Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1091676
Сегодня
152
На этой неделе
1442
В этом месяце
1656
Итого
1091676
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

20.05.2020

Тақсими кӯмакҳои Пешвои миллат ба кормандони соҳаи тибби шаҳри Конибодом

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, тӯҳфаи саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили ғизо ва доруворӣ тавассути корвони иборат аз 6 мошини пурбор ба шаҳри Конибодом ворид гардид.
Кӯмаки зикршуда ба табибон ва тамоми беморони ба вируси нави короновирус мубталошуда пешбинӣ шуда, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва дар маҷмӯъ мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Кормандони соҳаи тиб ва кулли сокинони шаҳру деҳоти Конибодом  аз ин ғамхориҳои Президенти ҶТ сипосгузор буда, бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки дар рӯзҳои душвор танҳо нестанд.

Ин иқдоми неки Сарвари давлат  кормандони соҳаи тибро, ки бо вабои аср-бемории коронавирус ҳамарӯза мубориза мебаранд, шахсони гирифтори ин беморӣ ва тамоми сокинонро рӯҳбаланд сохта, бовариашонро барои бартараф сохтани ҳарчӣ зудтари ин беморӣ боз ҳам қавитар намуд.  

Зимни тақсимоти маводи мавриди ниёзи аввал, ки бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Конибодом Адибахон Неъматова сурат гирифт, бо баробари изҳори сипос ба Пешвои миллат барои дастгирӣ ва пуштибониву ғамгории саривақтӣ, гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии кормандони соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ равона намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият ва зиндагии шоистаи онҳо тамоми чораҳоро сафарбар намуда истодааст.

Кӯмакҳо, ки аз маводи хӯрокворӣ ва доруворӣ иборат мебошанд, ба табибони мушфиқи Беморхонаи марказии шаҳр, МНДСЭ, КАТС ва беморхонаҳои минтақавӣ, ки имрӯз ҷоннисорӣ намуда, шабонарӯзӣ барои ҷилавгирӣ намудан аз бемории илтиҳоби шуш ва вируси марговари корона заҳмат мекашанд, инчунин ба ҳамаи шахсони мубталои ин беморӣ тақсим карда шуд.

Возврат к списку новостей