Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

208607
Сегодня
300
На этой неделе
1936
В этом месяце
10108
Итого
208607
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

19.05.2017

Нахустмаҳфили «Дугонаҳо»

 

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хоса муовини раиси шаҳр, Раиси Шӯрои занону духтарони шаҳр Замирахон Ашурматзода дар шаҳри Конибодом маҳфили доимоамалкунандаи «Дугонаҳо» ташкил карда шуд. Мақсад аз баргузории маҳфил пеш аз ҳама ҷалби ҷавондухтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ, тақвият бахшидани ҳунару истеъдод, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, ҳифзи анъанаҳои қадимаи тоҷикона, таҳкими дӯстивву рафоқат байни онҳо, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ҳурмату эҳтироми калонсолон,  пешгирии пошхӯрии оилаҳо мебошад.

Аввалин маротиба маҳфили мазкур дар кумитаи маҳаллаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода доир карда шуда, дар он Муовини раиси шаҳр З.Ашурматзода, раисони кумитаҳои маҳаллӣ, намояндагон аз ҷамоатҳои деҳот, ҷавонону наврасон ширкат варзиданд.

 З.Ашурматзода ба сухан баромада, ҳадафи баргузории чорабиниро шарҳ дод.  У зимни баромадаш қайд кард, ки мақсади ташкили маҳфил баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, бунёди оилаҳои солим, одоби рӯзгордорӣ ва фарҳанги либоспӯшиву маҳорати кадбонугӣ мебошад.  

Сипас, чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби бошандагони маҳалла пешниҳод гардид. Рақсу сурудҳои ҷолиб, саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуда, чорабинӣ басо дилнишин сурат гирифт ва қабули хотири иштирокдорон шуд. ҳамчунин, баромади дастаи фолклории «Хоҳаракон» ва санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр ба маҳфил ҳусни хоса бахшид.

Ҷавондухтарон ҳунари пазандагиву дӯзандагӣ, гулдӯзиву зардӯзӣ ва маҳорати сухангӯиву сурудхониашонро нишон доданд.

Минбаъд маҳфили «Дугонаҳо» ҳар моҳ дар ҳамаи кумитаи маҳаллӣ гузаронида хоҳад шуд. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей