Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

182013
Сегодня
113
На этой неделе
2578
В этом месяце
13994
Итого
182013
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Диққат озмун ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook @konibodom.tj ************* Хисоботи 6 моха

18.05.2017

Гар шиновар нестӣ, пой бар лаби дарё манеҳ

Муроҷиатномаи

Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Конибодом вобаста ба оғози мавсими оббозии шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳр

Имрӯзҳо бо гарм шудани ҳаво ва оғоз гардидани мавсими оббозӣ талаботи мардум ба обу оббозӣ рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ бо ин мақсад меҳмонон ба шаҳр ташриф меоранд. Албатта обутоби бадан ва оббозӣ барои саломатии инсон, баланд гардидани фаъолияти руҳию ҷисмонии ӯ фоидаовар мебошад, вале бояд фаромӯш накунем, ки об дар баробари фоиданок будан, боз фалокатовар низ ҳаст. Ҳодисаҳои солҳои охирро ба ёд оварда мебинем, ки ҳар сол дар мавсими оббозӣ даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, пайвандону наздиконашонро дар ғаму андӯҳи якумра гузоштаанд. Мутаассифона, аксарияти онҳо ҷавонону наврасон буда, аз сабаби надонистани қоидаҳои оддитарини оббозӣ ғарқ шуданд.

Барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо ва ба ғаму мусибат мубтало накардани волидайн ба Шумо шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳр муроҷиат менамоям:

Ҳангоми оббозӣ дар кӯл, канал ва дарёҳои шаҳр талаботи бехатариро пурра риоя намоед. Дар ҷойҳои манъшуда ва барои оббозӣ хавфнок ба даруни об надароед. Танҳо дар ҷойҳое оббозӣ намоед, ки бехатарии Шумо кафолат дода мешавад. Дар обутобгоҳҳо ва соҳилҳое истироҳат намоед, ки бо наҷотдиҳанда ва воситаҳои наҷотдиҳӣ таъмин бошанд.        Агар оббозӣ карда наметавонед, кӯшиши ба дарё даромадан накунед. Ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои бароятон ношинос ҳатман аз воситаҳои эҳтиётӣ истифода баред. Зеро муддати ғарқшавӣ ниҳоят кӯтоҳ буда, то расидани наҷотдиҳандагон эҳтимолияти ҳалок шудан имконпазир мебошад. Фаромӯш накунед, ки Шуморо дар хона волидайн, фарзандон ва ёру дӯстонатон интизоранд. Агар бо аҳли оила ба соҳил меравед, ҳатман ба кӯдакон тартиби рафторро омӯзонед ва онҳоро лаҳзае беназорат нагузоред. Ҳангоми оббозӣ дар паҳлӯяшон бошед ва то аз об баромадан ӯро роҳбаладӣ кунед. Агар шоҳиди ҳолати ғарқшавӣ шудеду оббозӣ карда наметавонед, барои наҷот додан кӯшиш накунед, балки дигаронро ба ёрӣ даъват намоед.

Инчунин, он нафароне, ки бо мақсади худкушӣ худро ба дарё мепартоянд, андеша намоед, ақли солимро идора кунед, охир ин роҳи наҷот шуда наметавонад. Бо чунин рафтор наздикону пайвандонатонро як умр ба мусибат гирифтор накунед. Нагузоред, ки волидайнатон пеши дигарон шармсору сархам шаванд. Зиндагӣ ҳамеша якранг нест ва он мушкилоти Шумо рӯзе ҳал мешаваду зиндагии хуш насибатон мегардад.

Дар охир аз ҳамаи Шумо даъват менамоям, ки агар шоҳиди ҳолати ғарқшавӣ ва ё дигар ҳодисаҳои фавқулодда шудед, фавран бо рақами (8-34-41), ё  (93) 880-28-69 дар тамос шуда, то расидани наҷотдиҳандагон чораҳои иловагӣ андешед.

Мо дар якҷоягӣ амал намуда, метавонем пеши роҳи ҳодисаҳои нохушро гирем.

 

Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда

ва мудофиаи граждании ш. Конибодом                   майор,  Ашуров В.М.             

Возврат к списку новостей