Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

110104
Сегодня
105
На этой неделе
105
В этом месяце
7935
Итого
110104
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Диққат, Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ

          Фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр дар соли 2016

Дар давоми  соли 2016  муассисаҳои тандурустии ш. Конибодом  дар доираи нақшаи солонаи тасдиқгардида дар самти хизматрасонии тиббӣ-беҳдорӣ ба аҳолӣ фаъолияти худро аз рӯи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»,  «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» Барномаи вилоятии «Соли 2016 – соли фарди солим» , санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии вилоят , қарорҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,  вобаста ба ҳифзи саломатӣ ба роҳ монда, як қатор корҳоро баҳри беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба  аҳолӣ ба сомон расониданд.  Қарори Раиси вилоят аз 23.12.2015 оид ба  «Соли 2016- соли  фарди солим», 24 марти соли 2016 ташрифи Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Конибодом ба кормандони соҳаи тандурустӣ шукуҳи дигар бахшида, баҳри боз ҳам беҳтар намудани нишондодҳои асосии соҳаи тандурустӣ ҳидоят намуд.Тибқи ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда, дар назди муассисаҳои тандурустии шаҳру деҳоти Конибодом  маќсад ва вазифаҳо оиди беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, пурзўр намудани маърифати санитарии аҳолӣ, ноил шудан ба пастшавии фавти модар ва фавти кўдакони то синни 5 сола   гузошта шудааст.

Дар шаҳру деҳоти Конибодом ба 203726 аҳолӣ кӯмаки аввалияии тиббӣ аз тарафи  2-Маркази саломатии шаҳр, 16 марказҳои саломатии деҳот, 18 хонаҳои саломатӣ ва марказҳои махсусгардонидашуда, аз тарафи 1 беморхонаи марказии шаҳрӣ, 4 беморхонаҳои рақамӣ, беморхонаи бачагона, маркази пӯсту таносул, маркази бемориҳои сил ва маркази равоншиносӣ, МСР,МНДСЭ расонида мешавад.

                                                         Маблағгузорӣ

Дар соли 2016 ҳамагӣ ба соҳаи тандурусти  15786509 сомонӣ маблағ пешбини карда шуда, иҷроиши буҷет 15545624 сомонӣ, 98,5%-ро ташкил намуд. Аз он ҷумла, барои сохтори  госпиталӣ  8144619 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, дар давоми сол, иҷроиши буҷет 8027976  сомонӣ ё   98,6 % ва барои муассисаҳои КАТС  7641890   сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, дар давоми сол  7517648  сомонӣ масраф карда шуд, ки ин  98,4%-ро ташкил менамояд.                       

                          Масъалаҳои кадрӣ  ва   такмили ихтисос

Ҳамагӣ кормандони тиб 2274 нафар буда, аз онҳо духтурон 278 нафар кормандони миёнаи тиб 1476 нафар мебошанд. Таъминноки бо табибон 13,6 бо кормандони миёнаи тиб 72,4 андар 10 ҳазор аҳолиро ташкил медиҳад. Дараҷанокии табибон 66,0% ва кормандони  миёнаи тиб 45,2%. Дар давоми соли 2016 ба соҳаи тандурустӣ 341нафар кормандон қабул шудаанд, ки аз онҳо духтурон 24 нафар аз он ҷумла мутахассиси ҷавон 8нафар, кормандони миёнаи тиб 210 нафар аз ҷумла, мутахассиси ҷавон 106 нафар.

Дар байни духтурон 3 нафар номзади илми тиб, 20 нафар дорандаи нишони «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қайд кардан лозим аст,ки дорандаи дараҷаи касбии духтурон ва кормандони миёнаи тиб нисбатан зиёд шудааст. Баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши  мутахассисони соҳаҳои тандурустӣ  омӯзиш дар бахшҳои гуногуни Донишгоҳи такмили ихтисоси баъдидипломии  кормандони тибби Тоҷикистон васеъ истифода мешаванд. Дар давоми соли 2016  203 кормандони тиб аз такмили ихтисос ва курси бозомӯзиро гузаштанд , 20 нафар ҳамшираҳои тиб  курси бозомузи дар бахши тибби оилави ва соҳавиро гузашта   истодаанд ва ҳуҷҷатҳои 5 нафар духтур барои гузаштани такмили ихтисоси давравӣ ба донишкадаи баъдидипломии вилояти Суғд супорида шуд.

                                               Сохтмон ва таъмир

Новобаста аз мушкилиҳои молиявӣ масъалаҳои вобаста ба таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ, суратҳисоби махсус, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша якчанд муассисаҳои тиббӣ аз таъмир бароварда шудаанд. Корҳои назаррас барои аз нав кардани  девори беруна ва роҳрави даромадгоҳи  БМН ,ободонии саҳнаи берунаи МСШ №1 иҷро карда шуд. Инчунин дар мавзеъи БМН аз тарафи соҳибкор  истгоҳи нақлиётӣ, ҳоҷатхона ва сартарошхона сохта дода шуд. Таъмири ҷорӣ дарбоми беморхонаи бачагона, шӯъбаҳои гӯшу гулӯву бинӣ, амрози занона, амрози дил, амрози дарунӣ, ҳуҷраҳо ва даромадгоҳи БМ №3, МСД Ҳамробоев, Қарачиқум, Равот, шӯъбаи тиббӣ оилавии МСШ №1, Маркази эмтаъминкунӣ гузаронида шуда, дару тирезаҳои кӯҳна ба тирезаҳои пластикӣ иваз карда шуд. Манбаҳои маблағҳои истифодашуда барои таъмир аз маблағҳои буҷети маҳаллӣ 146174сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон, шахсони саховатманд 178239 сомонӣ, аз ҳисоби суратҳисоби махсус  133200 сомонӣ, ҳамагӣ 457613 сомонӣ маблағ масраф шудааст.                               

                            Харидории таҷҳизотҳо ва доруворӣ

Аз тарафи Раёсати тандурустии вилоят ба маблағи 10000 сомонӣ таҷҳизоти “Кардиомонитор”, 1 адад дефибрилятор ба маблағи 5500 сомонӣ шӯъбаи наҷоти БМН, ба шӯъбаи таваллудкунонӣ  1- адад ларингоскоп, 10-адад пешдоман, 20 адад сарпӯши яккарата  20 адад айнаки  муҳофизати ва 1 адад СБД ба КАТС дастрас карда шуд. Аз ҳисоби суратҳисоби махсус  ба маблағи 14485 сомонӣ: 2-дона ларингоскоп, 5-дона найча барои оксиген, 1-таҷҳизоти  СБД ба БМ №4 ва МСД Ҳамробоев , 1 адад микроскоп барои таҳлилгоҳи МСД, ба Маркази ВНМО ба маблағи  2100 сомонӣ хунуккунак  ба маблағи 1800 сомонӣ яхдон, барои МСД Равот, Зарбед, МСШ №1 ва х/с Айнӣ яхдонҳо ба маблағи 9180 сомонӣ, ба ҳуҷраи то духтурии МСШ №1 ба маблағи 800 сомонӣ вазнченкунаки электрони, 4 адад маҷмӯъи асбобоҳои ҷарроҳи ба маблағи 39928 сомонӣ, 14075 сомонӣ рахти хоб, 2- адад кати функсионалӣ, 2- адад кати чархдор, 20 адад курсӣ ва ба 17495 сомонӣ маводҳои хоҷагӣ ва 1 адад дефибрилятор ба маблағи 4800 сомонӣ барои шӯъбаи қабули БМН  ва 1 адад таҷҳизоти ТУС-и доплердор ба МСШ ба маблағи 152000 сомонӣ  харидори карда шуд.  Инчунин аз тарафи ташкилоти “Пайванди шаҳрвандӣ”дар доираи лоиҳаи “Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеъа ”ба ҳуҷраи кор бо маюбони МСШ №1 1-хунуккунак  ва аз тарафи лоиҳаи ХОУП 1-адад ноутбук ва 1 адад мадем ба маблағи 2160 сомонӣ ба ММББЗС дастрас карда шуд.  Ҳамагӣ барои таҷҳизот аз ҳисоби Вазорат 5500сомонӣ, аз ҳисоби мақомоти вилоят 16420сомонӣ, аз ҳисоби суратҳисоби махсус 220188сомонӣ, ҷамъ 242108 сомонӣ маблағ маблағ масраф карда шудааст. Аз тарафи буҷаи маҳалли барои дорувори 58092(С/Г-31092, КАТС-27000) сомони, аз ҳисоби суратҳисоби махсус ба маблағи 1078960сомонӣ (КАТС-48960,С/Г-1030000)сомонӣ  барои дорувориҳо маблағ масраф карда шудааст, ки дорувориҳои мазкур аз тарафи КВД «Суғд-Фарматсия»,  СИ “Алиев Файзулло” ,ҶДММ,Азия-Фарм,ҶДММ ДАР-ДАР дастрас карда мешавад. Барои дарёфти ВНМО дар КАТС ба маблағи 9000сомонӣ , 1000дона “тестҳои оҷилӣ”харидори карда шуд.

            Ҳамкорӣ  бо ташкилотҳои   байналхалқӣ ва  ғайридавлатӣ

Дар ҳалли  масъалаҳои таъминот бо дорувори, аз тарафи лоиҳаҳои ХОУП, Ҳаёт барои кӯдакон, Пайванди шаҳрвандӣ, Имдоди Ғайрат, Праон (дорувори барои беморони сил), фонди  хайрияи  «Дили кӯдак», ЮНИСЕФ дорувори ва ваксинаҳо, ЮНФПА 5-намуд маводҳои зидди ҳамл, ҳабҳои сулфати оҳан 500000  дона, ва аз тарафи фонди глобалӣ   «тести оҷилӣ» -1080 тест хатча  барои дарёфти  ВНМО дастрас карда шуд.  

                                                  Иҷроиши қарорҳои Раиси вилоят

 

            Номгӯи қарорҳо

          Маблағ

1

Қарори Раиси вилоят № 02 аз 04.01.2016 «Дар бораи таъмини хуни бехатари донорӣ»,  қарори Раиси шаҳр №93 аз 12.02.2016 “Оиди ҷудо намудани маблағ барои хуни донорӣ”

6000сомонӣ

2

Қарори Раиси вилоят №01 аз 04.01.2016 ва қарори Раиси шаҳр №28 аз 18.01.2016 «Оиди таъминоти иштирокдорону маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони аз ҷиҳати имтиёз бо онҳо баробар бо дорувориҳо»

6000 сомонӣ барои доруворӣ

барои шинондани дандонҳои сунъӣ – 6334сомонӣ, 1-аппарати шунавоӣ ва айнаки коррексионӣ ба маблағи 60 сомонӣ ,  ҳамагӣ   12394сомонӣ 

3

Қарори Раиси вилоят № 03 аз                                  04.01.2016с, қарори Раиси шаҳр № 31 аз 18.01.2016с «Дар бораи таъмини  кудакони синни то 3 сола ва маъюбони модарзод »

9000 сомонӣ.

Бояд қайд намуд, ки аз тарафи Марказҳои ҳамбастагии кӯдакона, эмтаъминкунӣ,маводҳои эмкунӣ ва доруворӣ ба кӯдакони синни то 5 сола  мунтазам таъмин карда мешавад.

 

4

Қарори Раиси вилоят таҳти № 04 аз 04.01.2016, ва қарори Раиси шаҳр №29 аз 18.01.2016с «Оид ба расонидани кӯмаки антенаталӣ»

12000сомонӣ.

 

 

Рафти иҷроиши

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   №600 аз 02.12.2008 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони ҶТ дар муассисаҳои системаи давлати тандурустӣ»

 

            Айни замон ҳамагӣ 10 шӯъбаи сохтори госпиталӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон (БМН,ББ), шӯъбаи дандоншиносӣ, муоинаи тиббӣ пешакӣ ва давравӣ, духтурони чашм, ҷарроҳ, гӯшу гӯлуву бинӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасони КАТС, дар асоси қарори мазкур фаъолият мебаранд. Мувофиќи маълумотҳои пешниҳодшуда дар соли 2016 наќшаи  маблағҳои махсуси муассисаҳои   тандурустии шаҳр аз ҳисоби хизматрасониҳои музднок  3490852  аз он ҷумла сохтори госпиталӣ 2666077 сомонӣ, беморхонаи бачагона 92275 сомонӣ ва сохтори КАТС 732500 буда,  воридоти он 3500079 сомонӣ ва иҷроиш 100,3% аз он ҷумла дар КАТС 738579 сомонӣ ва нисбати нақша 100,8 фоиз , дар сохтори госпиталӣ 2668600 сомонӣ иҷроиш нисбати нақша 100,1 фоиз, беморхонаи бачагона 93100 иҷроиш нисбати нақша 100,9фоиз-ро ташкил дод. Маблағҳои иловагии воридшуда барои зиёд намудани музди меҳнати кормандони тиб, беҳтар намудани базаи моддию техникии муассисаҳои мазкур мусоидат менамояд.        

                                                Нишондодҳои демографӣ

 Нишондоди таваллуд ба 1000 нафар аҳолӣ 21,4 (соли 2015-24,4)

 Нишондоди фавт ба 1000  нафар аҳолӣ    5,0(соли 2015-4,8)

Афзоиши табии    16,4 (соли 2015-19,6)

Фавти кудакони синни то 1 сола 15,6 (соли 2015-14,1)

Фавти модар 0 (соли 2015-0)

Яке аз масъалаҳои муҳим ва аввалиндараҷа, ки ҳамеша дар мадди назар аст, ин хизматрасонӣ ба модару кӯдак мебошад.

Дар доираи тадбиқи Нақшаи стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ оид ба пешгирии оризаҳо вобаста ба ҷараёни ҳомиладори ва таваллуд, таъмин ва беҳтарсозии нигоҳубини антенатилӣ,таълими ҳомиладорон ва шариконе, ки дар рафти таваллуд иштирок мекунанд ва барои расонидани ёрии фаврии акушерӣ як қатор тадбирҳо  ба сомон расонида шудааст. Нигоҳубин ва ёрии антенаталӣ  бо воситаи муассисаҳои ёрии аввалияи тиббию санитарӣ расонида мешавад.                                                                                                                                       

Ба таҳти назорат 4563 нафар ҳомиладорон ба қайд гирифта шуд, дарбаргирии саривақтии ҳомиладорон  95,9% (стратегия 50 фоиз)ро ташкил дод.

   Ҳоло  1818 нафар ҳомиладорон буда аз онҳо 1421/78,1%  бо камхуни, ҷоғар 204/11,2% ,бемориҳои вариди 25/1,3% , НВС + 11/0,6% , бо бемориҳо роҳи пешоб 23/1,2% ва бо  анамнези асорати акушери 118/6,4%  дар қайд  буда 59.0 фоизи ҳомиладорон таҳти назорати духтурони оилавӣ мебошад.  Дар давоми сол ба   9105 (9775) нафар занон маводҳои зидди ҳамл гузаронида шуд, ки ин баробари  17,2%(с 2015 -18,0%) мебошад. Фарогирии занону синну соли репродуктивӣ бо воситаҳои контрасептивӣ 16704/31,5 фоиз (с.2015 -16766/31,0 фоиз) (стратегия 25 %, ). Шумораи  умумии зоиш дар соли 2016  4368 аз он ҷумла, зоиш дар муассисаҳои тиббии вилоят 121 нафар дар муассисаҳои тибби шаҳру деҳот 4247 , нисбати соли 2015 (дар соли 2015-4753) зоиш ба 385 нафар кам мебошад. Хизматрасони дояви статсионари баробари  4237/99,8% (4749-99,9%). зоиш дар хона  10/0,2% (4/0,08%)- ро ташкил дод. Кӯдакони зинда таваллудшуда  4230(4735н) аз он ҷумла кӯдакони расида 4129(4521) ва кӯдакони чала 101/2,3%(132/2,7%) , аз он ҷумла бо вазни аз 500-999 гр  7/0,1%  (6/0,1%). Ҳиссаи кӯдаконе, ки беш аз 2500 кам таваллуд шудаанд 197/4,6 % (с.2015-214/4,5%), стратегия 6 фоиз.   Фавти кӯдакони синни то 14 сола 97 (98) нафар ва фавти кӯдакони синни то 1 сола 68 (67) нафар. Нишондоди фавти кӯдакон 15,6 (2015-14,1) промилеро ташкил медиҳад (вилоят 16,0пром). Аз кӯдакони фавтида 63,2% бо вазни кам таваллуд шудаанд. Дар ҷои аввал фавти кӯдакони аз 0 то 6 руза –34 (31) ҳодиса -50,7% (46,2%) , дар ҷои дуюм аз  6-моҳа то 12 моҳа 10/14,7%,дар ҷои сеюм аз 1-моҳа то 3-моҳа 9/13,2% . Аз рӯи  ҷои фавт: дар таваллудхона 33/48,5%(соли 2015-28/41,8%), дар беморхона 20/29,4% (соли 2015-27/40,3%) ва  дар хона 15/22,0%(соли 2015-12/17,9%) –ро ташкил дод. Сабабҳои фавти кӯдакони синни то 1-сола ин паст будани индекси солимии занҳои синни зоиш, паст будани маърифатнокии аҳолӣ оид ба нигоҳубини давраи кӯдакӣ ва нишонаҳои хатарнокии беморӣ.

                              Хизматрасонии бистарикунонӣ

Дар муассисаҳои сохтори госпиталии шаҳру деҳот 1160 нафар (1136н), аз онҳо 287 н ё ин , ки 24,7фоиз дар рухсатии нигоҳубини кӯдак буда дар айни ҳол 873 нафар фаъолият карда истодаанд. Шумораи духтурон 95н (100н) аз онҳо мутахассисони ҷавон 7н, собиқаи кори аз 5-сол кам 4нафар. Ҳамширагони тиб 691н (666н) , мутахассиси ҷавон 88н ,собиқаи кори аз 5 сол кам 41нафар. Дар давоми сол ба кор қабул карда шуд 197нафар аз онҳо 9н духтурон аз он ҷумла мутахассисони ҷавон 3 нафар ва ҳамширагони тиб 105нафар аз он ҷумла мутахассисони ҷавон 54 нафар. Дараҷанокии духтурони сохтори госпиталӣ 61н/72,6фоиз ва дараҷанокии кормандони миёнаи тиб 182н/60,2фоиз-ро ташкил медиҳад.Табобати статсионарӣ аз тарафи 1 беморхонаи марказии шаҳрӣ ки дорои 483  кати табобатӣ бо 14 шӯъбаҳо, 4 беморхонаҳои рақамӣ, беморхонаи бачагона, маркази пӯсту таносул, маркази бемориҳои зидди сил,маркази равоншиносӣ ҷамъ 877 кат  расонида мешавад. Таъминнокии кат ба аҳолӣ 43,0 -ро ташкил дод. Дар давоми соли 2016  21108 нафар беморон бистари шуда, 20946 нафар мураххас шуданд, аз он ҷумла дар шаҳр 17489 нафар, дар деҳотҷойҳо 3619нафар бистари шудаанд. Иҷроиши нақшаи кат рӯзҳо – 88,7%  аз он ҷумла дар шаҳр 87,6%  ва дар деҳот 94,1%. Кори кат 286,5, гардиши катҳо 23,9 ва ҳисоби миёнаи катрӯзҳо 10,8 –ро ташкил мекунад. БМН дорои 483 (486)  кат буда, дар ин давра 13158 бистари шуда,13062 нафар бемор табобати статсионари гирифтаанд. Иҷроиши нақшаи кат рӯзҳо дар БМН 85,1фоиз, муддати миёнаи табобати  бемор дар кат- 9,3 рӯз ва фавтноки-0,4% -ро ташкил дод. Дар шуъбаҳои сохтори госпиталӣ –76 нафар бемор фавтидаанд, аз онҳо 58 нафар дар шӯъбаҳои БМН, 18-нафар дар беморхонаи бачагона. Ҳамаи ҳодисаи беморони фавтида дар машварати комиссияи марганҷомии БМН баррасӣ гардидааст. Мутахассисони шӯъбаи эҳъё ба 53 нафар шахсони ба ҷони худ сӯиқасдкарда ёрии фаврӣ расониданд, аз онҳо зан 47н, мард -6н аз он ҷумла ноболиғон 2 нафар. Аз ҳисоби умуми бо дорувори 33 нафар, бо сирко- 16 нафар ва худовезӣ 4 нафар. Таҳти назорати назорати духтурони равоншинос 2 нафар буданд. Фавт ба қайд гирифта нашудааст. Аз тарафи духтурони руҳшинос бо ҳамаи бистаришудагон машварат гузаронида шудааст. Аз тарафи шуъбаи патологоанатомии БМН дар давоми сол кушодани ҷасади фавтидагон -57 ( аз он ҷумла, 47 нафар беморхона, 10 нафар амбулаторӣ, аз онҳо  0-6 рӯза 17 нафар. Кушодани ҷасади кӯдакони мурдатаваллуд 19 ҳодиса. Аз тарафи патологоанатом  маводҳои пас аз ҷарроҳӣ аз 304 нафар 1216  биопсия ва аз 55н майит 238 намуд  маводҳо тадқиқот карда шуд.

Айни замон 10 шӯъбаҳои БМН ва ҳуҷраҳои ёрирасон(БМН,БМ),беморхонаи бачагона дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   №600 фаъолият мекунанд.Мувофиќи маълумотҳои   пешниҳодшуда дар соли 2016 наќшаи  маблағҳои махсуси БМН аз ҳисоби хизматрасониҳои музднок  2666077 сомони буда,  воридоти он  2666077 сомони  101,1% ташкил медиҳад , беморхонаи бачагона 92275 сомонӣ  воридот 93100 сомонӣ иҷроиш нисбати нақша 100,9 фоиз-ро ташкил дод.

 

Номгўи шӯъбаҳо

Нақша

Иҷроиш

% иҷроиш

2016

2015

1

Сохтори госпиталӣ

2666077

2668600

100.0

100,3

 

-шӯъбаи амрози занона

180000

136763

76.0

82,2

 

-шӯъбаи амрози чашм

143000

125881

88.0

107,1

 

-шӯъбаи бемориҳои асаб

201000

175446

87.2

100,4

 

-шӯъбаи бемориҳои дил

220000

221665

100

105,3

 

-шӯъбаи бемориҳои даруни

225000

215128

95.6

97,2

 

-шӯъбаи ГГБ

269000

272076

101.1

108,6

 

-шӯъбаи ҷарроҳии калонсолон

230000

226442

98.5

81,1

 

-шӯъбаи ҷарроҳии кӯдакона

120000

107969

90.0

 

 

-шӯъбаи осебшиносӣ

150000

171165

114.1

 

 

-шӯъбаи идроршиносӣ

140000

161867

115.4

 

 

-таҳлилгоҳи БМН

240000

254997

106.2

107,0

 

-таҳлилгоҳи ИФА

170000

173580

102.1

100,1

 

-таҳлилгоҳи МБПТ

140000

136870

97,8

102,5

 

-ҳуҷраҳои ёрирасон

238077

255268

107,2

108,2

2

Беморхонаи бачагона

92275

93100

100,9

 

Дар давоми сол дар ин шӯъбаҳо 1262 нафар, ё ин ки 18,3% беморон ройгон табобат гирифтаанд, аз он ҷумла маъюбон 515н/7,4%, Иштирокдорони ҶБВ ва ба онҳо баробар имтиёз 48н/0,7%., комиссариати ҳарбӣ 259/3,7%, камбизоат 176/2,5% шахсони кӯҳансол 72/1,0%.                                                    

                                                   Ёрии таъҷилӣ

 Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони Қароргоҳи ёрии таъҷилӣ хамагӣ 23195  (22941- соли 2015)  даъват ба амал омада шуд, ки ба 1 руз 63,5  (2015- 62,8) даъват рост меояд. Даъватҳо рӯзона 10451/45,0%, шабона 12744/54,9%. Даъватҳои рӯзона дар соатҳои кори муассисаҳои кӯмаки аввалияи тибию санитарӣ бояд мувофиқи стратегия бо миқдори  20 % бошад, барои ба ин нишондод баробар шудан , бояд кормандони КАТС чораҳои амалӣ андешанд.

                                          Хизматрасонӣ дар КАТС

Дар шаҳру деҳоти Конибодом ба аҳолӣ кӯмаки аввалияи тиббӣ аз тарафи 2  Маркази саломатии шаҳри ки имконияти қабули 740  нафаррро дар як баст дорад, 16 марказҳои саломатӣ деҳот, 18 хонаҳои саломатӣ хизмат мерасонад.

 Дар КАТС шумораи умумии кормандони тиб  1114 аз онҳо духтурон 183  нафар,   аз он ҷумла духтурони оилавӣ 78 н ва шумораи кормандони миёнаи тиб  785 нафар. Дараҷанокии  духтурони сохтори КАТС 62,7%, кормандони миёнаи тиб 33,5%-ро ташкил медиҳад.

    Яке аз нишондиҳандаҳои асосии муассисаҳои КАТС ин ташрифот ва аёдати беморон, соимгардонии онҳо мебошад Тибқи талаботи стратегияи солимии аҳолии Ҷуҳурии Тоҷикистон дар давоми сол ҳар як шаҳрванд аз тарафи кормандони тибб 6-маротиба  дар вақти ташриф ё аёдат, аз муоинаи тибби гузаронида шавад. Дар соли 2016  шумораи умумии ташрифот ба мутахасисони МС 729239 (соли 2015-708853) нисбати соли 2015 ба 2,9% зиёд қабул шудааст, аз он ҷумла ташрифот ба хона 154472 (соли 2015-141601) маротиба ва нисбати соли 2015  ба 9,1% зиёд шудааст. Сарбори дар қабул  12,1 ( соли 2015-12,0: меъёр 12-15). Сарбори умумӣ ба хона 3,7 (меъёр 6,0) ташкил медиҳад.

     Дар таҳти назорати диспансерӣ айни ҳол 18178 нафар беморон, он ҷумла бо бемориҳои ғайрисироятӣ  17845  нафар дар қайд мебошанд.Самаранокии диспансери 68,0фоизро ташкил мекунад. Дар давоми сол  4830 нафар беморони ғайрисироятӣ  ба қайди диспасери гирифта шуда, 4290 нафар  аз қайд бароварда шуд, аз он ҷумла бо сиҳати 3685 /86,0%. Беморшавии умумии   андар 100000 аҳолӣ 290,7-ро ташкил медиҳад.

Аз рӯи таҳлил маълум шуд, ки таркиби беморон дар ҷои аввал бо камхуни 27,7% , фишорбаландии шараёни 9,5%, бемориҳои эндокринӣ  6,0%, бемории ишемияии дил 4,7% .

Хизматрасонии тибби ба иштирокчиён, маъюбони ҶБВ ва ба онҳо баробаримтиёз.

         Иштирокчиён, маъюбони ҶБВ ва ба онҳо баробаримтиёз дар назорати доимии табибони оилавӣ қарор дорад.Шумораи иштирокчиёни ҶБВ 5н, маюбони ҶБВ 2н, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон 278н  иштирокчиёни садамаи Чернобил 55н , иштирокчиёни сохти Конститутсиони 16н  оилаи сарубон дар ҶБВ фавтида 1 нафар, ветеранҳои оқибгоҳ 16 нафаранд.Аз рӯи нақшаи таҳия шуда моҳи апрел муоинаи тиббии иштирокчиён, маюбони ҶБВ ва шахсони ба онҳо  баробар имтиёз гузаронида шуд. Иштирокчиён ва маюбони ҶБВ 100% аз  муоинаи тиббӣ гузаштанд. Аз гурӯҳи имтиёзнок 48 нафар табобати стасионарӣ, 10 нафар табобати осоишгоҳӣ, як нафар бо айнаки коррексионӣ ва  як нафар ба аппарати шунавоӣ таъмин карда шуд.         Дар айни ҳол 3178 (3193)  нафар маюбон дар қайд мебошанд. Аз он ҷумла калонсолон 2812 (2845)ва кӯдакон 366(348) нафар. Дар соли 2016   ҳуҷҷатҳои беморони бори нахуст буда 230 н (245) н  беморон ба хадамоти давлатии тибби ташхисӣ ноҳиявӣ  пешниҳод карда шуд, аз он 177 нафар калонсолон, 53 нафар кудакон.  Ба 227 (239) нафарашон гурӯҳи маюби бори аввал муайян карда шуд .Аз  комиссияи ХДТТН ба 3 (3) нафар давом додани табобат,ба 78 (200) нафар боздоштани гурӯҳи маюбӣ, 41 (61) нафар беморон ба гурӯҳи вазнин ва 46(69) нафар ба гурӯҳи сабук гузаронида шуда. Ба 11 (5) нафар маюбон ба аробачаи маюби ва ба 1 (3) нафар гузаронидани протез тавсия дода шуд. Дар ҷамоати Патар санаи 15.04.2016с ва санаи 24.06.2016с дар ҷамоати Ҳамробоев  “Корвони саломатӣ” гузаронида шуд ,дар ин чорабини ҳамаи сармутахассисон ширкат варзида   ба 996 нафар шаҳрвандон ройгон муоинаи тибби гузаронида шуд. Баҳри иҷроиши қарори Раиси вилоят аз тарафи ҶДММ «Луқмони Ҳаким» санаи 23.09.2016 дар МСШ №1 «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд. Дар он ба 229 нафар ЭЭГ, 169 нафар РЭГ, 108 нафар маммография, 132 нафар рентгенӣ рақами ройгон гузаронида шуд.

Дар муассисаҳои тиббии шаҳр зиёда аз 20 барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ амал мекунад ва рафти иҷроиши ҳамаи барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ дар шӯрои тиббии шаҳр, дар Шӯрои ҳамоҳангсозии  дар МИҲД дар давоми сол дида баромада шудаааст. 

 

Дар бораи рафтииҷроши нақшаи «Стратегияи милли ҳимояи

аҳоли аз бемории сил барои солҳои 2015-2020»

дар  соли 2016

 

Барномаи мазкур наќшаи шашсола (2015-2020) оид ба назорати бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати нави стратегиро бо назардошти чораҳои мукаммал оид ба пешгирӣ, ташхис, табобат, беҳтар намудани захираҳои кадрӣ, идоракунӣ, буҷети инвеститсионӣ ва хароҷоти рўзмараро, дар асоси меъёрҳои байналмиллалӣ дар бар мегирад.

Шумораи беморони сил 331 (262) нафар буда, аз онҳо калонсолон 293 (230), наврасон 4(2), кӯдакон 34 (30) нафар мебошад. Дар давоми соли 2016 92бемор (соли 2015-103 бемор) ба қайд гирифта шуд, аз онҳо 15 (7н) нафарашон кӯдакон мебошанд. Коэффитсиенти паҳншавии бемории сил баробари 45,7 (соли 2015-52,1) ба 100 000 аҳоли мебошад.  Нишондиҳандаи беморшавӣ аввали андар 100 000 аҳолӣ  45,7(52,1) буда, дар шаҳр 30 (27) нафар – 56,5 (50,6),  деҳот 62(76) нафар – 42,1(52,7) андар 100 000 аҳолӣ. Беморшави нисбати ноҳия зиёд дар миқёси шаҳр 56,5, ҷамоати Лоҳути 53,2  ва ҷамоати Ҳамробоев 51,5 андар 100 000 аҳолӣ.

Аз беморони дарёфтшуда 36(44) нафарашон Микобактерияи сил (МБС)+ё, ки 57(53,6)% ва коэффисенти ҳодисаҳои нави шакли хориҷкунандаи сил (МС+) 57,0-ро ташкил дод. Вайроншавии бо бофтаҳои шуш  47 (45) нафар ё ки 43,6% (соли 2015-51,0%). Аз беморони дарёфтшуда  37/40,2% (соли 2015-40/38,8%) нафар муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.Бо вайроншавии бофтаҳои шуш зиёд дар МСД Ортиқов, МСД Ҳамробоев, Шӯрқӯрғон, Шаитқараянтоқ,Қуруқ ба қайд гирифта шудааст. Беморшавии умумии сили шадид 235/116,9(соли 2015-171/114,0) нафар ва коэффисенти фавт аз бемории сил 5/2,4(соли 2015-4/2,0) андар 100 000 аҳолӣ-ро ташкил медиҳад.(3 нафар бемор аз дигар беморӣ фавтиданд). Коэффитсиенти табобати бомувоффақияти ҳодисаҳои нави шакли хориҷкунандаи сил (МС+) 91,9% (соли 2015-85,1%).

 

Муоинаи флюрографӣ

Муоинаи рентгенографи

Санҷиши Манту

ДОТС-таҳлили балғам

Ҷен-Эксперт

2016

2015

2016

2015

2016

2015

2016

2015

2016

2015

Ҳамаги

16197

17476

345

678

475

468

1800

1989

1676

1667

иҷро

135,0%

154,1%

 

 

 

 

 

 

Мусбӣ70нафар ва 13 н сили мутобиқ

Мусбӣ 85н ва сили мутобиқ 19нафар

Гурӯҳи контролӣ

243

218

 

 

 

 

 

 

Дарёфт шуд

49н

41н

7

19

12

2

43

85

Дар тамосбудагон

530

832

 

 

 

 

 

 

иҷроиш

99,6%

99,7%

 

 

 

 

 

 

Бемор дарёфт шуд

 

 

 

 

 

 

Гурӯҳи хавф

2280

2380

 

 

 

 

 

 

иҷро

76%

79,3%

 

 

 

 

 

 

Бемор дарёфт шуд

14н

 

 

 

 

 

 

 

Дар асоси барномаи ДОТС ҳамагӣ 107 (112) нафар бемор муоилиҷа гирифта истодааст аз онҳо : категория I– 88, категория II -13, категория IV-7.  Дар бораи рафти иҷрои Стратегияи миллӣ ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил  дар соли 2016  4 маротиба шӯрои ҳамоҳангсозӣ, дар БМН 7 маротиба шӯрои кардинатсионӣ гузаронида шуд.     

Аз 1.03.2016с то 1.04.2016с моҳонаи мубориза бар зиддибемори сил як қатор чорабиноҳо якҷоя бо раёсати маориф гузаронида шуд. Дар ҷамоати Лоҳути деҳаиСанҷидзор, ҷамоати Ҳамробоев деҳаи Даштқароянтоқ, ҷамоатиПӯлодон деҳа Янги-Равот чорабини оиди дарёфти бемории сил  дар байни занҳои деҳа бодастгирии лоиҳаи USAID гузаронида шуд. Ҳамаги 362 нафар занҳо аз санҷиш гузаронида  шуд. Дар байни онҳо 38 нафар бо дарёфтшудаанд, таҳлилибалғам 3 карата гирифташуда, дар натиҷа 1 н бемор ба назорат гирифта шуд.

      Бо қарори Раиси шаҳр кумитаи маҳаллии тандурустӣ дар 4 ҷамоат ташкил карда шудааст. Дар давоми 12 моҳи соли 2016 503маротиба  вохӯрӣ гузаронида шуда, 490 адад маводҳои иттилооти тақсим карда шуд, ва 65нафар ба бемории силишубҳанок  ба МСШ фиристодашуд. Дар натиҷа10 нафар бемории сил дарёфт карда шуд. Ба 57 нафар бемороне, ки дар таҳти назорат  буда, аз тарафи МИҲД кӯмаки унвони иҷтимоӣ,яъне ҳар семоҳа 100 сомонӣ дода мешавад.

        Аз тарафи ташкилоти лоиҳаи ХОУП  ва ЮСАИД барои бемороне, ки бо барномаи ДОТС ва ДОТС + табобат мегиранд, кӯмаки моддӣ расонида мешавад.  Аз ҷониби иттиҳодияи динӣ ба 23 нафар беморони сил ёрии моддӣ расонида шуд.

       Оиди иҷроиши «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 ва фаъолияти Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ

Баҳри иҷроиши "Нақшаи миллии стратегӣ оид ба барномаи муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масъунияти одам ва  бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи   солҳои 2015 – 2017 як қатор чорабиниҳо амалӣ гардиданд.

       Бо қарори Раиси шаҳр Маркази пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемори БПНМ (СПИД) аз 01.03.2016сол  ташкил карда шуд.Марказ бо мақсади татбиқи «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вирусии норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017»равона карда шудааст.Марказ бо воҳидҳои кори  ва таҷҳизотҳои зарури таъмин карда шудааст.

       Шумораи беморон 128н (с 2015-94н) буда, аз онҳо 75 нафар мард ва 53 нафар зан ва кӯдакони синни то 14 сола 7 нафар, ҳомиладорон 4нафар (3-нафарашон таваллуд карданд,1-нафар дар таҳти назорат) мебошанд. Дар давоми соли 2016 -31 (с 2015-34н) нафар ба қайд гирифта шуд, аз нав ба қайд гирифташудагон  мардҳо 17 нафар , занҳо 14 нафарро ташкил медиҳанд. Кӯдакони то синни 14 сола 7 нафар буда ,  аз онҳо 2 нафар писарча, 5 нафар- духтарҷа. Аз ҳисоби занони синни зоиш 32 нафар. Миќдори сироятёфтагони ВНМО мувофиқи ҷои зист:

 №

Номгӯи муассисаҳои тиббӣ

Ҳамагӣ

Мардон

Занон

1.

МСШ №1

37

23

14

2.

Ҷ.Лоҳути

12

6

6

3.

Ҷ.Шарипов

8

5

3

4.

Ҷ.Ҳамробоев

17

10

7

5.

Ҷ.Ортиқов

19

10

9

6.

Ҷ.Пӯлотон

19

12

7

7.

Ҷ.Патар

9

6

3

8.

      Ҷамъ

128

75

53

 

Синну соли мубталоёни ВНМО: синни то 14 сола 7/5,4%, аз 19сола то 40сола -81/63,2%,аз 40сола боло 40/31,2% .

         Оиди чорабиниҳои пешгирикунандаи муқовимат бо эпидемияи ВНМО ва БПНМ (бемории пайдоиши норасогии масуният)  дар марказҳои саломати ва шӯъбаҳои таваллуди  аз ҳисоби  мутахассисони омӯзонидашуда шахсони масъул таъин карда шудааст. Дар ҳамаи шӯъбаҳои сохтори госпиталӣ ва КАТС дар ҳар як ҷои корӣ  дастурҳои методӣ ва доруқуттӣ бо маводҳо барои пешгирии пас аз тамос барои расондани ёрии аввалин ташкил карда шудааст.  Инчунин оиди меъёрҳои эҳтиёткорие, ки барои кормандони тиб пешбинӣ шудаанд омӯзиш гузаронида шуд. Дар шӯъбаи таваллуди барои гузаронидани АРВ  дорувори барои пешгирии гузариш ВНМО аз модар ба кӯдак ва дастраси шабонарӯзи ба тестҳои таъҷили ВНМО  ба роҳ монда шудааст. Муолиҷаи занони ҳомила, ки гирифтори ВНМО мебошанд, АРТ профилактика  мувофиқи протоколҳои клиники гузаронида мешавад. Дар ин сол 3 нафар ҳомиладори мубталоёи ВНМО дар шӯъбаи таваллудкунии БМН бо роҳи табии таваллуд кардаанд ва ҳоло табобат мегиранд. Бо мақсади ҷалб намудани намояндагони гурӯҳҳои дорои хатари баланд ва осебпазир дар байни занон ва занони  ҳомилае, ки ба муассисисаҳои табобатию пешгири муроҷиат менамоянд, барои дукарата фаро гирифтани онҳо бо ташхиси ВНМО аз рӯи ҷадвали арзёби таъмин карда мешавад. Дар соли 2016  аз ҷониби корманди ҳуҷраи анонимии Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ 1874- нафар муроҷиаткунандагон аз ташхис ба ВНМО бо усули  тести оҷилӣ гузаронида шудаанд (дар ин давраи соли 2015 ба ҳуҷраи анонимӣ 2895- нафар) муроҷиат  кардаанд.Аз ҳисоби умумии мубталоёни ВНМО 79-нафар беморон муолиҷаи ретровирусӣ аз он ҷумла 22 нафар аз ҳисоби нав ба таҳти назорат гирифтагон.

Ба марказ аз тарафи лоиҳаи миллии дастгирии «Мусоидат-ICАР»(айкап) дар ҶТ Маркази ҷумҳуриявии пешгири ва мубориза бо БПНМ 2 адад комютер, 1 адад принтер, 2 адад ИБП (УПС) , компютерҳо бо интернет пайваст карда шуда маълумотҳои беморн саривақт ба силсилаи «Пайравӣ электронӣ» ворид карда мешавад. Аз ҳисоби умумии мубталоёни ВНМО 30 нафар фавтиданд аз он ҷумла 8 нафар дар соли ҷорӣ. Роҳҳои гузариш дар 31 бемори дарёфтшуда бо  алоқаи ҷинсӣ 87,2%, роҳи хун 1/3,2%, аз модар ба кӯдак 1/3,2% , ҳоло муайян нашудааст 2/6,4% мебошад.

   Таҳлили хун ба БПМН бо усули ТИФ 5397 (4178) 3547 нафар занҳо 1850 нафар мардҳо, аз он ҷумла серо-позитиви 39 адад, ва бо роҳи таъҷили (экспресс) 4517 (2895) таҳлил гузаронида шуд, ки мардҳо 993 ва занҳо 3524 мебошанд.

Рафти иҷроиши

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 676 аз 03.12.2012  ва қарори Раиси вилояти Суғд № 41 аз 18.02.213 «Дар бораи Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ барои солҳои 2013-2023»

                Мақсади асосии барномаи мазкур ба кам кардани сатҳи бемориҳои ғайрисироятӣ, пешгири аз осеб, паст кардани сатҳи маюбшави ва фавт аз бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ мебошад. Барои пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ,нисбати дарёфт,  бақайдгири, бартараф кардани омилҳои хатар дар мисоли фарбеҳӣ, тамокукашӣ, носкашӣ, нашъамандӣ, фишорбаландии шараёнӣ, истеъмоли ғизои солим, тарзи ҳаёти солим ва камҳаракати (гиподинамия) аз тарафи роҳбарони барномаҳо ва кормандони тиб чораҳои пешгирикунанда ,  корҳои тарғиботию равшаннамоӣ пурзӯр карда шудааст. Оиди иҷроиши ин барнома як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст. Аз тарафи роҳбарони барнома нақша чорабиниҳо таҳия шуда , дар шӯрои тиббӣ рафти иҷроиши ҳамаи барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ баррасӣ гардида барои беҳтар намудани фаъолияти кормандони тиб чораҳои мушаххас андешида шуд.

    Дар давоми соли ҷорӣ  дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оиди пешгирии бемории диабети қанд, ташаккули тарзи ҳаёти солим, бемории саратон, ВНМО,БПНМ ,пешгирии бемории сил, нашъамандӣ ва барномаи «Соли 2016-соли фарди солим» .солимии репродуктивӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ гузаронида шуд. Ҳамкории духтурони амрози бемориҳои дил, ғадудшинос, маркази ташакули тарзи ҳаёти солим ва духтурони оилавӣ зич гардида, машваратҳои омӯзиши оиди пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ гузаронида шуд. Инчунин бо якҷоягии Маркази ташаккули тарзи  ҳаёти солим оиди пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ баромад дар оилаи нилгун, мизи мудаввар,  мақола дар маҷҷалаи маҳаллӣ бароварда шуд.

      Барои бардоштани сифати чорабиниҳои пешгирикунанда дар байни аҳолӣ дар  сохторҳои  госпиталӣ, КАТС бо ҳамкории зич байни корхонаҳо ва муассисаҳои сохтори давлатӣ, хоҷагиҳои деҳқони барои паст кардан ва пешгирӣ намудани таъсири омилҳои осеббардори чорабиниҳо амалӣ гардонида шуд. Ҳамкории кормандони тиб бо кормандони   БДА-и   зич мебошад. Табибони  шӯъбаи осебшиносӣ ва шӯъбаи эъҳё ба ҳайати шахсии ШКД-и шаҳри Конибодом  машғулияти семинарӣ оиди расонидани ёрии тиббии таъҷили  дар  ҳолатҳои садамаи рухдода ва тарзи бистарикунонӣ осебдидагон гузаронида шуд.

        Дар БМН барои расонидани кӯмак барои ташхисгузаронӣ утоқи рентгенӣ шабонарӯз фаъолият мекунад.Бо осебдидагон ёрии осебшиносӣ дар нуқтаи осебшиносии БМН, утоқи осебшиносии МСШ № 1 ва дар утоқи осебшиносии МСШ № 2 ва ёрии тиббии статсионарӣ дар шӯъбаи осебшиносӣ, ки дорои 30 кат мебошад, расонида мешавад. Ба нуқтаи осебшиносии БМН  дар давоми сол 9801(соли 2015-11057) нафар муроҷиат карданд, аз онҳо  бори аввал 4140 нафар,кӯдакон 1795 нафар ва калонсолон 2345нафар мебошанд. Аз ҳисоби муроҷиаткардагон ба шӯъбаи осебшиносӣ бистари карда шуд 585 (соли 2015-620) нафар ва ба 3555 нафар муолиҷаи амбулатори гузаронида шуд. Ба шӯъбаи осебшиноси 827(соли 2015-1072)нафар  бемор бистари карда шуда , ба 121(150) нафар амалиёти ҷарроҳи гузаронида шудааст. Дар таҳти назорат духтурони осебшинос 310 нафар беморон бо ташхиси оқибати осеб дар қайд мебошанд. Сатҳи фавт аз захмбардорӣ 11/5,3 ба 100000 аҳолӣ ва сатҳи маюби вобаста аз захмбардорӣ 184/15,8фоиз - ро ташкил медиҳад.

    Оиди рафти иҷроиши қарори ҶумҳурииТоҷикистоназ 03.04.2012 стаҳти № 130, Раиси вилоятиСуғд 06.08.2012с 192 «Барномаи миллии пешгирии ташхис ва муолиҷаи диабети қанд» дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2012-2017

   Ҳамаги 905 (873)  нафар беморони диабети қанд таҳти назорат мебошанд, ки аз онҳо 882 (853) нафар калонсолон, 10 (7) нафар наврасон ва 13 (13) нафар кӯдакони то синни 14 сола, аз ин ҳисоб беморони ба инсулинвобаста70 (67) нафарро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб мардҳо -344нафар, занҳо -538 нафар. Дар давоми сол 79 (138) нафар беморон бори аввал ба қайд гирифташудаанд, нишондиҳандаи беморшавии умумӣ андар 100000 нафар аҳоли 450,3нафар (431,9н), нишондиҳандаи беморшавии бори аввалан андар 100 ҳазор аҳоли39,3 (69,8) нафарро ташкил медиҳад. Гузаронидани скрининги ретинопатияҳо, ошкорсозии нефропатияҳо давом дорад. Регистри ягонаи беморони диабети қанд ҷорӣ карда шудааст. Омӯзиши беморон дар мактабҳои диабети қанд давом дорад, ҳамаги 177 (соли -184)нафар беморон мувофиқи нақша омӯзонида шудаанд.    Барои сари вақт дарёфт намудани бемории диабети қанд дар асоси Барнома дар таҳлилгоҳҳо ба ҳамаи беморони бистари шудаи аз 40 сола боло таҳлили қанд дар хун гузаронида мешавад. Дар соли 2016 -4490 таҳлил гузаронида шудааст.

Асоратҳои диабети қанд: ангиопатия-389нафар, Полинейропатия–285 нафар, нефропатия -73нафар, пои диабети 8нафар аз он ҷумла ампутатсия-1 нафар, сактаи дил – 18нафар, инсулт -10нафар, аломати Мориак -6 нафар, ретинопатия – 296нафар ,кетоатсидоз – 7нафар, иғмоиги погликемики -4нафар. Аз Лоиҳаи Ҳаёт барои кӯдакон 280 флакон инсулин ба маблағи 107002 сомони дастрас карда шуд, ки қисман талаботи беморонро таъмин менамояд.

 Инчунин аз буҷаи маҳаллӣ бо маблағи 600 сомонӣ дорувории қандпасткунанда ба беморони мӯҳтоҷ ройгон дода шуд.

Ҳамаги ба 80 нафар беморон бо диабети қанд гурӯҳи маъюби муайян гардидааст, аз он ҷумла гурӯҳи 1-2нафар, гурӯҳи 2-52нафар, гурӯҳи 3-26нафар.

Дар соли 2016 ба 6нафар беморони диабети қанд гурӯҳи гирифтаанд:   гурӯҳиII-1нафар, гурӯҳи II-3нафар гурӯҳиIII-2

Оиди  иҷроиши «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил»

Чорабиниҳои асосӣ дар соли равон барои паст намудани суръати афзоиши беморшави, фавт ва маъюбшави бо чунин корҳо амалӣ гардид: бурдани муоина ва муолиҷа аз рӯи  протоколи клиники, беҳтар намудани назорати диспансери, хубтар ба роҳ мондани алоқамандии  мутахассисони КАТС ва шӯъбаҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳоли, раҳои ёфтан аз омилхои хатар буд. Дар айни ҳол дар зери назорати  диспансери 827 (соли 2015-801) нафар бемор буда, нисбатан  соли 2015  ба 26 нафар бемор зиёд шудааст. ба қайди диспансери 79 (соли 2015-91 ) нафар бемор гирифта шуд. Сатҳи фавт аз бемории ишемияи дил  49-21,1 (с 2015-39/19,7 ба 100000 аҳолӣ) (стратегия 22,5 ба 100000 аҳолӣ). Дар давоми сол дар шӯъба 973-табобат гирифтаанд, ки аз онҳо  330-нафар бо БИД  ин, ки 34 фоизро ташкил медиҳад, аз он ҷумла бо сактаи шадиди миокард 85-бемор мебошад. Бемороне ки бо рагхои хунгарди дил ҷарроҳи гаштанд 44-нафар буда, нисбати соли гузашта ба 5-адад зиёд мебошад. Беморони гуруҳи маъюби дошта бо БИД 130-нафар буда, дар давоми сол ба 6-бемор гуруҳи маъюби дода шуд.

Оиди иҷроиши қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 31.10.2009с таҳти №587, қарори Раиси вилояти Суғд аз 31.12.2009 таҳти №332, қарори Раиси шаҳр аз 11.02.2010с №35 «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони саратон».

       Дар таҳти назорати диспансерӣ ҳамагӣ   525 (473) нафар дар қайд буда, дар 12 моҳаи соли 2016  -91 (2015-115)   нафар беморон ба қайд гирифта шудаанд.      Аз шумораи умуми  135 (63)  нафар бо сабаби фавт аз қайд бароварда шуд. Ҳоло 481 (525) нафар дар таҳти назорати саратоншинос ва духтурони тибби оилавӣ мебошанд. Беморони нав ба қайд гирифташуда ба маркази саратоншиноси вилояти Суғд фиристонида мешавад.

      Дар Маркази репродуктивии шаҳр ва муассисаҳои тибби дар давоми соли равон 33323 (36464) нафар занон аз муоинаи профилактики гузаштанд, ки баробари 34,1фоиз мебошад. Дар натиҷаи муоинаи колпоскопии   673 (550) нафар занон 3(соли 2015-2н) нафар бемор, аз флюрографияи қафаси сина 10 (9) нафар ба бемории саратони шуш ,аз муоинаи Онкомаркерҳо 7нафар бемор ва аз муоинаи даруннигорӣ 7нафар бемории саратон дарёфт шудаанд. Сатҳи дар марҳилаи ибтидои дарёфтшудаи беморон 64,8-ро ташкил медиҳад.

   Беморони ба дорувориҳои сахттаъсиркунанда мӯҳтоҷ бо дорувориҳо мунтазам таъмин шуда истодаанд ва ба маблағи 680 (3000) сомони дорувориҳо ройгон дастрас карда шуд.

                                               Рафти иҷроиши

 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №183 аз 30.04.2012 Қарори Раиси вилоят № 166 аз 17.07.2012 «Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии пешгирии паҳншавии вобастагии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар давраи солҳои 2013-2017»

   Хизматрасонии тиббӣ ба беморони нашъаманд ва пешгирии он дар асоси Барномаи пешгирии панҳшавии вобастагии нашъаманди ва такмили ёрии наркологии дар давраи то солҳои 2013-2017 расонида мешавад. Ҳоло 38 (соли 2015-37)нафар дар қайди диспансери мебошад, аз он ҷумла дар давоми сол 2 (соли 2015-2) нафар нав ба қайд гирифта шуд.  Фавт аз ин бемори ба қайд гирифта нашудааст. Ба ҳамаи ин беморон табобати профилактики гузаронида шуда 17 (соли 2015-14) нафар табобати статсионари  гирифтанд.  Аз рӯи синну сол  то 35 сола 1 нафар, аз 35сола то 44 сола 28 нафар ва аз 45 сола боло 9 нафар. Бо роҳи тазриқӣ 37 нафар, 1 нафар бо кашидани гашиш. Дар давоми соли 2016 дар ҳуҷраи анонимӣ  ба 302 нафар таҷзия барои дарёфти бемории оташак, хун ба НВС 302 н аз онҳо 7 нафар бо бемории гепатити «С» дарёфт шуд,  ва ба а 3- бемор бо ташхиси БНМО дарёфт шуд. Ба 147 (171) нафар беморон муоинаи флюрографи гузаронида шуд.

  Барои  пешгири ва саривақт дарёфт намудани бемории нашъаманди ва бемориҳои сирояти ҷинси корҳои маърифатию санитари алалхусус дар байни гурӯҳи «хавф» пурзӯр карда шуд. Оиди пешгирии бемори баромад дар телевизион 2 маротиба, радио -3 маротиба ва 2- мақола дар маҷаллаи маҳаллӣ чоп карда шуд. Инчунин ба аҳоли доир ба пешгирии бемории нашъаманди ВНМО ва дигар бемориҳои сирояти ҷинсӣ аз тарафи Фонди Глобалии СММ зиёда аз 7500  адад варақаҳо, буклетҳо тақсим карда шуд.

                                                Рафти иҷроиши

қарори Раиси вилояти Сугд аз 01.02.2013 №33, қарори Раиси шаҳр аз 19.03.2013. № 98 «Дар бораи татбиқи барномаи миллии пешгири, ташхис ва табобати узвҳои ҳозима барои солҳои 2012-2016»

Дар қайди диспансери бо бемориҳои узви ҳозима 1340(соли 2015-1882) нафар беморон буда,  аз онҳо бо бемории захми меъда ва рӯдаи 12- ангушта 318 нафар, гастродуоденити музмин 264 нафар, гепатити музмин 60 нафар, сиррози ҷигар 60 нафар, панкреатити музмин 72 нафар холесистити музмин 108 нафар ва бемории санги талхдон 127 нафар мебошанд. Дар ӯтоқи сироятшинос 288 (289н) нафар  беморон бо ташхиси хепатити музмини қарор доранд. Барои дарёфти антиҷисмҳои вируси гепатити В ва С таҳлилгоҳ фаъолият мекунад. Аз ҳисоби беморони узви ҳозима 59(соли 2015-58) нафар,аз он ҷумла бори аввал 8 нафар гурӯҳи маюбӣ доранд. Муоина ва муолиҷаи беморон дар асоси протоколҳои клиники бурда мешавад. Дар шӯъбаи амрози даруни 317/29,8%(соли 2015-340) беморони узви ҳозима табобати статсионарӣ гирифтанд.

                                     Оиди омодагии муассисаҳои тандурустӣ

                          ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017

Баҳри иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти   соли 2016 таҳти № 130, қарори Раиси вилоят аз 25 апрели  соли 2016 таҳти № 195 ва қарори Раиси шаҳр аз 29 апрели соли 2016 таҳти № 241, «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» ,аз рӯи нақшаи таҳия шуда корҳои назаррас ба итмом расонида шуд.

Дар ситоди таъсис ёфта, мунтазам гузориши сардухтурон, мудирони шӯъбаҳои сохтори госпиталӣ ва КАТС дар бораи омодагии муассисаҳои тандурустии шаҳр ба давраи тирамоҳу зимистон барраси мегардад. Талаботи муассисаҳои тиббӣ ба ангишт 215тонна, ҳезум 67,9м3, сӯзишвории генераторҳои барқи 105 литр, ҳоло 221/102,8% тонна ангишт, 67,9м3 ҳезум захира карда шуд. Дар муассисаҳои тиббӣ 134 адад печҳои бухорӣ ва 198 адад печҳои барқи, генераторҳои барқӣ 11адад мавҷуд ва омодаи кор мебошад. Ҳамаи муассисаҳои бистарикунонӣ ва 7-МС бо барқи озод таъмин мебошанд.  Ҳамаи муасссисаҳои тандурусти бо лампаҳои каммасраф таъмин карда шудаанд. Омодагии муассисаҳои тандурустии шаҳру деҳот аз тарафи намояндагони МИҲД вилоят ва шаҳрдида баромада шуда , бо воситаи оинаи нилгун намоиш дода шудааст.

               №

Муассисаҳои тиббӣ

ангишт

ҳезум

нақша

захира

нақша

захира

1

БМН

108т

114

10м3

10м3

2

БМ № 1

3

3

3

БМ № 2

3

3

4

БМ № 3

3

3

5

БМ № 4

1,3м3

1,3м3

6

Беморхонаи бачагона

3

3

7

Маркази равоншиноси

10т

10т

1,8м3

1,8м3

8

ММБЗБС

1,3м3

1,3м3

9

ҚЁТТ

0,5м

0,5

10

КАТС

65т

65т

43м3

43м3

11

Ҳамаги

215т

221т

67,9м3

67,9м3

                                     Қабули шаҳрвандон

Дар давоми соли  2016  ба менеҷерони соҳаи тандурусти  414 нафар, аз он ҷумла менеҷери сохтори госпиталӣ 134 нафар , ба менеҷери сохтори КАТС 280нафар шаҳрвандонро қабул намуданд .Аз онҳо 217нафар  муроҷиати шифои ва 219 нафар бо тариқи хатти. Шаҳрвандон барои расонидани кӯмаки модди барои гузаронидани муолиҷа ва ташхисҳо бо тариқи ройгон муроҷиат намуданд ки ин масъалаҳо дар ҷояш ҳал карда шудааст.  Тибқи дастуру супоришҳои ВТ ҶТ ва РТВ дар ҳамаи муассисаҳои тиббии ноҳия стандартҳо ва протоколҳои миллӣ дастрас шудааст, дар асоси онҳо протоколҳои маҳаллӣ ташил карда шуда, муолиҷаи беморон дар асоси протоколҳо бурда мешавад.          

Дар давоми  сол 11 маротиба Шӯрои тибби бо дарбаргирии 40 масъала барраси гардид.

                    Ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи тиб.

Баҳри ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи тандурусти дар ҳамкори бо кумитаи иттифоқи касаба ба 3 нафар қитъаи замин барои сохтумони манзил дода шуд. Баҳри  барқарор намудани саломатӣ 11-роҳхат ба урдугоҳҳои тобистонӣ барои кӯдакон ба маблағи 3300 сомонӣ, ба 30 нафар кормандон роҳхатҳо ба осоишгоҳҳо ба маблағи 41445 сомонӣ,  ёрии моддӣ ба маблағи 3200 сомонӣ, ҳавасманд-гардонии фаъолон ба маблағи 2900 сомонӣ, аёдати собиқадорони меҳнат, чорбиниҳои оммавӣ фарҳанги «Андалеб -2016»,  иди Модар, иди Наврӯз ва баҳри иҷроиши қарори Раиси вилояти Суғд №553 аз 23.12.2015 Барномаи «Соли 2016 – соли фарди солим» барои гузаронидани чорабиниҳои варзиши ба маблағи 51922сомонӣ  сомонӣ, ҷамъ 102767сомонӣ маблағ масраф карда шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҳисоботи соҳаи тандурусти соли 2015

Для оказания медицинской помощи 197479 количеству населения функционируют 6 больниц (ЦРБ-1, детская больница-1, сельские номерные больницы-4), 2 городских центров здоровья , 16 сельских центров здоровья, 18 домов здоровья, центр иммунопрофилактики ,центр интегрированного ведения детских  болезней , центр репродуктивного здоровья, центр здорового  образа жизни, центр психоневрологических болезней, центр борьбы с туберкулёзом,  станция скорой медицинской помощи, центр санитарно-эпидемиологического надзора.

Профилактическая и лечебная работа ведётся на основании нормативно-правовых актов регулирующих деятельность здравоохранения, в том числе Закона Республики Таджикистан «О защите здоровья населения», «О национальной стратегии здоровья населения Республики Таджикистан на период 2010-2020гг»,Постановления Правительства Республики Таджикистан №94 от 04.03.2002г «Об утверждении концепции  реформы здравоохранения Республики Таджикистан»,  План реализации «Национальной стратегии здравоохранения населения Республики Таджикистан на период 2011-2020гг», национально-отраслевых программ, национальных стандартов, клинических протоколов и  Постановлений председателей области и города.

Общая численность работников здравоохранения  составляет -2161, из них  врачей -283, в том числе семейных врачей -90, средних медработников -1381.

Обеспеченность врачами  на 10000 населения составляет 14,3, средними медработниками -69,9. Среди врачей работают 3 кандидата медицинских наук, 176 врачей  имеющих категории, 17 врачей удостоены нагрудного значка «Отличник здравоохранения Республики Таджикистан».

За последние годы  при поддержке  правительства Республики и соответствующих органов проводятся строительно-ремонтные работы учреждений здравоохранения,обеспечение  медицинскими оборудованиями и аппаратурой.

При поддержке  и финансировании Консульством Японии проведен капитальный ремонт,  обеспечение оборудованием и аппаратурой родильного отделения ЦРБ на сумму 100 тысяч американских  долларов.

Проведен частичный ремонт в некоторых отделениях ЦРБ  и ПМСП. Вновь построен  и сдан в эксплуатацию  дом здоровья  «ПахлавонКалъа» на сумму 33900 сомони. Министерством   Здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан выделено 28 наименований медицинских  аппаратови мягкого инвентаря на сумму  67 тысяч 225 сомони и за счет  Консульства  Японии  3 кувеза, Консульства Индии 11 наименований аппаратур  и лекарственных препаратов.

Кроме того в лечебно-профилактические учреждения приобретены компьютер,  аппарат по определению остроты зрения, ЭКГ, дарсанваль ,электроотсос, оксигенератор, микроскоп, электрофорез,вакуум-экстрактор, аппарат для обеззараживания,  а также больничные койки.

Материально-техническая база здравоохранения соответствует сегодняшним требованиям.   Для улучшения качества медицинской помощи населению и своевременного выявления заболеваний приобретены аппараты Джен-Эксперт, цифровой рентген, УЗИ, эндоскоп, кольпоскоп. Функцирует иммуноферментная и биохимическая лаборатория. Обслуживание больных в гинекологическомотделении, глазном, неврологическом, отоларин-гологическом, взрослом хирургическом,терапевтическом и кардио-логическом отделениях ЦРБ, а также во вспомогательных кабинетах КАТС и стоматологическом отделении проводятся  на основании приказа МЗ РТ  №600 от 02.12.2008г «О порядке  медико-санитарного обслуживания граждан Республики Таджикистан».Тарифы  по оказанию услуг проводятся в виде полной или частичной      оплаты в соответствии вида и объёма  медицинской помощи населению.  Согласно перечня 1 и перечня 2 категория граждан имеющих  медицинские и социальные показания обслуживаются бесплатно.

За последние годы   уровень общей инфекционной заболеваемости снизилась:  такие заболевания, как брюшной тиф, сибирская язва, бешенство, малярия не зарегистрированы.Но имеется рост лейшманиоза кожи, туберкулеза, ВИЧ-инфекции. Неинфекционная  заболеваемость составляет 408,0 на 10 000 населения.Имеют тенденцию к ростусердечно-сосудистые, желудочно-кишечные и неврологические заболевания. В медицинских учреждениях города, функционируют 37 компьютеров, 3 компьютера подключены к интернету. 

В 2015 году организован сбор  статических данных и её программное обеспечение (DXIS-2)  для сбора информации касающегося здоровья населения.  Кроме того в центре репродуктивного здоровья организован банк данных информации по  ежемесячной регистрации  беременных . Во всех лечебно-профилактических  учреждениях города внедрены  отраслевые и национальные программы,клинические протоколы, национальные стандарты, осмотр и лечение  больных проводится согласно методических инструкций.