Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

208603
Сегодня
296
На этой неделе
1932
В этом месяце
10104
Итого
208603
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

20.03.2017

Паёми табрикии Раиси шаҳр муҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н. ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Ҳамшаҳриёни   азиз!

Инак, ба диёри зебоманзари мо боз баҳор омада, табиат либоси сабзи махмалин ба бар карда, мавсими оғози корҳои баҳорӣ ҳамагонро сертараддуд намудааст. 

Басо фараҳбахшу гуворо ва хоса будани баҳори имсола боз дар он аст,  ки  тантанаҳои бошукӯҳи  Наврӯзи оламафрӯзи ҷаҳонӣ дар соли ҷашнгирии 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуда истодааст.

Ба ифтихори ин ҷашни бостониамон – Наврӯзи оламафрӯз кулли сокинони сарбаланди шаҳрро самимона табрику таҳният мегӯям.

Имрӯзҳо тамоми мардуми кишвари соҳибистиқлоламон бо шукуҳу шаҳомати наврӯзӣ, дар фазои сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ, бо   шодиву нишоти бепоён дар оғӯши диёри ободу ороста ва азизи хеш ин ҷашни аҷдодиро  мутантан истиқбол менамоянд.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки Наврӯз дар партави ғояҳои зиндагиафрӯз ва нусратбахши Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиамон ба марҳалаи нави эҳёи худ расида, туфайли сиёсати тамаддунофар ва фарҳангпарваронаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба яке аз ҷашнҳои муҳимтарини миллиамон табдил ёфта, ҳамасола пуршукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Басо хушоянд аст, ки имсол низ Наврӯзи оламафрӯз ба сарзамини биҳиштосои мо бо пайку муждаҳои зебои баҳорон чун рамзи дастоварду барори кор ва нишони ҳамбастагии тамоми аҳли ҷомеа қадам ранҷа намуда, эҳсоси меҳру муҳаббатро ба ин марзу бум ва кӯшишу талошҳоямонро дар роҳи расидан ба ҳадафу ниятҳои нек боз ҳам афзунтар менамояд.

Яке аз суннатҳои беҳтарини Наврӯз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати маъюбон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон аст. Изҳори боварӣ менамоям, ки ин анъанаи неки ниёгон аз ҷониби шахсони саховатпеша идома ёфта, ятимону маъюбон ва камбизоатону муҳтоҷон чун  ҳарвақта бо ғамхориҳо фаро гирифта мешаванд .

Умед бар он дорем, ки сокинони шаҳр бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи ҷомеа бо меҳнати аҳлона дар ин соли накӯ- 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ раванди корҳои  созандагиву бунёдкоронаро  вусъат бахшида, ба муваффақиятҳои сазовор ноил мегарданд.

Ҳамаи шумоён, ҳамдиёрони гиромиро  бори дигар ба ифтихори ин Иди ҳуҷастаи баҳору зиндагӣ - Наврӯзи дилафрӯз бори дигар муборакбод намуда, бароятон саодати зиндагӣ, рӯзгори ободу осуда, ҳамаи накӯӣ ва зебоиҳои ҳаётро  орзумандам.   

Наврӯзатон муборак бод, ҳамдиёрони  азиз!  

                      Раиси шаҳр                          Ғ.Боҳирӣ

Возврат к списку новостей