Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

132056
Сегодня
51
На этой неделе
2141
В этом месяце
9876
Итого
132056
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

17.05.2017

Қаноатмандӣ аз олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон

Санаҳои 15-16 апрели соли равон дар муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»-и шаҳри Душанбе олимпиадаи ҷумҳуриявии анъанавӣ, 22-23 апрел дар муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Ҳисор олимпиадаҳои ҷумҳуриявии даставӣ ва номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои таълимӣ баргузор гардид.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ (10 фанни таълимӣ) 52 нафар хонандагон аз муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, 20 нафар сазовори ҷойҳои фахрӣ гардиданд. Дар ҷамъбаст дастаи вилояти Суғд бо «Ҷом»-и дараҷаи якум сарфароз гардонида шуд. Байни муассисаҳои таълимӣ дастаи аз ҳама ҷавон – хонандагони синфҳои 8-11-и мактаби хусусии О.Ҷӯраев буданд, ки сазовори 4 медал (1 медали тилло, 3 медали биринҷӣ ва 2 Ифтихорнома) аз фанҳои дақиқ: химия, математика, технологияи иттилоотӣ гаштанд, ки ин армуғони хубест дар Соли ҷавонон.

Тибқи иттилои ҳафтаномаи «Дурахшандагон» №9 аз 6 май хонандагони мактаби хусусии О.Ҷӯраев байни муассисаҳои хусусии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гардида, байни муассисаҳои типи нав зинаи 2-юмро соҳиб шуданд.

 

              

 Макон

 

Номи муассисаи таълимӣ

Шумораи

ҷойҳои ифтихорӣ

1.

Хуҷанд

Литсейи №1

  7 ҷой

2.

Конибодом

Муассисаи таълимии хусусии О.Ҷӯраев

  4 ҷой

3.

Исфара

Литсейи №1

  3 ҷой

4.

Исфара

Литсейи №3

  3 ҷой

5.

Б.Ғафуров

Мактаби хонандагони болаёқат

  2 ҷой

Алҳол чаҳор нафар хонандагони мактаби мазкур дар олимпиадаи интихобии умумиҷаҳонӣ, ки дар ш.Душанбе ҷараён дорад, ширкат варзида истодаанд. Мавриди зикр аст, ки ғолибони олимпиада шогирдони Аълочии маорифи ҶТ О.Холиқов (химия), Аълочии маориф ва илми ҶТ О.Орифов (математика) ва муаллими ҷавон З.Кимсанов (технологияи иттилоотӣ) мебошанд.

Cе соли охир аз ҷониби хонандагони таълимгоҳамон 15 медал аз фанҳои дақиқ ба даст оварда шуд, ки шаштои он ба шогирдони омӯзгор З.Кимсанов тааллуқ дорад. 

Возврат к списку новостей