Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

091726
Сегодня
16
На этой неделе
576
В этом месяце
4040
Итого
91726
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* ДИҚҚАТ ОЗМУН

30.12.2016

Кӯмак ба ниёзмандон

Дар арафаи фарорасии Соли нави милодӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зиёда аз 40 оилаҳои ниёзманд аёдат карда шуда, маводи озуқа, ба оилаҳои  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бошад, барои давраи зимистонгузаронӣ ангиштсанг ва хӯрока супорида шуд.

Ҳамчунин дар арафаи ид ба маъюб Абдувоҳидова Мадина, сокини кӯчаи Ҷаббор Холматов «34» аробачаи маъюбӣ ва ба 11 нафар  маъюбон асобағал туҳфа карда шуд.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз тарафи Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ба 64 нафар кӯдакони зери васояту парасторӣ қарордошта сарулибоси зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ  тақдим карда шуд.

Аз тарафи кумитаи  заминсозии шаҳр ба бошандагони маркази будубоши рӯзона дастурхони идона ороста шуд. Ба онҳо кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳо супорида шуд, ки боиси болидахотириву хушнудӣ гашт. Ҳамчунин аз ҷониби санъаткорони мумтози шаҳр консерти идона пешкаш гардид. Бошандагони марказ дар ҳавои суруду мусиқӣ то дергоҳ шодиву хурсандӣ карда, ба ташкилкунандагони чорабинии идона миннатдорӣ баён намуданд.

Аз тарафи вакили Маҷлиси шаҳрӣ Рауфҷон Бобоҷонов якчанд нафар оилаҳои муҳтоҷ аёдат карда шуд. Ба аёдатшудагон кӯмаки моддӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ ва дигар маводи озуқа супорида шуд.

Инчунин кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр ба шахсони камбизоат, ки истиқоматкунандагони шаҳраки Ҷавонон мебошанд, ёрии моддӣ расонида шуд. Аёдатшудагон аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Аёдати ниёзмандон ва оилаҳои бесаробон, инчунин ятимону бепарасторон идома дорад.

 

Возврат к списку новостей