Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

182013
Сегодня
113
На этой неделе
2578
В этом месяце
13994
Итого
182013
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Диққат озмун ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook @konibodom.tj ************* Хисоботи 6 моха

16.05.2017

Зуҳуроти номатлубро пешгирӣ мебояд

Имрӯзҳо тибқи нақшаи якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр бо мақсади пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, аъзоёни гуруҳ дар ҷамоатҳои деҳот вохӯриву мулоқотҳо баргузор менамоянд. Аз ҷумла, чунин вохӯрӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 баргузор карда шуд, ки дар он муовини сардори шуъбаи шаҳрии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ А.Шарифов, муовинони сардори шуъбаи шаҳрии Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ Ҷамшед Бобозода ва Иброҳим Раҷабов, инчунин, сокинони ҷамоат, фаъолон ва зиёиён иштирок намуданд. Вохӯрӣ таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Замирахон Ашурматзода сурат гирифт.

Нахуст муовини сардори шуъбаи шаҳрии Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ Иброҳим Раҷабов оид ба тундравӣ, ифротгароӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба равияҳои ифротӣ маърӯза кард. Сипас намояндаи шуъбаи шаҳрии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва дигар аъзоёни гуруҳи корӣ низ ба сухан баромада, андешаҳои худро доир ба ин масъалаҳои мубрам иброз дошта, дар пешгирӣ намудани онҳо ҳиссаи ҳар фарди ҷомеаро муҳим арзёбӣ карданд. Дар ҷараёни суҳбатҳо сокинони шаҳр, бахусус, фаъолон ба гирифтани роҳи сар задани ҳар гуна ҳодисаҳои ношоиста дар ҷамъият, пайвастани ҷавонону наврасон ба равияҳои ифротгаро, таҳсилоти онон дар кишварҳои Араб ва амсоли ин даъват ва муваззаф гардиданд.

Иштирокдорон дар рафти мулоқот ба баромадкунандагон суолҳои худро пешниҳод намуда, ҳамзамон бобати пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуб фикрашонро баён карданд.

Баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо идома дорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей