Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

154100
Сегодня
382
На этой неделе
2700
В этом месяце
8385
Итого
154100
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Диққат озмун ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook @konibodom.tj ************* Хисоботи 6 моха

17.03.2017

Омодагӣ ба таҷлили бошукуҳи Наврӯзи оламафрӯз

Бо мақсади дар сатҳи баланди маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил ва баргузор намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки аз ҷашнҳои қадима ва маҳбуби халқи тоҷик маҳсуб меёбад, дар саросари шаҳри Конибодом корҳои омодагӣ бомаром ҷараён дорад. Кулли сокинони шаҳр ин ҷашни фархундаи баҳору оғози эҳёи табиатро пеш аз ҳама бо корҳои ободониву сарсабзгардонӣ пешвоз мегиранд. Тадбири оммавии (аксия) «Дилу ниятамонро пок месозем»-ро, ки тайи як моҳ идома дошта, санаи 18 март ҷамъбаст мегардад, ҳамагон дастгирӣ намуда, дар ҳудуди маҳалли зист ва коргоҳи худ тозакориҳоро вусъат бахшидаанд. Ободкориҳо, шинонидани ниҳолу буттаҳои ороишӣ ва сафедкунии дарахтон ба иҷро расонида шуда, шаҳр симои дигаргун гирифтааст.

Бахшида ба таҷлили Наврӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр як силсила чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ дар назар дошта шудааст. Ташкили намоиши гулу паррандаҳои хушхон, анъанаҳои ниёгон, озмунҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Арӯси замонавӣ», «Беҳтарин хони наврӯзӣ», баргузории тӯйҳои хайриявӣ, мусобиқаву озмунҳои мухталиф, аз қабили «Дави миллӣ», шоҳмотбозӣ, сангбардорӣ, гӯштини миллӣ, бандкашӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Инчунин консертҳои идона ва сайругашти оммавӣ,  намоишнома, филм, инчунин консерти аҳли ҳунари театри давлатии драмаи мусиқии шаҳр ва тантанаҳои наврӯзӣ пешниҳоди сокинон хоҳанд гашт.  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей