Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

120385
Сегодня
104
На этой неделе
1153
В этом месяце
8451
Итого
120385
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

20.03.2017

Чорабинии варзишии «Дави миллӣ»

Таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар сол аз сол ба соҳаи варзиш афзуда, ҷиҳати баландбардорӣ ва рушди соҳа тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд. Аз ҷониби дигар инкишофи соҳаи варзиш дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва бунёди ҷомеаи солим нақши муассир дорад. Рӯзи гузашта дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба Наврӯзи байналмиллалӣ чорабинии варзишии «Дави миллӣ» бо иштироки васеи сокинон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо чорабинӣ доир гардид. Дар он муовини раиси шаҳр Асрорхон Ғуфронзода ширкат варзида, нахуст иштирокдорони чорабиниро бо ҳадафи баргузории чорабинии мазкур ошно намуд ва бошандагонро аз номи раиси шаҳр ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик гуфт.

Иштироки васеъ ва фаъолонаи сокинони шаҳр дар чорабинии мазкур аз шавқи беандоза ва таваҷҷуҳи мардум ба соҳаи варзиш дарак медиҳад. Иштироки бонувон низ дар ин маърака фаъолона ба назар мерасид.

Сипас, иштирокчиён аз рӯи масофаҳои муқарраршуда байни ҳам сабқат озмуданд. Дар интиҳо ғолибон муайян гардида, ба онҳо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Байни ҷавонписарон Олимов Улуғбек аз МТМУ№ 34 ҷои аввал, Ҳомидов Шаҳзод хонандаи МТМУ №34 ҷои дуюм ва Дӯстматов Шерзод аз МТМУ№34  ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Иштироки фаъолонаи духтарон низ дар алоҳидагӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Ифтихорномаву медал қадршиносӣ шуданд. Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона ба Алишер Камолов аз ҷ/д Патар, Беҳзод Абдураҳимхонов корманди МИҲД-и шаҳр ва Олимҷон Султонов - муовини директори коллеҷи тиббии шаҳр Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.

Ҳамин тариқ, роҳандозӣ гардидани чунин чорабиниҳо дар тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳмгузор буда, он дар доираи оммавӣ ва сатҳи зарурӣ анҷом пазируфт. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей