Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1072219
Сегодня
219
На этой неделе
219
В этом месяце
16459
Итого
1072219
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

14.03.2020

Марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

Субҳи имрӯз, 14 март дар шаҳри Конибодом марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзии оммавӣ доир гардид. Дар он беш аз 3000 нафар ширкат варзиданд. Боиси хушнудист, ки ин дафъа иштироки бонувон ва духтарон дар дави миллӣ бештар ба назар расид. Раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода дар ин чорабинии оммавии варзишӣ иштирок карда, ширкатдоронро бо фарорасии ҷашни Наврӯз муборакбод гуфт. Инчунин ҷавонону наврасонро ба бештар машғул шудан ба варзиш, ки гарави солимист, даъват кард.

Дар ҷамъомади ниҳоӣ муовини аввали раиси шаҳр Фирдавс Ёдгорӣ ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр Акмал Ализода ғолибони мусобиқаро табрик гуфта, ҷиҳати иштироки фаъолона дар чорабиниҳои оммавии варзишӣ арзи сипос намуданд.

Ғолибон бо туҳфа ифтихорномаҳо қадршиносӣ ёфтанд.

                                                        Дафтари матбуоти раиси шаҳр

Возврат к списку новостей