Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

208606
Сегодня
299
На этой неделе
1935
В этом месяце
10107
Итого
208606
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

21.07.2017

Ҳисобот оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Конибодом дар нимсолаи аввали соли 2017

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2017 фаъолияти худро баҳри ҳамаҷониба татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифагузориҳое, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом баён гардидаанд, ҳамзамон, баҳри татбиқи ҳамаҷонибаи қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020» ва «Стратегияи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр то соли 2020» равона намуда, дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбиро ноил гардид, аз ҷумла:

 

- ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ –63 млн. 72 ҳазор сомонӣ;

- ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ – 122 млн.  740 ҳазор сомонӣ;

- сармоягузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо –18 млн. 742 ҳазор сомонӣ;

- ҳаҷми гардиши савдои чакана – 177 млн. 332,3 ҳазор сомонӣ;

- хизматрасонии пулакӣ – 101 млн. 2 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуданд.

 

              Рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

                                 консепсия ва барномаҳои давлатӣ

Таҳти назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳолати 1 июли соли 2017 ҳамагӣ 170 адад қарорҳои назоратии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабулгардида ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қарор дорад.

Инчунин, 112 адад нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд, ҷамъбасти иқтисодиву иҷтимоӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ, мулоқоту вохуриҳои Сарвари давлат бо кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон, варзишгарон, соҳибкорон, фаъолони ҷомеа ва донишҷўён, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои ислоҳоти замин, рушди саноати сабук, мумфаршкунию таъмири роҳҳои автомобилгард, ободонии кўчаҳо ва маҳалҳо буда, масъалаҳои мазкур зери  назорати доимӣ  қарор дода шудаанд.

                       Фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳр

Дар нимсолаи якуми  соли 2017 вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ду маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳрро гузаронида, дар он масъалаҳои рафти иҷрои Барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», “Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2016, №4 «Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018», номгузории муассисаву ташкилотҳо, таълимгоҳҳо ва объектҳои ҷуғрофӣ, ҳисоботҳои комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва вакилони алоҳида, тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушду пешрафти ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мунтазам вохӯриҳо ва қабули интихобкунандагон аз рӯи нақша ташкил карда шуда, ҳамзамон, дар арафаи таҷлили ҳар иду айём аёдати шахсони яккаву танҳо ва  мӯҳтоҷону ниёзмандон гузаронида шуда, ҳамзамон, вакилон дар ташкил ва гузаронидани тамоми чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангии шаҳр фаъолона иштирок намуданд.

 

                                             Вазъи иҷрои буҷет

Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ дар нимсолаи аввали соли 2017 ба маблағи– 25 млн. 725 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра 24 млн. 154 ҳазор сомонӣ  ба буҷет ворид карда шуд, ки 93,9 фоизи нақшаро ташкил намуд.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳалии шаҳр ба маблағи 34 млн. 679 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, ба маблағи 29 млн. 818  ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки баробари 86,0 фоизи нақша мебошад.

 

                                                 Соҳибкорӣ

Шумораи соҳибкорони шаҳр ба санаи 1 июли  соли 2017 ҷамъ 9853 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо бо патент 2231 нафар, бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ 7622 нафар фаъолият мебаранд. Бояд қайд намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи соҳибкорон 755 нафар зиёд шудааст. 

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи соҳибкорони шаҳр ба буҷети маҳаллӣ ҳамагӣ 10047 ҳазор сомонӣ андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ворид шудааст, ки аз он маблағи андозҳо ва пардохтҳои аз тарафи соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда  7421 ҳазор сомониро ташкил намуд.

Ба ҳолати 1 июли соли 2017 дар ҳудуди шаҳри Конибодом 8 адад иншоотҳои гуногун  ба маблағи 4792,6 ҳазор сомонӣ   сохта ба истифода дода шудаанд.

                          Татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ

Дар ҳудуди шаҳр 5 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор дорад:

          1. Лоиҳаи азнавбарқароркунии системаҳои оби нӯшокӣ ва канализатсия барои солҳои 2007-2020, маблағи лоиҳа 4392,0 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ шудааст, ки аз ин 2060,0 ҳазор доллари ИМА қарзи дарозмуддати Бонки Аврупоӣ ва боқимонда 2332,5 ҳазор доллари ИМА гранти котиботи Швейтсария мебошад. Маблағгузории лоиҳаи мазкур аз тарафи Бонки Аврупо сурат мегирад. Баҳри иҷроиши лоиҳаи мазкур меморандум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупо баста шудааст.

Дар давраи ҳисоботи ба маблағи 2 млн. 101,7 ҳазор доллари ИМА маблағ хароҷот карда шуд.

 Бо сарчашмаи маблағгузории инвеститсионӣ аз моҳи январи соли 2016  то санаи 1 июли соли жорц  7,5 км қубури кутри 450 мм аз пойгоҳи насосии “Пойменная” то пойгоҳи насосии №2 хобонида шуда, барои иваз намудани қубури фарсудашуда дар кӯчаи ба номи Ленини маркази шаҳр 2,5 км қубури полиэтилении кутри 450 мм иваз карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ҶДММ «Назрӣ» сохтмони пойгоҳи обакашии “Пойменнная” шурӯъ карда шуда, то имруз ба маблағи 175,0 ҳазор доллари ИМА корҳои сохтмонӣ иҷро карда шудааст.

2. Лоиҳаи азнавбарқарорсозии роҳи автомабилгарди Конибодом-Патар

Аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди “Конибодом-Патар” ба маблағи умумии 8,9 млн.сомонӣ ощоз карда шуд.

Барои таъмин намудани аҳолии ҳудуди шаҳр оби нӯшоки  ба масоҳати 1 км қубури полиэтилении қутраш 400 мм аз тарафи Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи 1-и вилояти Суғд ба маблағи 1,0 млн. сомонӣ васл карда шуда истода, корҳо дар ин самт идома доранд.

3. Лоиҳаи идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот.

Баҳри амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур корҳои дастрас  намудани 3 адад экскаватор ва таҷҳизотҳои техникӣ, чор адад чоҳи амудӣ ва як гектар боғи қатрагӣ ба маблағи 2330,4 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуданд.

4. Лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ.

Баҳри амалӣ гардонидани барномаи тандурустии ҷамоавӣ аз санаи 3 январи соли 2011 аз тарафи ташкилоти байналхалқии ЮСАИД лоиҳаи «Тандурустии босифат» дар мавзӯъи «Тибби оилавӣ» 4 нафар духтурон  ва 17 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ барои курси бозомӯзӣ ҷалб карда шуданд.

5. Лоиҳаи Маркази будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд.

Ҷиҳати сохтмони маркази будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ҳудуди шаҳр бо дастгирии Сафоратхонаи Ҷопон ба маблағи 83,4 ҳазор доллари ИМА созишнома ба имзо расида, корҳои сохтмонӣ шурӯъ карда шудааст.

 

Иҷрои  дастуру  супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон, ки  дар ҷараёни сафарҳои корӣ нақшаи

чорабиниҳо таҳия ва ба иҷро расонида шудааст

Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафарҳои кориашон ба вилояти Суғд ва дар мулоқот бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров рӯзҳои 23-25 марти соли 2017 баён шудаанд, яке аз самтҳои асосии фаъолият ба шумор рафта, баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии шаҳрвандон равона гардидаанд ва баҳри иҷрои вазифагузориҳо чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар таъмин намудани пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор дода, барои дастгирии соҳибкорон, таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа тавассути муқаррар кардани имтиёзҳои мухталиф дар соҳаи андозбандӣ, пардохти боҷи гумрукӣ, ҷорӣ намудани мораторий барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳо, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, зиёд кардани майдони боғу токзор бо мақсади фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, маҳз дар натиҷаи тадбирҳои дар самти беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ амалигардида мавқеи шаҳрамон беҳтар шуда, дар ин самт пешравиҳо ба назар мерасанд.

