Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1053966
Сегодня
49
На этой неделе
1364
В этом месяце
4172
Итого
1053966
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

06.01.2020

Паём дастурест ба фардои дурахшон

Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мулоқоту вохӯриҳо дар шаҳру деҳоти Конибодом бо мақсади тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабери соли 2019 санаи 06.08.2020 оғоз гардид.

Гурӯҳи ташвиқотии вилоятӣ дар ҳайати ректори Донишкадаи кӯҳӣ- металлургии Тоҷикистон Фозилзода М,М , мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИВ ҲХДТ Бобоҷонова М, муовини сармуҳарири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” Ҳакимова С.Ҳ., дотсенти ДДХ бо номи академик Б. Ғафуров Махкамова Б.И.,  раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А. ва кормандони кумиҷроияи шаҳрӣ ва  бахши идеологияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом якчанд мулоқоти судмандро доир карданд.

Гуруҳи кории мазкур бо кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҷомеаи меҳнативу донишҷӯёни коллеҷҳо вохӯрӣ намуда, Паёми сарвари давлатро чун раҳнамо ба ояндаи дурахшони миллату давлат арзёбӣ намуда, паҳлӯҳои гуногун ва самтҳои муҳими ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро зикр доштанд. Иштирокдорони ин мулоқотҳо аз ҷониби гуруҳи корӣ ба сарҷамъиву якдилӣ дар атрофи Пешвои миллат, заҳмати садоқатмандона ба хотири сарсабзиву ободии ватан ва боз ҳам беҳтару хубтар гардонидани рӯзгори мардум ҳидоят гардиданд.

Ҳамчунин вобаста ба тағирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон ҳамзамон дар робита бо баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи маҷлиси Олӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ҷамоатҳо иштирокдорони мулоқотҳо ба дурбиниву дурандешӣ ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват карда шунанд.

Мулоқоту вохӯриҳо дар фазои озоду самимӣ сурат гирифта, дар муҳокимаи Паёми Пешвои миллат ҳамаи иштирокдорон фаъолона ширкат варзиданд.

Возврат к списку новостей