Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

091726
Сегодня
16
На этой неделе
576
В этом месяце
4040
Итого
91726
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* ДИҚҚАТ ОЗМУН

11.01.2017

Пиёдароҳҳо обод мешаванд

Бо мақсади иҷрои Амри Раиси шаҳр аз 16.11.2016, таҳти №140 «Оид ба таъсис додани гуруҳи корӣ барои ба тартиб даровардани пиёдароҳҳо дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, ҳамарӯза ҳайати гуруҳ дар маҳалҳо бо сокинон вохӯрда, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.  

Сокинон ин иқдоми шаҳрдориро дастгирӣ намуда, баҳри амалӣ намуданаш пардохтаанд. Дар натиҷаи фаъолияти мунтазами гуруҳи корӣ ва меҳнати дастаҷамъонаи сокинон аксари роҳҳои пиёдагарди кӯчаҳои шаҳр симои нав гирифта, обод карда шуданд.

Аз ҷумла, дар кӯчаи Айнӣ дарахтони хушк ва нолозима бурида шуда, ҷӯйборҳо тоза карда шуданд. Пиёдароҳҳо таъмир ва шағалпӯш карда шуданд. Роҳи гардиши кӯчаи 8-Март ва Ленин шағалпӯш шуд. Дар якчанд кӯчаҳо, аз қабили Мир, Б.Мансуров тоза кардани ҷуйборҳо ва шағалпӯшкунии пиёдароҳҳо ба иҷро расонида шуд. Чунин амалҳо дар дигар кӯчаҳои шаҳр низ ба чашм мерасад.

Гуруҳи корӣ фаъолияти худро идома дода, дар нақша аст, ки бар замми тоза намудан, таъмир ва шағалпӯшкунии пиёдароҳҳо инчунин баҳри афзун намудани ҳусни шаҳр дар мавзеъҳои гулкорак гулҳои гуногун ва дарахтони ҳамешасабз  шинонида мешаванд. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей