Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

132056
Сегодня
51
На этой неделе
2141
В этом месяце
9876
Итого
132056
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

20.03.2017

«Дилу ниятамонро пок месозем!»-баргузории аксияи тозагӣ

Бо иқдоми Раиси шаҳр муҳтарам Ғайбулло Боҳирӣ санаи 18 марти соли равон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот Аксия (тадбири оммавӣ)-и «Дилу ниятамонро пок месозем» эълон гардида буд. Инак, дар ин рӯз сокинони шаҳр бо азму иродаи қавӣ сарҷамъона ба шанбегии умумишаҳрӣ баромада, фаъолона дар аксияи мазкур ширкат варзиданд. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯён, хонандагон ва оммаи васеи сокинон дар ободониву кабудизоркунӣ ва сарсабзгардонии шаҳр саҳм гузоштанд. Аз ҷумла, кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ба шанбегӣ баромада, саҳни ҳавлӣ ва ҷӯйборҳоро тоза карданд. Ҳамчунин, партовҳо ба ҷойҳои муайян бароварда шуда, даҳҳо бех гул шинонида ва 150 бех дарахтон сафед карда шуд. Инчунин, дар аксия аз муассисаҳои таълимии шаҳр омӯзгорону донишҷӯёни сершумор иштирок намуда, дар рӯбучини гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, баровардани партов, cафед кардани  дарахтон, тоза кардани заминҳо аз алафҳои бегона саҳм гузоштанд. Инчунин, аҳли бошандагони маҳаллаи Қазоқон, аз ҷумла, кӯчаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода дар аксия фаъолона иштирок намуданд. Аз аввалин рӯзҳои эълон гардидани аксия сокинони ин маҳал ташаббускорӣ нишон дода, бо тозакориву ободониҳо машғуланд. Дар рӯзи баргузории аксия ҳам аҳолӣ бо ниятҳои нек дар ободониву сарсабзгардонӣ саҳмгир шуданд. Саҳни қабристони Қазоқон ва гирду атрофи маҳалли зисти худро тозаву обод карданд. Махсусан, аз ҷониби онҳо дар канори роҳҳо ва кӯчаву роҳравҳо ниҳолҳои гуногуни ороишиву сояафкан шинонида шуд. Либосҳои куҳна ва нолозимаи худро сӯзонида, фасли бедоршавии табиат ва ҷашни Наврӯзро бо некбинӣ истиқбол карданд.

Кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони ҷамоатҳои деҳот низ хеле самимона дар аксия ширкат намуданд. Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр аз оғози сол ба ободониву созандагӣ даст зада, дар гузаронидани аксияи мазкур саҳмгузорӣ менамоянд. 90 м2 масоҳати назди даромадгоҳро сафолакпӯш ва ҷӯйборҳоро тоза карданд. Майдончаҳои наздиҳавлигӣ шудгор карда шуда, дар онҳо зиёда аз 30 бех гулу буттаҳо ва ниҳолҳои гуногуни ороишиву мевадиҳанда шинонида шуд.

Умуман, пиру ҷавони шаҳр бо як самимияти хос ба тозакориву ободониҳо машғул шуда, хонаву манзил ва маҳалли худро тоза карда, ашёву коло, либосҳои кӯҳнаву нолозим, зарфҳои корношоями рӯзгорро нобуд сохтанд.

  Аз ҷониби коллективи  аксари  коргоҳу сохторҳо аёдати барҷонмондагону ниёзмандон, шахсони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ба амал оварда шуд.

Ҳамин тавр, тадбири оммавие, ки таҳти унвони «Дилу ниятамонро пок месозем» аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр эълон гардида буд, аз ҷониби  сокинон ҳамовозӣ ва дастгирӣ ёфт ва ба як чорабинии муҳими фарҳангию маънавии умумишаҳрӣ табдил ёфт. Итминон комил дорем, ки  ҳар як фарди солим дар ин рӯзҳои накӯ  ба ҳаёти худ таҷдиди назар намуда, дар ташаккули шахсият ва камолоти маънавии хеш қадаме ба пеш гузошт ва минбаъд низ амалу кирдорҳои хайру некро ба анҷом хоҳад расонд. Аҳолии шаҳр тасмим гирифтанд, ки ҷашнҳои дарпешистодаро сазовор истиқбол намуда,  минбаъд низ чунин иқдомҳоро пайгирӣ намоянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей