Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

154100
Сегодня
382
На этой неделе
2700
В этом месяце
8385
Итого
154100
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Диққат озмун ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook @konibodom.tj ************* Хисоботи 6 моха

10.03.2017

Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холи маъмурӣ

- мудири бахши саноат, нақлиёт ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;

-сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;

- сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ;

-сармутахассис оид ба корҳои оморӣ Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ..Ортиқов;

-сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ..Ортиқов;

-мутахассиси пешбари (нозири мизи ҳарбӣ) Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ..Ортиқов;

- мутахассиси пешбари (нозири мизи ҳарбӣ) Ҷамоати деҳоти Пӯлотон;

- мутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр;

-мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Пӯлотон;

 

1. Талаботи тахассусӣ ба довталаби мансаби мудири бахшисаноат, нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;

- таҳсилоти олии касбии идоракунии давлатӣ, менеҷмент, ихтисосҳои технологияҳои иттилоотӣ;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; 

- кор карда тавонистан бо компютер;

Маоши мансабӣ 944,70 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.

 

2. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансабҳоисармутахассиси шӯъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,сармутахассиси оид ба корҳои оморӣ Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов,сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов ва сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ;

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

   - кор карда тавонистан бо компютер, донистани забонҳои хориҷӣ.

Маоши мансабӣ 852,80 сомонӣ, аз рўи ҷадвали тарифӣ.

 

3. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансабҳоимутахассиси пешбари (нозири мизи ҳарбӣ) Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ..Ортиқов, мутахассиси пешбари (нозири мизи ҳарбӣ) Ҷамоати деҳоти Пӯлотон;

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

   - кор карда тавонистан бо компютер, донистани забонҳои хориҷӣ.

 

Маоши мансабӣ 696,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.

 

4. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансабҳои мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр ва мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Пӯлотон;

 

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғ.олшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- кор карда тавонистан бо компютер;

Маоши мансабӣ 572 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.

 

5. Довталабон бояд дорои малакаи хуби муошират, аз ҷумла  маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ бошанд.

 

6. Довталабон метавонанд бо дигар талаботҳои тахассусии мансабҳои мазкур дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо маълумоти иловагӣ дар Веб-сайти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрwww.konibodom.tj шинос шаванд.

7. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи Раиси шаҳри Конибодом;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғ.айр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад)

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ дар шакли 086 УЕ;

-нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

 

8. Ҳуҷҷатҳо аз тарафи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр дар муҳлати 21 рўзи баъди чопи аввалини эълон қабул карда мешаванд.

 

Суроға: шаҳри Конибодом, кӯчаи Ю.Ёдгоров 73, индекс:735900,телефон 834-67-3-41-20,www.konibodom.tj 

Возврат к списку новостей