Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

132055
Сегодня
50
На этой неделе
2140
В этом месяце
9875
Итого
132055
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

31.12.2016

Чорабинии шаҳрӣ бахшида ба Соли нави 2017

Дар идомаи баргузории чорабиниҳои мухталифи солинавӣ дар маркази шаҳр даромадгоҳи боғи фарҳангию фароғатии шаҳр бахшида ба фаро расидани соли нави милодӣ, ки аз ҷашнҳои маҳбубтарини мардум ба шумор меравад, чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид. Дар чорабинӣ Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ширкат варзида, кулли сокинони шаҳрро ба муносибати Соли нави 2017 табрик гуфт. Ба онҳо сиҳатмандиву бардамӣ,  хушҳоливу сарбаландӣ, хушбиниву зебогии ботинию зоҳирӣ ва рӯзгори фаровон таманно кард.

Гуфта шуд, ки соли сипаришуда барои мардуми сарбаланди Канди куҳан соли пурфайзу нишот гардида, дар саҳифаҳои таърихи шаҳр бо хатҳои зарҳалӣ сабт хоҳад шуд. Зеро дар давоми сол тағйиротҳои зиёд ба вуқуъ пайваста, шаҳр куллан симои дигарро соҳиб гашт. Сокинон бештар ба корҳои ободониву бунёдкориҳо ва сахоматмандиҳо даст зада, дар ободии диёр саҳм гузоштанд. Бинобар он Раиси шаҳр ба соҳибкорону саховатмандоне, ки дар иҷрои амалҳои хайр ва ободониҳо нақш гузоштаанд, инчунин онҳое, ки дар соли 2016 пурсамар заҳмат кашиданд, арзи миннатдорӣ намуд.

Дар идомаи сухани табрикотии худ шаҳрдор изҳори умед кард, ки соли нави 2017 низ соли бобарор гашта, дар ҳамаи соҳаҳо муваффақиятҳои тоза ба чашм хоҳанд расид.

Сипас аз тарафи ҳунармандони театри давлатии драмаи мусиқии шаҳр барномаи рангини солинавӣ бо иштироки Бобои барфию Барфак ва аҷуза намоиш дода шуда, табъи ҳамагонро болида гардонид. Муҳассилини мактабҳо, дастпарварони мактаби санъати бачагонаи шаҳр ва тарбиятгирандагони боғчаҳо низ баромад карда, барномаҳои ҷолиб пешкаш карданд, ки мақбули тамошобинон гашт. Аз тарафи санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр суруду мусиқиҳои нави солинавӣ танинандоз гашт.

Мардум хурду бузург хушҳолӣ карда, соли нави 2017-ро бо орзую ниятҳои нек истиқбол намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей