Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

182019
Сегодня
119
На этой неделе
2584
В этом месяце
14000
Итого
182019
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Диққат озмун ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook @konibodom.tj ************* Хисоботи 6 моха

16.03.2017

Ҷавонон бар зидди ифротгароӣ

Баҳри иҷроиши бандҳои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом оид ба пешгирии терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон, аз ҷумла, иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурия, Ироқ ва бо ном ДИИШ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди ҳурофотпарастиву ифротгароӣ, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар руҳияи созандагию бунёдкорӣ бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳр бо иштироки зиёди хонандагон ва донишҷӯён мулоқот баргузор гардид.

Ҳамзамон, озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Ҷавонон бар зидди ифротгароӣ» ташкил ва гузаронида шуд. Дар озмун 25 нафар хонандагону донишҷӯён аз муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, оид ба мавзуи мазкур фикру ақидаҳои худро рӯи қоғаз оварданд. Иншои эҷоднамудаи иштирокчиёни озмун аз ҷониби  ҳайати ҳакамон мувофиқи низомномаи озмун баҳогузорӣ карда шуд.

Иншонависони беҳтарин хонандаи синфи 11 МТМУ-и №32 Мамадов Ф.  ва донишҷӯи коллеҷи омузгорӣ Абдушарофова М. дониста шуданд. Ба гирифтани ҷои дуюм хонандагони  МТМУ-и №29 Нарзиева Дилноза ва хонандаи синфи 11 Ғаниева Гулшан ва ба ҷойи сеюм Мамадҷонова Манижа хонандаи синфи 10-и литсейи №1  сазовор дониста шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей