Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

120385
Сегодня
104
На этой неделе
1153
В этом месяце
8451
Итого
120385
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

15.03.2017

Рӯзи «дарҳои кушода» дар коллеҷи омӯзгорӣ

Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом яке аз муваффақтарин ва аввалин таълимгоҳҳои миёнаи касбии мамлакат ба ҳисоб рафта, саҳми он дар омодасозии мутахассисони варзидаи кишвар ва рушду тараққиёти соҳаҳои мухталиф басо назаррас аст.

Бо мақсади ҷалби довталабон ба илму донишомӯзӣ дар коллеҷи мазкур рӯзи «Дарҳои кушод» баргузор гардид. Дар рӯзи дарҳои кушод аз ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳрамон хонандагон ҳамроҳи омӯзгорони худ ташриф оварда, аз шароити таълимгоҳ аз наздик шинос гардиданд. Зимни шиносоӣ онҳо дар ҷараёни соатҳои таълимӣ иштирок намуда, аз заминаи моддӣ-техникии таълимгоҳ, китобхона, толори варзишӣ, ошхона ва хобгоҳ дидан намуданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз як гуруҳ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва муҳассилини якчанд мактабҳои шаҳри Исфара барои ошно шудан бо шароити таълиму тадрис ба таълимгоҳ ташриф оварда, аз ин макони илму маърифат дидан карданд. Тамоми кафедраҳо барои муаррифии коллеҷ дастоварду комёбиҳои онро дар самти илм ва инноватсия, таълим ва тарбия нишон доданд.
Ба довталабон буклет ва шумораи махсуси моҳвораи «Нурафшони Канд», ки муаррифгари ихтисосҳои коллеҷ аст, тақдим карда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар таълимгоҳ барои таълиму тарбия ва касбазхудкунии донишҷӯён тамоми шароитҳои мавҷуда муҳайё карда шудааст. Бинои таълимии коллеҷ дорои 31 адад синфхона, 2 таҳлилгоҳ, 2 синфхонаи компютерӣ бо ду адад проектор, толори хониш ва синфхонаҳои таълимии фаннӣ мебошад.

 Чорабинии рӯзи «Дарҳои кушод» дар саҳни таълимгоҳ мавриди ҷамъбаст қарор дода шуд. Баҳри иштирокдорон аз ҷониби донишҷӯёни ин боргоҳи ҳунар барномаи ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки бештар фарогири  ҳаёти коллеҷ буд. Чорабинии рӯзи «Дарҳои кушода» ва барномаи консертии донишҷӯён низ басо хотирмон сурат гирифта, хонандагони муассисаҳои таълимиро ба худ ҷалб намуд.

Баъдан меҳмонон, хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ баромад намуда, аз шароиту фаъолияти таълимгоҳ сухан ронда, баргузории саривақтии чорабиниро дар интихоби дурусти касб муҳим арзёбӣ намуданд.

Сарвари таълимгоҳ Ҳалимҷон Зоиров  чорабиниро ҷамъбаст намуда, хонандагонро ба идома додани таҳсил ва азбар намудани касбҳои ҷавобгӯи талаботи замон даъват намуд.

Рӯзи «Дарҳои кушод» дар  коллеҷи омӯзгории шаҳр судманду хотирмон анҷом пазируфт. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей