Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1072216
Сегодня
216
На этой неделе
216
В этом месяце
16456
Итого
1072216
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

20.03.2020

Паёми табрикии раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯзҳо мардуми шарафманди кишвари маҳбубамон, аз ҷумла сокинони Канди бостон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил зеботарин ҷашни мардуми ориёӣ, соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро бо суруру шодмонӣ, дар оғӯши диёри ободу ороста истиқбол мегиранд. Ба муносибати фарорасии ин ҷашни некӯпаю
хуҷаста кулли сокинони сарбаланди шаҳрро самимона муборакбод менамоям. Боиси сарфарозиву ифтихори ҳар яки мост, ки аз файзу баракати Истиқлолияти Тоҷикистон ҷашни қадимаи миллиамон - Наврўз эҳё ва мақоми байналмилалиро соҳиб гардида, сол то сол файзу шукуҳи ин ҷашни баҳор афзунтар мегардад ва ҳамасола бо таровати тоза ҷашн гирифта мешавад.
Мардуми фарҳангсолори мо Наврӯзро ҳамчун суннати муқаддас аз насл ба насл мерос гузошта, барои пойдориаш талош варзидаанд. Ҳазорсолаҳо инҷониб онро бо маросимҳои густурда ҷашн гирифта, ба ин васила беҳтарин ҳунару истеъдод ва хислатҳои неки инсонии хешро инъикос мекарданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Наврўз пеш аз ҳама ҷашни мардумӣ ва як ҷузъи
зиндагиву ҷаҳонбинии халқи мо ба ҳисоб меравад. Ҳоло хурду бузурги кишварамон ба Наврӯз ва суннату оинҳои он арҷ мегузоранд, барои дар сатҳи баланд доир намудани он омодагӣ мегиранд ва ин суннати деринаро бо шодмониву нишоти хоса таҷлил мекунанд.»
Басо рамзист, ки имсол низ Наврўзи оламафрўз бо ҳама рангорангиву руҳи зиндагисозаш ва пайку муждаҳои баҳорӣ фаро расида, чун сароғози ҳаёти нав ва амалӣ шудани ормонҳои наҷиб ҳар яки моро барои расидан ба ҳадафу ниятҳои некамон ҳидоят менамояд.
Албатта, дар ин рўзҳои фараҳбахши Наврўзӣ амалҳои хайру савоб, дастгирии ятимону барҷомондагон ва маъюбону ниёзмандон рисола
ти инсонии ҳар фарди бонангу номус аст. Бовар дорем, ки ин анъанаи неки ниёгон аз ҷониби шахсони саховатпешаву савобҷўй идома хоҳад ёфт.
Ҳамзамон, изҳори итминон мекунем, ки сокинони шаҳр бо шукргузорӣ аз оромиву суботи ҷомеа ба амалҳои созандаву бунёдкорона бештар рў оварда, то ҷашни шукуҳманди 30-солагии
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути бунёди садҳо иншооти нав ҷиҳати муҳайё намудани шароити муосири зиндагӣ ва истироҳату фароғати сокинон азму талош намуда, ин рўйдоди
муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол хоҳанд кард.
Бори дигар, кулли сокинони диёрро ба ифтихори фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз самимона табрику таҳният намуда,
баҳратон тандурустӣ, комёбӣ, бахту саодат ва файзу баракати наврӯзӣ таманно дорам.


Наврўзи дилафрўз муборак, ҳамдиёрони азиз!

Возврат к списку новостей