Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

120385
Сегодня
104
На этой неделе
1153
В этом месяце
8451
Итого
120385
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

11.01.2017

Омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ

Об сарчашмаи ҳаёт, манбаи асосии истеҳсоли ғизо, хун дар рагҳои замин аст. Бе об аз замин ҳосил рўёнидан мумкин нест. Фасли сармо, ки талабот ба об камтар аст, фурсати муносиб барои таъмиру тармими таҷҳизоти обкашӣ, тоза кардани каналу заҳбурҳо, умуман омодагӣ ба обёрии мавсими нав аст. Дар ин мавзуъ суҳбате оростем бо сарвари идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр Асрор Шокиров.

-Муҳтарам раис, сараввал мехостам дар бораи корхонаатон маълумот дошта бошам?

 -Имрўз дар коргоҳ зиёда аз 200 нафар заҳмат мекашанд. Манбаъҳои асосии обёрӣ Канали калони Фарғона ва 5 пойгаҳи обкашӣ мебошад, ки обро ба заминҳои кишт аз дарёи Сир ва рўди Исфара таъмин мекунад. 104 адад чоҳҳои амудӣ низ мавҷуданд, аммо онҳо ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ вобаста шудаанд.

-Нимаи зимистон паси сар шуд, пас аз муддате баҳор ҳам дар мекўбад. Тайёрӣ ба обёрии мавсими нав чӣ тавр аст?

 -Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми қувваро ба таъмир ва омода кардани насосҳои обкашӣ, дарвозаҳои обдаро ва тоза намудани каналу заҳбур равона кардем. Қариб 70% дарвозаҳо, ки таъмирталаб гашта буданд, аз таъмир бароварда, 30%-и дигар дар ҳолати хуб омодаи коранд. Аз 14 пойгаҳи обкашӣ 5-тояш барои обёрии замини  кишт вобаста шуда, ҳоло 80% ба мавсими нав омодаанд, 20%-и дигар моҳи январ таъмир мегарданд. То мавсими нав тамоми манбаъҳои обёрӣ пурра омодаи кор мегардад.

-Обёрии заминҳои аксарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ аз канали Фарғона аст. Оё он ба обёрии нав тайёр аст?

-То имрўз ба дарозии 7 км каналро тоза намудем. Ҳоло ин кор идома дошта, ба ин мақсад чор адад экскватор ва як булдозер равона шудааст.

 -Дар мавзеъҳое, ки истифодаи техника имконнопазир аст, чӣ тадбир пеш гирифтаед?

 -Дар назар аст, ки 6 – 19 январ дар ҳудуди канал, ки 55-56 км дарозӣ дорад, ҳашари умумихалқӣ ташкил намуда, ба пуррагӣ тоза карда шавад.

 -75 сол муқаддам Канали калони Фарғонаро муддати 45 рўз бидуни истифодаи техника тариқи ҳашар кофта буданд. Ба дастгирии мардум умед доред?

 -Албатта. Ин амал ба манфиати тамоми халқи Конибодом аст ва ҳар як шаҳрванд бо амри дил бояд саҳмгузорӣ намояд.

 -Ба хотири сарфаи об бобати бетонпўш кардани канал чӣ андеша доред?

-Дар нақша дорем, ки оиди ин масъала ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ бо пешниҳод муроҷиат намоем ва лоақал нуқтаҳои обгурезро (филтратсиядорро) бетонпўш кунем.

 -Натанҳо кишоварзон, балки як қисми сокинони шаҳр низ интизори омадани об ба канали Калони Фарғона ҳастанд.

-Мақсадатонро фаҳмидам. Мавсими обгирӣ моҳи апрел оғоз мегардад. Кўшиш дорем, аз моҳи март канал пур аз об бошад. Боиси қаноатмандист, ки муносибати дўстона бо Ҷумҳурии ҳамсоя барқарор мегардад. Солҳои гузашта  чор мукааб метр об мегирифтем. Имсол умед дорем, ки он ба як баробар зиёд мегардад.

-Бобати раҳоӣ аз буҳрони молиявӣ чӣ пешравиҳо ба назар мерасад? Оё ҳамкории ҷиддӣ бо Ассосиатсияҳои истифодабарандагони об роҳи ягонаи ҳалли масъала аст?

 -Ассосиатсияҳо дар асоси шартнома бо мо ҳамкорӣ мекунанд. Вазифаи онҳо оби ҷудошударо тибқи меъёр ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим карда, маблағи хизмат-расониро Ҷамъ овардан аст. Ба танзим даровардани кори онҳо ва беҳдошти ҳолати мелиоративии замин вазифаи мост. Имсол барои беҳбудии кор шарт-номаи сетарафа, яъне байни корхонаи мову Ассосиатсияҳо ва бевосита истифодабарандагони об ба имзо расонида мешавад. Дар масъалаи бартараф намудани мушкилоти молиявӣ дастгирии бевоситаи раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ ҳамарўза эҳсос мегардад. Ҳафтае як маротиба бо иштироки кормандон ва сарварони Ассосиатсияҳо ситод баргузор мегардад, ки масъалаи асосӣ пардохти маблағи хизматрасонии об аст. Ин таҷриба натиҷаи хуб дода истодааст.

 -Чӣ миқдор замин обёрӣ карда мешавад?

-Дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 24 ҳазор гектар замини обёришаванда ҳаст. Аз он 13 ҳазор гектараш тавассути Канали Фарғона бо об таъмин мегарданд, ки дар ихтиёри мо қарор дорад.

 -Дар бораи арзиши обтаъминкунӣ чӣ гуфтаниед?

 -Об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул аст. Маблағе, ки ҷамъоварӣ мешавад, ҳаққи хизматрасонӣ буда, 1,5 дирам ба ҳар як мукааб метр ва бо андози иловашуда  1,77 дирамро ташкил медиҳад.

 -Ба андешаи шумо бояд кадом шакли корро пеш гирифт, ки пардохти саривақтӣ сурат гирад?

-Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 281 аз 25 июни соли 1996  бояд 40%-и маблағи оби истифодашаванда  пешпардохт шавад. Дар сурати ба роҳ мондани ҳамин талабот мушкилот бояд аз байн бардошта шавад.

 -Барои суҳбати самимӣ ташаккур!

бознашр аз рузномаи «Садои Конибодом»

Возврат к списку новостей