Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

091726
Сегодня
16
На этой неделе
576
В этом месяце
4040
Итого
91726
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* ДИҚҚАТ ОЗМУН

03.01.2017

Маросими супоридани Идрори раиси шаҳр

Дар асоси Қарори Раиси шаҳр аз 13 октябри соли 2016 таҳти №606 «Дар бораи таъсис додани идрори Раиси шаҳр барои хонандагони мактабҳои миёна ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои шаҳр барои соли таҳсили 2016-2017» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маросими супоридани идрорпулии Раиси шаҳр баргузор гардид. Дар ҷамъомад Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ иштирок намуда, ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни коллеҷҳои шаҳр, ки дар озмуни гирандагони идрорпулии шаҳрдор ғолиб омада, беҳтарин ҳисобида шудаанд, идрорпулӣ ва шаҳодатнома супорид. Дар маҷмӯъ 30 нафар ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр соҳиб гардиданд, ки аксариятро муҳассилини мактабҳои миёнаи умумӣ ташкил дода, 2 нафар донишҷӯёни коллеҷи омӯзгорӣ ва 5 нафар варзишгарони ҷавон мебошанд. Ҳамчунин ба 5 нафар гирандагони Идрори Президентӣ идрорпулиҳо тақдим карда шуд.

Шаҳрдор ба кулли идроргирандагон хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ орзу намуда, изҳори итминон кард, ки дар ояндаи наздик ҳамчун шахсиятҳои арзанда ба камол расида, дар таъмини фардои дурахшони кишвар саҳмгузор хоҳанд шуд.

Дар навбати худ ҷавонон баромад карда, миннатдориву қаноатмандии худро аз сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ва дастгириҳои роҳбарияти вилояту шаҳр иброз доштанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей