Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

132056
Сегодня
51
На этой неделе
2141
В этом месяце
9876
Итого
132056
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

20.03.2017

Маҳаллаи навбунёд бо барқ таъмин мешавад

Созандагиву бунёдкорӣ аз маромҳои доимии халқи тоҷик буда, бо фарорасии фасли баҳор он равнақи бештар ба худ касб мекунад. Дар доираи пайгирӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишони шукргузорӣ аз даврони Истиқлолият бо ибтикори соҳибкор Шавкат Раҳимов дар яке аз деҳаҳои навбунёди Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов корҳои ободонӣ ва кашидани хатти барқ бомаром идома дорад. Соли ҷорӣ бо ташаббуси як гуруҳ соҳибкорон ва ғайрати бошандагони маҳал бо роҳбарии Шавкат Раҳимов дар деҳаи навбунёди ҷамоат насби чор адад трансформатори баландшиддати 400-киловата, 174 адад симпояҳои 11 ва 9-метра, 18000 метр симҳои А-50 ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол дар ин мавзеъ корҳои аввалини насбунӣ идома дошта, мароми созандагиву бунёдкорӣ дар он вусъати тоза касб мекунад. Аҳли заҳмат азм доранд корҳои насбу бунёдиро дар ин деҳа то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ анҷом дода, сокинони маҳалли навбунёдро бо барқ таъмин созанд.

 Воқеан ҳам, чунин амалҳои созанда боиси таҳсин буда, армуғони хуби ҷашнист дар арафаи Наврӯз ба сокинони маҳал. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хоса раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ низ ҷиҳати анҷоми саривақтии корҳои насбкунӣ аҳамияти хоса зоҳир мешавад. Дар ин самт бо мақсади иҷроиши амалисозии корҳо масъулин вазифадор карда шуданд. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей