Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

120385
Сегодня
104
На этой неделе
1153
В этом месяце
8451
Итого
120385
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

Шарҳи ҳоли раиси шаҳри Конибодом

Боҳирӣ Гайбулло Нозир

 

      Боҳирӣ Гайбулло 22 майи соли 1967дар деҳаи Қарақчикуми ноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, ихтисосаш муҳандис бинокор.

Солҳои 1984-1991 дар дошигоҳи политехникии Тоҷикистон таҳсил карда, дар ин давра (1985-1987) хизмати ҳарбиро адо намудааст. Солҳои 1991-1996 муҳандиси трести механикунонидашудаи махсуси вилояти Ленинобод буд. Муддати шаш сол (1996-2002) Сарвари ҶММ “Березка”- ро  бар ӯҳда дошт. Солҳои 2002-2004 дар вазифаи Сардори Раёсати борборкунӣ ва нақлиёти КВД “Тоҷикангишт” дар ноҳияи Ҷ Расулов, 2004-2007 сардори КФ “Конибодомгаз”-и шаҳри Конибодом, 2007-2008 и.в муовини раиси ҶСШК “Душанбегаз”-и шаҳри Душанбе, 2008-2009 сардори Департаменти сохтмон ва маҳсулоти сохтмонии ҶС “Сохтмонхатлон”-и шаҳри Душанбе, 2009-2014 директори лоиҳаи “Кам кардани талафоти энергетикии ҶСК “Тоҷиктрансгаз””, аз ибтидои соли 2014 ҳамоҳангсози сохтмони филиали Ширкати муштараки Шоҳқубури газии Туркманистону Хитой фаолият кардааст.

     2 декабри соли 2014 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Конибодом таъйин гардидааст.