Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

110104
Сегодня
105
На этой неделе
105
В этом месяце
7935
Итого
110104
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Диққат, Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ

03.01.2017

Ба соли нав бо нақшаву ниятҳои нав

Инак соли 2016 ба анҷом расид ва соли нави милодӣ шуруъ шуда, моро нақшаву вазифаҳои нав ва масъулияти бештар бар дӯш аст. Роҳбарияти шаҳри Конибодом аз оғози сол корро аз маърифатноккунонӣ, навоварӣ, ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр ибтидо бахшиданист.

Зимни машварати назди Раиси шаҳр субҳи имрӯз нақшаҳои ҷадид тарҳрезӣ гашта, масъулон вазифадор гардиданд, ки дар соли 2017 корро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шаванд. Ҳамчунин фаъолони шаҳр баҳри иҷрои Амри раиси шаҳр оид ба ободонии кӯчаҳои шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот вобаста гардида, супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, бахусус, навхонадорон,  баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон аз ҷумлаи нақшаҳои аввалиндараҷаи мақомоти маҳаллӣ дар соли 2017 маҳсуб меёбанд. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки тайи сол бо онҳое, ки нав оила барпо карданианд, машваратҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, сатҳи маърифату маданияти оиладорӣ ва дониши динию тиббӣ ва ҳуқуқии онҳо баланд бардошта шавад, ки ин ҳама баҳри пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон мебошад.

Оид ба татбиқи Даҳсолаи нави Амал «Об барои рушди устувор» ба идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи обу канализатсияи шаҳр ва дигар шахсони масъул супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бо мақсади таҷлили шукуҳманди Соли ҷавонон таҳияву иҷрои нақшаҳои судмандро талаб намуда, супориш дода шуд, ки байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шуда, фаъолнокии онҳо афзуда шавад.

Ҳамин тавр, дар саромади соли навин бо нақшаҳои неку созанда ба кор оғоз бахшида шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей