Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1081462
Сегодня
125
На этой неделе
215
В этом месяце
125
Итого
1081462
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

18.05.2020

Кӯмаки Пешвои миллат ба табибону беморони шаҳри Конибодом

Нимаи дуюми имрӯз дар идомаи сиёсати башардӯстона ва халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории коронавируси COVID-19 гирифтор шудаанд, дар корвони иборат аз 6 мошини пурбор кӯмаки моддии Пешвои муаззами миллат аз пойтахти мамлакат дар баробари дигар шаҳру навоҳии вилоят ба шаҳри Конибодом низ ворид гардид.

Кӯмакҳо, ки иборат аз маводи хӯрокворӣ ва доруворӣ мебошанд, ба табибони мушфиқ, ки имрӯз ҷоннисорӣ намуда, шабонарӯзӣ барои ҷилавгирӣ намудан аз бемории илтиҳоби шуш ва вируси марговари корона заҳмат мекашанд, инчунин ба ҳамаи шахсони мубталои бемории вируси нав эҳдо мегардад.

Маводҳои озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст.

Илова ба маводи доруворӣ ба табибони беморхонаҳои шаҳру деҳот сарулибоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кӯмак карда мешавад.

Кӯмаки зикршуда табибон ва тамоми беморони ба вируси нави короновирус мубталошударо фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва дар маҷмӯъ мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Миннатдории кулли табибон ва мардуми шаҳри Конибодомро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ғамхории навбатӣ ва ташаббуси ҳимматбаландонаашон мерасонем.

Возврат к списку новостей