Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

154100
Сегодня
382
На этой неделе
2700
В этом месяце
8385
Итого
154100
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Диққат озмун ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook @konibodom.tj ************* Хисоботи 6 моха

18.03.2017

Баргузории машваратҳо бо ҷавонон

Дар тарбияи оилаҳои ҷавон саҳми падару модарон хеле назаррас аст ва ҳеҷ як волидайн хоҳиши вайроншавии оилаи фарзандашро надорад, вале дар аксари мавридҳо бетарафии ҷомеа, саҳву хатоҳои ночиз, ҷузъиёти камтарину оддитарини ҳаёти оилавӣ ва ё нокифоягии донишу таҷрибаи навхонадорон сабаби вайроншавии оила мегардад. Бо мақсади пешгирии оилаҳои ҷавон, васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон дар бобати оила ва оиладорӣ, тавассути маслиҳату машваратҳои судманд навхонадоршавандагонро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ намудан, махсусан, бахшида ба «Соли Ҷавонон» бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр семинарҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор шуда истодааст.

Чунин семинарҳо ҳар моҳ бо ҷавонписарону ҷавондухтарон, ки дар арафаи оиладоршавӣ қарор доранд, дар алоҳидагӣ доир карда мешаванд. Ин навбат низ дар бинои маркази адлияи шаҳр чунин як семинар-машварат гузаронида шуд. Дар он раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ва мутахассисони соҳаҳо ширкат варзиданд.

Мулоқот озод сурат гирифта, дар назди оилабарпокунандагон баромадкунандагон доир ба паҳлуҳои гуногуни зиндагии якҷоя, муносибату муошират ва роҳу усулҳои ташкилу нигаҳдории оилаи тифоқ ва пойдору устувор ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷоми семинар ба оиладоршавандагон шаҳодатнома оид ба хатми семинари мазкур супорида шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей