Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

100014
Сегодня
44
На этой неделе
516
В этом месяце
4754
Итого
100014
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

Конибодом диёрест, ки бо фарзандони барӯманди худ, ходимони ҳизбиву давлатӣ, олимону аҳли адаб, мутахассисони варзидаву роҳбарони масъулиятшиносаш, ки дар соҳаҳои мухталифи диёри азизамон фаъолият дошта, дар ободии ин диёри зебоманзар нақши босазо гузоштаанд, ифтихор дорад. Дар ин саҳифа Шумо минбаъд метавонед перомуни кору пайкор ва зиндагии ибратбахши ин қабил шахсони барӯманди диёрамон огаҳӣ пайдо кунед.

 

 

 

Ҳасанов Қаҳҳор Ғаффорович 15.07.1927 дар ш.Конибодом таваллуд ёфтааст, ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, аъзои ҳизб аз соли 1948, собиқадори меҳнат. Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС-ро хатм намудааст (соли 1957).

Фаъолияти меҳнатиаш соли 1943 дар заводи пахтаи ш.Конибодом оғоз ёфт, дар вазифаи қабулкунандаи пахта, молшинос фаъолият менамуд. Солҳои 1948-1950 мудири шуъбаи ташкилӣ, дастурдеҳ, котиби аввали кумитаи комсомолии Конибодом, пас ҷонишини раиси комиҷроия, мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи ҳизбии Конибодом, 1951-1954 котиби якуми кумитаи комсомоли вилояти Ленинобод, 1954-1957 котиби якуми КМ ЛКСМ Тоҷикистон буд. Солҳои 1960-1965 котиби аввали кумитаи ҳизбии ш.Ленинобод, 1965-1986 раиси кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба маълумоти касбӣ-техникӣ, 1986-1991 мудири шӯъбаи мудирияти корҳои Шӯрои Вазирони Тоҷикистон буд. Аз соли 1988 нафақахӯри шахсӣ барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо ду ордени «Байрақи сурхи меҳнат», ордени «Дӯстии халқҳо», се ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаи раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Ба депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъвати 4)  ва Совети Олии РСС Тоҷикистон  (даъватҳои 5-11) интихоб шудааст.

Қаҳҳор Ҳасанов солҳост, ки ба ҳайси раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр дифои вазифа карда, дар тарбияи насли ҷавону наврас дар руҳияи некбинӣ, худшиносӣ, ватанпарварӣ, меҳнатдӯстиву инсонпарварӣ ва дар баланд бардоштани маърифатнокии мардум нақши муассир гузошта истодааст.   

 

 

 

 

 

 

Зоҳидӣ Низомиддин (тав. 08.06.1957, ҷамоати Пӯлотони ш.Конибодом), шарқшинос, доктори илмҳои филологӣ (2004), профессор (2005), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2004). Аз оилаи омӯзгор, писари Зоҳидов Шамсиддин. Мактаби миёнаи №25 ш.Конибодом (1974) ва факултаи шарқшиносии УДТ-ро хатм кардааст (1979). Фаъолияти меҳнатиаш ба сифати тарҷумони забони арабӣ дар шаҳри Бағдоди Ҷумҳурии Ироқ оғоз гардидааст (1979-1981). Соли 1981 дар институти забон ва адабиёти АИ ҶТ ба кор шурӯъ кард. Солҳои 1983-1984 муҳаққиқ-коромӯзи шӯъбаи Ленинградии Институти шарқшиносии АИ СССР ва 1984-1987 аспиранти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 1988-1990 ба ҳайси корманди илмӣ, 1990-1992 котиби илмии Институти забон ва адабиёти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз соли 1992 то соли 1997 сарварии шӯъбаи тадқиқоти филологии Маркази илмии Хуҷандии АИ Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Солҳои 1998-1999 ҷонишини директори маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониёни Донишгоҳ, 2000-2001 ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ буд. Аз соли 2001-2010 ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ, моҳҳои март-октябри соли 2010 ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, солҳои 2010-2016 муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 2.02.2016 муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1990 рисолаи номзадӣ ва соли 2004 рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.

Зоҳидӣ Н. дар рисолаҳои «Арабоязычный период персидско-таджикской литературы VIII-IX вв» (Душанбе, Дониш, 1993, 186с.) «Адабиёти арабизабони форсу тоҷик аз истилои араб то аҳди Сомониён» (Хуҷанд, 1999, 142с.), «Давраи арабизабонӣ дар адабиёти форсии садаҳои 2-3 ҳиҷрии қамарӣ» (Теҳрон, 1380/2001, 236с.), «Насри арабизабони адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои VIII-IX» (Хуҷанд, «Нури маърифат», 2004, 400с) ва силсилаи мақолаҳояш офаридаҳои адибону шоирони арабизабони эронинажоди қарнҳои нахусти исломро мавриди баррасӣ қарор дода, як қисми таркибии адабиёти форсу тоҷик будани онро ба субут расонидааст.

Дар конфронс ва ҳамоишҳои илмӣ дар Санкт-Петербург (1984), Теҳрон (1997, 2005), Токио (2002), Москва (2004), Қоҳира (2006), Алмаато (2006), иштирок ва суханронӣ намудааст. Барои китоби дуҷилдаи «Сомониён дар оинаи таърих» (бо ҳаммуалифӣ) соҳиби ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ (1999) ва китоби «Насри арабизабони адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои VIII-IX» соҳиби ҷоизаи 

 

 

 

Азизова Бибихон (с. т. 19.08.1946, гузари Дукчигарии ш.Конибодом), ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999). Мактаби миёна (1964), техникуми технологӣ (1981) ва Университети давлатии Тоҷикистонро ғоибона хатм кардааст (1990).

Дар иттиҳодияи дӯзандагии шаҳр (собиқ «Швеймеспром», ҳоло «Ҳусноро») ба ҳайси сардори сехи дӯзандагӣ (1973-1982), котиби ташкилоти ҳизбии иттиҳодияи дӯзандагӣ ва муовини сармуҳандиси иттиҳодия (1969, 1985-1987), директори комбинати хизмати маишии «Муҳайё» (1987-1986) ифои вазифа намудааст. Аз моҳи апрели соли 1996 то моҳи январи соли 2004 Раиси шаҳри Конибодом буд. Аз моҳи майи соли 2008 то моҳи октябри соли 2011 раиси комиҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд.     

Дар давоми фаъолияти кориаш, махсусан дар давраи раиси шаҳр буданаш, нақшаҳои истеҳсолӣ чӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва чӣ дар соҳаи саноат барзиёд иҷро гардиданд. Симои шаҳр тағйир ёфта, корҳои ободонӣ вусъат пайдо карданд, сохтмони насоси обкашӣ дар деҳаи Қарақчиқум анҷом пазируфт.

Ӯ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон, медал «Барои меҳнати шоён» ва ғайра мукофотонида шудааст.

 

 

 

 

Юнусов Юлдошбой (07.11.1941 с.т, деҳаи Пӯлодони ш. Конибодом), омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (1982), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998). Мактаби миёнаи №25 ва факултаи таъриху суханшиносии Донишгоҳи омӯзгории ш.Душанберо хатм намуд (1962). Фаъолияти меҳнатиашро аз омӯзгорӣ дар мактаби миёнаи н. Регар (ҳоло ш. Турсунзода) оғоз намуд. Як сол дар мактаб-парваришгоҳи ш. Конибодом кор кард. Солҳои 1966-1967 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кард. Солҳои 1967-1995 муаллим ва баъдан ҷонишини директори Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Конибодом, 1995-2001 мудири шӯъбаи маорифи шаҳр буд. Юлдошбой кори омӯзгориро дар робита бо тадқиқоти илмӣ пеш бурда, с. 1982 дар мавзӯи «Проблемаҳои педагогии татбиқи маълумоти миёнаи ҳамагонӣ дар Тоҷикистон» таҳти роҳбарии академик И.Обидов рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Доир ба баланд бардоштани самаранокии таълим дар мактабҳо зиёда аз 90 мақолаи илмӣ, 2 барномаи таълимӣ ва китоби дарсии «Педагогика» барои омӯзишгоҳҳои педагогӣ таълиф кардааст. Самти дигари фаъолияти Ю.Юнусов эҷоди ҳикояҳои ҳаҷвӣ буда, се маҷмӯаи ҳаҷвияҳояш бо номҳои «Сабақ», «Қаланфури ширин» ва «Арӯси ҳавохӯрак» рӯи чопро дидаанд.

Бо нишони «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.     

Идома дорад…