 

                              Вазъи соҳаи сохтмон ва меъморӣ

Дар ин давра, аз тарафи ташкилоту муассисаҳои сохтмонӣ ба маблағи 3229254 сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 185,3% иҷро гардид.

Истифодабарии маблағгузории асосӣ аз ҳамаи намуди сарчашмаҳо мувофиқи шаҳр 18742050 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 142,3 фоизро ташкил дод, аз он ҷумла, корҳои сохтмону васлкунӣ 14839900 сомонӣ, ё ин ки 117,4 фоизро нисбати хамин давраи соли гузаштаро ташкил намуд. Ҳамзамон, ба кор андохтани фондҳои асосӣ ва иншоотҳо дар давраи ҳисоботӣ 6056500 сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 130,5 % ташкил намуд.

Ба истифода додани манзилҳои истиқоматии шахсӣ дар шаҳр 7838 метри мураббаро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 68,3 фоиз баробар аст.

 

Вазъи соҳаи кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҳолати

мелиоративии заминҳо

Дар шаҳр 7761 адад хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, дар онҳо 13165 нафар шаҳрвандон фаъолият менамоянд.

Маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 122 млн. 740 ҳазор сомониро ташкил дода, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи 111,6 фоиз таъмин гашт. Аз ҷумла афзоиши маҷмўи маҳсулоти растанипарварӣ 118,1 фоиз ва чорводорӣ 105,3 фоизро ташкил намуд.

Дар соҳаи чорводорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калони шохдор 40 сар, аз ҷумла модагов 8 сар, моли майдаи шохдор 50 сар, парранда 70 сар зиёд гардид. Наслгирӣ аз моли калони шохдор 7 сар, аз чорвои майда 198 сар нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд насл гирифта шудааст.

Хоҷагиҳои кишоварзӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гўшт, шир ва тухмро нисбати ҳамин давра зиёд таъмин намуданд, ҳаҷми истеҳсоли гўшт 1,9 тонна, шир 21 тонна ва тухм 1 ҳазор дона зиёд гардидааст.

Дар ин давра, дар майдони 124 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2017 ба масоҳати 8652 га кишти баҳорӣ, аз он ҷумла, пахта дар майдони 5094 га, картошка 26,3 га, полезиҳо 402,2 га, сабзавот 70 га, ғаллаи баҳорӣ 243 га, шолӣ 684 га, ҷуворимакка барои дон 59 га ва зироатҳои хўроки чорво 1974 га  гузаронида шуда,  имрўзҳо корҳои саҳроӣ дар ин самт босурат идома доранд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр дорои 280 адад тракторҳо, аз он ҷумла 28 адад шудгоркунанда, 60 адад тухмипошакҳои тракторӣ, аз он ҷумла 56 адад барои кишти пахта, 3 адад комбайнҳои ғалладарав, 2 адад камбайнҳои хўроки чорвоғундор, 169 адад ядакҳои тракторӣ, 4 адад достҳои тракторӣ ва 109 адад култиватор мавҷуд мебошад.

Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар ин давра аз ҳисоби ҳаққи хизматрасонии оби Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр барои тоза намудани Канали калони Фарғона 702,0 ҳазор сомонӣ ва тоза намудани заҳбўрҳо 70 ҳазор 873 сомонӣ маблағ масраф карда шуда, ҳолати мелиоративии заминҳо дар майдони 702 га беҳтар карда шуд.

 

Вазъи соҳаи энергетика ва саноат

 

 Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ 63 млн. 71 ҳазору 900 сомониро ташкил кард, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта  156 фоизро ташкил дода, ба маблағи 22 млн. 637 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад.

 Аз 49 корхонаҳои саноатии шаҳр 27 адад фаъолият намуда, 20 адади онҳо суръати афзоиши  истеҳсоли маҳсулоти саноатиро таъмин намуданд ва 7 адад  коргоҳҳо суръати афзоишро таъмин карда натавонистанд.

Дар ин давра ду адад коргоҳҳои саноатӣ оид ба коркарди санг бо иқтидори солонаи  20 ҳ.м3 сангреза ва сехи дӯзандагӣ    ба истифода дода шуданд.

Дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ ба истифода додани коргоҳи истеҳсоли семент бо иқтидори  119 ҳазор тонна семент дар як сол бо ташкили 70 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ мувофиқи маълумотҳои фаврӣ ба хоҷагии халқи шаҳр ба маблағи умумии 12 млн. 209 ҳазор сомонӣ қувваи барқ дастрас шуда, аз ин 9 млн. 838 ҳазору 715 сомонӣ пардохт гардида, сатҳи пардохти барқи истифодашуда ҳамагӣ 80,6 фоизро ташкил кард.

Аз он ҷумла, ба аҳолии шаҳр ба андозаи 7 млн. 22 ҳазору 27 сомонӣ қувваи барқ дода шуда, ба маблағи 5 млн. 729 ҳазору     18 сомонӣ маблағ пардохт карда шудааст, ки 81,6 фоизро ташкил медиҳад.

Қарзи умумии истифодашудаи қувваи барқ ба санаи 01.07.2017 сол - 17 млн. 747 ҳазору 123 сомонӣ, аз  ҷумла, 2 млн.70 ҳазору 289 сомонӣ қарзи соли ҷориро ташкил медиҳад.

Аз қарзи умумӣ  12 млн.193 ҳазор сомонӣ қарзи аҳолӣ, 1млн.980 ҳазору 177 сомонӣ қарзи Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр, 1 млн.692 ҳазору 679 сомонӣ - корхонаҳои ғайри саноатӣ ва 664 ҳазору 571 сомонӣ - қарзи Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.

 

Вазъи соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия

 Дар ин давра аз тарафи муассисаҳои нақлиётӣ кашонидани мусофирон 7 млн. 31 ҳазору 900  нафарро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 221 ҳазор нафар зиёд буда 103,2 фоизро ташкил дод.   

Гардиши мусофирон  77 млн. 493 ҳазору 900  мусофир- километрро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,4 фоизро дарбар мегирад.

Ҳаҷми боркашонӣ дар давраи ҳисоботӣ 75 ҳазору 300 тоннаро ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта  101,1 фоизро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботи дар шабакаи телефонии шаҳрӣ 25,5 км хатҳои ҳавоӣ ва 30,5 км симҳо аз таъмир бароварда шуданд.

 

                                        Вазъи ҳолатҳои фавқулодда

Ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти техногенӣ дошта, ҳамагӣ 28 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 7 нафар ҳалок гашта, 24 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта ва дар беморхонаҳо бистарӣ гаштаанд. Маблағи умумии зарари расонидашуда 60 ҳазору 663 сомониро ташкил медиҳад.

 

                                Вазъи соҳаи илм, маориф ва фарҳанг

Дар ин давра ҳамагӣ 56 мактаб, аз он ҷумла, 49 адад мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 адад мактаби миёнаи асосӣ, 1 мактаб-парваришгоҳи шифоӣ, 2 мактаби хусусӣ, литсей,  гимназия, як маркази таҳсилоти иловагӣ ва як маркази касбинтихобкунии байнимактабӣ бо фарогирии 32 ҳазору 775 нафар хонанда, (16 ҳазору 421 нафар духтарон) инчунин, 14 муассисаҳои томактабии тобеи Раёсати маориф, 2 кўдакистони ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва 5 хусусӣ  бо фарогирии 3 ҳазору 900 нафар кўдакон фаъолият намуданд. Дар 56 мактабҳо 2449 нафар омўзгорон  ва дар 21 адад муассисаҳои томактабӣ ҳамагӣ 138 нафар кормандони педагогӣ фаъолият доранд.

Зиёда аз 3 ҳазор нафар хатмкунандагони мактабҳои шаҳр дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил намуда истодаанд, ки 427 нафари онҳо дар факултаҳои омўзгорӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, минбаъд   масъалаи кадрии соҳаи маорифи шаҳр  ҳалли худро хоҳад ёфт. 

Дар ин давра дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ  хонандагони мактабҳои шаҳр  аз фанҳои таълимӣ соҳиби  як медали тилло ва 5 медали биринҷӣ гардиданд. Алҳол, фаъолияти  Маркази миллии тестӣ оғоз гардида, то ин дам 1532 нафар хатмкунандагон барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ аз қайд гузаштанд.

Ҷиҳати иҷроиши “Барномаи компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2011 – 2015” муассисаҳои таълимии шаҳр бо 1089 адад компютерҳо, 193 адад  принтерҳо, 8 адад проекторҳои электронӣ таъмин карда шуда, 55 муассиса  ба шабакаи Интернет пайваст мебошад. Миқдори синфхонаи компютерӣ ба 84 адад расонида шудааст.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Ҷамоати деҳоти  ба номи А. Лоҳутӣ сохтмони бинои нави таълимӣ дар МТМУ №29 барои 660 нафар хонанда идома дорад.

Алҳол, дар мактабҳои миёнаи махсуси шаҳр 2645 нафар донишҷўён бо таълим ва касбомўзӣ фаро гирифта шудаанд, аз ҷумла, дар коллеҷи омўзгорӣ 404 нафар (ғоибона 622 нафар), коллеҷи технологӣ 278 нафар (ғоибона 259 нафар), коллеҷи тиббӣ 868 нафар, литсейҳои касбии саноати кишоварзӣ 396 нафар ва дўзандагии шаҳр 207 нафар (ғоибона 18) таҳсил менамоянд.

 

                                                         Фарҳанг

Дар назди бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муассисаҳои фарҳангӣ - 15 клубу хонаи фарҳанг, 29 китобхона, осорхонаи таърихию кишваршиносӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ, мактаби санъати бачагона, театри драмаи мусиқии ба номи Т.Фозилова, Филармонияи халқӣ, ансамблҳои «Шашмақом», «Хоҳаракон», «Неъматовҳо», «Карнайнавозон ва доирадастон» ва ансамбли рақсии «Гулдаста»  фаъолият намуданд.

Дар моҳи июни соли равон  дар озмуни вилоятии рақси гурўҳӣ шогирдони мактаби санъати бачагонаи шаҳр фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойи аввал шуда, дастпарварони  мактаб-студияи бачагонаи мақомхонони бахш дар фестивал - озмуни ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Турсунзода ширкат намуда, як нафар сазовори ҷойи сеюм ва ду нафар сазовори ифтихорнома гардиданд.

 

                                                            Тандурустӣ

  Барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ  ба аҳолӣ  алҳол 6 беморхона, аз ҷумла, беморхонаи марказӣ, беморхонаи бачагона, 4 беморхонаи минтақавӣ, маркази равоншиносӣ, маркази пўсту таносул, маркази мубориза бар зидди бемории сил фаъолият намуданд. Ҳамчунин, 2 маркази саломатии шаҳрӣ, 16 маркази саломатии деҳавӣ, 18 хонаҳои саломатӣ ва инчунин, маркази эмтаъминкунӣ, маркази ҳамбастагии бемориҳои кўдакона, маркази солимии репродуктивӣ, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва қароргоҳи ёрии тези тиббӣ фаъолият мекунанд.

 Дар муассисаҳои тандурустӣ 2271 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз онҳо 280 нафар духтурон ва 1474 нафар кормандони миёнаи тиб  буда, таъминнокӣ бо духтурон 13,7 ва кормандони миёнаи тиб 72,3 андар 10000 аҳолиро ташкил медиҳад.

  Бемориҳои сироятӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам гардида, аз ҷумла, бемории домана, бемории сўхтанӣ, бемории хорӣ ва бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст.

   Бемории зардпарвинҳо 73 (85) ҳодиса ба 12 ҳодиса, бемории исҳоли амрози рўда 97(119) ба 92 ҳодиса, лейшманиёзи пўст 12 (11)  ба 1 ҳодиса, обакон 49 (102) ба 53 ҳодиса, тепкӣ 98 (172) ба  74 ҳодиса кам ба қайд гирифта шудааст.    

 Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ  аз ҷониби сарчашмаҳои гуногун дар сохтори госпиталӣ  ба маблағи 271 ҳазору 108 сомонӣ ва дар  сохтори КАТС ба маблағи 181 ҳазору 115 сомонӣ таҷҳизотҳо ва дигар лавозимоти  зарурии тиббӣ харидорӣ шудааст.

 

                                           Кор бо занон ва оила

      Аз шумораи умумии аҳолии шаҳр, ки зиёда аз 204 ҳазору  600 нафар мебошанд, 105 ҳазору 500 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 61 ҳазору 700 нафарашон занони қобили меҳнат буда, шумораи умумии занони роҳбарикунанда 168 нафаранд, ки дар давоми панҷ соли охир ба 38 нафар зиёд гардидааст.

 Дар ҳудуди шаҳр 10 адад марказҳои истеҳсоли адрас фаъолият намуда истодаанд.

 Ҷиноят байни занон 5 адад ба қайд гирифта шуда нисбати соли гузашта 5 адад кам мебошад.

                                              Варзиш ва  ҷавонон

     Шумораи ҷавонон дар шаҳр  68 ҳазору 310 нафар буда,  33 ҳазору 600 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. 

     Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 81 маротиба чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла,  44 адад дар самти кор бо ҷавонон  ва 37 адад  мусобиқаҳои варзишӣ бо иштироки 27000  ҷавонон доир карда шуд.

Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ  фаъолона иштирок намуда, ба 14 адад медали тилло, 17 адад  нуқра ва 27 биринҷӣ ноил гардиданд. Хонандаи синфи 10-уми МТМУ №34 Бегмуродов Юсуф ба чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар байни ҷавонон, ки дар давлати Кения баргузор мегардад аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок роҳхат гирифт.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 190 иншооти варзишӣ  ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 2 варзишгоҳ, 124 майдончаҳои варзишӣ, 54 толорҳои варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 8 иншоотҳои махсуси варзишӣ мебошад. 

               Вазъи соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дар нимсолаи аввали соли 2017 дар шаҳр 566 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, 52 нафар бекорон ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 1039 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ба 34 нафар ба маблағи 102 ҳазор 500 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.    

Музди миёнаи кормандони шаҳр дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 782 сомониро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 135 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шаҳр 17999 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда, нафақапулиҳо ба пуррагӣ пардохт гардидаанд.

 

                                         Муҳоҷирати меҳнатӣ

Дар ин давра аз  ҳудуди шаҳр 9659 нафар шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки аз ин 1659 нафар занҳо мебошанд. Дар маҷмўъ, аз шаҳри Конибодом дар муҳоҷирати меҳнатӣ 37 ҳазору 796 нафар шаҳрвандон қарор доранд.

Ҷиҳати иҷроиши супориши Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №201023 аз 3 апрели соли 2017  оид ба ташкили корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳии оид ба авф гардидани муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар риоя накардани қонунгузории икомат аз ҳудуди Федератсияи Россия хориҷ карда шудаанд,  тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, оид ба мусоидат намудан барои вуруди конунии онҳо ба Федератсияи Россия корҳои зарурӣ ба анҷом расонида шуданд.

 

Маълумот дар бораи дастгирии маъюбон, оилаҳои

камбизоат, иштирокчиёни ҶБВ ва нафарони дар ақибгоҳ

ба онҳо баробаркардашуда, нафақахӯрон

Дар ин давра, 5596 нафар шахсони мӯҳтоҷ ва оилаҳои эҳтиёҷманд аёдат карда шуда, дар маҷмуъ, кӯмакҳои расонидашуда маблағи умумии 493657 сомониро ташкил намуд.

Ба муассисаи таълимии парастишгоҳи №40-и шаҳр аз ҷониби муассисаҳои сарпарастони вобасташуда ҳамагӣ ба маблағи 22400 сомонӣ кӯмакҳои моддию пулӣ расонида шудааст.

Дар Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона  ба 88 нафар пиронсолон ва маъюбони яккаву танҳо, инчунин ба 12 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таври ройгон хизмати иҷтимоӣ  расонида шуда, барои 25 нафар маъюбон ва пиронсолони яккаву танҳо ҳамарўза як маротиба хӯроки гарм ташкил карда шуда, барои онҳо шароити хуби хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. 

Ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва тибқи «Қоидаҳои бо воситаҳои техникӣ тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон» барои таъмини эҳтиёҷмандон ва маъюбон бо таҷҳизотҳои тавонбахшӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, ба 31 нафар шахсони эҳтиёҷманд асо ва асобағал бо таври ройгон дастрас шуда, 3 нафар маъюбон бо аробачаи маъюбӣ таъмин гаштанд.

 

                              Вазъи тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ

Дар нимсолаи аввали соли 2017 дар ҳудуди шаҳр 202 адад ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ошкоршавии ҷиноятҳои содиршуда 92,74 фоизро ташкил намуд.

                              Корҳои ободонӣ дар маҳаллаҳо

          Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби сокинони шаҳру ҷамоатҳои деҳот дар рӯзҳои шанбегӣ барои ободони ва кабутизоркунӣ  дарахтони мевадиҳанда 16995 дона, дарахтони ҳамешасабз 3432 дона, гулҳои ороишӣ 4900 дона шинонида шуданд.

      Барои ободонӣ ва кабудизоркуни шаҳр аз тарафи КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Конибодом” дар кӯчаҳои ба номи Ленин ва К.Хуҷандӣ ба масоҳати 2000 м2 корҳои кабудизоркунӣ ва гулкорӣ гузаронида шуда, ҳамзамон, гулҳои садбарг 3000 дона, 1000 дона картошкаи канна, 2000 дона тухми гулҳои ороишии навъи петуния, 340 бех дарахти санавбар, 200 бех  дарахти Ёсини Ҳиндӣ, 15 бех дарахти Каштан барои ороиши кӯчаҳои марказии шаҳр ва “Майдони Қаҳрамонон”шинонда шуданд.

        Аз ҳисоби буҷети давлатӣ бояд 210756 сомонӣ маблағ барои ободонӣ, чароғонкунӣ ва тозагию баровардани партовҳои шаҳр ҷудо мешуд, дар асл бошад, 210760 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки ин 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ корхона ба миқдори 76 адад лампаҳои корношоямиро аз аҳолию ташкилотҳо ҷамъоварӣ карда, айнӣ ҳол дар анбори корхона 16425 адад лампаҳои корношоям мавҷуд мебошад. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ 188 сар сагҳои дайду қир карда шуданд.

         Бо мақсади беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ ба сокинон Қасри фарҳанги «Мошинсозон» - и ҶСШК«Бодом»  ба мувозинаи бахши фарҳанги шаҳр гузаронида шуд. Барои тармиму таҷдиди ин муассисаи фарҳангӣ аз буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва аз дигар сарчашмаҳо 60 ҳазор сомонӣ дарёфт ва масраф гардида, инчунин филиали китобхонаи воқеъ дар дохили бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва китобхонаи бачагонаи шаҳр ба бинои маркази таҳсилоти иловагӣ кӯчонида шуда, корҳои таъмиру таҷдид дар ин бино бо масрафи 25000 сомонӣ ба итмон расонида шуда, 200 м роҳи автомобилгарди  деҳаи Ҷаҳонзеб асфалтпӯш карда шуд. 

       Сохтмони  иншооти обии  баландфишори “Пойменная” то иншооти обии “Э. Бойматова” дар масофаи 7500 м иҷро карда шуда, барқарорсозӣ ва сохтмони нави ҳавзи оби тоза дар иншооти обии “Э. Бойматова” гунҷоишаш 1000 м3 ба итмом расонида шуда, сохтмони қубури баландфишор ва хатҳои тақсимоти кӯчаи Айнӣ ба миқдори 5700 м аз оғоз гардиданд.

                               Вазъи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2017, таҳти №852 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мўҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони соли таваллудашон 1990 - 1999 ба хизмати ҳарбӣ», қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 марти соли 2076, таҳти №129 ва қарори раиси шаҳр аз 28 марти соли 2017, таҳти №139 ба тасвиб расонида шуда, дар ин муддат як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.  Дар даъвати баҳоронаи соли 2017 тибқи нақшабандӣ бояд  209 нафар ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гуселонида мешуданд. Дар асл бошад, 213 нафар ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуда, нақша 101,9 фоиз ба иҷро расонида шуд.

 

             Ҳолати воқеии пахши барномаҳои телевизиони маҳаллӣ

Оид ба фарогирии фазои шаҳри Конибодом бо барномаҳои телевизионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардан зарур аст, ки ҳудуди шаҳрро ҳамаи 4 шабакаҳои ҷумҳуриявӣ – ТВС «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Шабакаи 1», «Баҳористон» ва телевизиони вилояти Суғд ба 100 фоиз фарогир аст. Ҳамзамон, барномаи 3 радиои Тоҷикистон, радиои «Фарҳанг», FM-1, FM-3 пурра пахш карда мешаванд.

Дар шаҳр ширкатҳои телевизионии «Аниси Конибодом» ва «ТВ-5» фаъолият менамояд, ки фарогирии онҳо мутаносибан 80 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин, барои дастрасии бештари сокинон ба радиои ҷумҳуриявӣ дар марказҳо, мавзеъҳои серодам ва ҷамоатҳои деҳот 37 адад баландгўякҳо насб карда шудаанд, ки тавассути онҳо низ ахбори ҷумҳуриявӣ ба сокинон шунавонида мешаванд.

  

                        Баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон

Дар давоми семоҳаи дуюми соли 2017 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  706 адад мактубҳо аз ташкилоту муаасисаҳо ворид шудааст, аз он ҷумла:

- аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 12 адад;

- аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –- 86 адад;

- аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон– 1 адад;

- вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон –              - 100 адад;

- аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят –- 101 адад;

- шумораи муроҷиатҳои дастҷамъона –                  - 20 адад.

Инчунин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 2037 адад арзу шикоятҳо ворид гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 362 адад кам буда, 84,91%-ро ташкил медиҳад.

 

Аз кишварҳои хориҷӣ бозпас овардани шаҳрвандони

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври ғайрирасмӣ дар

муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таълим

мегиранд

Аз ҳисоби 40 нафар сокинони шаҳр, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таълим мегирифтанд, 21 нафари онҳо то дастур ва 19 нафар баъд аз интишори дастур ба Ватан баргардонида шуда, айни ҳол 4 нафар дар хориҷа қарор доранд ва мутобиқи баёнотҳо ва суханони волидайни онҳо бояд то охири сол ба Ватан баргарданд.

 

Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»

Дар шаҳр як комиссияи доимии шаҳрӣ, 6 комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва 231 комиссияҳои ҷамъиятӣ ба талаботи қонунгузорӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият мебаранд.

        Дар ин давра 878 маъракаҳо баргузор гардиданд, ки аз он 143 адад хатнасур, 349 адад тўйи домодию арўсӣ, 226 адад маросими чил ва 160 адад маросими сол ташкил намуда, хароҷоти умумии маъракаҳо 4152400 сомониро дарбар гирифтааст. Дар ин давра, 319 адад ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, забҳи чорвои майда 42 сарро ташкил дода, сол аз сол камхарҷии маъракаҳо таъмин карда шуда истодааст.  

Ҳамзамон, дар ин давра дар панҷ  адад маърака хатнасури хайриявии 28 нафар кўдакон ва дар ду маърака ду ҷуфт тўйи домодию арўсии хайриявӣ гузаронида шуда, 11 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардидааст.

Дар ҳудуди шаҳр 39 адад масҷидҳо фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 8 масҷиди ҷомеъ, 30 масҷидҳои панҷвақта мебошанд.

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ, баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, ҷиҳати ҷамъбасти сарбаландона ва натиҷабахши  фаъолият дар соли равон ва дар рӯҳияи баланди ифтихор аз ватану ватандорӣ ва созандагию бунёдкориҳо истиқбол намудани ҷашни 25-солагии иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон талош хоҳанд варзид.

 

 

   

 

Возврат к списку новостей