Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1053983
Сегодня
66
На этой неделе
1381
В этом месяце
4189
Итого
1053983
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

07.01.2020

Ваъдаҳову ваъдаҳо...

Оё мумкин аст, ки зиндагии орому осуда ва бо меҳру муҳаббатро, ки дигарон дар орзуву ҷустуҷӯяш ҳастанд, яксӯ гузошта даст ба бадбиниву ҷудоӣ зад? Ва ё ҳар як инсони солеҳу солимақл бояд ба худ чунин саволро диҳад, ки оё мумкин аст даст ба дурӯғгӯиву ваъдахилофӣ зада, боз ҳам бе азоб кашидани виҷдон дар кӯчаҳои зиндагӣ қадам зад? Оё зиндагии орому осуда хуб нест, ки дар иҳотаи фарзандон умр ба сар бурда, аз хушиҳои он ҳаловат бурд ва фарзанду наберагонро дуои нек намуда, маслиҳатгари келинду фарзандон шуда, бо хушмуомилагӣ дар байни ҷомеа соҳибқадру соҳибманзалат бошад ва дар байни ёру дӯстон соҳибиззату болонишин...

Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон ҳар як бандаи воқифро ба газидани ангушти тааҷҷуб меоварад ва водор мекунад, ки роҳи баромад, роҳи халосӣ аз ин вартаро ёфта бошем, то барои дигарон дарси ибрате бошад ва хато нараванд ва ба худу наздикони худ чӣ аз захми забон бошад ва ё танг кардани зиндагӣ озор нарасонанд, ки онро зулм номанд ва зулм амали бадест, ки сазои он ба охират гузошта намешавад ва оқибати он фақат надомату пушаймонӣ аст. Баъзе аз муноқиша ва нофаҳмиҳои оилавиро агар амиқтар омӯзем ба замони хостгорӣ бармегардад. Барои расидан ба мақсад наздикони домод тамоми суханҳои нек ва дар захираи луғавиашон бударо истифода мебаранд ва ё нафарони дар ҷомеа соҳибқадру соҳибиззат ва баобрӯро, ки суханонашон ба он хонадон мегузарад, ҳамроҳ ба хостгорӣ мебаранд ва ё шахсиятҳои маъруфу соҳибиззати ҷомеаро восита намуда бо ҳар роҳу равиш ба хонадони арӯс таъсир мерасонанд, то он духтарро келинд кунанд. Вақте падару модари арӯс узри худро пеш меоранд, ки ҳоло тайёр нестанд ва чанд моҳ пештар келинд кардаанд ва ё духтарашонро ба шавҳар додаанд ва ба тӯйи навбатӣ омода нестанд ва маблағи зарурӣ надоранд ва ё қарздор гардидаанд ва аввал мехоҳанд қарзро адо кунанд ва ё духтарашон ҳоло нав ба синни никоҳӣ расида, ҳоло тамоман ба зиндагии мустақилона омода нест, хамиркунию нонпазӣ ва пухтупазро ба таврӣ зарурӣ наметавонад ва ё мо мехоҳем, ки духтарамон соҳибмаълумот шавад, чунонкӣ худаш инро мехоҳад ва дигар далелҳои асосноку ҳақро меоранд, аммо дар муқобили ин суханон суханони тарафи домод ҳамеша тайёр аст ва ин ҷо оғоз мешавад ваъдаҳо, он ваъдаҳое ки дар охир сабаби низоъву муноқиша ва кашмакашҳои дилсардкунанда дар байни ду оила мешавад. Беҳтар мебуд агар барои равшантар шудани гуфтаҳоямон ба он суханҳо мувофиқи имконият истода гузарем...

Ҳангоми хостгорӣ замоне ки падару модари арӯс узри худро пеш меоранд, чунончӣ зикр кардем, нафарони хостгорикунанда, алалхусус падару модари домод бо як маҳорат бовар мекунонанд, ки агар шумо тайёр набошед, тӯйро худи мо мекунем ва тамоми хароҷот бар дӯши мо аст, бароямон хушбахтии фарзандон асос аст ва ё мо худамон ӯро мехононем, бигзор дар донишгоҳ (ва ё ҳар куҷое, ки духтар таҳсил мекунад) таҳсилро идома диҳад ва мо маблағи шартномаро мепардозем ва ё агар хамиркуниву нонпазӣ ва дигар пухтупазро натавонад, асосан модари домод мегӯяд, ки ҳеҷ гап не ман ҳам чунин будам, оҳиста – оҳиста ёд мегирад, ман худам ба келиндам меомӯзам (ин суханон ва ё ваъдаҳо дар умум аст, мо ҳамаи онро дар як сатр ҷамъ намудаем), аммо афсӯс ин ҳама бо гузашти як муддати муайян ба кунҷи фаромӯшӣ меравад, зеро ин сухану ваъдаҳо аз тарафи баъзе нафарон дурӯғ асту рӯякӣ (аз рӯи маълумоту мушоҳидаҳо) ва баъди тӯй оғоз мешавад зиндагии талх, таҳқиру сарзаниши келинд ва баҳсҳои тӯлонии ду оила. Дар як муддати кӯтоҳтарин симоҳо дигар мешаванду ниқобҳо меафтанд ва симои ҳақиқӣ дида мешавад, суханҳои заҳролуду нешдор, пичингу қошуқавоқкуниҳо ва ногапиву тангкунии зиндагӣ нисбати келинд сар мешавад...  Модарат матоъву сару либос ва тилловориро кам дод, аз оилаи пастӣ ва агар рафту келинди дигари доротар бошад, ҳатман ӯ азиз асту гапаш гап ва ин келинд дар дараҷи дуввум қарор гирифта ва дар хонадон овозе надорад, бе дасту по ҳастӣ, нонҳои пухтагиат ба рӯи хокистар даруни танӯр афтиданд, хӯроки пухтаатро умуман хӯрда намешавад, шӯр кардӣ, намак надорад, бемазза аст, табақҳоро нашустӣ, хокрӯбаро набардоштӣ, гуфтакор ҳастӣ, ҷомашӯӣ ва дарзмол карда наметавонӣ, ниҳоят эрка аст, то дер хоб мекунад, аз хоб барвақт намехезад  ва, боз ва-ҳои дигар... Падару модарони азиз, илтимос, аз аспи дездаву бодпои ҷаҳолат фароед, вафо ба ваъдаҳои дода куҷо шуданд? Он ҳама суханҳои неки шумо куҷо рафтанд? Вақти бисёр нагузаштаастку? Наход он ҳама суханҳо дурӯғ бошад, барои фиреб гуфташуда бошад. Хушбахтии фарзанд, оилаи орому осуда, тани сиҳату хотири ҷамъ беҳтар аз ин молу чиз нест магар? Ва агар бо духтари шумо, вақте ӯ низ келинд шавад, дар хонадони дигар оила чунин рафтор кунанд, оё барои шумо писанд аст? Ҳатто кор то ба ҷое расида, ки хонадоне барои баргузории тӯйи арӯсӣ аз бонк пул мегиранд ва дар вақти муайяншуда он маблағро баргардонида наметавонанд ва дар ин келиндро гунаҳкор намуда ӯро сарзаниш, бехосият ва бе пойу қадам номида, аз писар талаб мекунанд, ки аз ӯ ҷудо шавад. Аҷабо, ончунон фикрронии ҷоҳилона ва фикру ақидаи ботил...Шояд хонандаи закӣ аз чунин суханрониҳо дар тааҷҷуб бошад, вале дар худи соли сипаришуда (2019) дар ҳудуди зиёда аз 600 оиларо мавриди таҳлил қарор додаем ва бо чунон оилаҳое рӯ ба рӯ шудаем, ки молу мулк барояшон аз саломативу хушбахтии фарзандон дида азизтар асту беҳтар ва барои исботи сухан ба хонадаи нуқтасанҷу зирак далелеро меорем:Ҷавоне, ки соҳиби ду фарзанд аст муроҷиат кард, бисёр мехост бо зану фарзандҳояш бошад, аммо падарарӯсаш ҷудошавии ин дуро мехост. Сабаб чист? Ин ҷавон бо ҳамсараш шаҳрванди Россия мебошад ва баъди таваллуди фарзанди дуюм мувофиқи қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор ба онҳо 460 ҳазор рубли русӣ дода мешавад ва ана ҳамин маблағро падар бо кадом роҳе набошад, гирифтанӣ, аз худ карданӣ аст, ин ҷо ҷавони муроҷиатнамуда ба падарарӯс илтимос дорад, ки моро ҷудо накунед, фарзандҳоямро зиндаятим накунед, ман аз баҳри ҳамон пул баромад... аммо афсӯс, падарро чашмони дил нобино гардида аз оқибати ин амали худ заррае ҳам фикр намекард. Худованди меҳрубон барои бандагон ҳамеша меҳрубон аст ва вазниниро намехоҳад, магар худи бандагон ба сабаби поймол кардани ҳуқуқҳои ҳамдигар ба зиндагии баду вазнин рӯ ба рӯ мешаванд, чунончӣ бузургони миллат мефармоянд:

Эй ки ҳукми шаръро рад мекунӣ,

Роҳи ботил меравӣ бад мекунӣ.

Чун ту бад кардӣ, бади ёбӣ ҷазо,

Пас бадиҳо, ҷумла бо худ кардаӣ.

Оилае, ки дар асоси дурӯғу фиреб бино шуда ва ҳуқуқҳои ҳамдигар поймол карда мешавад, оқибат фаношаванда аст ва дар он меҳру муҳаббат, сидқу сафо, боварӣ, эҳтиром ва муттаҳидӣ нест, вақте ки чунин аст албатта барака ва маънии зиндагӣ ва умед ба фардои нек, нест ва дар чунин оила падару модар мавқеи худро дер ё зуд аз даст медиҳад ва он ҷо фақат бадбинӣ, буғзу адоват, баҳсу кашмакашҳои беасос, низову ҳамдигарнофаҳмӣ ҳукмфармо мешавад ва ин гуна оила дар ҷомеа ҳамеша беқадру беиззат ва беарзиш аст.

Пайғамбари гиромиқадр (дуруду салом ба руҳи покашон) мефармоянд: “Баракоти махсуси илоҳӣ дар муттаҳидӣ аст”. Пас бояд оиларо дар асоси дӯстдорӣ, меҳру муҳаббат, боварӣ ба ҳамдигар, иттифоқӣ ва эҳтироми калонсолон, бино кард ва дар он падар бояд сутуни хонадон, хӯҷаин ва сарпарасти оила бошад ва лаҷоми зиндагӣ маҳс дар дасти падар бошад ва дар чунин хонадон ҳамеша низом, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва муттаҳидӣ побарҷост ва дар ин асос тинҷиву оромӣ, зиндагии осуда, хушбахтӣ, саломативу саодатмандӣ ва аз ҳама муҳим барака ва алалхусус баракоти илоҳӣ фаровон асту доимӣ ва чунин хонадон саршор аз раҳмати илоҳӣ аст.

 

                   Ҳидоятов Н., имомхатиби масҷиди ҷомеи “Тезгузар”

Возврат к списку новостей