Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1098897
Сегодня
84
На этой неделе
583
В этом месяце
2668
Итого
1098897
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

31.12.2019

Дил даруни сина беморонанд...

Агар аз майдони муҳориба яксӯ гузашта, бо чашмони ҳақбинона назар ба набарди иттилоотие, ки байни ду гуруҳи мусаллаҳ, ки яке дӯстдорони ватананду дар даст силоҳи меҳрфишону пур аз муҳаббату дӯстдорӣ доранд, ки он дили поку беолоиш ва моломоли раҳмат асту саршор аз сидқу сафо ва дар роҳи гулгулшукуфии Ватан ва барои пешрафту тараққиёти он қадам мезананд ва дифоъ аз обрӯи миллат мекунанду ҷавононро ба роҳи росту дӯстдории Ватан раҳнамоӣ мекунанд ва аз тарафи дигар гуруҳе, ки бо дурӯғу дурӯғгӯӣ, фитнаву фитнаандозӣ ва бо бадбиниву буғзу адоват мусаллаҳ гардидаанд ва мақсаду ҳадафашон низ нопок аст ва он аз тафриқаву ҷудоиандозӣ байни ҷомеа иборат буда, бо номи Паймони миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва дигар пайравону ҳамақидаҳояш, ки пиёдакунандаи ҳадафу мақсадҳои мавлоҳои хориҷии худ ҳастанд, мушоҳида менамоем. Яке соҳибватан асту соҳибмиллат ва соҳибмазҳаб ва он дигар гурезаву беватан ва мазҳаби бобоии худро низ аз даст дода ва беҳтар мебуд бигӯем, ки ба ҳамаи ин муқаддасот хиёнат карда, номи хиёнаткору хиёнатпешаро гирифта ва имрӯз гарчӣ нафасҳои вазнин мекашад, вале бо тамоми қувва боз ҳам ба ҷои тавбаву надомат ва ислоҳи худу пайравони худ даст ба заҳролудкунии ақидаи ҷавонони миллат мезанад ва бо ҳар роҳу восита тухми фитнаро кишта истодааст, ки саранҷоми он фақат пушаймониву надомат ва дар хоки бегона бо машаққатҳои зиёд умр ба сар бурдан аст. Чунин нафарон беморонеанд, ки муҳтоҷи табобатанд ва чашму гӯши дили онҳо ба табобати дуру дароз эҳтиёҷ дорад, аммо афсӯс аз ҷаҳолату аблаҳӣ чӣ тавр бояд раҳо шуд ва ё чигуна бояд табобат кард ва ё чӣ гуна аз ин мусибат наҷот ёфт? Ва ҷавоби ин саволро ба бузургони миллат вомегузорем, ки фармудаанд:

Эй бародар, гар ту ҳастӣ ҳақталаб,

Ҷуз ба фармони Худо макшой лаб.

Гар хабар дорӣ зи ҳаййи Лоямут,

Бар даҳони худ бинеҳ муҳри сукут.

Эй писар, панду насиҳат гӯш кун,

Гар наҷоте боядат, хомӯш кун.

Ҳар киро гуфтор бисёраш бувад,

Дил даруни сина бемораш бувад.

Оқилонро пеша хомӯшӣ бувад,

Пешаи ҷоҳил фаромӯшӣ бувад.

Хомӯшӣ аз кизбу ғайбат воҷиб аст,

Аблаҳ он, ки ӯ ба гуфтан роғиб аст.

Эй бародар, ҷуз санои Ҳақ магӯ,

Қавли худро аз барои дақ магӯ...      (Фаридуддини Аттор)

 

Ҳидоятов Нурулло,  ходими дин

Возврат к списку новостей