Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1081462
Сегодня
125
На этой неделе
215
В этом месяце
125
Итого
1081462
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

16.05.2020

Оила - асоси устувории ҷомеа

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо иқдоми кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом якчанд оилаҳои намунавию фаъолони ҳизб бо ҳадяи идона табрик карда шуданд. Дар баробари таҳниятгӯии аъзоёни оилаҳо ҳамчунин қайд карда шуд, ки бо мақсади ҳифзи беҳдошт аз ниқоб истифода баранд, безарурат ба кӯча набароянд, худ ва наздиконашонро эҳтиёт кунанд.
Зимни мулоқот чанд нафар занони рӯзгордида аз зиндагии ибратбахшу чандинсолаи хеш нақлҳои ҷолиб намуда, иброз доштанд, ки имрӯз ин вабо саросари ҷаҳонро фарогир аст ва рӯзе мерасад, ки боз орому осуда, хушбахту шод ба ҳаёти муқаррарӣ баргардем. Мо бояд дар ҳама ҳолат масъулияти оиладориро бар зиммаи худ гирифта, фарзандонро дар руҳияи одоби ҳамидаи инсонӣ тарбия намоем, сарфаю сариштакориро омӯзем, то дар оянда дар пешбурди оила муваффақона қадам зананд. Дар фарҷоми мулоқотҳо Маҳбубахолаи 100-сола аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон бо сипосмандӣ даст ба дуо бардошта, дар ҳаққи Пешвои миллат ва оромию осудагии кишвар суханони нек баён дошт.

Возврат к списку новостей