Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Посетители

110104
Сегодня
105
На этой неделе
105
В этом месяце
7935
Итого
110104
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Диққат, Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ

29.12.2016

Баргузории Иҷлосияи нуҳуми (даъвати 5) Маҷлиси вакилони халқи шаҳр

28 декабри соли 2016 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати  панҷум баргузор шуд. Дар кори Иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ширкат варзид. Аз 40 вакил 37 нафар иштирок намуданд. Ҳамчунин сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, сохторҳои марбута, шӯъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.

Нахуст вакилон ҳайати котиботро иборат аз 3 нафар интихоб намуда, сипас масъалаҳои баррасишавандаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Рӯзномаи Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум аз 7 масъала - ҳисоботи Раиси шаҳри Конибодом оид ба натиҷаҳои фаъолияти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр дар 11 моҳи соли 2016, дар бораи муқаррар кардани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Конибодом,  қабули буҷети шаҳр барои соли 2017 ва тасдиқи иҷрои буҷети маҳаллӣ дар соли 2015, ҳисобот дар бораи тадбирҳои татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», ҳисоботи комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии рифоҳӣ, ҳисоботи вакили шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии №6 Қаюмов Солӣ Азимович» ва  тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр иборат буд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия чанд нафар аз вакилони мардумӣ аз ҳавзаҳои интихоботии шаҳр ба музокира баромада, натиҷаву дастовардҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро дар давраи ҳисоботӣ мусбӣ арзёбӣ намуданд.  Аз ҷумла, Раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат вакил аз ҳавзаи интихоботии №11 Шавкат Ёқубов, инчунин вакил аз ҳавзаи № 5 Бобоҷонзода Азимҷон, раиси комиссияи доимӣ оид ба таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, вакил аз ҳавзаи №51  Саидӣ Баҳодур Абдурашидзода баромад намуданд. Обод кардани шаҳр, махсусан роҳҳо, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, бунёди иншоотҳои гуногуни маишиву хизматрасонӣ, таъмини шаҳрвандон бо заминҳои наздиҳавлигӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои тиббӣ ва ғайра аз фаъолияти пурсамари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр арзёбӣ карда шуд.

Сипас сардори нозироти андози шаҳр Шамсулло Султонов аз рӯи масъалаи «Муқаррар намудани меърҳои ҳатмии андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳр» баромад кард.  Аз рӯи масъалаи мазкур раиси комиссияи доимии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорон, вакили Маҷлиси вилоятӣ Ғаффорзода Нигора ба сухан баромад.

 Сардори Раёсати молияи шаҳр Хуршед Ашӯров оид ба қабули буҷети шаҳр барои соли 2017 ва тасдиқи буҷети маҳаллӣ дар соли 2015 маърӯза намуд. Ҳисоботи мудири шӯъбаи кор бо занон ва оила Хуршеда Холматова дар бораи тадбирҳои татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», инчунин ҳисоботи раиси комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии рифоҳӣ вакили маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии №53 Ҷӯраев Мавлон шунида шуд.

Дар идомаи кори иҷлосия вакили Маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии №6 Қаюмов Солиҷон  Азимович оид ба фаъолияти вакилиаш ҳисобот дод.

Вакилони мардумӣ буҷети шаҳрро барои соли 2017 қабул намуда, як қатор қарорҳои ба тасвибрасидаи Раиси шаҳрро тасдиқ карданд.

 Муовини аввали Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ба сухан баромада, аз бурду бохтҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳри Конибодом дар давоми соли 2016 ҳарф зада, аз камбудиҳои ҷойдошта ёдоварӣ кард. Масъулонро вазифадор намуд, ки дар соли 2017 онҳо бартараф карда шаванд. Инчунин номбурда масъалаи бо қарори Раиси вилоят дар миқёси вилояти Суғд эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» ва дар ин замина қабул шудани барномаи махсусро ба иштирокдорон расонид. Номбурда таъкид дошт, ки мақсад аз қабули барномаи мазкур ин пеш аз ҳама дастрасии аҳолӣ ба оби босифати нӯшиданӣ,  пешгирии касалиҳои сироятӣ ва ғайра ба ҳисоб рафта, дар партави қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028 амалӣ карда мешавад.

Дар фарҷом Раиси шаҳр ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, аёдати табақаҳои ниёзманди ҷомеа, татбиқи бомуваффақияти “Соли ҷавонон” ва ғайра  дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҳозиринро бо фарорасии соли нави милодӣ табрик намуд.

Иҷлосияи нуҳӯми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ анҷом бахшид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей