Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665857
Сегодня
116
На этой неделе
578
В этом месяце
3312
Итого
665857
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

14.11.2016

Ҷашни 80-солагии шоир Алӣ Бобоҷон

Маҳфили навбатии адабии «Шаҳдрез» ба ҷашни 80-солагии шоири ширинсухан, публисисти оташинсухан, зиёии асил, нависанда, ва тарҷумони маъруф, аъзои иттифоқҳои нависандагон ва журналистони Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи ҷумҳурӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, инсони накӯному накӯкор Алӣ Бобоҷон бахшида шуд.

Маҳфил бо иштироки васеи аҳли қалами шаҳр ва ҷавонону наврасон доир гардида, инчунин ба он меҳмонон Акбар Турсон, Ҷӯра Ҳошимӣ ва Юсуфҷон Аҳмадзода аз пойтахти кишвар ташриф оварданд. Пеш аз оғози маҳфил дар даромадгоҳи мактаби санъати бачагонаи шаҳр китобҳои таълифнамудаи адиб ба маърази тамошо гузошта шуда, иштирокдорон аз онҳо дидан карданд. Меҳмононро гуруҳи толибилмон бо қироати шеърҳо истиқбол гирифтанд.

Маҳфил бо сухани ифтитоҳии ровии хушбаён узви Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ Нӯъмонҷон Муъминов оғоз ёфт. Нахуст Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ баромад намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва аҳли адабу қалам шоир Алӣ Бобоҷонро ба муносибати ҷашни 80-солагии зодрӯз шодбодӣ карда, барои тарбияи насли эҷодкору бомаърифат ва дар маҷмӯъ тарбияи маънавии ҷомеа изҳори миннатдорӣ намуд. Аз ҷониби шаҳрдор ба соҳибҷашн туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Сипас файласуф, академики академияи илмҳои ҷумҳурӣ Акбар Турсон, шоири кӯдакон ва наврасон, дорандаи лауреати давлатии ба номи устод А.Рӯдакӣ - Ҷӯра Ҳошимӣ, шоири волозавқ Юсуфҷон Аҳмадзода ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Қаҳҳорҷон Ҳасанов ба сухан баромада, аз ҳунари шоириву нависандагӣ ва саҳми устод дар рушди назми бачагонаи тоҷик, инчунин, муаррифӣ намудани шахсиятҳои хизматнишондода ва қаҳрамонони диёр ҳарф заданд.

Гуфта шуд, ки Алӣ Бобоҷон дастпарвари муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №4 ба номи Аҳмадҷон Абдураҳмонов (собиқ  «Коммунист»)  ва хатмкардаи донишкадаи омӯзгории пойтахт буда, фаъолияти худро дар  нашрияи «Тоҷикистони советӣ» (имрӯза «Ҷумҳурият») оғоз карда, минбаъд  дар рушди адабиёти тоҷик хеле пурмаҳсул ва  доманадор саҳм гузошта истодаанд. Ба назми  устод муҳаққиқону мунаққидон  баҳои баланд дода, аҳамияти  онро  дар тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстиву меҳанпарастӣ борҳо қайд кардаанд. Саҳми устод чун нависанда ва публисист низ дар ривоҷу равнақи адабиёти мо хеле арзанда буда, дар самти тарбияи инсонпарварӣ, ватанпарастиву башардӯстии ҷомеа нақши муассир гузоштаанд. Устод Алӣ Бобоҷон ҳамчун тарҷумон низ хеле маъруфият дошта, намунаи тарҷумаҳояшон ҳатто дар тазкираҳои назми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гирд оварда шудаанд. Эҷодиёти худи эшон низ ба даҳҳо забонҳои халқу миллатҳои дигар тарҷума гардида, шуҳрати эшонро афзудааст.

Дар маҳфил инчунин гуфта шуд, ки яке аз ҷанбаҳои муҳими эҷодиёти устод, ки дар самти тарбияи эстетикиву зебоипарастӣ ва маънавии мардум нақши созанда дорад, ин ҳамкории устод бо оҳангсозону композиторон мебошад. Даҳҳо суруду таронаҳои устод дар хазинаи радиову телевизиони ҷумҳурӣ маҳфуз аст,   ки имрӯз низ интишор мешаванд ва олами маънавии шунавандаву бинандаро рангин месозанд. Илова бар ин, гулчини сурудҳои устод дар тазкираҳои оҳангсозон фароҳам оварда шуда, дар китобҳои дарсии мусиқӣ нашр шудаанд.

Хизматҳои арзандаву шоистаи устод Алӣ Бобоҷон аз ҷониби давлату Ҳукумат бо мукофотҳои арзанда – Ифтихорномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони ифтихории Корманди шоистаи Тоҷикистон қадршиносӣ гардида, устод аз соли 1972 узви иттифоқҳои нависандагону рӯзноманигорони мамлакат ҳастанд.

Аз ҳама муҳим он аст, ки устод Алӣ Бобоҷон тавассути асарҳои назмиву насрии хеш, кору пайкор ва фаъолияти ибратомӯз миёни мардум шоистаи эътирофу эҳтиром мебошанд. Туфайли осори ғанӣ ва бою рангини худ, хислатҳои наҷиби инсонӣ ва меҳру садоқати бепоён ба халқу Ватан, дар дили насли имрӯз маскан гирифтааст ва итминон зоҳир гардид, ки маҳсулу натиҷаҳои меҳнату заҳматҳои чандинсолаи эшон на танҳо имрӯзҳо, балки солҳои минбаъд низ баҳри тарбияи маънавии ҷомеа ва рушду пешрафти Тоҷикистони азиз, хизматҳои шоиста хоҳад кард.

Соҳибҷашн Алӣ Бобоҷон низ баромад намуда, аз ашъори ноби хеш намунаҳоеро манзури иштирокдорон гардониданд. Инчунин барои ташкил ва баргузории чунин як маҳфили хотирмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр арзи сипос карданд.

Аз тарафи хонандагони макотиби шаҳр як силсила шеърҳои шоир қироат карда шуда, аз ҷониби санъаткорони ҷавони шаҳр сурудҳои ҷаззоб садо доданд, ки аксари онҳо дар асоси матни шеърҳои устод Алӣ Бобоҷон эҷод шудаанд. Ба ин васила чорабинии хосае доир гардида, ба як маҳфили ширу шакар табдил ёфт, ки боз ҳам шаҳомати онро зиёдтар гардонид.

Равшан аст, ки Конибодом худ марзи адабпарвар ва сарзамини олимхезу фарҳангсолор аст ва бо зодагони садоқатманду фарзонааш шуҳратёр гардидааст. Гиромидошти хизматҳои шахсиятҳои барҷастаи диёр ба мо имкон медиҳад, то насли    ҷавони    ҷомеаро  аз ҳаёту фаъолияти ибратбахши эшон баҳраманд гардонида, онҳоро дар руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ тарбия ва ба корҳои созандагию бунёдкорона ҳидоят намоем. Хушбахтона ин амал дар шаҳрамон бо ибтикори Шӯрои пиронсолон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста роҳандозӣ мегардад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей