Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

120385
Сегодня
104
На этой неделе
1153
В этом месяце
8451
Итого
120385
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

16.03.2017

Дар доираи Соли ҷавонон

Бахшида ба Соли ҷавонон дар шаҳр силсилаи чорабиниҳо доир гардида истодааст. Аз ҷумла, дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва ширкати телевизионии «Аниси Конибодом» барномаи интелектуалии «Комёб» ташкил карда шуда, сабти барнома моҳе ду маротиба сурат гирифта истодааст. Дар ҷараёни барнома ба ҷавонон аз соҳаҳои гуногун ва мавзуъҳои мухталиф саволҳо пешниҳод гардида, иштирокдорон ба онҳо посух мегӯянд. Дар интиҳо холҳо муайян карда шуда, ғолибон ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар барномаи мазкур намояндагони тамоми соҳаҳо ширкат варзида метавонанд.

Аз ҷумла, яке аз мавзуъҳои барномаи мазкур ба «Таърихи Ватан» бахшида шуда, дар он асосан донишандӯзони муассисаҳои миёнаи касбии шаҳр иштирок доштанд. Ҷавонон дар ду гуруҳ сарҷамъ шуда, байни ҳам аз рӯи донишу фаҳмиш қувваозмоӣ карданд. Барнома бо иштироки фаъолонаи ҷавонон хеле шавқовар сурат гирифта, ҳаводорони зиёд пайдо намуд.

Ҳадаф аз ташкили барномаи телевизионии мазкур пеш аз ҳама фаъолгардонии ҷавонон, баланд бардоштани донишу заковати онҳо, санҷиши маҳорати ҳозирҷавобӣ ва билохира муттаҳид намудани ҷавонон мебошад. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей