Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1081458
Сегодня
121
На этой неделе
211
В этом месяце
121
Итого
1081458
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

18.05.2020

Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ба кулли сокинони шаҳри Конибодом

Ҳамдиёрони азиз!

Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо бемории сироятии коронавируси Ковид-19 ҷаҳониёнро ба ташвиш оварда, боиси нигаронии халқи олам гаштааст. Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири он эмин нест.

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи хуруҷи бемории мазкур тамоми тадбирҳои саривақтиро рӯи кор гирифтааст. Вобаста ба ин Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, дар сатҳи кишвар ва шаҳру ноҳияҳо низ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

    Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Конибодом низ ситоди шаҳрӣ таъсис ёфта, ҷиҳати таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ва саломатии сокинон тадбирҳои саривақтӣ андешида шудаанд. Табибони шарафманди мо имрӯзҳо баҳри сиҳатмандӣ ва наҷоти мардум камари ҳиммат бастаанду ҳаёти худро дар хатар гузошта, бо беморӣ набард мебаранд.

     Бо вуҷуди ин, аз ҳар як сокини шаҳр даъват ба амал меорам, ки беҳдошти шахсиашонро қатъиян риоя намоянд, падару модарон ва бибию бобоёнро зарур аст, ки фарзандону наберагонро дар рӯзҳои таътил беназорат нагузоранд, онҳоро ба китобхонӣ, машқҳои варзишӣ ва дигар машғулиятҳои манфиатбахш ҷалб намуда, кӯшиш кунем, ки онҳо бештар дар хона қарор дошта бошанд. Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки дар ин рӯзҳо бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ ба фарзандон нозукиҳои ҳунарҳои мардумиро омӯзонида, дар замири онҳо ҳисси ифтихор аз ниёгон ва ҳифзи арзишҳои миллиро боло бояд бурд.

     Ҳамдиёрони гиромӣ!

     Дар ин рӯзҳо ба таҳлука дода нашуда, барои ҳамдилию ҳамдастӣ ва таҳаммулу рафоқат талош варзем, ки руҳияи нек ва эҳсоси рафоқату ҳамдилӣ ҳамаи моро тавонманд ва устувортар мегардонад. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд дар роҳҳои пешгирӣ аз сирояти ин беморӣ бетараф набуда, саривақт аз маълумотҳои расмӣ огоҳ бошем.

         Чанде пеш бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ, мусоидат ба табобати он ва дастгирии кормандони соҳаи тиб ба табибону беморони шаҳри Конибодом низ аз ҷониби Пешвои миллат кӯмаки моддӣ расонида шуд. Аз ин таваҷҷуҳу ғамхории навбатии Президенти кишвар сокинони шаҳр, хусусан, табибон руҳбаланд гардида, минбаъд низ дар табобати беморон меҳнат хоҳанд кард.

Миннатдории кулли сокинони шаҳри Конибодомро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонем, ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос нисбати халқ ғамхориҳо зоҳир менамоянд.

Мардуми сарбаланди кишварамон хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тӯли 29 соли соҳибистиқлолӣ ҳаргиз фаромӯш намекунад. Маҳз талошҳои пайваста ва шабонарӯзии Президенти кишвар аст, ки миллат ва давлати Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ нигоҳ дошт.

     Итминони комил дорам, ки сокинони шаҳри Конибодом дар баробари ҳифзи саломатии хеш барои сиҳатмандии аъзои оила ва ҳар як фарди ҷомеа ҷидду ҷаҳд намуда, ин мушкилоти пешомадаро сарҷамъона паси сар менамоем.

     Саломатии худу наздиконатонро эҳтиёт намоед!

     Доимо саломату сарбаланд бошед.

Возврат к списку новостей