Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

208607
Сегодня
300
На этой неделе
1936
В этом месяце
10108
Итого
208607
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

19.05.2017

Баргузории мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолӣ

Масъулини шуъбаи кор бо зан ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар асоси нақшаи чорабиниҳо вобаста ба пешгирии зуҳуроти номатлуб бо ҷалби мутахассисон, шахсони барӯманд, имомхатибон ва фаъолони шаҳр бурдани корҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар байни аҳолӣ ба роҳ мондааст. Алҳол чунин вохӯриву мулоқотҳо дар маҳалҳо идома дошта, ин навбат бо бошандагони кӯчаи ба номи Н.Қаробоев ва Наврӯз-и Ҷамоати деҳоти ба номи  Ғафурҷон Ортиқов доир гашт. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо зан ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Хуршеда Холматова, имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Тезгузар» Нуруллохон Ҳидоятов ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, бо сокинон суҳбат доир карданд. Зимни суҳбат асосан бобати пешгирии пошхӯрии оилаҳо,  роҳ надодан ба зӯроварӣ дар оила, тарғиби либоси миллӣ, тарбияи фарзандон, бахусус духтарон дар руҳияи ахлоқи ҳамида, риояи қоидаҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ, гирифтани пеши роҳи гаравидани ҷавонон ба равияҳои ифротӣ ва амсоли ин мубодилаи афкор сурат гирифт. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей