Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

132056
Сегодня
51
На этой неделе
2141
В этом месяце
9876
Итого
132056
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

19.05.2017

Мусобиқаи шоҳмот

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба соҳаи варзиш, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат байни онҳо ва интихоби бозингарони беҳтарин бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бахшида ба ҳафтаи ҷавонон мусобиқаи шоҳмот байни писарону духтарони синнашон аз 14 то 30-сола ташкил карда шуд.

Мусобиқа дар бинои Раёсати маорифи шаҳр доир гардида, хеле шавқовар сурат гирифт. Натиҷаи мусобиқа байни духтарон ҷойи якум насиби хонандаи синфи 11-и МТМУ №34 Нозирова Дилшода, ҷои дуюм хонандаи синфи 9-и МТМУ №15 Олимова Кумушбибӣ ва ҷои сеюм насиби хонандаи синфи 8-и МТМУ№20 Акбарова Азима гардид. Байни писарон ҷои якум насиби хонандаи синфи 11-и МТМУ №9 Иброҳимов Амон, ҷои дуюм хонандаи синфи 10-и МТМУ №9 Убайдуллоев Беҳрўз ва ҷои сеюм насиби хонандаи синфи 11-и  МТМУ №20 Кушназаров Николай гардид. Ғолибон бо туҳфаю сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд. 

Инчунин собиқ чемпиони солҳои  1980 оид ба шоҳмот Раҳимов Раимбой 1 адад шоҳмоте, ки 37 сол пеш гирифта буд, ба сарвари  клуби шоҳмотбозии шаҳр  Каримов Самиҷон тақдим намуд.

Омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ ва иштирокчиёни мусобиқа ба ташкилкунандагон миннатдорӣ баён намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей