Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

091726
Сегодня
16
На этой неделе
576
В этом месяце
4040
Итого
91726
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* ДИҚҚАТ ОЗМУН

30.12.2016

ПАЁМИ ТАБРИКИИ Раиси шаҳр муҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н.ба муносибати Соли нави 2017

Ҳамдиёрони азиз!

Инак, соли нави мелодии 2017 фаро мерасад ва ҳамаи мо бо дилҳои лабрез  аз шодиву нишот ва умеду орзуҳои нек онро истиқбол намуда, ҳамзамон бо соли 2016,  ки барои мардуми мо соли пурфайзу баракат ва барору комёбиҳо ба шумор мерафт, падруд мегӯем.

Дар  саҳифаҳои таърихи  кишвари  азизамон соли   сипарӣ  шудаистодаи  2016 пеш аз ҳама, чун соли ҷашни пуршукуҳи таърихӣ -25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун соли дигаргуниҳои бузурги бунёдкориву созандагиҳо  бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Мардуми меҳнатқарин ва соҳибиродаи шаҳрамон дар партави иқдоми наҷибу густурдаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар баробари сокинони  кишварамон  баҳри иҷрои нақшаву вазифаҳои ба зиммадоштаи худ аҳлона фаъолият намуда, баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ва ободии диёри азизашон камари ҳиммат бастанд  ва дар ин  ҷода   саъю талошҳои зиёде  намуданд.

Бо мақсади ҳаллу фасли саривақтии масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, инчунин, баҳри таъмин намудани барномаҳои рушди шаҳру деҳот як қатор тадбирҳои судманд андешида шуда, муваффақиятҳои арзанда  ба  даст  оварда  шуданд.

Ҳамаи ин пешрафтҳо натиҷаи заҳмати пайвастаи сокинони шаҳр  баҳри ободии рӯзгори мардуми азизамон ва сарсабзии кишвари соҳибистиқлоламон ба шумор рафта,  боиси   қаноатмандии  аҳли ҷомеа   мебошад.

Чуноне, ки маълум аст, соли нави 2017 низ, дар сарнавишти кишвари тозаистиқлоламон, ҳамчун соли боз як рӯйдоди муҳими  таърихӣ -  таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад, аз ин лиҳоз  ҳам,  мо бояд тамоми ҳастию нерӯи худро баҳри истиқболи сазовори  ин санаи тақдирсоз равона созем.

Бо ҳамин ниятҳои нек,  Шумоён ҳамдиёрони азизро бо фарорасии соли нави мелодии 2017 самимона муборакбодӣ намуда, бароятон сиҳатмандиву сарбаландӣ, хонаи ободу рӯзгори фаровон ва комёбиҳои беназир таманно менамоям.

Соли нав муборак,  ҳамдиёрони азиз!

Бо эҳтиром

Раиси шаҳр                           Боҳирӣ Ғ.Н.

Возврат к списку новостей