Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

182016
Сегодня
116
На этой неделе
2581
В этом месяце
13997
Итого
182016
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Диққат озмун ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook @konibodom.tj ************* Хисоботи 6 моха

04.01.2017

Шиферпӯшкунии боми дармонгоҳи бачагонаи ш.Конибодом

Соли рафтаистодаи 2016-ум, ки соли ҷашнгирии 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони беморхонаи бачагонаи шаҳри Конибодом соли бобарору хотирмон буд. Дар ин маркази табобатии бачагона, ки 110 нафар шифокорону кормандони хоҷагӣ баҳри беҳдошти саломатии кӯдакон машғуланд, солро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Дар ин давра баҳри муолиҷаю табобати кӯдакон тадбирхои зарурӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар  арафаи Соли нави 2017 бо иқдому маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр боми беморхона ба андозаи 1 150м2  пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуд.

Бояд қайд кард, ки бо ин мақсад аз буҷаи маҳаллӣ 43 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо гардида, корхои сохтмонӣ аз чониби сохтмончиёни маҳаллӣ сурат гирифт.

Гузашта аз ин муаммои оби нӯшокӣ ва барқ низ ҳаллу фасл гардида, шароити муосид ҳам барои кормандон ва ҳам корафтодагон мусоид гардид, ки аз ин сокинони шаҳр басо қаноатманданд.

Шифокорон чахду талош бар он доранд, ки хар як мурочиат саривакт барраси шуда, барои баркарор намудани вазъи саломатии онхо хизматрасонии тиббиро рохандози намоянд. Солхои зиёд ин муаммо маҳсуб меёфт ва хушбахтона имсол роҳи ҳалли худро ёфт.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей