Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

208606
Сегодня
299
На этой неделе
1935
В этом месяце
10107
Итого
208606
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

10.01.2017

Мусобиқаҳои варзишӣ дар таътили зимистона

Бо мақсади дар давраи таътили зимистона ҷалб намудани мактаббачагон ба варзиш ва баланд бардоштани малакаи варзишии онҳо дар шаҳр мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил карда шудааст. Бо ташаббуси раёсати маорифи шаҳр, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мактаби варзишии бачагону наврасон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ оғоз гардид. Дар мусобиқа хонандагон аз аксари мактабҳои ҳудуди шаҳр ҷамъ омада, маҳорати худро аз рӯи намуди баскетбол  месанҷанд. Айни ҳол мусобиқа оғоз шуда, 2 рӯз давом хоҳад кард. Дар фарҷом ғолибон бо Ҷом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Бояд қайд кард, ки мусобиқаи мазкур бо дастгирии соҳибкор Шуҳрат Ортиқов гузаронида шуда, дар Соли ҷавонон иқдоми хубест.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей