нақша гирифта шуда, дар маркази шаҳр аз ҷониби соҳибкорон сохтмон ва бунёди як қатор маҷмааҳои маишиву хизматрасонӣ босуръат идома доранд. Ҳамзамон, дар соли ҷашнгирии ин санаи таърихӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев сохтмони бинои мактаби нави замонавӣ бо ҳамаи инфрасохторҳояш оғоз хоҳад шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Шумо, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, қарору супоришоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои ҳамаи нақшаву вазифаҳои вогузоргардидаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ тамоми имкониятҳои мавҷударо равона намуда, баҳри истиқболи сазовори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои судманд меандешад.