Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

120385
Сегодня
104
На этой неделе
1153
В этом месяце
8451
Итого
120385
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом"

29.12.2016

Иҷрои амалҳои хайру савоб дар арафаи Соли нави милодӣ

Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби Раиси вилояти Суғд тасдиқгардида бахшида ба Соли нави милодии 2017 дар мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон  ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачаҳои ятим ва маъюб, хонаи кӯдакон аз тарафи корхонаҳо ва ташкилотҳои вобасташуда чорабиниҳои гуногун доир карда мешавад. Санаи 28 декабр дар муассисаи таълимии парастишгоҳи №40 чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии солинавӣ муовини  аввали Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Р.М., Раиси шаҳр Боҳирӣ Ғ.Н., директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбонбой Алимардон, сардори раёсати маорифи шаҳр Исроилов А., раиси ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ Бобокалонов М. иштирок намуданд.

Муовини аввали Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ва директори фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Қурбонбой Алимардон кулли омӯзгорон ва хонандагони муассисаро ба муносибати фарорасии соли нави милодӣ шодбош гуфтанд. Аз тарафи сарпарасти муассиса ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» баҳри хушнудии тарбиятгирандагон дастархони идона ороста шуда, ба ҳамаи кӯдакон халтачаҳои солинавӣ ва ба 30 нафар тарбиятгирандагон аз оилаҳои камбизоат ва кӯдакони нимятим сарулибоси зимистона тақдим карда шуд. Дар маҷмуъ ба маблағи умумии 15000 ҳазор сомонӣ ёрии моддӣ расонида шуд.

Тарбиятгирандагон баромади рангини идона ташкил намуданд ва чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳр миннатдории худро барои ғамхориҳо ва дастгирии ҳамаҷониба ба муовини аввали Раиси вилояти Суғд ва директори ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбоналӣ Алимардон баён намуд.

Худи ҳамин рӯз аз тарафи муовини аввали Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо ва раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ доир карда шуда, ба аёдатшудагон туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр тақдим карда шуд.

Аёдати барҷомондагон ва дигар шахсони ниёзманд идома дорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей